+992 92 777 2675

НОМАИ ТОҶИК БА ПУТИН

НОМАИ ТОҶИК БА ПУТИН

НОМАИ ТОҶИК БА ПУТИН

Нет комментариев
70 соли сипаригардида дар тамоми авроқи таърихномаҳо исбот намуд, ки ғалабаи алайҳи фашизм фақат марбут ба як миллат ё халқият набуда, балки ғалабаи якҷояву ҳамагонии 15 ҷумҳурии бародари Шӯравӣ будааст. Аммо нодида гирифтани ин нукта, ба назари ман аз рӯйи адолат набуда, балки боиси коҳиши обрӯйи як миллат ва ё давлате мебошад, ки имрӯз ин ғалабаро танҳо «аз они ман» гуфтан мехоҳад.

ДАР ҶАНГ НА ФАҚАТ РУС, БАЛКИ 15 ДАВЛАТ ХУН РЕХТААСТ
Ҷаноби Путин!
Аслан ин нуктаҳо замоне рӯйи коғаз меоянд, ки дар паҳнои Федератсияи Русия ду моҳ қабл ин ҷониб омодагиҳо ба ҷашни 70-умин солгарди ғалабаи алайҳи фашизм бо шукӯҳу шаҳомати хос идома дорад. Умедворам, ки ин иди ҳамагонии алайҳи фашизм барои ҷаҳониён дарси ибрат буда, дар як вақт қудрати бузурги миллатҳои Шӯравиро дар пеши назари ҷаҳониён ҷилваи тоза хоҳад бахшид. Итминон дорам, сатрҳо ва андешаҳои зерин малӯли хотири Шумо намегардад ва пешниҳоду фикррониҳои бандаро ҳамчун як фикр ва андешаи хос эътироф менамоед. Зеро тамоми ҷаҳониён Шуморо ҳамчун як нафари шоиста, қобил ва таҳаммулпазири демократ мешиносанд ва банда низ он гуна, ки ҳастед бо шумо ошноии виртуалӣ дорам.
Бояд ба назар гирифт, ки дар ҷанги хонумонсӯз ва аҳдшиканонаи фашистону гитлерчиён ширкати на фақат миллати рус, балки 15 республикаи бародар дида мешавад, ки он лаҳза СССР тавонист ба ҷаҳониён ҳӯшдор диҳад, ки як давлати наву кӯчак ва заъиф нест. Бовар ҳаст, ки ғалабаи СССР бар зидди Олмон тамоми ҳукуматдорони мамолики дунёро бо зону шинонд ва минбаъд ҳамаи онҳо ақидаи худро дар ростои сохтори Шӯравӣ дигар карданд. Пӯшида нест, ки ин ғалаба чашми аксари «ман-ман»-гуфтаҳои абарқудратро мош барин кушод. Ин аст, ки тамоми ҷаҳониён ба унвони И.В.Сталин номаи шодбошӣ ва табрикномаҳо ирсол намуданд ва ин нишонаи сари таъзими онҳо пеши миллату халқиятҳои Шӯравӣ буд. Аз ҷумла, дар ин набард ҳиммат, матонат, мардонагӣ ва қаҳрамонию диловарии милати тоҷик низ буд, ҳаст ва мемонад. Касе ин фактҳои раднопазирро рад карда наметавонад ва ҳуқуқи рад кардан ҳам надорад.
Аммо тасмимҳои ахири Русия алайҳи муҳоҷирон боиси нигарониву ташвиш шудааст, ки як мисоли барҷастаи он ҷорӣ намудани як қатор қоидаву қарорҳои нав барои муҳоҷирон ва депорту ихроҷ шудани садҳо ҳазор муҳоҷирони миллатиҳои собиқ Шӯравӣ мебошад.
Аз ин рӯ, бахшида ба 70-солагии Иди Ғалаба бисёр хуб мешуд, ҳукумати Русия қонуни авфи ихроҷу депортшудагонро ҳамчун армуғон ва ҳадяи идона ба тамоми муҳоҷирони собиқ Шӯравӣ ба тасвиб мерсонид. Албатта дар ин зимн манзури мо танҳо депорту ихроҷшудагони сокинони Тоҷикистон набуда, балки дар назар тамоми миллату давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад. Бовар дорам чунин бахшоиш бори дигар ҷаҳониёнро бовар мекунонад, ки миллати рус таърихан миллати бахшанда ва бузург аст. Ҷаҳон бори дигар бовар мекард, ки миллату ҳукумати рус қадршинос аст ва ҳамсангарҳои замони ҷангии худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад.

ПАЙВАНДИ ХУНИИ 15 КИШВАР РАДНОПАЗИР АСТ
Тӯлонияти дар ҳаёт будани ҳукуматдории СССР на фақат як мароми давлатдории навро бунёд гузошт, балки омехташавии хунӣ, пайвандӣ ва ба вуҷуд омадани ирқу миллатҳои навро ба миён овард. Аз ин ҷост, ки аксари сокинони собиқ 15 республика-миллат ба ҳам тақрибан зану шавҳар шуданд. Ягон миллати собиқ Шӯравие пайдо намешавад, ки бо дигар бародарҷумҳуриҳо издивоҷ накарда бошад, ки назираш то ба ҳол дар тамоми ҷаҳон вуҷуд надорад. Ин як таҷрибаи тақдири худовандӣ буд, ки моро хеле ба ҳам наздик сохт. Ё худ ягон миллату халқияти собиқ шӯравие вуҷуд надорад, ки бо миллати рус оиладор нашуда бошад. Ё зан ва ё шавҳар дар оила ҳатман рус аст, ки барои ба миён омадани ирқи нав заминаи биологӣ гузошт, ки дар натиҷа генофонди миллату халқиятҳои Шӯравӣ рангинтару бойтар аз пештар гардид.
Ба ғайр аз ин дар тамоми кишварҳои собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон садҳо ҳазор нафар русҳо маскун шуданд, дар ин ҷо таваллуд гардида, бо боду ҳавои Тоҷикистон ба воя расиданд. Аксарияти онҳо гарчанд баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ба самти Русия кӯч баста бошанд ҳам, то ҳол ҳар сол омада аз зодгоҳашон дидан мекунанд. Худ шоҳидам, ки то ба ҳол онҳо ҳар сол омада бо ашки шашқатор айёми ҷавонӣ ва туфулияти худро дар кӯчаву паскӯчаҳое, ки бузург шуданд, бо шириниву рангинӣ ёд мекунанд. Ҳатто ҳазорҳо оилаҳое то ба ҳол дар Тоҷикистон вуҷуд доранд, ки азми рафтан ба Русияро намекунанд ва имрӯзҳо онҳо гули сари сабади маҳфилҳои моанд. То ба ҳол машваратчии беминнат ва ҳатто раисони маҳалла ва ташаббускору аҳли ҷамоатчиги мо ба ҳисоб мераванд.
Ин ҳолат бовар дорам дар тамоми кишварҳои собиқ Шӯравӣ чун тенденсия идома дорад. Зеро ҳама ин миллату халқиятҳо гирди як меҳвар, ки номаш бародарӣ-баробарӣ буд, печ хӯрдаанд ва ҳанӯз аз ин меҳвар дур нарафтаанд.
Бинобар ин, ба андешаи мо чунин нуктаҳоро низ дар истиқболи ҷашни 70-солагии Ғалаба ба некӣ ёдоварӣ кардан хеле ба маврид ва лоиқи ситоиш мебуд.

15 РАНГИ ҒАЛАБА ДАР ҶАШНИ 70-СОЛАГӢ
Имрӯзҳо, ки ҳукумати Русия барои муҳоҷирини меҳнатӣ як қатор қоидаҳои нав, аз ҷумла ҷорӣ кардани имтиҳон (забони русӣ, таърихи рус ва асосҳои ҳуқуқи ФР), патент, варақаи муҷаввизи кор ва ғайраро ба кор бурдааст, ростӣ хуб аст. Аслан ҷои бадӣ надорад, вақте ҳукумати Русия даъво мекунад, ки ҳар як муҳоҷир бояд фарҳангу тамаддуни Русияро донаду эҳтиром намояд. Аммо то ҷое исбот шуд, дар ивази қадршиносиҳои замони ҷанги фашистӣ имрӯзҳо ҷорӣ шудани чунин садгузориҳо то андозае фосилаи муҳаббати миллати рус ва дигар миллатҳоро бештар намуд. Ба ин хотир, пешниҳод мешавад, ки бо назардошти имкониятҳо ин қоидаи нави қабули муҳоҷирон барои миллатҳои собиқ Шӯравӣ андак сабукиҳо ва гузаштҳо ҷорӣ карда шавад. Умедворам, ки ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар оянда низ бо арҷгузорӣ ва эҳтиром ба маданияту фарҳанги русӣ муносибат карда, ҳарчанд давлатдории Шӯравӣ аз байн рафта бошад ҳам, ба ҷаҳониён дарак медиҳанд, ки то ба ҳол СССР зиндаву побарҷост ва ин боиси боз ҳам азамати Русияро нишон хоҳад дод.
Мӯҳтарам, ҷаноби Путин!
Андешаҳои болоӣ ҷавҳари миллатчигии тоҷиконаи мо набуда, балки ба тамоми миллату халқиятҳои собиқ Шӯравӣ алоқаманд ҳаст, ки онҳо низ то ба ҳол Русияро мисли Каъбаи худ мешуморанд ва барои сохтмону ободонии тамоми шаҳрҳои Русия саҳми назаррас доранд. Бинобар ин дар ҷашни Ғалаба як ранги миллати рус не, балки тобиши 15 ранги 15 ҷумҳурии Шӯравӣ хеле рамзӣ ба назар хоҳад расид.

НОЗУ КАРАШМАИ ОБАМА ВА ЭЪТИРОЗҲОИ НОҶОИ ТАҲЛИЛГАРОН
Обама имрӯзҳо ба таври ошкоро эълон кард, ки дар ҷашни Ғалабаи ширкат намекунад ва ин боиси мактубҳои саркушоду таҳлилу нақди садҳо таҳлилгарони рус ба унвони Обама гардид, ки бо як мазмун ҳамаи таҳлилгарон омадани Обамаро ба истиқболи 70-солагии Ғалаба таманно менамоянд. Аммо ба таҳлилгарон бо гила гуфтаниам, ки аз Обама дида, собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравӣ арзишмандтаранд, зеро онҳо барои Ғалабаи беназир саҳм доранд. Онҳо ҳаққи ширкат дар ин маъракаи оламгирро доранд. Обама меояд ва ё не, ин проблемаи ӯст ва ӯ бо ин амалаш рашк, нотавобинӣ ва сустии пояҳои сиёсати кобини худашро исбот кард.
Метавонам бо ифтихор аз қаҳрамониҳои диловарони тоҷик Ҳодӣ Кенҷаев, Раҳимбой Раҳматов, Ҳайдар Усмонов…. ва Тӯйчӣ Эйрҷигитов ёдоварӣ шавам. Ба хусус қаҳрамонии Тӯйчӣ Эйрҷигитов дар таърихи инсоният вуҷуд надорад, ки ӯ синаашро ба пулемёт сипар кард ва боиси наҷотии ҳазорҳо шаҳрвандони Шӯравӣ гашт. Метавонам бо ифтихор гӯям, ки ягон ҷанговари тоҷик дар ҷанги алайҳи фашизм «За Таджикистана» нагуфтааст. Онҳо ҳамагӣ бо нидои «За Родину, За СССР, За Сталина!» гуфта, душманро саркӯб карда буданд. Ин мисол ба дигар миллатҳои Шӯравӣ низ иртибот дорад, ки ҳама бо иттифоқ паҳлӯ ба паҳлӯ истода ҷангидаанд.
Аксари шаҳрҳои Русия баъди ҷанг манзараи валангору харобазорро ба худ гирифтанд ва дар барқарорсозиву азнавсозии ин шаҳрҳо низ саҳми 15 республикаи бародар беҳамтост.
Мардум: хурду бузург аз айёми Шӯравӣ то ба ҳол барномаи хабарии «Время»-ро тамошо мекунанд, ки мисли як носталгия шудааст. Агар дар Русия то ҳол тинҷиву амонӣ бошад, хотири мӯйсафедони мо ором мегирад ва агар мушкиле дорад, хотири ҳамагон озурда мешавад.

ҶАНОБИ ВЛАДИМИР ВЛАДИМИРОВИЧ!
Бо назардошти фикрҳои болоӣ аз Шумо ҳамчун як собиқ шаҳрванди собиқ Шӯравӣ таманно мекунам, ки пеш аз ҷашни 70-солагии Ғалаба ба нуктаҳои зерин таваҷҷӯҳ зоҳир карда шавад:
— Дар ҷашни идонаи Ғалаба параде баргузор гардад, ки 15 артиллерияи ҷузъу томҳои тамоми 15 республикаи собиқ Шӯравӣ дар назди Кремл сарфарозона раҳпаймоӣ намоянд. Зеро чунин ибтикор метавонад бори дигар кишварҳои оламро бовар кунонад, ки дар собиқ Шӯравӣ ин идро ҳанӯз дар ҳамбастагиву иттиҳоду ҳамдилӣ ҷашн мегиранд. Зеро ин ид ба 15 республика низ тааллуқ дорад.
— Дар ҷашни 70-солагӣ медали расмиву фахрии 70-умин солгарди Ғалаба ба ҳар як 15 республика рамзан супорида шавад. Бигзор дар медал рамз ва нишонаи досу болғаи замони Шӯравӣ инъикос гардида, барои мисол ихтиёран навишта шавад, ки «Ба миллати тоҷик ба ифтихори 70-солаги Ғалаба бахшида мешавад», «Ба миллати қирғиз ба ифтихори 70-солаги Ғалаба бахшида мешавад», «Ба миллати ӯзбек ба ифтихори 70-солаги Ғалаба бахшида мешавад», «Ба миллати қазоқ ба ифтихори 70-солаги Ғалаба бахшида мешавад» ва ғайра давлатҳо қадрдонӣ ва дар алоҳида ба таври рекламавӣ супурда шавад.
— Ба тамоми муҳоҷирони меҳнатӣ бахшида ба Иди Ғалаба сабукӣ эҷод шавад. Бо ин гуфта манзури мо ин нест, ки 15 республика дар ҷанг ширкат карданд ва имрӯз Русия қарздор аст, ки ба онҳо ҷои кору шароити хуб фароҳам орад. Балки орзуи мо ҳамон қадршиносии ҳамхуниву пайвандӣ ва ҳамдилии сотсиалистии замони Шӯравӣ ва айёми ҷанги бехонумони алайҳи фашизм аст.
Дар охир ҷаноби Путин, дар симои Шумо ба ҳамаи халқи матиниродаи рус Иди Ғалабаро шодбошиву таҳният намуда, таманно дорам, ки бигзор то дунё ҳаст парчами Русия мутантан сарафрозӣ намояд.

 

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

şans casino |
vidobet |
vidobet |
vidobet güncel giriş |
vidobet giriş |
casinolevant |
casinolevant |
casinolevant |
vidobet giriş |
şans casino |
casinolevant giriş |
casino şans |
şans casino giriş |
casino levant |
casino şans |
casino şans |
boostaro |
casinolevant giriş |
şans casino giriş |
casinolevant giriş |
şanscasino |
vidobet |
vidobet giriş |
levant casino |
vidobet giriş |
nigeria betting |
sports betting |
goka |
nigeria betting |
goka |
gokabet |
vidobet |
deneme bonusu veren siteler |
deneme bonusu veren siteler |
deneme bonusu veren siteler |
goka casino |
gokabet |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant güncel giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant güncel giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
1king |
1king giriş |
1king |
1king giriş |
1king telegram |
1king telegram