+992 92 777 2675

Як-ду медал ифтихор нест

Як-ду медал ифтихор нест

Як-ду медал ифтихор нест

1 Комментарий

Заминаҳои рушди варзиш дар кишвар ба ҳадде имконияти маҳдуд пайдо кардааст, ки дар як сол ба Ҷумҳурии Тоҷикистон овардани теъдоди ками медали тилло ва ё биринҷӣ ҳеҷ вақт наметавонад боиси хушҳолӣ бошад. Барои Тоҷикистоне, ки ҳудуди 8 миллион нафар аҳолӣ дорад, дар як сол медали тиллову биринҷии ангуштшумор ҷои афсӯс аст. Бешак, соҳаи варзиш роҳҳои рушди нав мехоҳад, ки сари ин масъала бояд ҷиддан андешид.

Варзишро вазише нест…

Таври маълум, ҳар сол олимпиадаҳои зиёди варзишӣ дар ақсои ҷаҳон баргузор мегардад ва хурду бузурги кишвар тариқи расонаҳои хабарӣ танҳо номҳое чун Мавзуна Чориева, Комроншоҳи Устопириён ва чанде дигаронро медонанду бас, ки як ё ду медали тилло ва биринҷӣ ба ин номҳо мутааллиқ асту халос. Бо ин далел метавон хулоса намуд, ки ё дар Тоҷикистон заминаҳои рушди варзиш вуҷуд надорад ва ё мо роҳҳои беҳтар намудани тараққиёти варзишро намедонем. Албатта, вуҷуд дорад, аммо пастравии соҳаи варзиш дар Тоҷикистон зарбулмасали маъмулии  «об аз сарлой»-ро ба мактабҳои миёна ишораи ангушт менамояд. Пас, дар ин сурат пурсиши «чаро дар Тоҷикистон варзиш рушд намекунад?» чун суоли кушода бепосух ва бебаҳс боқӣ мемонад.

Аксари коршиносон далели рушднокарда боқӣ мондани соҳаи варзишро дар набудани идеяҳои нав дар ин соҳа мебинанд. Ҳамсӯҳбати мо, яке аз муаллимони мактаби таҳсилоти ҳамагонии вилояти Суғд Яҳё Воҳидов мегӯяд, ки бояд барои рушди соҳаи варзиш андеша ва пешниҳодҳои нав рӯйи кор оянд.

— Барномаҳои варзишие, ки дар солҳои шӯравӣ буд, мутаассифона, аксарияти онҳо то ҳанӯз ба дарди носури мо гӯё давоянд, ки наметавонанд бори варзиши имрӯзаи моро кашанд. Масалан, дар мактаби миёна толибилмон дар дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ ба ғайр аз баскетбол, футбол ва давидан дигар навъҳои варзишро қариб ки намедонанд,- иброз медорад Яҳё Воҳидов.

Як хонандаи мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, сокини шаҳри Хуҷанд, ки худро Умедҷон унвон кард, мегӯяд, онҳо ҳафтае ду маротиба дарси тарбияи ҷисмонӣ доштаанд, ки аз давидану футболу баскет иборат будаасту халос.

Ба ақидаи аксари шоҳидону ҳамсӯҳбатон, дарси тарбияи ҷисмонӣ дар макотиби миёна ҳеҷ гоҳ ниёзи ҷисмонӣ ва тарбияи бадании наврасони моро бароварда карда наметавонад. Зеро ҳафтае ду маротиба роҳандозӣ шудани дарси тарбияи ҷисмонӣ ва он ҳам ҳамагӣ 45 дақиқа ва бар замми ин, баъди давидану футболу баскетбол, ки хонандагон ба обу арақ меғӯтанд, бо бӯи бадани арақин нишастан дар дарс назокату эстетикаро мекоҳонад. Зеро ягон мактаби таҳсилоти ҳамагонии кишвари мо барои шустани арақи бадан баъд аз дарси тарбияи ҷисмонӣ ташноб (душ) надорад. Иловатан, вақте инсон медавад ва ҳарорати бадан баланд мешавад, дилу рӯҳи ӯ низ оромишро аз даст медиҳад ва ба ин хотир аз дарси тарбияи ҷисмонӣ баромада, ҳамагӣ панҷ дақиқа танаффус гирифтану ба омӯзиши фанни дигар нишастан на фақат ба бесаводӣ оварда мерасонад, балки зарари ҷисмонӣ низ дорад, ки ин нуктаро аз мо дида, мутахассисони соҳаи тиб хубтар медонанд.

Ба ғайр аз ин, сарулибоси варзишӣ на ҳамеша ҳамроҳи хонандагон аст. Ба ин хотир, бо сарулибоси протоколии мактабӣ (шиму костюм, галстук ва ғайра) аксари вақт бачаҳо футболбозӣ мекунанд, ки ба даридану ифлос шуданаш мусоидат мекунад. Иловатан, аз ҳисоби дарси тарбияи ҷисмонӣ фаҳмиши дигар фанҳо мушкил шуда, ба саломатии хонандагон зарари ҷиддӣ мерасонад ва таълими дигар фанҳо низ бесамар ва бефоида боқӣ мемонад.

Мутахассис-равоншинос Исмоилхон Алиев, сокини шаҳри Хуҷанд, андеша дорад, ки баъд аз баланд шудани ҳарорати ҷисм то замони ором ва салқин шудани бадан қобилияти қабули зеҳнии хонандагон кунд мешавад. Зеро дар ин ҳол рӯҳи инсон беқарор мешавад ва ин беқарорӣ ба мушаввашӣ ва парешонхотирӣ оварда мерасонад, ки барои омӯзиши ин ё он фан танаффуси тӯлонии тақрибан нимсоата ва ё шустушӯи арақи бадан зарур аст. Вагарна, ба майнаи сари хонандагон дар ин ҳол ҷо намудани мавзӯи нав таҷовузи психологиро ба миён меорад.

Чӣ бояд кард?

Суоли дигар ба миён меояд, ки дар ин сурат чӣ бояд кард? Ба андешаи аксари мутахассисон ва ҷомеашиносон, бояд аз баҳри тарбияи ҷисмонии практикӣ дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ баромад. Танҳо бояд дастури методии назариявии ҳамагонии дарси тарбияи ҷисмониро роҳандозӣ намуд, ки аз он дастур хонандагон ба таври назариявӣ аз варзиш огоҳ шаванд.

Яҳё Воҳидов ин иқдомро дастгирӣ менамояд ва мисли дигар фанҳо, ки танҳо назариявӣ омӯзонида мешаванд, ба дарси назариявии тарбияи ҷисмонӣ тарҷеҳ медиҳад.

— Бояд дастур (китоб)-е тартиб дода шавад, ки фан будани тарбияи ҷисмониро муайян созад. Дар дастур бояд намудҳои мухталифи варзиш, амсоли теннис, шоҳмот, футбол, гамбол, сноуборд, поло, аспдавонӣ, велосипедронӣ, қаиқронӣ, оббозӣ ва ғайраҳо бо қоидаҳои махсус ба таври оммафаҳм, мавзӯъ ба мавзӯъ навишта шаванд, то хонандагон фаҳмиши комил дошта бошанд, ки масалан барои футбол чанд метр масоҳати майдони бозӣ зарур аст ва ё як тӯби маъмулии футбол чанд атмосфера ҳаворо бояд дар худ дошта бошад. Мутаассифона, аз ин чизҳои элементарӣ на фақат хонандагон огоҳ нестанд, балки аксари футболбозон низ шояд надонанд,- мегӯяд Я. Воҳидов.

Пурсиши дигаре шояд зеҳни хонандагонро ранҷ диҳад, ки агар дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ аз баҳри дарси тарбияи ҷисмонӣ бароем, пас ояндаи варзиш ва рушди он чӣ мешавад? Посух хеле оддӣ аст: Дар ҳоле, ки Тоҷикистон дар ҳар мактаб ба таври зарурӣ ва стандартӣ ташноб ва майдончаҳову варзишгоҳҳои тобистонаву зимистонаро ташкил карда наметавонад, бояд ба таври индивидулӣ волидонро маҷбур намуд, ки фарзандҳояшонро мувофиқи лаёқат ва интихобашон ба клубҳои варзишӣ бурда монанд. Вагарна, 11 сол танҳо давидану баскету футбол ва бо дигар намуди варзиш, ки дар ҳоли ҳозир мактабҳои миёнаи мо аз гигиена садҳо фарсах дур аст, имтиҳон супоридану баҳои хубу аъло гирифтан маънии томи дарси тарбияи ҷисмониро нахоҳад дод.

Дар ин ҳол робитаи соҳаи варзиш бо маориф бояд зич бошад ва ҳар узви ин ё он клуб ҳар моҳ ба мактаб ҳисобот диҳад, то аз пешрафти хонанда садорати мактаб огоҳ гардад. Дар ин сурат, дар клубҳои варзишӣ онҳо тез-тез ба мусобиқаҳо даъват мешаванд, соҳиби ҷоиза ва ҳатто унвони номзад ва устоди варзишро мегиранд, ки барои рушди минбаъдаи соҳаи варзиши тоҷик саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад

Низоми тарбия ва одоби шарқиёнаи мо торафт рӯ ба таназзул аст, ки иқдом намудан ба рушди навини соҳаи варзиш метавонад насли навраси моро аз радикализм (ифротгароӣ), нашъамандӣ, пайвастан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва кӯчагардӣ дур намояд. Зеро баъди дарс аксарияти насли наврас хеле вақти зиёдатӣ доранд, ки то шому хуфтан ба бероҳагардиву кӯчагардӣ масраф мешавад. Ба ҷуз ин, барои рушди варзиш ва заминаҳои тамаддуни дигари насли наврас таҷрибаи нахустин дар ҷаҳон ба ҳисоб хоҳад рафт, ки аз ҳисоби ташкил шудани клубҳои варзишии тиҷоратӣ (дар тобеияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ) буҷети кишвар аз ҳисоби андоз бой мешавад. Ба ғайр аз ин, метавон клуби варзишии буҷавӣ низ ба роҳ монд, ки бигзор зери назорати Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ қарор бигирад ва баъдан ба як соҳаи худмаблағгузор табдил ёбад.

Дар ҳар клуби варзишӣ бо ҷалби беҳтарин мутахассисон ва бо маоши хубу иктифоӣ (аз ҳисоби пулакӣ роҳандозӣ шудани намуди дарси тарбияи ҷисмонӣ) метавон ҳазорҳо дараҷа обрӯ ва сатҳи сифати варзиши тоҷикро баланд бардошт. Ба ҳисоби пешакии мо, ба ҳар як хонанда солона тақрибан на беш аз 500 сомонӣ масраф мешавад, ки бовар дорам, ба ин пешниҳод аксари волидон зид намебароянд.

Бо ин тадбир ҳар сол варзишгарони тоҷик соҳиби на як-ду медал, балки сазовори садҳо медалу ифтихорномаҳои байналхалқӣ хоҳанд шуд, ки шарафи Тоҷикистон боз болотар хоҳад рафт.

Лутфулло ЯҚУБОВ «Фараж» №44 29.10.2014.

Мавод натиҷаи ширкати муаллиф дар тренинги омӯзишии АМВАОМТ бо кӯмаки NED мебошад.

Один комментарий для "Як-ду медал ифтихор нест"

  • Добавить комментарий

    Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

    şans casino |
    vidobet |
    vidobet |
    vidobet güncel giriş |
    vidobet giriş |
    casinolevant |
    casinolevant |
    casinolevant |
    vidobet giriş |
    şans casino |
    casinolevant giriş |
    casino şans |
    şans casino giriş |
    casino levant |
    casino şans |
    casino şans |
    boostaro |
    casinolevant giriş |
    şans casino giriş |
    casinolevant giriş |
    şanscasino |
    vidobet |
    vidobet giriş |
    levant casino |
    vidobet giriş |
    nigeria betting |
    sports betting |
    goka |
    nigeria betting |
    goka |
    gokabet |
    vidobet |
    deneme bonusu veren siteler |
    deneme bonusu veren siteler |
    deneme bonusu veren siteler |
    goka casino |
    gokabet |
    casinolevant |
    casinolevant giriş |
    casinolevant |
    casinolevant giriş |
    casinolevant güncel giriş |
    casinolevant |
    casinolevant giriş |
    casinolevant güncel giriş |
    casinolevant |
    casinolevant giriş |
    casinolevant |
    casinolevant giriş |
    casinolevant |
    casinolevant giriş |
    casinolevant |
    casinolevant giriş |
    casinolevant |
    casinolevant giriş |
    casinolevant |
    casinolevant giriş |
    casinolevant |
    casinolevant giriş |
    casinolevant giriş |
    casinolevant giriş |
    casinolevant giriş |
    casinolevant giriş |
    casinolevant giriş |
    casinolevant giriş |
    casinolevant giriş |
    casinolevant giriş |
    1king |
    1king giriş |
    1king |
    1king giriş |
    1king telegram |
    1king telegram