Қабристон ҷойи ҳазар нест
Аслан бояд қабристон ба мисоли боғи биҳишт бошад, ки кас аз даромадану зиёрат кардан ва гаштугузори он лаззат барад ва руҳаш оромиш ёбад. Бархилофи ҳама арзишҳову хушбиниҳо ва хушзистанҳо, мутаассифона, мо аз мурдагони аҷдодони худ тавре ҳазар мекунем, ки қабристонҳои мо гӯё ба дӯзахи рӯйи замин табдил ёфта бошанд.
Шаҳри васеъу мазорҳои зор
Қаблан шаҳрҳо майдатару сокинон низ нисбат ба имрӯз камтар ба назар мерасиданд. Бадеҳист, ки қабристонҳо низ дар атрофи шаҳрҳо ҷойгир буданду чашми сокинон кам ба манзараи дардолуди қабристонҳо меафтид. Аммо имрӯз, тавре ҳамагон медонем, торафт нуфуз ва шумораи аҳолӣ зиёд шудаву шаҳрҳо васеъ шудааст. Баробари васеъшавии шаҳрҳо, қабристонҳои қаблие, ки дар атрофу акнофи шаҳр қарор доштанд, имрӯз дар мобайни шаҳрҳо ҷойгир шудаанд.
Бо чунин пешомад бо як назар метавон дид, дар қатори дигар иншооту сохтмонҳои замонавӣ қабристон ҳамон ҳоли фарсудаву дилгире, ки дошт, мутаассифона, ҳамон тавр боқӣ мондааст. Ҳатто дар баъзе қабристонҳо дарахт он сӯ истад, шохи дарахте нест, ки зоғ болояш нишинад. Ҳангоми қабат-қабати қабристон сайругашт кардан, дили касро хавф фаро мегирад, ки пояш ба ягон гӯри чӯкидаву фурӯрафта даромада наравад.
Суоли матраҳ ин аст, ки агар қабристонҳо як ҷузъи ҳаёти мо бошанд, чӣ бояд кард, ки дар ҳоли имрӯз (дар мобайни шаҳрҳо) ба талабот ҷавобгӯ бошанд? Аксари шаҳрвандон зимни суҳбат иброз медоранд, ки қабристонҳо бояд ҳамчун як ҷузъиёти ҳаёти зиндагон зебиши шаҳр ва ҷои зиёратгоҳу оромиши руҳу қалб бояд бошанд. Сокини 46-солаи шаҳри Хуҷанд Саидҷон Пӯлодзода бо таассуф мегӯяд, ки қабристони масеҳиён дар қиёси қабристони мо серзиёрату зебо аст.
— Хеле мехоҳам, ки қабристонҳо мо ба макони фаромӯшшудагон табдил нагарданд. Он ҷо падару модарон ва дигар пайвандону аҷдодони мо хобидаанд. Ба хотири эҳтироми онҳо, бояд макони охираташон зебову дилкаш ва ҷои гаштугузори шаҳрвандон бошад. Чунки падару модарони марҳум барои имрӯзи мо корҳои мондагореро ба хотир гузоштаанд. Пас, набояд макони арвоҳи аҷдодони мо ба ҷои ҳазару парҳез табдил ёбад,- мегӯяд Саидҷон Пӯлодзода.
Мутаассифона, бархилофи гуфтаҳои ҳамсуҳбати мо, қабристон ва тарзи гӯрондани фавтидагон хеле бетартибона ҷойгир шуда, бар замми ин, ягон соябон ва роҳҳои зебову бо сангфарш дизайншуда надорад.
Дар ҳадиси Расули Акрам (с) омадааст: «Ҳар гоҳ дили шумо сангин шуду дар вуҷудатон раҳму шафқат намонд, ҳатман ба зиёрати қабри гузаштагон равед, соҳиби ибрат ва оромиш мешавед».
Осоишгоҳҳо агар ба сифати оромкунандаи қалбу руҳ шинохта шаванд, оромгоҳҳо (қабристонҳо) низ ҳамин гуна кайфияту сифат доранд. Бар замми он, ки имрӯзҳо бо сабаби васеъшавии шаҳр дар мобайн қарор гирифтаанд. Пас мебояд, ки мо ба қабристонҳо на чун харобазор, балки чун як макони зебову дилнишин назар кунем.
Қабристон аз нигоҳи шариати Ислом
Дар шариати Ислом омадааст, ки инсонҳои фавтида ҳамчун як ҷузъи гузаштаи одамият ҳисоб шуда, набояд ба гӯшаи фаромӯшӣ ва валангор табдил ёбанд. Ин мазмуни он нест, ки мазорҳо бо сангҳои бодабдаба оро додаву панҷарабандӣ шуда, қабрҳои мусулмонон мутакаббирона бошанд.
Тибқи маълумот аз сомонаи фатвои исломии ISLAM TODAY, аз нигоҳи Ислом дар қабристонҳо беадабӣ ва бадахлоқӣ кардан қатъиян гуноҳи кабира шуморида мешавад. Ҳамзамон, дини мубини Ислом талаб менамояд, ки ҳатман байни қабрҳо роҳгузарҳо вуҷуд дошта бошанд, ки афроди ба дуову фотиҳахонӣ омада бидуни мамониат ба қабри дилхоҳашон равуо намоянд. Инчунин, омадааст, ки болои гӯрҳо баромадану нишастан қатъиян манъ мебошад.
Ин дар ҳолест, ки қабрҳои мо на роҳрав доранд, на тартибу низоми дафнкунӣ. Дар ин сурат зиёраткунандагон баъзан маҷбур мешаванд барои зиёрати қабри дилхоҳашон пой ба балои гӯрҳои дигар гузоранд. Худо нокарда, баъзе гӯрҳо фарсуда шудаанд, ки хавфи даруни гӯр ғӯтида рафтан низ аз эҳтимол дур нест.
Аксари мо дар таъзияи падару модаронамон тавре рӯканиву мӯйканӣ мекунем, ки гӯё бо рафтани онҳо аз дунё тамоми вуҷуду ҷони худи мо рафта бошад. Сари мазор санги мармару панҷарабандӣ намудан далели он аст, ки дар фироқи нафари нав фавтида доғи ҳиҷрон дорем.
Мутаассифона, баъди бурдану дафн кардан, бо ҳамин зиёрату хабаргирии қабр фаромӯш мешаваду ба шӯразор табдил меёбад ва гоҳо қабрҳо шикоф шуда, барҳам рехта мераванд. Касеро парвоеву андуҳе нест. Зиёрати қабри гузаштагон ба мисли ҳангоми зинда буданашон аз нигоҳи инсофи инсонӣ фарз аст, ки аз ҷониби на ҳама мусулмонон чунин қадршиносӣ риоя мегардад.
Мазор ба сангистон табдил шудааст
Дар тақлиди кишварҳои пешрафта гузоштани лавҳаи санги мазор имрӯзҳо қабристонҳои моро оро медиҳад. Ҳарчанд шариати Ислом чунин амалро ҷоиз намешуморад, аммо чунин анъана як ҷузъи ҷудонопазири маданияти имрӯз гаштааст. Мо ҳам зид нестем. Аммо як оқибати манфӣ дорад, ки касе ба назар намегирад. Сангҳо чунон баланду боло бардошта шуда, ҳатто баъзе қабрҳо ба як хона ё айвонсақф табдил шудаанд. Суол ба миён меояд, ки агар қабристон торафт пур шудан гирад ва дар баробари ин, сокинон торафт зиёд шудан гиранд, оё дар ин гуна қабристонҳо дар оянда боз имкони гӯронидани дигар нафарон боқӣ мемонад ё на? Бо он, ки ҳама қабрҳо санги мармарзор шудаву аз дур на қабристон, балки сангистонро ба назар ҷилва медиҳанд.
Тибқи фармудаи Ислом, ба гӯрҳои қадимаву фарсудашуда имкони дубора дафн кардани майити дигар иҷозат дода шудааст. Ба шарте, ки устухонпораи гӯрҳо ҷамъ карда, ба як ҷои дигар гӯронда шавад. Аммо тавре мебинем, сангҳои мазорҳо чунон калону бодабдабаянд, ки имкони баркандани онҳо вуҷуд надорад. Аз ин ҷост, ки ба дигар мурдагони нав ҷой боқӣ намемонад ва ба назар мерасад, ки гӯё ҳамон қабристон аз они якчанд нафари муайян бошад, ки тибқи фармудаи Ислом, хатои маҳз аст.
Агар чунин бошад, пас дигарон майити падару модар ва дигар пайвандонашонро дар хонаашон гӯронанд? Ё мисли ҳиндуҳо сӯзонанд?
Маъзарат аз пурсишҳои сангин. Аммо вазъияти торафт зиёд шудани аҳолӣ тақозо мекунад, ки тибқи фармудаи Ислом амал кунем. Ва ҳадди ақал мусобиқаи азякдигаргузарониву санги калону боҳайбат мондан пурра аз байн бардошта шуда, лавҳаи хотира (санги мазор) ба андозаи муайян ҷорӣ карда шавад, ки замоне дар сурати зарурат баъди 80-90 сол имкони баркандану ба ҷои он гӯронидани майити дигар вуҷуд дошта бошад. Вагарна, дар чунин ҳол вазъияте боқӣ мемонад, ки гӯё як қабристон ба доираи муайян тааллуқ дошта, дигарон аз он маҳруманд, ки хилофи дини мубини Ислом аст.
Аз қабристон ҳазар накунед!!!
Тавре болотар ишора кардем, имрӯз қабристон дар мобайни шаҳр дар қатори дигар иншооти ҷамъиятӣ ҷойгир аст. Ба ин хотир, дар тафаккури мо набояд қабристон як макони тарсу ҳазар бошад. Балки як ҷои бисёр зебову гулгашту гулзор бо роҳгардҳои дизайни сангфарш, нишастгоҳҳои зебову дилнишин ва долу дарахтони ҳамешсабз, аз қабили арчаву палма ва ғайраҳо ородода шуда бошад.
Бар замми ин, хеле хуб мешуд бо як санги тақрибан чаҳоркунҷа иктифо карда, гӯрҳо тибқи фармудаи шариат баробари замин ҳамвор бошанд. Болои тамоми гӯрҳо газони сабз кишта шуда, ба чашми каси бинанда як манзараи дилнишинро эҷод кунанд. Дар роҳравҳо бо тариқи чароғонкунӣ (плафон) ороиши дигар зам намудан аз манфиат холӣ набуда, ҳатто шомгоҳон даромадан ба қабристон ба дили кас тарс роҳ намеёбад.
Аз ҳама муҳим, тавре пайхас кардан мушкил нест, дар мо анъана шудааст, ки деворбандии қабристон хеле баланд аст. Пешниҳод карда мешавад, ки бигзор девори қабристон бо ороиши хоси замонавӣ, хоҳ панҷара ва хоҳ девори тақрибан якметра иҳота шуда бошад. Бигзор ҳама рӯз чашми бинандагон ба он афтад ва оқибати ин дунёро фаҳманду ба худ дарси ибрат гиранд. На ин ки чун як ҷои тарсу ҳазар аз чашми мардум пинҳон боқӣ монад.
Аз ин хотир, ҳукумати тамоми шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки ҳангоми ҷудо намудани замин барои қабристон камбудиҳои ҷойдоштаро ба инобат гирифта, тибқи лоиҳаи шаҳрсозӣ қабристонро низ ба истифода диҳанд.
Бисёр хуб мешуд, ки гузоштани санги мазору дигар дабдабаву азҳамгузаронӣ дар бобати дафни мурдагон низ қонунан ба танзим дароварда шавад. Вагарна, як қабристон ба участкаи наздиҳавлигии якчандчанд нафари муайян табдил меёбад.
Комментариев нет.