+992 92 777 2675

Пулҳо аз Тоҷикистон мегурезанд!

Пулҳо аз Тоҷикистон мегурезанд!

Пулҳо аз Тоҷикистон мегурезанд!

Нет комментариев

Авфи пулҳо метавонад пеши роҳи онро гирад?

Тӯли даҳ соли ахир дар Тоҷикистон аз ҳад баланд шудани нархи хонаҳои истиқоматӣ ва берун рафтани пули шаҳрвандони кишвар хеле ба шиддат ба назар мерасад. Коршиносон сабаби пеш омадани чунин ҳолатро ба ғайриқонунӣ будани пулҳо ва ба аниқ нишон дода натавонистани сарчашмаи даромад ишора мекунанд. Ба ин хотир, ба ақидаи аксари ҷомеашиносон, агар бори дигар авфи пулу моли шаҳрвандон аз ҷониби ҳукумати кишвар сурат нагирад, бе шак пулҳо аз Тоҷикистон тариқи қочоқ ва офшор рӯ ба гурез хоҳанд ниҳод. Бар замми ин, дар сурати дубора эълон надоштани авфи пул ва авфи амвол ин ҳол метавонад боз ба гароншавии хонаҳои истиқоматӣ мусоидат намояд. Ин дар ҳолест, ки нархи хонаи бинои баландошёна дар Тоҷикистон ҳамгардани нархгузории шаҳри Маскав шудааст.

Зарур бошад, раво бошад

Имрӯзҳо ҳолати ногувору номафҳуме дар соҳаи иқтисодиёт ва маблағгузории шаҳрвандон пеш омадааст, ки агар пул дошта бошӣ, намедонӣ куҷо сарф кунӣ. Дар сурати харидани ин ё он иншооти бузург, бе шубҳа ҳар пулдор ба сараш суолҳое ба мисли «агар мақомоти андоз пурсад, чӣ мегӯям?», «Оҷонсии зиддикоррупсионӣ сарчашмаи даромадамро пурсон шавад, чӣ посух хоҳам дод?» мезананд, ки дар натиҷа ба мунҷамид (ях кардан) шудани пулҳо оварда мерасонад. Пулдор ё пулашро ба харидани бриллианту тилловорӣ банд мекунад, ё ба харидани хонаҳои истиқоматӣ ё участкаи наздиҳавлигӣ, ки дар натиҷа пул аз гардиш боз мемонад. Дар натиҷаи чунин бандкунии пулҳо ҳукумат низ аз ситонидани андоз ба таври автоматикӣ маҳрум мегардад.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, нахустин бор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон авфи пулҳои шаҳрвандонро 10-уми майи соли 2002 эълон дошт. Пас аз ин сароҳатан фармони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз 12-уми марти соли 2003 содир шуд, ки дар он низ аз авфи пулҳо ва қонунигардонии маблағи шаҳрвандон сухан мерафт. Аммо, тавре маълум аст, шаҳрвандони кишвар ба мазмуну моҳияти қонун сарфаҳм нарафтанд. Агар сарфаҳм рафта бошанд ҳам, аз таҷрибаи талхи сӯхтани пулҳои барориши соли 1961 ва борҳо иваз шудани асъори миллии Тоҷикистон тӯли солҳои ҷанги шаҳрвандӣ пулҳояшонро на фақат қонунӣ накарданд, ҳатто барои ба бонкҳо гузоштан ҳам ба кӯчаи риск қадам нагузоштанд. Аммо, тавре имрӯзҳо аён гардид, бе шак, Ҳукумати Тоҷикистон ба ваъдаи худ доир ба авфи моликият ва қонунигардонии молу мулк тавонист устувор монад. Вале, мутаассифона, касе аз шаҳрвандон ин ғамхориро нафаҳмиду сад афсӯс, ки фаҳмида бошад ҳам, дер фаҳмид.

Аксари коршиносон бар ин назаранд, ки ҳолати имрӯзаи иқтисодиёти Тоҷикистон бори дигар тақозо мекунад, то авфи пул ва қонунигардонии моликият аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шавад. Зеро, замони ба қувваи қонунӣ даромадани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони ҳуқуқӣ дар самти қонунигардонии моликияташон» (“Об амнистии граждан и юридических лиц Республики Таджикистан в связи с легализацией ими своего имущества) аз санаи 1-уми апрели соли 2003 исбот намуд, ки ҳанӯз шаҳрвандон омода набуданд. Ҳолатҳои болоиро айёми карахтии шадид ва нобоварии мардум метавон унвон намуд, ки ҳам ба зарари кори ҳукумат буд ва бар зарари пешрафти фаъолияти иқтисодии мардум низ. Воқеан, аз инояту лутф ва бахшише, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи авфи шаҳрвандон намуд, касе дар вақташ онро дастгирӣ накард. Аммо имрӯзҳо мардум мазмуну моҳияти қонуни болоиро дарк кард, вале мутаассифона, дер шуд. Зеро мӯҳлати иҷроиши қонун ба итмом расиду он ҳам бошад, хеле муддати кӯтоҳ — аз 1-уми апрел то 10-уми июни соли 2003 амал карду халос. Бо вуҷуди ин, ба таъбири «зарур бошад, раво бошад»-и маъмулии халқӣ, бо пеш омадани зарурат ва фаҳмиши комили мардум аз сари нав таҷдиди назар намудан ба авфи шаҳрвандон оид ба маблағҳояшон, ҳукумати кишварро боз ҳам ба дили мардум наздиктар ва маҳбубияташро баландтар хоҳад бардошт.

Кӣ «риск» кард ва чӣ натиҷа гирифт?

Тибқи омори дақиқ, дар натиҷаи авфи молу мулкии соли 2003 ба буҷаи давлатӣ 187 миллион доллари ИМА ворид гардид, ки маҷмӯи 15 фисади гардиши солонаро дар бар гирифт. Мутаассифона, тибқи маълумотҳои ғайрирасмӣ, шумориши омори дақиқ нишон дод, ки ҳамагӣ 16 ҳазор нафар шаҳрвандон пулҳои худро қонунӣ гардониданд ва дар баробари ин номаи авфро ба даст гирифтанд, ки ҳамагӣ 0,2 фисади шаҳрвандонро нишон медиҳад. Тасаввур кунед, ки 0,2 ҳатто ним фоиз нест, ки хеле ҷои афсӯс мебошад. Ин дар ҳолест, ки агар Тоҷикистон дар қаламрави собиқ ИҶШС нахустин шуда иқдом ба авфи пулу моли мардум карда бошад, пас дастгирӣ наёфтани он аз ҷониби шаҳрвандон ҷои гиря ва дард аст.

Суоли матраҳ ин аст, ки афроде, ки таваккал карданд, чӣ паёмадҳо ба худ гирифтанд? Бо сад боварӣ метавон гуфт, афроде, ки таваккал намуданд, бурд соҳиби онҳо шуд, зеро имрӯзҳо онҳо дар амалиётҳои тиҷоратӣ, сохтмонӣ ва хариду фурӯши худ бидуни ҳарос метавонанд бо кормандони соҳаи андоз ва дигар мақомоти дахлдор пурсу посух намоянд. Аммо онҳое, ки бовар накарда буданд, кунун дар фикри онанд, ки чӣ гуна маблағҳои худро қонунӣ гардонанд ва дар натиҷаи амалиётҳои тиҷоратӣ, сохтмони иншоот ва дигар усулҳои хариду фурӯши амвол ҳатман ба пурсишҳои кормандони андоз ва Оҷонсии зиддикоррупсионӣ посух гуфта наметавонанд, ки сарчашмаи даромад ва ҳаҷми маблағи умумии онҳо аз куҷост. Аз ин рӯ, зарурати бори дигар аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон авфи маблағ ва амволи шаҳрвандон пеш омадааст. Чунки, дар ҳоли ҳозир мардум аз хоби гарон бедор шудаву моҳияти қонуни авфи моликиятро акнун дарк кардаанд.

Офарин, Тоҷикистон дар ҷои якум!!

Ногуфта намонад, ки тибқи омори дақиқ, Тоҷикистон аз нахустин кишварҳои шомили ИДМ мебошад, ки ба авфи маблағҳои шаҳрвандонаш даст зад. Зеро агар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун дар бораи авфи маблағҳои шаҳрвандонро соли 2003 ба тасвиб расонида бошад, пас соли 2006 Русия ва дертар, соли 2007 Қазоқистон чунин қонунро ба тасвиб расониданд. Дар ин сурат метавон розӣ шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ғамхории худро аз кишварҳои Русияву Қазоқистон пештар зоҳир намудааст, ки шоистаи қадрдонӣ мебошад. Иловатан, 16-уми майи соли 2008 тарҳи қонуни дигар ба тасвиб расид, ки дар он авфи моликияти шаҳрвандон эълон шуда буд ва мӯҳлати он то 26-уми декабри соли 2008 идома ёфт. Мутаассифона, мардум боз ба мисли соли 2003 дар соли 2008 низ ин шонсро аз даст доданд, ки ба мафкураи шахшудаи иқтисоди оммаи васеи шаҳрвандони Тоҷикистон ишораи ангушт менамояд. Тавре дертар маълум гардид, дар авфи амвол низ афроди ангуштшумор моликияташонро қонунӣ гардониданду халос. На ҳама ба моҳияти авфи соли 2008 сарфаҳм рафтанд.

Чӣ бояд кард?

Бо назардошти он, ки имрӯзҳо мафкураи мардум бедор шудааст, бори дигар, бо ба инобат гирифтани шароити кунунӣ, авфи шаҳрвандон дар робита ба қонунигардонии пулу молашон бояд сурат бигирад.

Нахуст, замони ҷангҳои бемаънии дохилӣ комилан аз байн рафта ва эътимоду боварии мардум ба системаи бонкдорӣ ва асъори миллӣ афзудааст. Инак, ба таври бояду шояд парлумони кишварро зарур аст, ки лоиҳаи қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи молу мулки шаҳрвандон»-ро дар шакли нав ва таҳрири нав ба тасвиб расонад. Зеро, дар сурати эълон намудани авфи дубора ё худ такрорӣ, он метавонад ҳам ба шаҳрвандон сабукӣ пеш оварад ва ҳам ба буҷети кишвар миллионҳо сомонӣ даромади дигарро ворид намояд.
Дар сурати ба тасвиб расонидани лоиҳаи қонуни авфи шаҳрвандон дар бораи қонунигардонии маблағ ва моликият дигар ниёз ба маҳфилҳои такрории фаҳмондадиҳӣ пеш намеояд, зеро мардум худ омодаанд ва фикрану рӯҳан аллакай медонанд, ки бе нишон додани маблағи шаффофи худ ягон кор ба анҷом намерасад. Бар заммин ин, имрӯзҳо ҳолате пеш омадааст, ки барои пинҳон доштани ҳаҷми маблағ шаҳрвандон дар бобати сохтани иншоот ва дигар инфраструктураҳое, ки маблағи калонро талаб мекунад, ба таври ғайриқонунӣ ва ғайрирасмӣ бо номи сармоягузорони хориҷии гумном ҳуҷҷатҳои худро омода менамоянд, ки ҳатман оқибати нохуш дорад. Натиҷаи он ҳам ба худи соҳибкор зарар аст ва ҳам ба ҳукумати кишвар.

Агар пул авф нашавад…

Чунончи, дар лоиҳаи қонуни авфи шаҳрвандон дар бораи қонунигардонии маблағҳо соли 2003 ишора шуда буд, ки бояд ҳатман махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи қонунигардонии пулу моли шаҳрвандон амал намояд, ки метавон бо ин тадбир рушди ҳамаҷонибаи иқтисодии кишвар ва фаъолияти соҳибкорӣ ва аз ҳама муҳим, ояндаи хеле шаффофи иқтисодиро фароҳам овард.

Дар сурати баръакс, имрӯзҳо теъдоди афроде, ки мехоҳанд пул ва амволи худро қонунӣ намоянд ва ба бонкҳо гузоранд, хеле афзудааст. Бар замми ин, аз соли 2003 то имрӯз нафароне, ки садҳо ҳазор пул доштанд, шукри Худо, ки алъон маблағашон ба миллионҳо дакка хӯрдаст. Аммо тавре дар боло ишора шуд, аз ҳисобот метарсанд, ки андак кори эшонро чигилтар намудааст. Фаразан, агар ҳукумати кишвар ба авфи маблағ ва моликияти шаҳрвандон бори дигар иқдом намояд, системаи бонкдорӣ дар кишвар низ хеле рушд карда, аз ин ҳисоб низ ба буҷети кишвар миллионҳо сомонии дигар даромад ворид хоҳад шуд. Чунки, ба ақидаи аксари коршиносон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон исбот кард, ки ба ваъдаи худ устувор меистад ва ҳеҷ гоҳ хилофкорӣ намекунад.

Бинобар ин, коршиносони масоили иқтисодӣ ба ин назаранд, ки агар парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонуни авфи шаҳрвандон оид ба қонунигардонии маблағ ва амволро бори дигар такрор накунад, ба таври бояду шояд пулҳое, ки алъон дар Тоҷикистон гардиш мехӯранду қонунӣ нашудаанд, ба таври автоматикӣ ба тариқи офшор беруни кишвар хоҳанд рафт, ки аз чунин пешомад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бой медиҳаду халос. Бар замми ин, Худо нокарда ин тенденсия идома ёбад, нархи хонаҳои истиқоматии Тоҷикистон аз хонаҳои биҳишт ҳам гаронтар хоҳад шуд.

Лутфулло ЯЪҚУБӢ «Фараж» №46, аз 12 ноябри соли 2014.

Мавод натиҷаи ширкати муаллиф дар тренинги омӯзишии АМВАОМТ бо кӯмаки NED мебошад.

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

deneme bonusu veren siteler |
casino siteleri |
şans casino |
vidobet |
vidobet |
vidobet güncel giriş |
vidobet giriş |
casinolevant |
casinolevant |
casinolevant |
şans casino |
şans casino |
casinolevant giriş |
casino şans |
şans casino giriş |
casino levant |
casino şans |
casino şans |
levant casino |
bahislion |
casinolevant |
gamdom |
gamdom giriş |
gamdom |
boostaro |
bahislion |
boostaro |
gamdom |
casinolevant |
casinolevant |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant |
casino siteleri |
casinolevant giriş |
casinolevant |
gamdom |
gamdom |
şanscasino |
sosyobase |
En Güvenilir Casino |
lisanslı siteler |
vidobet |
vidobet giriş |
casino siteleri |
bahis siteleri |
haber kaldırma |
gamdom |
lidyabet |
lidyabet |
lidyabet |
lidyabet |
lidyabet giriş |
hoşgeldin bonusu veren siteler |
lidyabet |
lidyabet güncel giriş |
güvenilir bahis siteleri |
lidyabet |
lidyabet giriş |
casino siteleri en iyi
cbc test price in bangladesh
pg hospital test price list
popular test price list