+992 92 777 2675

Кадоме боқадр: Рӯзи Валентин ё Рӯзи муаллим?

Кадоме боқадр: Рӯзи Валентин ё Рӯзи муаллим?

Кадоме боқадр: Рӯзи Валентин ё Рӯзи муаллим?

Нет комментариев

Ба таваҷҷӯҳи вазири маориф ва илм, мӯҳтарам Н. Саидов
Суоли дардовар ин аст, ки мо Рӯзи муаллимонро, ки чун рӯзи Иди муаллимон ҷашн гирифта мешавад, бо кадом шаҳомат пешвоз мегирем? Албатта, бо як табрики хушку холии шифоҳӣ дигар чизе нест. Агар амиқан аз рӯйи инсоф нигарем, муаллим ҳамон шахсест, ки тамоми вазирону кабирон, олимону сиёсатмадорони машҳури ҷаҳонӣ аз ҳамин нафар сабақ омӯхтаанд. Бо он ки шӯҳрати ҷаҳонӣ касб кардаанд, пойдевори ҳама илму дастоварду сиёсату салобаташон маҳз аз ҳузури муаллим оғоз шудааст. Ба қавли Мавлавии Рӯмӣ, «ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд». Ҳеҷ кас бе муаллим ба ҷое нарасидааст. Пас, агар чунин бошад, кадоме аз мо гуфта метавонад, ки маҳз дар Рӯзи муаллим ё консерт ва ё барномаи театрикунонидае барпо шудааст? Кадоме аз мо гуфта метавонад, ки маҳз дар Иди муаллимон конфронс ва кунгураи васеи илмиву оммавӣ ва фароғативу фарҳангӣ баргузор гардидааст?

Дар қиёси Рӯзи ошиқон, ки санаи 14-уми феврал аз ибтикори Валентино маншаъ мегирад, дар тамоми театру киноклубҳо ва марказҳои фароғатӣ эълони консерту галаконсерт, барномаҳои фароғатӣ созмон медиҳем. Ҳарчанд ин ид ба расму оин ва маданияти шарқиёнаи мо садҳо карат бегона аст, бо шаҳомату ғулғула пешвоз мегирем. Дар бағал гулу гулдаста аз ҷое ба ҷое меравем, ки каси бинанда низ дар дилаш ғулғулаи ид будани он рӯз танинандоз мегардад. Аммо касеро надидам, ки дар Рӯзи муаллимон чунин ғулғулаву шаҳоматро бо эҳтирому қадршиносӣ барпо карда бошад. Садҳо афсӯс!!!

Насимҷон Мелиев ном ҷавони суғдӣ, ки қадру қимати муаллимонро аз қадру қимати волидайн низ боло медонад, бо таассуф изҳор медорад, ки Рӯзи ошиқонро ҳама медонанд, аммо кам касон Иди омӯзгоронро медонанд.

— Бояд дар Тоҷикистон Иди муаллимон ба тимсоле ҷашн гирифта шавад, ки ҳама шаҳрвандон — хоҳ хонандаи мактаб бошанд, хоҳ мактабро хатм карда бошанд, дар рӯзи Иди омӯзгорон бояд ба таври ҳамагонӣ ба мактабҳо ташриф биёваранд. Аз ҳоли муаллимон ҷӯё шаванд, ба онҳо гулу ҳадя тақдим шавад, маконҳои махсуси гиромидошт ва гулгузорие бояд бошаду ҳама бигзор эҳсос кунанд, ки ин рӯз рӯзи муқаррарӣ нест, рӯзи шодию фараҳ ва рӯзи хиради миллати тоҷик, рӯзи қаҳрамонии муаллимон бояд бошад. Мутаассифона, иди Рӯзи Валентинро ҳама бо шукӯҳ ҷашн мегиранду Рӯзи муаллимон хеле заминиву хоксорона мегузарад,- мегӯяд Н. Мелиев.

Агар аниқтар сари масъала оем, тавре Насимҷон Мелиев иброз медорад, аслан ҷои махсусе нест, ки Иди муаллимон дар он ҷо қайд карда шавад. Ба хотири гиромидошти ҷанговарони ҶБВ ва интернатсионалистон дар ҳама шаҳру ноҳия махсус ҷойҳое вуҷуд дорад, ки гулчанбару дастагулҳо гузошта мешавад, ки бо намоиши ҳайкалу пайкара рамзи қаҳрамон — ҷанговаронро нишон медиҳад. Ин албатта хуб аст. Аммо дар баробари ин, мисли макони зиёрати ҷанговарону қаҳрамонон дар Тоҷикистон низ дар ҳар ноҳия созмон додани макони «Рамзи Хирад», ки аз ҳайкалу пайкара ва нишони илму ирфон дар он таҷассум шуда бошад, аз манфиат холӣ нест. Зеро муаллимон аз қаҳрамон — ҷанговарон кам нестанд. Таърих гувоҳ ст, ки дар замони сангини ҷанги алайҳи фашизм муаллимон қаҳрамонӣ нишон доданд, таълиму тадрисро ба ивази маоши ночиз, ки як хӯша гандуму як коса атола буд, шарафмандона ба ҷой оварданд. Аз ҳама муҳим, таърихи навини тоҷикон, ки аз соли 1990 оғоз меёбад, дар лаҳзаҳои мушкилтарини ҷанги шаҳрвандӣ муаллимон на фақат бо маоши ночиз, ҳатто солҳо бепул кор карданд. Мактабро мисли ибодатгоҳ муқаддас донистанд, дилашонро аз мактаб канда натавонистанд, бо сарулибоси солҳои шӯравӣ харидаашон ба мактаб омаданд, насли наврасро аз бесаводӣ наҷот доданд. Ҳатто солҳои 1995-1996 муаллимон дар ивази як дона нон кор карданд.

Яке аз чунин муаллимон, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз мактаб дил канда натавонистааст ва бемаош кор кардааст, Абдулвафо Раҳмонов, зодаи вилояти Суғд мебошад, ки собиқаи кории 37-сола дорад. Ӯ бо андӯҳ аз он рӯзҳо ёдовар шуда, мегӯяд, худ ҳайрон мешавад, ки чаро он солҳо кор кардаву соате тарки дарсгоҳ накардааст.

— Ба гумони ман, беҳтарин қаҳрамонии таърихи Тоҷикистони навин ин бемаош кор кардани муаллимон аст. Заводу фабрикаҳо қатъи фаъолият намуданд, баъзе ташкилоту муассисаҳо комилан аз байн рафтанд, аммо дар мактаб як муҳаббат ва сеҳри худовандие буд, ки мо натавонистем дарсгоҳро ба холигоҳ табдил диҳем. Ҳатто бо чапону калӯш ба дарс мерафтем. Борҳо нақшаи аз мактаб дасту дил шустанро кардем, аммо меҳри мактаб моро ба худ устувор нигоҳ медошт. Ба хотири он, ки рӯзе моро рӯзи накӯ мунтазир аст, кор мекардем,- мегӯяд муаллим А. Раҳмонов.

Чунин рӯзҳоеро, ки Абдулвафо Раҳмонов паси сар кардааст, садҳо ҳазор омӯзгорони дигар низ аз сар гузаронидаанд. Воқеан, ин қаҳрамонӣ аст. Ин далелро ҳама медонанд ва касе чунин рӯзҳои паси сар кардаи муаллимонро инкор карда наметавонад. Садҳо заводу фабрикаҳо, ташкилоту муассисаҳо ба хотири он, ки маош набуд ва агар бошад ҳам, ночиз буд, тарки фаъолият карданд. Аммо муаллим тарки касбу вазифаи муқаддас карда натавонист. Магар ин қаҳрамонӣ нест? Магар чунин қаҳрамонии муаллимон шоистаи қадрдонӣ нест? Магар дар маркази шаҳрҳо зиёратгоҳ ва ё макони гиромидошти муаллимон сохтан бори дигар исбот намекунад, ки халқи адабпарвару хирадманди тоҷик заҳмату меҳнати муаллимро дар ҷойи нахуст медонад? Ҳадди ақал, барои гиромидошти муаллимоне, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ фаъолият намуданд, муҷассамаи рамзӣ сохтан аз манфиат холӣ нест.

Сари хаму дили пурғами муаллим

Рӯзи муаллимон ё дурусттараш — Иди муаллимон, ки дар Тоҷикистон санаи 4-уми октябри ҳар сол таҷлил карда мешавад, ба худ як қабое ба бар карда, ки гӯё ин рӯз рӯзи ид нест. Гӯё ин қабои оддии маҳзунонае аст, ки ёд аз мотами касе мекунад. Ба гунаи мисол метавон дид, ки дар Рӯзи муаллимон ба синф баробари даромадани муаллим пас аз салому алек талабагон ҳамту «ид муборак» мегӯянду бас. Муаллим ҳам хоксорона изҳори ташаккур менамояду халос.

Нуралӣ Нурзод, номзади илмҳои филологӣ, устоди ДДХ ба номи академик Ғафуров бо таассуф мегӯяд, ки бо сабаби дар маркази шаҳрҳо вуҷуд надоштани ҷойи махсусе ба сифати зиёратгоҳ ва ё гиромидошт, аксари шаҳрвандон намедонанд, ки муаллимон рӯзи ид доранд ё не.

— Бигзор ба сифати пайкара ва ё муҷассамае маконе бошад, ки ҳар каси гузораш афтода баробари дидан аз макони маърифат ва мактабаш ба хотираш биёварад. Бигзор ба мисли самбули (рамзи) хирад шинохта шавад, ки дар Рӯзи муаллимон ҳама бо гулу гулдаста ба он макон ташриф оварда, дар васфи муаллим гузоришу васфномаҳо хонанд. Бигзор дар ин макон консерту барномаҳои тафреҳӣ созмон дода шавад, ки дарак аз Иди муаллимон диҳад,- мегӯяд Н. Нурзода.

Воқеан, вақте бобати сохтани макони гиромидошти муаллимон дар марокизи шаҳру ноҳияҳо сӯҳбат мекардем, аксари муаллимон изҳори хушҳолӣ карданд ва ин ақидаро ҷонибдорӣ намуданд. Аммо бархе бо он, ки ин ғояи хеле хуб ва мавриди эҳтироми омӯзгорон аст, бо шубҳа ояндабинӣ карданд.
Як муаллим, ки аз гуфтани номаш худдорӣ варзид ва мо ӯро шартан Шокир меномем, бо изҳори таассуф мегӯяд, ки ҳеҷ ақли кас намегирад, ки ҳукумат дар шинохти қадру манзалати муаллимон даст ба чунин ибтикор занад.

— Ростӣ, беҳтарин пешниҳод аст, агар дар маркази шаҳр ба мисли макони ёдбуди ҷанговарон, макони гиромидошти муаллимон сохта шавад. Аммо ман бовар надорам, ки барои мо — омӯзгорон аз ҷониби ҳукумат ин гуна иқдом ва қадршиносӣ сурат бигирад. Дар маркази шаҳри Хуҷанд ба хотири бунёдгузорандагони ҳукумати советӣ муҷассамаи рамзӣ гузошта шудааст. Пас чаро барои мо — муаллимон чунин муҷассамаи рамзӣ гузошта намешавад? Ба ақидаи ман, ҳеҷ гоҳ муаллим қадр намешуду намешавад,- бо таассуф иброз дошт ҳамсӯҳбати мо Шокир.

Муаллим танҳо муаллим нест, қаҳрамон аст!!!

Дар як сайри сарсарии сайти www.google.com бо ҷустуҷӯи калимаи «Памятник учителю» метавон садҳо аксро дарёфт намуд. Дар тамоми шаҳрҳои ақсои олам беҳтарин ва зеботарин муҷассамаҳоро метавон вохӯрд. Қариб ҳар як шаҳри Русия дорои чунин ҷойгоҳи зиёрат ва муҷассамаи рамзӣ аст. Дар рӯзи Иди муаллимон хонандагону донишҷӯён қатор-қатор бо гулу гулдаста ба хотири арҷгузорӣ зери пойи муҷассамаи рамзӣ гул мегузоранд. Ҳамоишу конфронсҳои идона баргузор мегардад.
Аммо дар қиёси он, ки муаллими тоҷик қаҳрамонӣ нишон додааст, ягон миллате ба гумони ман чунин қаҳрамонии бемаоширо паси сар накардааст. Пас, ба гуфтаи муаллим Абдулвафо Раҳмонов, беҳтарин қаҳрамоние, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар солҳои 90-ум ба намоиш гузоштааст, танҳо ва танҳо муаллим нишон додааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯзҳо аксари таваҷҷӯҳашро ба самти маориф нигаронидааст, боз бисёр хуб мебуд, ба хотири гиромидошти касби пуршарафи муаллим Рузи муаллимонро чун Рӯзи хирад ва иди миллии Тоҷик эълон намуда, дар ҳар шаҳру вилоят макони махсуси муҷассамаи рамзи гиромидошт созмон дода шавад, то ҷои арҷгузорӣ ва гулчанбаргузорӣ бошад. Бигзор ҳар нафари бинанда, хоҳ вазир бошад, хоҳ кабир, хоҳ ронанда бошад, хоҳ тоҷир, баробари дидани чунин макони зебо эҳсос кунад, ки ӯ ҳар чӣ дорад, аз давлати маърифат ва ирфони муаллим гирифтааст.

Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ

Ногуфта намонад, ки шурӯъ аз имсол Рӯзи Ҳеллоуин — рӯзи ҷину вампир ва дигар унсурҳои ба қавле «ужас» дар Душанбеву Хуҷанд таҷлил гардид, ки ягон иртибот ба расму оин ва таърихи миллии мо надорад. Мутаассифона, чун Рӯзи Валентино, ки ҳамасола ҷашн гирифта мешавад, бовар дорем, ки Иди Ҳеллоуин дар оянда аз ин ҳам пуршӯру пурталотум, ғайрирасмӣ бошад ҳам, ҷашн гирифта мешавад. Зеро ҳама гуна зуҳуроти нав пазириши оммавӣ дорад. Пӯшида нест, ки Ҳеллоуин дар Аврупо ва Амрико бошукӯҳ ҷашн гирифта мешавад ва исбот шудааст, ки ҳар ҷашни он бо оқибатҳои хунину ҷиноят анҷом мепазирад. Аз ин рӯ, қабл аз он, ки ин гуна зуҳуроти номатлуб ҷомеаи моро фаро бигирад, бояд тавассути дастгоҳҳои идеологӣ Рӯзи Хирад — Рӯзи муаллимонро тавре ҷашн гирифт, ки ниёзе ба таҷлили дигар идҳои ғайримиллӣ боқӣ намонад.

Лутфулло ЯҚУБОВ, махсус барои «Фараж» №48 26.11.2014

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

deneme bonusu veren siteler |
casino siteleri |
şans casino |
vidobet |
vidobet |
vidobet güncel giriş |
vidobet giriş |
casinolevant |
casinolevant |
casinolevant |
şans casino |
şans casino |
casinolevant giriş |
casino şans |
şans casino giriş |
casino levant |
casino şans |
casino şans |
levant casino |
bahislion |
casinolevant |
gamdom |
gamdom giriş |
gamdom |
boostaro |
bahislion |
boostaro |
gamdom |
casinolevant |
casinolevant |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant |
casino siteleri |
casinolevant giriş |
casinolevant |
gamdom |
gamdom |
şanscasino |
sosyobase |
En Güvenilir Casino |
lisanslı siteler |
vidobet |
vidobet giriş |
casino siteleri |
bahis siteleri |
haber kaldırma |
gamdom |
lidyabet |
lidyabet |
lidyabet |
lidyabet |
lidyabet giriş |
hoşgeldin bonusu veren siteler |
lidyabet |
lidyabet güncel giriş |
güvenilir bahis siteleri |
lidyabet |
lidyabet giriş |
casino siteleri en iyi
cbc test price in bangladesh
pg hospital test price list
popular test price list