ОБ ҲАСТ! ОББОЗИГОҲ КУ?
Рӯзе хумори айёми шӯравӣ ва замони тинҷу осуда маро гирифта, аз сайти «Гугл» хостам аксҳои таърихии шаҳри Хуҷандро тамошо кунам. Кӯчаҳои каммошину васеъ, биноҳои зебои маъмурӣ, паради рӯзи 1-уми май ва ғайраҳоро дида, дилам ба рӯзҳои бебозгашт гум зад. Якбора дар қатори аксҳои аз интернет дарёфтшуда маро акси дар рӯ ба рӯи ҳукумати вилоят, аз оббозигоҳи солҳои 70-80-уми шаҳри Хуҷанд ба худ кашид ва ба андеша кардан водор сохт.
ТАШКИЛИ ОББОЗИГОҲ — ОИНАИ ШАҲРДОРӢ
Шояд имрӯз бисёр касон гумон кунанд, ки оинаи шаҳрдорӣ фақат ободии дохили шаҳру пиромуни хонаҳои баландошёнаву мумфаршкуниву ободии роҳҳо мебошад. Аммо симое, ки шаҳри Хуҷанд дорад, ба тарзи зоҳирии экзотикаи Венетсияву Византия ва Рум шабоҳати том дорад. Зеро дар мобайни шаҳрҳои номбаршуда низ дарёи зебову равон вуҷуд дошта, дар соҳилҳои он нишастгоҳҳои зебо, ҷои дамгириву фароғатӣ ва оббозигоҳҳои барҳавову кушоду дарҳои бози бе калиду қулф дида мешавад. Ягон ҷои ду тарафи дарёҳо ба касе ба иҷора ё барои истифодаи бемӯҳлати шахсиашон дода нашудааст.
Дар Хуҷанд низ ин гуна зебогии ҷилваи Худодод ба назар мерасад. Аммо, мутаассифона, дар бобати оббозигоҳ, ки ҷои фароғату истироҳати мардум маҳсуб мешавад, ба ҷои калимаҳои ситоишу аҳсантхонӣ танҳо аломати афсӯсро метавон вохӯрд. Зеро оббозигоҳе дар Хуҷандшаҳр вуҷуд дошт, соҳилҳои он ба сифати чойхонаву корхонаҳои шахсӣ ва ё истифодаи бемӯҳлат ба сокинони алоҳида дода шудааст, ки касе имкони бемамониат рафтану нишаста истироҳат ва ё оббозӣ карданро надорад. Ҳарчанд ба оббозигоҳҳои дохили шаҳр рафтан монеае вуҷуд надошта бошад ҳам, аммо ҳусни зоҳирии он хеле нозебу ифлос ва обҳои пур аз алаф аз ҳисоби ҷамъ шудану таваққуф кардани партовҳои рӯи об бадбӯ шудааст, ки ба ҷои ором шудани асаби кас, баръакс, табъи ҳар бинанда хира хоҳад шуд. Зеро маҳз ба истифодаи шахсони алоҳида вобаста кардани соҳили оббозигоҳҳо ба он оварда расонидааст, ки онҳо ягон ҳавасмандӣ ва ё шавқу завқ барои тоза нигоҳ доштани оббозигоҳ надоранд.
МОНОПОЛИЯИ ДАВЛАТӢ БАРОИ СОҲИЛИ ДАРЁ ЗАРУР АСТ
Агар имрӯз ба қиёси солҳои 70-80-уми асри гузашта назар кунем, дар шаҳри Хуҷанд даҳҳо маротиба нуфузи аҳолӣ зиёд шудааст. Тибқи омори расмӣ, агар солҳои 70-уми асри ХХ дар Хуҷанд ҳудуди 100 ҳазор нафар аҳолӣ зисту иқомат дошта бошанд, имрӯзҳо аз рӯи омори наздик 180 ҳазор нафар дар шаҳри Хуҷанд умр ба сар мебаранд. Ин дар ҳолест, ки тибқи омори ғайрирасмӣ, тақрибан 300 ҳазор нафар бо шумули меҳмонони шабурӯзии ивазшаванда дар Хуҷанд маскунанд. Бар замми ин, баробари зиёд шудани нуфузи аҳолӣ дар Хуҷандшаҳр теъдоди оббозикунандагон ва афроди ба оббизигоҳу соҳили дарё барои фароғату истироҳат ва сӯҳбат мерафтагон низ сол то сол зиёд шуда истодааст.
Бино ба ин далел, имрӯзҳо зарур аст, ки дар минтақаи худи шаҳри Хуҷанд на кам аз ду оббозигоҳи давлатӣ, ки ба мувозинати бевоситаи давлат (на шахсони алоҳида) гузаронида шуда бошад, сохтану ба истифода додан айни муддаост. Зеро танҳо бо роҳи давлатӣ кардани оббозигоҳҳо тоза нигоҳ доштани об, нигоҳдории захираҳои олами наботот ва ҳайвоноти обӣ амалӣ мешавад. Чунки аз ҳисоби шахсӣ шудани соҳилҳо шояд даҳҳо намуди моҳиҳо аз ҳисоби ифлос нигоҳдории муҳити об несту нобуд шуда, олами набототу ҳайвоноти обӣ аз заҳролудшавӣ ба ҷои фоидаовар шудан, зараровар гашта бошанд, ки ин ҷо ягон ҷои баҳсу тардид нест. Чунки ягон афроди соҳиби соҳил шуда манфиати умумро ба назар намегирад ва танҳо дар ин роҳ метавонад давлатӣ шудани оббозигоҳ ва ба монополияи давлатӣ гузаштани истифодаи фароғату истироҳатгоҳҳои соҳилҳо кӯмак расонаду муҳити об тоза ва фоидаовар боқӣ монад.
ҚАЙРОҚҚУМ БЕ ОДАМ НАМЕМОНАД
Шояд суоле пайдо шавад, ки дар сурати созмон додани оббозигоҳу истироҳатгоҳҳо дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд мумкин соҳилҳо ва оббозигоҳҳои Қайроққум беодам монанд. Ин фикр ғалат буда, чанд мавсими гузашта исбот кард, ки истироҳаткунандагон на ҳамеша бо ҷойу макони дилхоҳ таъмин мешаванд. Аксари онҳо гилагузорӣ менамоянд, ки аллакай то рафтани онҳо тамоми ҷой банд шудаву имкони оббозӣ кардан хеле маҳдуд боқӣ мондааст.
Ба ин хотир, тасаввур кунед, дар Хуҷанде, ки соҳиби соҳил ва обу дарёст, вуҷуд надоштани оббозигоҳи зебову ба стандарт ҷавобгӯ хандаовар мебошад. Аз ин рӯ, мувофиқи мақсад мебуд, дар соҳили дарёи Сир дар ҳудуди Хуҷанд оббозигоҳ созмон дода шавад, ки ҳеҷ гоҳ дар рақобат бозори оббозигоҳҳои Қайроққумро танг нахоҳанд кард.
Бар замми ин, ба касе пӯшида нест, ки бӯҳрони нав оғоз шуда, аллакай кори худро кардааст. Бинобар ин, аз Хуҷандшаҳр ва паҳнои он ба Қайроққум рафтанро аксари шаҳрвандон ба худ муносиб намебинанд, ки хароҷоти зиёдатиро пеш меоварад. Бо ин далел низ шурӯъи корҳои сохтмонӣ дар созмон додани оббозигоҳҳо аз имрӯз сар карда, оқилона ба назар хоҳад расид.
Бояд зикр намуд, ки ҳар як оббозигоҳ ба на кам аз 1000 нафар шаҳрвандон ба таври параллелӣ бояд хидмат намоянд. Ин нукта низ ба назар гирифта шавад.
ИБТИКОРҲОИ ЛОИҚИ ТАҲСИНИ ҲУКУМАТ
Тавре ҳамаи мо медонем, дар соҳили рост, дар моварои ҳайкали Исмоили Сомонӣ бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд стадион, варзишгоҳи зимистонаву тобистона, майдони футбол ва ҳавзи шиноварии зимистонӣ ба таври хеле зебову ҷавобгӯ сохта шуд. Аксарияти шаҳрвандон ва меҳмонони аз дуру наздик омада ба ин ибтикор таҳсину офарин хонданд, ки маданияти шаҳрдории моро хеле болову ибратангез муаррифӣ намуд. Дар ин симмат метавон ҳазорҳо таҳсини дигар ба унвони ҳукумати шаҳру вилоят иброз намуд. Аз ин рӯ, бисёр хуб мешуд, дар қатори чунин иқдоми созандаву бунёдкорона ба истифода додани оббозигоҳи давлатӣ бо шароити хубу фароҳам ба роҳ монда шавад.
Зимнан, бояд ишора шавад, ки дар оббозигоҳ сохтани майдончаҳои бозии бачагона, майдони баскетболу волейбол ва гамболу дигар навъи варзишҳо хеле амали саривақтӣ буда, боз ҳам оини шаҳрдории моро баландтар хоҳад бурд.
Комментариев нет.