+992 92 777 2675

Муроҷиат ба парлумон: Аз мо чӣ суд!?

Муроҷиат ба парлумон: Аз мо чӣ суд!?

Муроҷиат ба парлумон: Аз мо чӣ суд!?

Нет комментариев

Таърих — илм дар бораи сабти фаъолияти инсон, ҷамъият ва сивилизатсия мебошад. Таърих (вожаи арабӣ) — илмест, ки маҷмуи воқеа ва ҳодисаҳои дар ҳаёти инсоният рӯйдодаро меомӯзад. Таърих пажуҳиш дар рухдодҳо ва корҳои инсон дар гузашта аст. Кӯчаҳои шаҳри мо бо номҳои гуногун номгузорӣ шудаанд, аммо таърихи ин номҳоро баъзе аз шахсон медонанду боқимонда намедонанд. Номҳои кӯчаҳоро номгузорӣ кунем чиву рақамгузорӣ кунем чӣ? Ягон фарқият вуҷуд дорад ё надорад?

Номи холӣ
Рӯзе аз кӯчае гузар мекардаму ба номи кӯча назар кардам, ки Шота Руставели номгузорӣ шудааст. Фикр кардаму ба худ суол додам, ки ин шахс кист? Барои чӣ чунин номгузорӣ шудааст? Боз ба хулосае омадам, ки ин шахс қаҳрамон аст ё олими забардаст, миллаташ чист, ки дар кӯчаҳои Тоҷикистони мо ногузорӣ шудааст? Чунин фикрҳо дар сарам гирдгардон буд. Омада расонаҳои интернетиро кофтуков кардаму маълумоте пайдо намудам. Шота Руставели шоири асри 12 буда, соли 1172 дар Грузия ба дунё омадааст. Боз дар расонаҳои интернетӣ омадааст, ки ин ном дар кӯчаи шаҳри Киев номгузорӣ шудааст. Ана, барои ҳамин ин шоири бузургро номгузорӣ кардаанд, ки номаш дар таърих абадӣ аст. Сад афсӯс, ки чунин шоири бузург дар як тунукачаи оҳан бо ранги сафеду сиёҳ номнавис карда шудаасту халос.
Дар шаҳру ноҳияҳо ҳазорҳо номҳои одамони бузург номгузорӣ шудаанд. Афсӯс, ки онҳоро ҳамчун номҳои холӣ мешиносанду таърихи пайдоиши ин номҳоро намедонанд. Агар ба таърихи онҳо назар андозем, онҳо даҳсолаҳои зиёд номгузорӣ шуда бошанд, имрӯз ҷавонҳои мо мазмун ё пайдоиши ин номҳоро намедонанд. Боварӣ дорам, ки наслҳои нав ҳам, ҳамчун номи холӣ гирди забон мегиранду халос.

Ном аз бузургон
Барои як кӯчаро ба номи инсони бузург гузоштан, чӣ ҳуҷҷатгузорӣ мешаваду чӣ қаҳрамониҳои ӯро ёдовар мешаванд, ки ин шахс сазовори номи нек гардидааст. Барои сазовор шудани номи нек чӣ пастиву баландиҳои зиндагӣ аз сари ин шахсон гузаштааст, сазовори номи олим ё қаҳрамон шудаанд. Масалан, бунёдгузори адабиёти классикии порсӣ Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ соли 858 дар деҳаи Панҷрӯд аз тавобеъи Самарқанд, ки акнун рустое аз ноҳияи Панҷакент дар вилояти Суғд аст, ба дунё омадааст. Вай аз шоирони замони Сомониён буд ва беш аз 1 млн байт шеър гуфта, вале аз он шумор то кунун танҳо камобеш 1000 байт расидааст. Рӯдакӣ соли 941 вафот кардааст.
Таърихи ҳазору садсолаи адабиёти тоҷик бо номи бунёдгузори он устод Рӯдакӣ сахт вобаста аст. Рӯдакиро муосиронаш ва суханварони баъдина бо унвонҳои ифтихории «Қофиласолори назми форсӣ», «Соҳибқирони шоирон», «Султони шоирон», «Одамушшуаро» ва ҳамсони инҳо ёд мекунанд. Асосгузор ва сардафтари адабиёт аслан маънои онро надорад, ки пеш аз дигарон асар эҷод карда бошад. Устод Рӯдакӣ бо хизматҳои бузургаш ба ин мақоми таърихӣ расидааст. Рӯдакӣ дар таърихи халқи тоҷик аввалин суханварест, ки таҷрибаҳо ва муваффақиятҳои гузаштаи худро дар соҳаи адабиёти тоҷик ҷамъбаст кардааст.
Мисоли дигар, Дмитрий Иванович Менделеев 27-уми январи соли 1834 дар шаҳри Тоболск дар оилаи Иван Павлович Менделеев, ки дар ҳамон давра падараш дар вазифаи директори мактаб кор мекард, таваллуд шудааст. Дмитрий дар оила охирин, ҳабдаҳум фарзанд буд. Д. И. Менделеев олими забардасти рус дар соҳаи химия мебошад, ки саҳми худро гузоштаву дар тамоми ҷаҳон шуҳратёр гаштааст.
Ё Туйчӣ Эрйигитов — фарзанди қаҳрамони тоҷик 10-уми ноябри соли 1921 дар деҳаи Булоки ноҳияи Ашт ба дунё омадааст. Мактаби ибтидоиро дар ҳамин ноҳия хатм намуда, нахуст чӯпонӣ карда, баъдан ҳамчун сохтмончӣ дар сохтмони калони Фарғона кор кардааст. Аз соли 1942, моҳи июн ба фронт рафтааст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, таърихи 5-уми октябри соли 1943 дар деҳаи Смердинияи ноҳияи Тоснои вилояти Ленинград хизмат карда, ҳангоми зарбаи навбатии душман қалби чавони худро сипар карда, қаҳрамонона ба ҳалокат расидааст. Туйчӣ Эрҷигитов дар қабристони қаҳрамонони ҶБВ дар шаҳри Любани вилояти Ленинград дафн карда шудааст.
Акнун ба хулосае оед, ки ин шахсон ва дигарон барои пешравии ҷамъият чӣ саҳм гузоштанд? Ин қаҳрамонҳои ҷаҳониро чӣ гуна фаромӯш кунем?

Рақам беҳ аз ном
Имрӯз номи кӯчаҳо ба номи бузургон номгузорӣ шудааст, аммо ҳамчун номи холӣ истифода бурда шавад, беҳтар мебуд. Рақамгузорӣ осонтар аст, он рақамҳо ҳам кӯтоҳу ҳам хотирмон ҳастанд. Мисоли кӯчаи 45/3. Ин таҷрибаҳо дар штатҳои Амрико истифода мешаванд, чӣ хеле, ки аз расонаҳо медонем, асосан кӯчаҳои Ню-йорк рақамгузорӣ карда шудаанд. Мисоли Авиню 52/4. Аз ҳар тараф ба рақам нигоҳ кунем, аз номгузорӣ рақамгузори беҳтар дида мешавад, яъне ба хотир тез сабт мешавад. Рақамҳо пай дар пай меоянд, кӯтоҳ навишта мешаванд ва ғайраҳо. Саволе ба миён меояд, ки аз давраи шӯравӣ то имрӯз дар Тоҷикистони азизамон номгузорӣ ба номи олимон чӣ беҳтарӣ аз рақам дорад?

Тарбия аз бузургон
Донишу хирад, таҷрибаву тадқиқоти илм беҳтарин ганҷина барои инсон аст, бузургтарин аслиҳа, воситаи ҳосилнокии меҳнат, хушсифатию латифии неъматҳои офаридаи инсон, рушду камоли худи шахсанд. Дар ҳама давру замон одамон ба таълиму тарбия ниёз доштанду доранд. Бинобар ин, дар ҳамаи давру замон одамони равшанфикру бедордил ва инсонпарвару ватандӯст инсони абадӣ ҳастанд.
Беҳуда номҳои кӯчаҳо аз давараи шӯравӣ то имрӯз ба номи олимон, шоирон, файласуфон, қаҳрамонони меҳнат ва ғайраҳо номгузорӣ нашудаанд. Новобаста аз он, ки номҳои нек аз қаҳрамонҳои маҳаллӣ бошанд ё қаҳрамонҳои ҷаҳон, ҳамаи онҳо саҳми худро барои пешравии ҷамъият гузоштаанд ва онҳо барои мо ва наслҳои оянда намунаи ибратанд. Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳодисаи ҷамъиятӣ, бо роҳи зӯрӣ давом додани сиёсат буда, мазмуни онро муборизаи муташаккилонаи мусаллаҳона ташкил медиҳад. Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) ҷанги одилонаю озодихоҳонаи халқи собиқ шӯравӣ барои озодӣ ва ҳимояи Ватан алайҳи фашизм буд. Мақсади истилогарон дар муддати кӯтоҳ несту нобуд кардани Армияи Сурх ва шикаст додани ИҶШС буд. Новобаста аз омодагии амиқ ва бартарӣ аз ҳисоби дороии техникаи ҷангӣ, ба мардуми шарафманд ва бонангу номуси шӯравӣ муяссар шуд, ки зафар ёбад. Халқи советӣ дар ҳама самтҳои асосии амалиёти ҷангӣ — Ленинград, Москва, Сталинград, Курск, Днепр ва ғайра бо қурбонии зиёд муқобили душман истодагарӣ намуда, қӯшунҳои фашистиро маҳв месохт. Нерӯи тавонои мардум руҳи «шикастнопазир»-и душманро шикаст. 8-уми майи соли 1945 Германия ба акти таслимшавӣ имзо гузошт. 9-уми май Рӯзи Ғалаба эълон гардида, анъанаи таърихӣ шуд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) 27 миллион мардуми шӯравӣ ҳалок шуданд, зиёда аз 1700 шаҳрҳо вайрон карда шуданд, миллионҳо нафар бехонаву хоҷагидорӣ монданд. Баъди Ҷанги Бузурги Ватании 1941-1945 дар муҳлати кӯтоҳ СССР бо 15 республикаи худ аз нав барқарор шуд, ки инро яке аз пешравиҳои асри 20 гӯем ҳам, хато намекунем. Ҳамаи ин қаҳрамониҳо вобаста ба идеологияи ватандӯстӣ буд, ки дар он бузургони гузашта намуна буданд ва шиорҳои онҳо ба пешравии ҷомеа ёрии маънавӣ расонд. Беҳуда нест, ки дар мактабу донишкадаҳо системаи маориф корнамоиҳои олимону шоирону файласуфонро ҷорӣ кардааст. Аз ин бармеояд, ки донистани қаҳрамониҳои ин шахсон ба пешравии ҷомеа таъсир мерасонидааст.

Хулоса
Мову шумо як наслро дида, хулоса набарорем, ба тақдири оянда саҳмгузор набошем, аз мо чӣ суд аст? Одамони таълиму тарбиягирифта ҳаётро сабзу хуррам ва шукуфон мегардонанд, одамони бемаърифату беадаб тираву тор ва пажмурда.
Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки номи бузургон беҳ аз рақам мебошанд, ки ба тарбия ва пешравии ҷамъият таъсири манфии худро мерасонидааст. Лекин имрӯза номгузориҳои нопурра моро ба хиҷолат мегузоранд, ки дар оянда ин номҳо холӣ мемонанд. Таклиф ба парлумони Тоҷикистон ҳамин аст, ки қарор қабул карда шавад, ки номҳои имрӯзаи кӯчаҳо бо як услуби муайян ногузорӣ шаванд, яъне расми он қаҳрамонҳо, ному насаб ба пуррагӣ, рӯз, соли таваллуд ва фавту зодгоҳ, як ҷумла бо кадом корҳои қаҳрамониашон, дар як санги мармарин дар сари кӯчаҳо ва охири кӯчаҳо навишта шаванд. Мисол, шоир, олим ва ғайра ва мисрае иқтибос овардан аз ӯ.
Боварӣ дорам, ки ин назари нав ба номгузорӣ, ба пешравии ҷомеаи мо саҳми худро мегузорад. Ҳар як шахс аз дидани номи бузургони маҳаллию ҷаҳонӣ ба хулосае меояд, ки бо корҳои некаш метавонад дар ҷаҳон машҳур бошад, ки аксаш, зодгоҳаш, қаҳрамониаш ва гуфтаҳояш барои насли оянда абадӣ хоҳад монд. Қаҳрамониҳои миллати худро дида, ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ боз баландтару қавитар мешавад. Кас чунин номҳоро Хонда, ба ваҷд меояду худ фикр мекунад, ки инсон бояд аз худ номи абадзиндаашро боқӣ монад.
Ногуфта намонад, ки тарзу услуби нав меҳмонҳои аз дуру наздик омадаро ба ҳаяҷон оварданаш мумкин аст! Ин рамзи эҳтиром ба бузургони Ватаниву ҷаҳонӣ аст!

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

deneme bonusu veren siteler |
casino siteleri |
şans casino |
vidobet |
vidobet |
vidobet güncel giriş |
vidobet giriş |
casinolevant |
casinolevant |
casinolevant |
şans casino |
şans casino |
casinolevant giriş |
casino şans |
şans casino giriş |
casino levant |
casino şans |
casino şans |
levant casino |
bahislion |
casinolevant |
gamdom |
gamdom giriş |
gamdom |
boostaro |
bahislion |
boostaro |
gamdom |
casinolevant |
casinolevant |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant |
casino siteleri |
casinolevant giriş |
casinolevant |
gamdom |
gamdom |
şanscasino |
sosyobase |
En Güvenilir Casino |
lisanslı siteler |
vidobet |
vidobet giriş |
casino siteleri |
bahis siteleri |
haber kaldırma |
gamdom |
lidyabet |
lidyabet |
lidyabet |
lidyabet |
lidyabet giriş |
hoşgeldin bonusu veren siteler |
lidyabet |
lidyabet güncel giriş |
güvenilir bahis siteleri |
lidyabet |
lidyabet giriş |
casino siteleri en iyi
cbc test price in bangladesh
pg hospital test price list
popular test price list