+992 92 777 2675

Шояд Вазорати нақлиёт намедонад «бо кадом ангушт сарашро хорад»…

Шояд Вазорати нақлиёт намедонад «бо кадом ангушт сарашро хорад»…

Шояд Вазорати нақлиёт намедонад «бо кадом ангушт сарашро хорад»…

Нет комментариев

Ба таваҷҷуҳи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизматрасонии таксии шахсӣ дар Тоҷикистон имрӯзҳо як ҳолати хандаоварро ба худ касб кардааст, ки бештар ба савдои «рав, гир, барака»-и бозори картошкафурӯшӣ шабоҳати том дорад. Тоҷикистон шояд ягона давлате бошад, ки бо таксӣ бобати нархи роҳкиро ба баҳс, ҳатто дар ҳоли норизо будан гоҳо ба ҳақоратшапу дашном оварда мерасонад. Бо иллати он, ки таксӣ дар Тоҷикистон танзими қонунии худро гум кардааст, ҳатто Вазорати нақлиёт шояд намедонад, ки «бо кадом ангушт сарашро хорад»…

Як бому ду ҳаво
Тибқи хулосаи сухангӯи шаҳрдори Душанбе, ки ба кормандони расонаҳои хабарӣ гуфта буд, гӯё аксарияти садамаҳо бо иштироки таксиҳои ғайриқонунӣ рух додаанд.
— Бинобар ин, бояд таксиҳои ғайриқонунӣ зери назорат гирифта шаванд, чунки аз рӯи таҳлил ва мушоҳидаҳо бармеояд, ки бештари садамаҳои нақлиётӣ аз ҷониби онҳое сар задааст, ки ба кори таксии ғайриқонунӣ машғуланд,- гуфта буд манбаъ.
Аслан, бояд иқор шуд, ки гуфтаи манбаъ то ҷое ҷон дорад ва ба ҳақиқат рост меояд, зеро имрӯз комилан фаъолияти таксистҳо аз мадди назар дур монда, тақрибан зарбулмасали «худам шоҳу табъам вазир» шиори ин гуна таксистҳои ғайриқонунӣ шудааст.
Бар замми ин, ҳар таксист ҳар тавре, ки мехоҳад, нарх мегузорад ва касе ҷилави кори нархгузории онҳоро на тафтиш кардааст ва на мавриди назорат қарор додааст.
Суҳроб Шаропов аз нобаробар нархгузории хизмати таксиҳо норозигӣ баён намуда, мисли даврони шӯравӣ якхела нархгузорӣ шудани таксиҳоро илоҷи кор медонад.
— Ба як самт ва ба як масофаи якхела таваккал ду-се таксистро пурсон шавед. Ҳатман нархи аввалиаш аз дигараш фарқ мекунад. Якумӣ 10 сомонӣ мегӯяд, дигараш 20 сомонӣ. Намедонам, ягон ниҳоде бошад, ки ҳамин бемасъулиятиву беинсофии таксистҳоро назорат кунад, ё ҳадди ақал мисли давраи шӯравӣ нархи якхеларо дар сар то сари ҷумҳурӣ ҷорӣ намояд?,- мегӯяд номбурда.
Ин гуфтаи Шарпов муҷиб шуд, ки мо барои таҳқиқ водор гардем ва ба як-ду таксӣ ба қавле «клиент» шавем. Аз як нуқта то нуқтаи дигар як таксист 10 сомонӣ гуфт, дигаре 20 ва савумӣ 25 сомонӣ тақозо кард. Аҷибаш ин буд, ки онҳо ҳар се дар алоҳидагӣ мегуфтанд, ки «акоҷон, бензин гарон шудааст». Намедонам, чаро агар гарон шуда бошад, якумӣ 10 сомонӣ мегӯяду савумӣ 25 сомонӣ? Магар ин як бому ду ҳаво нест? Бигзор ба ин суол масъулини Вазорати нақлиёт посух гӯянд.

Вазорат ҳаст, назорат нест!
Агар ба кишварҳои хориҷа сафар кунед, таксистҳо ҳама дорои сарулибоси якхела, сарпӯши махсус ва одобу саломалеки вижа мебошанд. Пас, чаро дар Тоҷикистон ин чиз аз мадди назари масъулин дур мондааст?
Ҳамсуҳбати мо, як ронандаи таксӣ, ки аз гуфтани номаш худдорӣ варзид, мегӯяд, аз сарулибоси ягонаи ронандагии таксӣ ҷонибдорӣ менамояд.
— Агар раваду чунин қоида ва ё қонун ҷорӣ шавад, ба фикри ман, ҳеҷ таксӣ монеъ намешавад, зеро сарулибоси ягона воқеан нишондиҳандаи фарҳангу маданияти давлатӣ мебошад,- мегӯяд мавсуф.
Имрӯз воқеан ягон ронандаи таксиро аз мардикор ва ё дипломат фарқ карда намешавад. Яке пуфайка, дигаре шиму костюм, савумӣ либоси варзишӣ ва дигаре умуман калӯшу маҳсӣ ва ҷомаи муллогӣ дорад. Воқеият дорад, ки агар меҳмони хориҷӣ ин ҳоли моро бинад, намедонад вақти ба ватанаш баргаштан аз қиссаҳои таксистҳои мо ба ҳамсуҳбатонаш чӣ мегӯяд. Анекдоти таппа-тайёр, хандахариши замона!
Ба ин хотир, масъулини Вазорати нақлиётро зарур аст, ки дар бораи ҷорӣ намудани либоси ягонаи таксистҳо чораи фаврӣ андешанд. Охир, кори Вазорати нақлиёт аз утоқи корӣ набаромада, танҳо вазифаи иҷозат додани ҳуҷҷату имзову муҳрмонӣ нест!

Ранг ба ранг, шафтолуранги таксиҳо
Аз ҳама аҷиб, дар дигар кишварҳои пешрафта таксиҳо маркаи махсуси воситаи нақлиёт ва ранги махсуси ягона доранд. Дар қиболи ин, дар Тоҷикистон бошад, тақрибан автомашинаҳои шахсиву таксӣ ва давлативу муассисавӣ ба ҳам монандӣ доранд. Ба ҷуз як-ду таксиҳое, ки дар боми мошинашон рамзи шоҳмотро насб кардаанд, боқӣ таксиҳоро ҳеҷ имкони ташхис ва шиносоӣ вуҷуд надорад. «Жигули», «Опел», «Волга», «Мерседес», «Тойота», «Некси», «Тико», «Матиз» ва садҳо намуди дигари мошинро на фақат меҳмонони хориҷӣ, балки сокинони худи Тоҷикистон наметавонанд ташхис бидиҳанд, ки таксӣ аст ё шаҳрванди оддӣ. На нишонаи шоҳмот доранд, на рақами давлатии махсуси рангаш зард.
Намедонам, кормандони назорати воситаҳои нақлиёт ин чизро медонанд ё не!? Ақли кас намегирад, ки онҳо ҳамин нуктаҳоро намедонанд. Пас, метавон бе дудилагӣ гуфт, ки воқеан вазорат ҳасту назорат умуман вуҷуд надорад…

Чанд пешниҳод
Дар замони шӯравӣ, чуноне ҳама дар хотир дорем, аз таксиҳо аз ҳама маркаи баландтарини воситаи нақлиёт «Волга» буд. Ин мазмуни онро дошт, ки шаҳрвандон агар аз таксӣ истифода баранд, онҳо ҳақ доранд ба беҳтарин маркаи мошини комфорт нишинанд. Бо он, ки технология рушд накарда буд, «Волга»-таксиҳо ҳисобкунак доштанд. Аммо имрӯз бо он, ки технология хеле пеш рафтааст, Вазорати нақлиёт ва ниҳодҳои марбут ба нақлиёт чаро ин нуктаро ба назар намегиранд?
Аксарияти шикояти шаҳрвандон аз нархҳои чандхелаву беинсофонаи таксиҳо рӯ задааст, ки мутаассифона, ин нуқтаи басо муҳимро касе мавриди бозҷӯӣ қарор надодааст.
Ба ин хотир, пешниҳод мешавад, ки дар сар то сари Тоҷикистон бо дарназардошти талаботи бозор навъи якхелаи тамғаи автомашина ҷорӣ карда шавад. Ба ҳисоби мо, имрӯз тамғаи «Мерседес-Бенс» («Сечка») беҳтарин интихоб шуда метавонад, ки ба нархи 3-5 ҳазор доллари ИМА метавон онро харид, ки он қадар нархи миёншикан надорад.
Ранги чунин таксиҳо низ вобаста ба воридоти мошин, ки аксарияташ ранги нуқрагӣ (серебро-металлик) аст, ҳамин ранг интихоб гардад. То таксистҳо изҳори норозигӣ нанамоянд.
Дуруст аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон ранги рақами давлатии нақлиёти мусофиркашон зард шудааст. Бигзор таксистҳо дар сар то сари кишвар ҳатман ранги зарди рақами давлатӣ дошта бошанд. Ба ҷуз ин, ба ҳар як таксӣ часпонидани нишонаи шоҳмот ҳам дар боми мошин ва ҳам дар ду паҳлуи мошин ба манфиати кор аст.
Ба ғайр аз ин, бояд ҳар як таксӣ дорои ҳисобкунак бошад. Ҳисобкунакҳо аз мадди назари мақомоти стандарт гузашта ва ба қайд гирифта шуда, дар кулли Тоҷикистон ба ҳар як километр тибқи ҳисобкунак нархҳои вобаста ба минтақаҳо гузошта шавад, то савдои хандаовари таксисту муштарӣ мисли бозори картошкафурӯшӣ аз байн равад. Ҳамзамон, бояд дар даруни салони таксӣ бейҷики расмӣ ва шахсии ронандаи таксӣ насб гардад.
Сарулибоси ягонаи таксистҳо ҳатман бояд ба роҳ монда шавад. Бигзор ранг ва мӯди он ба ихтиёри масъулини Вазорати нақлиёт ва ниҳоди БДА гузошта шавад. Аммо ҳатмӣ якхела бошад, то мардум донанд, ки сари чамбараки мошин кӣ нишастааст.
Дар ин сурат, бояд назорати ҷиддӣ ба дӯши БДА ва кумитаи литсензионӣ гузошта шавад ва он таксиҳои бомбилае, ки аз низомномаи ягона худро дур мекашанд, кормандони давлатӣ чашмонашонро напӯшанд. Ба хотири он, ки таксистҳои шахсии қонунӣ бояд дилпур шаванд, то бозорашон аз ҷониби таксӣ — бомбилаҳо ғайриқонунӣ касод карда нашавад.
Бо ин навишта бо ҳазор маъзарат аз ронандагони таксиҳои шахсӣ тақозо мекунам, ки ин ҷо пеши роҳи фаъолияти гирифтани онҳо набуда, балки ба роҳ мондани низом ва мароми нав дар фаъолияти таксистӣ мебошад. Бояд ҳар як соҳиби таксӣ донад, ки ӯ сари чанбарак як занҷираи маданияти милливу давлатиро ба шаҳрвандону меҳмонони хориҷӣ намоиш медиҳад.
Бо ин роҳ метавон пеши роҳи таксиҳои ғайриқонуниро гирифт ва ҳам дар ҳузури меҳмонони хориҷӣ тарозуи адолати миллӣ (дар бобати нархгузории якхела) ва маданияти зеборо ба намоиш гузошт. Вагарна, одоби вайрону қоидавайронкуниҳо ва дашномҳои аз чаҳорчӯбаи касбияти ронандагии дури таксистҳои мо боиси хандахариш боқӣ мемонад.

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

deneme bonusu veren siteler |
casino siteleri |
şans casino |
vidobet |
vidobet |
vidobet güncel giriş |
vidobet giriş |
casinolevant |
casinolevant |
casinolevant |
şans casino |
şans casino |
casinolevant giriş |
casino şans |
şans casino giriş |
casino levant |
casino şans |
casino şans |
levant casino |
bahislion |
casinolevant |
gamdom |
gamdom giriş |
gamdom |
boostaro |
bahislion |
boostaro |
gamdom |
casinolevant |
casinolevant |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant |
casino siteleri |
casinolevant giriş |
casinolevant |
gamdom |
gamdom |
şanscasino |
sosyobase |
En Güvenilir Casino |
lisanslı siteler |
vidobet |
vidobet giriş |
casino siteleri |
bahis siteleri |
haber kaldırma |
gamdom |
lidyabet |
lidyabet |
lidyabet |
lidyabet |
lidyabet giriş |
hoşgeldin bonusu veren siteler |
lidyabet |
lidyabet güncel giriş |
güvenilir bahis siteleri |
lidyabet |
lidyabet giriş |
casino siteleri en iyi
cbc test price in bangladesh
pg hospital test price list
popular test price list