«ШАШЛИКДА БИЁ»-БОНГИ «РЕКЛАМА» БА ГЕПАТИТ
Лутфулло Якубов, Бознашр аз «Фараж», аз 19 августи соли 2015, №34
Гепатит навъи В ва С дар ҳоле ҷаҳониёнро тарсонидааст, ки дар қиёси он дар кишвари Тоҷикистони камзарфи мо на касеро парвоеву на ягон фардеро тарсе аз он дида намешавад. Беибо хӯрдану истифодаи ҳар навъи ашёи интиқолдиҳандаи вируси дар бозору маконҳои серодами Тоҷикистон дида мешавад. Ин дар ҳолест, ки тамоми унсурҳои парҳез аз он дар кишварҳои Аврупо ва мамолики пешрафтаи ҷаҳон истифода шуда, барои ҳар чӣ дур андохтани ин вабои асри 21 мутахассисони беҳтарин дастбакоранд. Аммо мо…
ГЕПАТИТ ТО ТОҶИК ЯК ВАҶАБ
Нисориддин Ҳамроев, духтури шӯъбаи касалиҳои хуни беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ин навъи бемориро хеле ба ҳаёти инсон махуф арзёбӣ мекунад ва бепарвофалакии моро нисбат ба ин ҳолати пешомада мавриди танқид қарор медиҳад.
-Гарчанд барои рафъи муваққатии Гепатит В ва С ваксина вуҷуд дошта бошад ҳам, ҳанӯз олимону мутахассисони варзидаи ҷаҳонӣ сари андешаи онанд, ки ҳар лаҳза мавриди ҳуҷуми вируси Гепатит қарор доштани мамолики фақрзадаи дунёро таъкид медоранд. Асосан ин беморӣ бо роҳи хун, алоқаи ҷинсӣ ва бо тезинаҳо (корд, ришгирак, зубной щетка)-е, ки ба шараёни хун, ҷои пӯсти тунук ханҷолшуда ва бофтаҳои хунӣ ба таври буррандагӣ мерасанд, мегузарад,-мегӯяд ҷаноби Нисориддин Ҳамроев.
Аз рӯи гуфтаи мавсуф ҷигар макони гепатит буда, тавассути гардиши хун ба тамоми аъзои бадан дар лаҳзаи бисёр кӯтоҳ сироят меёфтааст. Бино ба гуфтаи пизишк Ҳамроев навъи Гепатити А аслан табобатшаванда буда, бештар дар синни кӯдакон ба чашм мерасидааст. Гепатити В бошад, хавфнок маҳсуб шуда, ба таъбири коршиносони соҳаи тиб «марги шакарин» эътироф мешудааст.
Ӯ афзуд:
-Бо он ки барои Гепатити В ва С ваксина вуҷуд дорад, ин маънои онро надорад, ки ин роҳи наҷот мебошад. Ба ин хотир, рӯзафзун зиёд шудани гепатити В ва С аз сабаби беэҳтиётии худи шаҳрвандон ба вуқӯъ мепайвандад. Мо духтурон ҳар лаҳзаву ҳар соат бо он ки маҳфилҳои фаҳмондадиҳӣ, баромад дар телевизиону радио ва навиштани матлаб дар рӯзномаҳоро ба зимма гирем ҳам, аммо масъулияти ҳифозати оммаро худи омма ба дӯш дорад. Аз ин рӯ, дар баробари он ки маърифати ҳуқуқии мардум баланд бардошта мешавад, бисёр мехоҳам, ки маърифати тандурустии он низ баланд бардошта шавад, -пешниҳод медорад ҷаноби Нисориддин.
ХАВФНОКИИ ОШХОНАҲОИ НАЗДИ БОЗОРҲО
Мо ба корбарии ресторану кафетерийҳо коре надорем. Зеро то ҳадде имконият даст дод, дар таҳқиқоти мо чунин тарабхонаҳои ба истилоҳе «элита» тамоми зарфҳояшонро бо маҳлулҳои гаронбаҳову безараркунанда мешӯянд. Аммо мушоҳидаҳои шахсии мо ва сӯҳбати сарироҳӣ бо шаҳрвандон нишон дод, ки аз ҳама ҷои хавфнок ҷойҳое мебошанд, ки дар атрофи бозор ва мавзеъҳои серодам вуҷуд доштани мантухона, ошпазхона, самбӯса, гармакшӯрак, сихкабоб, шаурмахона ва амсоли ин ҷойҳоеанд, ки хизматрасонии таъҷилиро талаб менамоянд.
Дар ин гуна ҷойҳо баъзан зарфро танҳо бо об шуста, бо латта пок мекунанду халос, ки ба гигиенаи санитарӣ ҷавобгӯ намебошанд. Ба хусус шампураҳои (сихи алюминийсохт) сихкабоб, дандонковак, вилкаҳо (чоршохак) ва зарфҳо хеле хавфноканд. Ҳатто мо шоҳиди он гардидем, ки дар баъзе аз чунин ҷойҳои хизматрасони таъҷилӣ (бистрое обслуживание) зарфҳоро оддиякак мечайқонанду пок мекунанду бас. Аммо бо ин ҳолат нигоҳ накарда сокинону бошандагон бефарқ аз чунин маконҳо тановул мекунанд, ки боиси паҳншавии микробҳои сироятии баъзе аз касалиҳои махуф мебошанд. Аз ҷумла вируси Гепатити В ва С аз ин гуна ҷойҳо истисно нест.
ДАНДОНКОВАК-БАЛОЮ ҲАМ ВАБО
Тавре маълум аст, дар ҳар ресторану ошхона ва умуман маконҳои ғизои оммавӣ рӯйи мизҳо дандонковаки «Made in China» гузошта шудааст. Дар баъзе ҷой дар коғазпечи фирмавии махсус бо бренди худи ҳамон макон ва дар аксарияти ресторану ошхонаҳои кишвар ба таври кушода истодааст.
Мо намегӯем, ки чунин дандонковакҳо антисанитарӣ сохта шудаанд. Шояд антисанитарӣ бошанд ва ё шояд санитарӣ бошанд, ки ба ин суол бояд худи масъулини назорати чунин маконҳо посух гӯянд. Аммо мушоҳидаи мо борҳо собит сохт, ки ҳанӯз бештари ҳамватанони мо фарҳанги муносибат бо дандонковакро надоранд.
Ҳатто ҳолатҳое ба чашм бармехӯрад, ки баъзе мизоҷони беадабу бефарҳанг дар ресторану ошхонаҳо дандонашонро кофта ба ҷои он ки дандонковакро шикаста партоянд, ё бо шӯхӣ ва ё қасдан ба хотири зарар расонидан баъди кофтани дандонашон онро дубора даруни зарфи дандонковакҳои ҳанӯз истифоданашуда мегузоранд.
Азбаски ин ашёи чӯбин хеле нӯгтезу нозук аст, ҳангоми кофтани дандон 80 фисади истифодабарандагон харошҳои нозуки назарнонаморо зери милкҳояшон боқӣ мегузоранд. Азбаски ин навъи хеле хатаровари интиқолдиҳандаи вируси Гепатит ва ҳатто ВИЧ СПИД мебошад, баъзе мардуми бефарқу бефарҳанг дандонковаи истифодашударо даруни зарф мегузоранд. Дар баъзе ҳолат ҳатто ҳодисаҳое ба назар мерасад, ки дидаю дониста бепарҳез дандонкови ҳампаҳлӯяшонро аз даҳонашон гирифта дандони худро мекованд.
Худо нокарда, агар нафари истифодабаранда гирифтори ягон навъи бемории гузаранда бошад, ҳатман тариқи дандонковак интиқол меёбад.
Тибқи маълумотҳои ғайрирасмӣ дар кишвари Ӯзбекистон ба муваққатан истифодаи дандонковакро дар ҷойҳои ҷамъиятии ғизохӯрӣ манъ кардаанд. Зеро дар ин кишвар исбот шуд, ки бо воситаи дандонковаки истифодашуда интиқол ёфтани вируси Гепатит сад фоиз вуҷуд доштааст. Ба ғайр аз ин, олимон дар дандонковакҳои истифоданашуда низ имкони гузариши вирусҳоро тақрибан тахмин задаанд, ки шояд дар муҳити коргоҳе, ки дандонковакро сохтааст, эҳтимоли олуда (не стерильно) будани он мавҷуд мебошад.
Ба ғайр аз ин, чойхонаву ошхона, сихкабобхонаву мантухонаҳо ва ғайраи пиромуни бозорҳои кишвар ҷойгир буда ба ҳадде ба гигиенаи санитарӣ ҷавобгӯ нест. Аҷиб аст, ки мақомоти санэпидомологӣ ба ин нуқтаҳои суолбарангез аҳамияте зоҳир наменамоянд.
«ШАШЛИКДА БИЁ»-БОНГИ «РЕКЛАМА» БА ГЕПАТИТ
Аз ҳама миллате, ки сихкабобро сахт дӯст медорад, шояд миллати тоҷик бошад. Зеро дар ҳар шаҳру деҳот ҳатто кӯдаконро «чӣ мехӯрӣ» гӯед, ҳатман аз сихкабоб оғоз мекунанд. Табиист, ки то рафт дар кунҷу канори мамлакатамон бозшавии сихкабобхонаҳо хеле зиёд шудан дора. Ин аз аз он дарак медиҳад, ки то рафт тамоюли хоҳиши мардум ба хӯрдани сихкабоб зиёдшавиро ба худ касб кардааст. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки сихҳои аз алюминий омода шуда, то кадом андоза ҳолати санитарӣ доранд?
Бо тамоми кафолат ва масъулият мегӯям, 99,9 фисад сихҳо ба таври санитарӣ тоза карда намешаванд. Барои исбот ҳар яки шумо метавонед ба сихкабобхонаҳо равед ва бо чашмони худ бинед. Сихи истифодашударо шояд бо об оддиякак шӯянд ва эҳтимоли зиёд бо латта як бор пок мекунанду гӯшти навбатиро ба он мегузаронанд.
Гепатит ва сихкабоб чӣ қаробате дорад? Тавре ҳамаи мо дидаем, баъзеҳо бо худи сих хӯрдани кабобро дӯст медоранд ва таври мустақим беибо аз худи сих ба даҳонашон бурда тановул менамоянд. Худо нокарда, агар ба милку дандони одами гирифтори Гепатитбуда олуда шавад ва аз хуни милки даҳон ба сихи алюминийсохт вирус боқӣ монад, албатта дар ҳолати омодасозии сихкабоб ба наври дигар он интиқол меёбад.
Ба ғайр аз ин, агар гӯшти гову гӯсфанди гирифтори Гепатит ва ё дигар касалиҳои гузарандаи чорво дар худи гӯшт бошад, эҳтимоли садфоизаи гузариши вирус вуҷуд дорад. Зеро агар сихкабоб дар оташ пазад ҳам, дохили гӯшт аксар вақт хом мемонад ва бо тахмини мо аз хуни худи гӯшти чорво имкони интиқоли вирусҳо тариқи сих мавҷуд аст.
Ба ин хотир, бисёр хуб мешуд, дар сар то сари Тоҷикистон супориши махсусе ҷорӣ мешуд, ки бигзор сихкабобфурӯшон ба ҷои сихҳои алюминийсохт аз сихҳои чӯбини як бор истифодашаванда истифода шавад. Ин таҷриба аллакай дар қисмати бисёре аз шаҳрҳои Русия дида мешавад, ки агар мақомоти санэпидемологӣ бинанд, ки сихкабобфурӯшон бо сихи алюминийсохт фурӯши сихкабобро ба роҳ мондаанд, ҷаримаҳои ҳангуфт ва ҳатто фаъолияти онро қатъ менамоянд. Онҳоро маҷбур кардаанд то аз сихҳои чӯбини як бор истифодашаванда ба кор гиранд.
ХАТАРИ ВИЛКА ВА БРАВО МАКДОНАЛДС!
Вилка, ки ба истилоҳи тоҷикӣ чоршохак мешавад, яке аз зарфҳоест, ки ҳангоми хӯрдан ба ковокии даҳон бурда мешавад. Табиист, ки нӯги он тезина буда, дар ҳоли беэҳтиёт будан имкони хароши милкҳоро дорад. Аз ин рӯ, мисли дандонковак ва сихи алюминий имкони гузаронидани вируси Гепатитро аз одами гирифтори Гепатит ба одами солим ба дунбол дорад.
Имрӯз бо баробари ба бозорҳои ғизоии кишвар ворид шудани фирмаи Макдоналдс, фирмаҳои дигаре ба амсоли Чизбургер, Кингбургер, Максбургер ва бургерҳои дигар ворид шудан гирифтанд. Макдоналдс ягона ширкати ғизои хизматрасонии таҷилиест, ки зарфҳои якбористифодашавандаро мӯд сохт. Ин аст, ки Чизбургер, Кингбургер, Максбургеру Гамбургерҳо низ дар паи ин зарфҳои якбористифодашаванда аз қабили табоқча, қошуқ, чоршохакҳои пластмассӣ ва стакану салфеткаҳои коғазиро ба муштариён пешниҳод намуд. Ин беҳтарин ва бехатартарин роҳ мебошад, ки бояд иқдоми ин гуна фирмаҳоро дар маконҳои ғизохӯрии пиромуни бозорҳо ва дигар ҷойҳои серодам дар амал татбиқ намуд. Азбаски зарфҳо як бор истифода мешаванд, шустану пок кардани онҳо ниёзи дуборае намехоҳад. Пас чаро ин ибтикор ҳатто бо роҳи иҷборӣ дар амал татбиқ намегардад?
ҶОНИ ОДАМ АРЗИШМАНДТАР Ё ЗАРФ?
Бинобар ин ба Вазорати тандурустӣ ва Агентии стандартизатсия пешниҳод мешавад, ки қароре ё дастур ба тасвиб расонанд, ки дар ҷойҳои серодам ва бозор, ки маконҳои ғизохӯрӣ зиёданд, истифодаи зарфҳои бисёристифодашавандаи чинивориву сафоливу шишагин қатъиян манъ карда шавад ва ба ҷойи он аз зарфҳои пластмассии як бор истифодашаванда кор гирифта шавад.
Сониян, ба тамоми ошхонаву чойхонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ дастур дода шавад, ки истифодаи дандонковаки чубӣ қатъиян манъ гардад. Ҳамзамон, ба ҷойи сихҳои алюминийсохт сар то сари кишвар сихи чӯбин муқаррар карда шавад.
Шукр, ки аллакай дар кишвари заводҳои истеҳсоли зарфҳои пластмасии якбористифодашаванда аллакай ази вучуд дорад. Бо истифода аз чунин имкониятҳо ҷойҳои дар боло зикршуда маҷбур карда шавад, ки аз баҳри зарфҳои бисёристифодашаванда бароянд. Агар соҳибони ин гуна маконҳо баҳона пеш оранд, ки барояшон чунин иқдом гаронии иқтисодӣ ва зарари кисаро ба бор меорад, дар ин сурат суоле ба миён меояд, ки ҷони як одам гаронбаҳотар астё харидани зарфи пластмассии камарзиш?
Дар ин ҳолатҳо мо метавонем бо вируси Гепатит ва ғайра вирусҳои дигар мубориза барем, вагарна он аз гӯлӯи ҳар яки мо хоҳад дошт.
Комментариев нет.