+992 92 777 2675

ҲАҶРАВӢ Ё КАҶРАВӢ?

ҲАҶРАВӢ Ё КАҶРАВӢ?

ҲАҶРАВӢ Ё КАҶРАВӢ?

Нет комментариев
Дар ҳоле ки ришваву пора дар Ислом ҳаром ҳисобида шавад, чӣ гуна метавон бовар кард, ки навбати ҳаҷи онҳое, ки тариқи пора пештар гирифта шудааст, дуруст мебошад?
Тибқи анъанаи мусулмонӣ, ҳамасола аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар мусулмонони ҷаҳон барои адои аркони ҳаҷ ҳазорҳо нафар мераванду даҳҳо ҳазор нафари дигар дар навбат бо ҳасрату ормон боқӣ мемонанд. Тавре аз маълумотҳои расмӣ бармеояд, ҳамасола аз ҷониби давлати Арабистони Саудӣ барои Тоҷикистон ҳудуди 6000 квота ҷудо гардида, тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, чунин миқдори квота барои адои фарзи ҳаҷ барои зоирони тоҷик кифоягӣ намекунад. Чунин бархӯрд боиси норизогии аксари афроде шудааст, ки солҳо дар навбат истодаву наметавонанд ба роҳатӣ озими ҳаҷ шаванд.

ШАШ СОЛИ ИНТИЗОРӢ ДАР НАВБАТИ ҲАҶ
Ҳалимахон Олимова ном сокини 60-солаи шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ҳанӯз замоне, ки синнаш ба 54-солагӣ расида буд, ба шӯъбаи дини шаҳри Табошаҳр барои адои фароизи ҳаҷ ариза пешниҳод кардааст. Аз рӯи гуфтаи холаи Ҳалима бармеояд, ки замоне ӯ ариза пешниҳод карда буд, саломатиаш хубу қуввату қудрат доштааст. Аммо имрӯз ӯ гирифтори фишори хун ва мубталои диабети қанд мебошад.
— Он лаҳза хеле саломатиам хуб буд, метавонистам бе мушкилӣ ба адои фарзи ҳаҷ равам. Аммо имрӯз, ки баъди шаш соли интизорӣ навбатам омадааст, фишори хунам баланд, диабети қанд дорам, намедонам, чӣ гуна адои ҳаҷ кунам,- бо афсӯс иброз медорад Ҳалимахон Олимова.
Зимни сӯҳбат Ҳалимахон Олимова мегӯяд, бо вуҷуди он, ки саломатиаш он қадар мусоид нест, аммо азми ҳаҷро тарк накардааст. Аммо бим аз он дорад, ки дар гармои Арабистон диабети қандаш боло нашавад.
Бояд тазаккур дод, ин гуна афроде, ки мисли холаи Ҳалима дар навбат истодаанд, то 8-10 сол ин ҷониб интизори навбаташон мебошанд. Гузашта аз ин, ба ҳамаи хонандагони рӯзнома пӯшида нест, ки имрӯзҳо аксарият ё тариқи ошнобозӣ ё бо роҳҳои фасодкорӣ навбаташонро пештар мегиранд ва ба зиёрати ҳаҷ мушарраф мешаванд. Чунки чунин сарусадо кайҳо расонӣ шудааст, гӯё дар тақсимоти роҳхатҳо ба зиёрати хонаи Каъба ғайриодилона ва гоҳе омехта ба фасод сурат мегирифтааст, ки мутаассифона ягон асрори пӯшида нест. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки бо роҳҳои ғайриисломӣ пештар гирифтани навбати ҳаҷ фарзи адои ҳаҷ мақбул мешавад?

ҲАТТО ДОДАНИ ҲАДЯ ҲАРОМ АСТ
Дар аҳкоми шариати Ислом омадааст, ки додани пора дар ҳама ҳол ҳаром аст. Аз ҷумла, барои пештар дастёб шудан ба навбати ҳаҷ низ додани пора, ҳадя ва ошнобозӣ аз ҷумлаи унсурҳои фасод ва ё худ коррупсия ҳисобида шуда, тамоми қавонини исломӣ чунин амалро ҳаром мешуморад.
Олими шариатшинос Алиҷон Шаропов таъкид мекунад, ки дар иҷрои умури динӣ вуҷуд доштани фасод амали савобро барҳам медиҳад.
— Имрӯз аз сабаби он ки солҳо довталабон ба адои ҳаҷ дар навбат меистанд, барои пештар аз дигарон соҳиб шудан ҳатто додани ҳадя ҳаром аст. Ҳадя низ дар шариат барои иҷрои коре фасод маҳсуб мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки мақсуде вуҷуд надошта бошад,-мегӯяд Алиҷон Шаропов.
Пас, дар ҳоле ки ришваву пора дар Ислом ҳаром ҳисобида шавад, чӣ гуна метавон бовар кард, ки навбати ҳаҷи онҳое, ки тариқи пора пештар гирифта шудааст, дуруст мебошад?
Абдуҳаким Одилов ном ҷавони суғдӣ ҳарчанд амали фасоду ришваро ҳам дар қонунҳои амалкунандаи кишвар ва ҳам дар ислом ҳаром медонад, мегӯяд, имрӯз як вазъе ба миён омадааст, ки ҳатто зоирон бидуни ошнобозӣ ва ё фасод ба ҳаҷ рафта наметавонанд.
— Тасаввур кунед, дар кӯдакистону мактабҳои миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ вақте унсурҳои порахӯрӣ дида мешавад, ҳеҷ ҷои шакке нест, ки дар кишвари мо бидуни фасод ягон кор ба анҷом намерасад. Ҳатто ҳоҷиёни бечора низ маҷбуранд ба навбатпоиву интизориҳо хотима дода, тез аз пайи додани «ҳадя» шаванду навбаташонро пештар ба даст оранд, ки аз рӯи зарурат мебошад ва ин ҷо нодуруст будани адои ҳаҷро барои чунин ҳоҷиён раво дидан ба фикри ман оқилона ба назар намерасад,-мегӯяд А. Одилов.
Аммо як чизи дигар низ ҳаст, ки вақте як нафар тавассути фасод навбаташро пештар дастёб мешавад, нафаре, ки солҳо интизори навбат нишастааст, дар изо мемонад, маъюс мешавад, ки ин амал ҳаром аст.
Аксарияти фуқаҳои исломшинос таъйид мекунанд, ки бо роҳҳои ғариисломӣ як амали муқаддаси исломиро анҷом додан он қадар кори хубе нест.
Ин як самти мавзӯъ аст, аммо самти дигар он аст, ки баъзе ҳоҷиён ҳатто даҳҳо маротиба зиёрати хонаи Худо намудаанд, аммо аксари шаҳрвандон солҳо дар навбат истода, наметавонанд номаи муҷаввизро ба даст оранд. Мо намегӯем, ки тамоми озимони хонаи Худо бо роҳи додани ришва ба ҳаҷ мераванд, аммо ба афроде, ки даҳҳо маротиба бидуни мамониат навбаташон мерасад, чӣ тафсире метавон ёфт?

РАФТАН БА ҲАҶРО ТАНЗИМ БОЯД КАРД
Аксари мусоҳибон бар ин назаранд, ки дарҳам-барҳамии навбатпойии мавсими ҳаҷ то ҷое расидааст, ки аксарият то замони расидани навбаташон ба он дунё рахти сафар мебанданд ва ормони ҳаҷравияшонро бо худ ба гӯр мебаранд. Ин дар ҳолест, ки тибқи қонунҳои ҷория, ҳар шаҳрванде, ки синнаш аз 18-сола боло аст, ҳуқуқи ба ҳаҷ рафтанро дорад. Аммо имрӯз ҳамаи мо ошкоро медонем, ки баъзеҳо баъди адои маросими фарзи ҳаҷ ба ҷои тавбаву тазаррӯъ пеш овардан, боз даст ба амалҳои ношоиста мезананд, ки як андоза ба унвони «ҳоҷӣ»-гӣ доғ меорад. Дар сӯҳбатҳои хос мешунавем, ки фалонӣ баъди ҳаҷ боз ба зинокориву шаробхорӣ машғул аст.
Коршиноси масоили динӣ Алиҷон Шаропов чунин амалро нораво ва муқобили аҳкоми шариати Ислом дониста, мегӯяд:
— Адои ҳаҷ намудан мазмуни аз гуноҳ пок шудан аст, ки ҳар зоири хонаи Худо баъд аз адои ҳаҷ ба ҳукми кӯдаки бегуноҳ шомил мешавад. Тасаввур кунед, фарде, ки хонаи Худоро дидааст, ба ӯ ваъдаи қаблии худовандӣ аст, ки баъди ҳаҷ ҷамиъи гуноҳаш бахшида мешавад. Баъди чунин иноят бо кадом ақл даст ба гуноҳ мезанад? Мо низ бисёр мешунавем, ки баъзе аз ҳоҷиён баъди зиёрати хонаи Худо низ мисли пештар ба шаробхориву зинокорӣ ва дигар корҳои ғайриисломӣ даст мезананд. Валлоҳу аълам, аммо ақл ҳукм мекунад, ки гуноҳи чунин афрод бахшида намешавад ва як гуноҳаш даҳчанд ба номаи аъмолашон дарҷ мегардад.
Яъне, аз нуктаҳои болоӣ бармеояд, ки аксари онҳое баъди адои ҳаҷ ба гуноҳҳои қаблиашон идома медиҳанд, ки синнашон то 40-сола бошад. Пас, дар ин сурат месазад, ки рафтан ба ҳаҷ тариқи қарорҳои махсус ва ё қонунҳои нав бояд танзим карда шавад. Аз ин ҷост, ки ба ақидаи мо, онҳое саравал бояд ба ҳаҷ раванд, ки аз 40-сола боло бошанд.

ТО 40-СОЛА АЗ АДОИ ҲАҶ МАНЪ КАРДА ШАВАД
Агар ба воқеият назар кунем, Арабистони Саудӣ барои Тоҷикистон аз 6000 ковта зиёд ҷудо намекунад ва бо зиёд кардани ин адад бовар дорем, ки кӯшишҳо беҳуда буда, наметавонад навбатпоии ҳаҷро кам созад. Бинбар ин, пешниҳод карда мешавад, ки ҳатман бо қабули қонунҳои нав синну соли ҳаҷравиро аз 40-сола боло бояд муқаррар намуд.
Нахустин, аз ҳисоби онҳое, ки аз 40-сола поён ба ҳаҷ манъ карда мешавад, синну соли аз 40-сола боло навбатпоияшон камтар шуда, то андозае навбати дурудароз ва интизориҳои навбати ҳаҷ аз байн меравад. Сониян, синну соли 40-солагӣ на синну соли ҷавониест, ки инсон нафси бад дошта бошад, чунки дар ин синну сол ақли инсон комил мешавад. Гузашта аз ин, чунин синну соли солор чӣ будани мазмуни ҳаҷро медонад. Вагарна, садҳо ҳоҷиёне ҳастанд, ки ҳашткаратаву даҳкарата ба ҳаҷ рафтаанд, аммо ҳазорҳо нафари дигар интизори навбат солҳо чашмбароҳанд.
Ҳамзамон, як чизи муҳимро бояд ба назар гирифт, ки ҳатто Паёмбари Ислом Ҳазрати Муҳаммад (а) дар синни 40-солагӣ рисолатро ба даст гирифт ва ин мазмуни он аст, ки инсон баъди ба 40 расиданаш маънии ишқи Худову муҳаббати имонро дурусттару чуқуртар мефаҳмад.
Бовар дорем, ки чунин пешниҳоди мо ба иззати нафси касе намерасад ва инро метавон танҳо барои ба танзим даровардани мавсими ҳаҷ истифода бурд.

ДАР ҶАВОНӢ ДОР ПИРОНРО АЗИЗ…
Тавре дар боло гуфтем, шояд пешниҳоди мо дар бораи манъи ҳаҷ барои синну соли то 40-сола барои аксарият номақбул ва нохушоянд бошад. Албатта, дуруст аст, ки дар ин сурат ҳуқуқи фитрии шаҳрвандони то 40-сола поймол мегардад. Аммо барои танзими навбати ҳаҷ ва аз байн бурдани нофаҳмиву навбатпоиҳои деринтизор дигар чорае боқӣ намемонад.
Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, як нафари калонсоли тақрибан 60-сола солҳо дар интизори навбати ҳаҷ ба дами марг мерасаду аммо як нафари дигар, ки ҷавони тақрибан 20-28-сола аст, дар кӯтоҳтарин фурсат навбати ҳаҷашро ба даст меорад. Албатта, чунин пешомад боиси хориву залилии пирон гардида, аз ҷониби ҷавонон нисбати пирон беҳурматӣ ҳисоб мешавад.
Якчанд нуктаҳо вуҷуд доранд, ки барои манъи рафтан ба адои маросими ҳаҷ ба онҳое, ки синну солашон то 40-сола мебошад, қобили қабул аст.
1. Аксарияти ҷавонон нафси худро баъди ҳаҷ низ идора карда наметавонанд ва дар чунин синну сол ҷавҳари савобу амали гуноҳро аз ҳамдигар ҷудо карда наметавонанд, ки баъзеҳо баъди гирифтани унвони «ҳоҷӣ»-гӣ низ ба гуноҳ ғарқ мешаванд.
2. Аз ҳисоби он, ки ҷавонон то синни 40-солагӣ баро адои ҳаҷ манъ карда мешавад, пирон бемалол ва қариб бенавбат ба ҳаҷ мераванд. Дар ин сурат, ҳурмати калонсолон низ ба ҷо оварда шуда, навбатпоияшон то замони пири фартуту бемор ва барҷоймонда шуданашон тӯл намекашад.
3. Имрӯз аксари онҳое, ки дар гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ аъзо шудаву дар мамолики араб қарор доранд, аксарият то 40-сола мебошанд. Аз ин хотир, ҳукумат ва хадамоти амнияти кишвар хотирҷамъ мешаванд, ки эҳтимолияти ба баҳонаи ҳаҷ рафтан дар кишварҳои ҷангзадаи араб ба сифати муҷоҳиди зархарид боқӣ намемонанд. Ва бо ин роҳ кам бошад ҳам, эҳтимоли ба гурӯҳу ҳизбҳои экстремистиву террористии ба ном исломӣ шомил шудани ҷавонон аз байн меравад.

МАЪЗАРАТ БА ҶОИ ОХИРГУФТОР
Бо навиштан ва пешниҳод сохтани ин матлаб ва чунин идея аз ҷавононе, ки синнашон то 40-сола асту хоҳиши ба ҳаҷ рафтанро доранд, самимона маъзарат мепурсам. Аммо як нуктаро мехоҳам ба самъи ҳамагон расонам: Тасаввур кунед, як бечора мӯйсафеде солҳо пули нафақаашро ғун мекунад ва солҳо интизор мешавад, ки кай навбаташ дармерасаду ба ҳаҷ меравад. Аммо мебинем, ки аз ҳисоби он ҷавоне, ки бо кадом роҳе набошад навбаташро пештар гирифтаасту ба ҳаҷ озим шудааст, дар ҷои дигар як бечора мӯйсафеде дар дил орзуи ҳаҷ ба дарвозаи марг расидааст. Магар ин дардовар нест? Магар ин инсоф аст?
Аз ин рӯ, ба Кумитаи оид ба дини Ҷумҳурии Тоҷикистон, парлумони кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва дархости журналистӣ дорам, ки бо дарназардошти нуктаҳои болоӣ синну соли рафтан ба ҳаҷ ба танзим дароварда шуда, аз 40-солагӣ боло муқаррар карда шавад. Вагарна, сафи пирони довталаби норозӣ аз навбатпоии ҳаҷ афзудан мегирад.

 

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

şans casino |
vidobet |
vidobet |
vidobet güncel giriş |
vidobet giriş |
casinolevant |
casinolevant |
casinolevant |
vidobet giriş |
şans casino |
casinolevant giriş |
casino şans |
şans casino giriş |
casino levant |
casino şans |
casino şans |
boostaro |
casinolevant giriş |
şans casino giriş |
casinolevant giriş |
şanscasino |
vidobet |
vidobet giriş |
levant casino |
vidobet giriş |
nigeria betting |
sports betting |
goka |
nigeria betting |
goka |
gokabet |
vidobet |
deneme bonusu veren siteler |
deneme bonusu veren siteler |
deneme bonusu veren siteler |
goka casino |
gokabet |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant güncel giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant güncel giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
1king |
1king giriş |
1king |
1king giriş |
1king telegram |
1king telegram