КРИЗИС: КАЛИД ДАР ДАСТИ ОҶОНСӢ
Рӯйи дастурхони Тоҷикистон агар кризис ҳаст, пас онро фақат худи тоҷикистониён ҳал мекунанд, на миллату давлати дигар!
КРИЗИС ДАР АФРИКА ҲАМ ҲАСТ…
Андешаи роҳи халосӣ аз кризис дар ҳама мағзҳо чарх мезанад ва табиист, ки имрӯз тақрибан ҳар як сокини бошуури сайёра ба таври худ коршинос шудааст. Ин ба он маънӣ аст, ки кризис танҳо дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, он имрӯз гиребонгири тамоми кишварҳои ҷаҳон, ҳатто давлатҳои абарқудрат низ шудааст. Вале рӯйи дастурхони Тоҷикистон агар кризис ҳаст, пас онро фақат худи Тоҷикистониён ҳал мекунанд, на миллати дигар!
Аксар коршиносон роҳи ҳалли масъалаи мазкурро дар кам кардани андоз ба корхонаҳои истеҳсоливу маишӣ ва ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз мебинанд. Аммо бархеи дигар ба ин назаранд, ки агар истеҳсолоти ватанӣ ривоҷ ёфта, он аз ҷониби давлат ҳимоя шавад, ҳатман роҳи аз бӯҳрон баромадан имкон дорад.
Иддаи дигар ақида доранд, ки барои ҳалли мушкилии пешомада яке аз тадбирҳо — ин аз тарафи давлат барои соҳибкорон додани қарзи бефоиз ва дарозмуддат мебошад, ки гӯё он метавонад то андозае шиддати кризисро паст намояд.
Дар қиболи ин, бархе аз муҳаққиқон мегӯянд, ки агар сектори саноатии Тоҷикистон бо дороии кӯҳию металлургиаш шурӯъ ба истеҳсолот намояд, кишвар бешак аз бӯҳрон мебарояд.
Чунин андешаҳо имрӯз тариқи сӯҳбатҳои хосу ом сурат мегиранд, ки ягон андешаи дар боло ишорашуда ғалат нест ва бояд иқрор шуд, ки аз беҳтарин роҳҳои ҳалли кризис мебошанд.
КОРРУПСИЯ БАЛО ОВАРД
Тавре ҳамагон медонем, оғози тамоми бӯҳронҳои шадиди сиёсиву иҷтимоӣ ва ҷанги шаҳрвандии имрӯзи Украина аз коррупсия ибтидо гирифтааст. Аҷиб аст, ки маҳз бо сабаби Украина имрӯз дусангариву дулангарии ҷаҳонӣ ба миён омад ва табиист, ки тамоми кишварҳои дунё ба ду қисмат шудаанд ва аксарияти мамолики проеврогиву проамрикоӣ муқобили Русия ва кишварҳои прорусиягӣ шудаанд. Маҳз чунин муқобилат боиси пайдоиши кризиси сунъии глобалӣ гардид, ки мутаассифона, Тоҷикистон низ аз ин «заҳр» чашидан дорад.
Ҳамин аст, ки мо сари барномарезиву чораҷӯӣ ва роҳҳои раҳидан аз кризисро андешида истодаем. Ин дар ҳолест, ки маҳз коррупсия ядрои асосии боқӣ мондани кризис дар тамоми ҷабҳаи рушди давлатии мо шудааст ва ин андешаро аксари коршиносон тасдиқ менамоянд.
ҚОНУН ДАР КОҒАЗ, ИҶРОИШ ДАР КУҶО?
Тавре исбот шудааст, тӯли солҳои истиқлолият парлумони кишвар ҳазорҳо санади ҳуқуқию меъёрӣ ба тасвиб расонидааст. Аммо тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳад, дар амалия аз он фақат даҳ фисадаш иҷро мешаваду боқӣ иҷроиши қонунҳо рӯи коғаз мемонад.
Масалан, бобати ин ё он масъала чора ва чаҳорчӯбаи қонунӣ вуҷуд дорад, лекин дар бобати иҷроиш кам андар кам ниҳодҳои давлатӣ ва масъулин кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Барои далели ин гуфта метавон ба парвандаҳои ҷиноятӣ оиди даст доштани масъулини давлатӣ, аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ сар карда, то мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти судӣ, мақомоти бехатариву гумрук ва ҳифзи сарҳадот ва ғайра шинос шуд, ки ҳамасола то даҳ нафар аз ҳар ниҳоди ишорашуда бо ҷурми ситонидани ришва ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Вале боз ҳам ҳолатҳои ҷо доштани амалҳои коррупсионӣ дар ин ниҳодҳо дида мешаванд. Ин далел бори дигар исботи он аст, ки иҷроиши қонунҳои мо аксаран танҳо рӯи коғаз боқӣ мемонанд ва назорат аз болоӣ қонунҳо заиф аст.
СОҲИБКОРОН ПЕШБАРАНДАИ АСЛИИ ҶОМЕА, АММО…
Аксарияти онҳое, ки аз соҳибкорӣ дилсард шудаанд, дар сӯҳбатҳои хос иброз медоранд, ки маҳз вуҷуд доштани унсури ҷинояти коррупсионӣ ва бюрократизм дар ҳуҷҷатгузорӣ муҷиби баста шудани корхонаҳои хурду бузурги кишвар шудааст. Ба ақидаи ҳамсӯҳбатони мо, онҳое, ки барои ифтитоҳи як корхонаи истеҳсолӣ ва ё маишӣ иқдом мекунанд, барои гирифтани як имзои иҷозатии масъулини давлатӣ моҳҳову солҳо бояд интизорӣ кашанд.
— Илова бар ин, агар корхона ба фаъолият шурӯъ намояд, тафтишҳои бемаҳалу беасос сабаб мешавад, ки аз баҳри кор бароиву фаъолиятро қатъ намоӣ ва тарки Тоҷикистон кунӣ,- изҳор дошт ҳамсӯҳбати мо Сӯҳроб Азизов.
Номбурда иброз дошт, ки маҳз аз ҳамин сабаб, имрӯзҳо бархе аз соҳибкорон дар кишварҳои дигар кору фаъолият доранд.
— Соҳибкорон дар ҷаҳони иқтисоди бозаргонӣ фақат соҳибкор нестанд. Балки қувваҳои аслии пешбарандаи ҷомеа ва наҷотбахши миллат дар вақти кризис мебошанд. Коррупсия як зуҳуроти номатлуб ва паразити ҷомеа мебошад, ки боиси фирори мағзҳо ва гурези идеяҳои коргар ба хориҷи кишвар мебошад,- мегӯяд ӯ.
Ҷомеашиносон мӯътақиданд, ки коррупсия на танҳо раҳму шафқатро аз байн мебарад, балки ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастии оммавии мардумро паст менамояд. Ба ин хотир, таҳлилгарон наҷоти ягонаи кишварро дар рушди соҳибкорӣ ва несту нобуд кардани унсурҳои коррупсионӣ унвон менамоянд.
КРИЗИС: КАЛИД ДАР ДАСТИ ОҶОНСӢ
Ба ақидаи таҳлилгарони соҳаи иқтисодӣ, вуҷуд доштани коррупсия статуси Тоҷикистон ва обрӯи миллии моро дар ҳузури дигар давлатҳо бо нишондиҳандаҳои манфӣ арзёбӣ менамояд.
— Аламовар ин аст, аз ҳисоби он, ки имрӯз дар Тоҷикистон коррупсия хеле зиёд аст, он боиси пешравии дигар давлатҳо шуда истодааст,- изҳор дошт ҳамсӯҳбати дигари мо Ҷилобахши Ҳамидӣ.
Ба ин хотир, ба ақидаи мо, роҳи ҳалли ҳамаи мушкилоти дар боло зикршуда танҳо муборизаи беамон бо коррупсия мебошад. Бе шаку тардид, имрӯз наҷотбахши Тоҷикистон дар ҳоли бӯҳрони иқтисодӣ метавонад Оҷонсии зиддикоррупсионӣ бошад. Бо як сухан метавон гуфт, калиди қулфи кризис дар дасти Оҷонсии зиддикоррупсионӣ мебошад.
Бинобар ин: Оҷонсии зиддикоррупсионӣ, Тоҷикистонро наҷот бидеҳ!
Комментариев нет.