МОШИНИ СИЁҲШИША БАЧАИ ЭРКАИ КИСТ?
Метавон ба натиҷа расид, ки дар Тоҷикистон аксари шишаи мошинҳо ноогоҳона сиёҳ карда шуда, ба стандарти давлатии сиёҳкунии шишаи автомобилҳо (ГОСТ тонировкы автомобилей) ҷавобгӯ нест. Иловатан, аз мошинҳои сиёҳшиша, ки ҳамарӯза мушоҳида мекунем, бетардид метавон хулоса намуд, ки сарманшаи аксари садамаҳои нақлиётӣ ва ҳодисаҳои маргбори вобаста ба садама аз ин ҳисоб мебошад. Зеро дар истгоҳи ҷаримавии БДА-и тамоми шаҳру ноҳияи кишвар мошинҳоеро метавон дид, ки баъди садама оварда шудаанд. Ба ғайр аз он ки паҷақу маҷақ шудаанд, баръало маълум аст, ки теъдоди бештари онҳо мошинҳои сиёҳшишаанд.
ТЕРРОРИСТ ДАРУНИ МОШИНИ СИЁҲШИША
Аксари коршиносон ба ин назаранд, ки имрӯзҳо мошинҳои сиёҳшиша ҳарчанд қонунан иҷозат дода шуда бошад ҳам, ба амнияту суботи ҷамъияти кишвар хатарзо мебошанд. Зеро ба ҳадде шишаи мошинҳо сиёҳ шудааст, ки ҳатто оинаҳои пеш (лобовое стекло) ва паҳлӯ (боковое передное стекло) сад сад фисад сиёҳ шудааст. Аз ин хотир, агар даруни салони мошин ягон ҷинояткор ё террористе бошад ҳам, ягон нафар наметавонад ташхис бидиҳад, ки дар сари рул ё паҳлӯи ронанда чӣ гуна касе аст.
Неъматулло Мирсаидов, коршиноси тоҷик ақида дорад, ки дар ҳоли сиёсӣ шудани муносибатҳои ҷуғрофӣ ва вуҷуд доштани хавфи убури афроди таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошта дар мошинҳои сиёҳшиша хатарзо мебошад.
-Вақтҳои охир хавфи экстремизм ва терроризм аз ҳамсоякишварҳо-Ӯзбекистон (Ҳизби исломии Ӯзбекистон) ва Афғонистон (Гурӯҳи ифротии Толибон) моро таҳдид мекунад, бовар дорам агар нафаре даруни мошинаш ин гуна афродро аз ҷое ба ҷое интиқол диҳад, касе онҳоро намебинад. Бе ягон мамониат шахсони ҷинояткор метавонанд, бо истифода аз шишаи сиёҳ аз чашми шоҳидон пинҳон монанд ва мақсадҳои нопокашонро амалӣ созанд. Аз ин рӯ, ба ақидаи ман ҳукумати кишвар бояд сари ин масъала тадбири заруриро андешад,-мегӯяд коршинос Н.Мирсаидов.
Ин дар ҳолест, ки ҳатто агар нафаре аз як нафари дигар нияти қасос дошта бошад ҳам метавонад бо осонӣ рақами давлатиашро муваққатан канда, орзуи бадбахтонаашро амалӣ намояд. Бинобар ин аксари мусоҳибон арзи вуҷуди шишаи сиёҳро дар ҷомеаи Тоҷикистон зарур намешуморанд ва аксарият ба ин назаранд, ки дар сурати будани иҷозати давлатӣ низ сиёҳкунии шишаи мошинҳо бояд чаҳорчӯбаи худро дошта бошанд.
САДАМАҲО АЗ ҲИСОБИ ШИШАИ СИЁҲ
Тавре ҳамагон огоҳем, на фақат оинаҳои қафои мошин, балки ҳатто оинаи пеши он сиёҳ шудааст. Ба ҷуз ин, вақти ба чапу рост гаштан ва ё ба қафо ҳаракат кардани мошин аз оинаи паҳлӯи қафонамо (боковое зеркало) ва оинаи қафонамои даруни салон (зеркало заднего вида) имкони пурра дидани роҳ вуҷуд надорад. Зеро оинаҳо сад фоиз сиёҳ карда шудаанд. Таҷрибаҳо исбот намуд, ки ҳатто дар шоҳроҳ бо ҳаракати тез рафтан ва аз паҳлӯ имкони вуҷуд доштани бархӯрди мошини дигар бо сабаби сиёҳ будани шишаи пеш ва паҳлӯи пеш аз эҳтимол дур нест.
Коршинос Неъматулло Мирсаидов дар ин бора низ изҳори назар намуда, ақида дорад, ки маҳз чунин шева гирифтани сиёҳкунии шишаҳо боиси маргбор будани садамаҳо гаштааст.
-Дар сари рул имрӯз ҷавононеро метавон дид, ки ҳатто вақти шомгоҳон дар чашм айнаки сиёҳ доранд. Аз ин рӯ, онҳо аз чапу рост бархӯрд бо дигар мошинро аз шишаи сиёҳи паҳлӯи пеш мушоҳида карда наметавонанд. Бинобар, яке аз сабабҳои зиёдшавии садамаҳои маргбор ҳамин ноогоҳона сиёҳ намудани шишаи пеш ва паҳлӯи пеши мошин мебошад,-мегӯяд мавсуф.
Инчунин ҳолатҳое низ ҳаст, ки аз партави сип-сиёҳи оинаҳои қафои мошин низ ронандаро наметавон мушоҳида намуд. Бинобар ин, чунин ваҷҳро низ мусоҳибон ғайристандартӣ унвон карда ва сиёҳ кардани оинаи паҳлӯи пеш ва оинаи пешро маҳкум менамоянд.
Кӯдакдуздӣ дар шаҳри Душанберо ҳама дар хотир доранд, ки аз як бинои баландошёна дар тӯли як сол се кӯдаки ноболиғ рабуда шуданд. Шоҳидони ҳол бо сабаби чунин пешомад низ ақида доранд, ки дар ҳоли пеш омадани кризис ва зиёд шудани ғоратгарӣ мошинҳои шишасиёҳ хидмати хирсонаро ба ғоратгарон мерасонанд, ки имкони ташхис ва шинохти шахсияти дуздон вуҷуд надорад.
ТЕЛЕФОН САРИ РУЛ МАНЪ АСТ, АММО «ИҶОЗАТ» НИЗ ВУҶУД ДОРАД
Аз сабаби он ки ронандагон ҳангоми рондани мошин ба гуфтугӯи телефонӣ овора шуда, боиси зиёд шудани садамаҳо гаштаанд ва аз ин хотир бо ҷорӣ шудани қоидаи махсус сари рул ҳангоми рондани мошин истифодаи телефони мобилӣ манъ гардид. Мо ҷонибдори чунин қоидаем, ки аз ростӣ беҳтарин қоида мебошад. Аммо як «аммо»-и дигар вуҷуд дорад.
Ягон корманди БДА ва ё шоҳидон наметавонанд тариқи шишаи сиёҳ аз телефони истифода бурдани ронандаҳоро муоина кунанд. Бино бо ин далел низ хавфи зиёд шудани садама вуҷуд дорад, ки касе наметавонад исбот кунад, ки ҳангоми садама ронанда аз телефон истифода мебурд ё не. Аз ин хотир, ба шишаи сиёҳ иҷозат додан як навъ «иҷозат» додан ба истифодаи телефони мобилӣ дар сари рул низ мебошад, ки ҳақиқати бебаҳс ва қонуншиканӣ аст.
Ё худ бастани тасмаи бехатарӣ ҳангоми рондани мошин тибқи қоида ва қонун зарур шуморида мешавад. Аммо дар ин ҳолат низ тавассути шишаи сиёҳ касе наметавонад донад ё бинад, ки ронанда тасмаи бехатарӣ бастааст ё не.
Аз ин ҳолат метавон хулоса намуд, ки бастани тасмаи бехатарӣ танҳо ба оне зарур аст, ки оинаи сиёҳ надорад? Ё истифодаи телефони мобилӣ ба соҳибони мошинҳои сиёҳшиша «иҷозат» дода мешавад? Яъне чунин қонуншиканӣ дар бораи истифодаи телефони мобилӣ дар сари рул ва набастани тасмаи бехатарӣ барои мошинҳои шишасиёҳ иҷозат дода мешавад?
ПЕШНИҲОД БАРОИ БЕХАТАРӢ
Тибқи маъмул барои мошинҳои сиёҳшиша бо пардохти солонаи муодили 500 доллар иҷозат дода мешавад. Ин боиси хушҳолии мо аст, ки аз рӯи маълумотҳои расида ва расмӣ ҳамасола аз ин ҳисоб ба буҷаи кишвар тақрибан 11.5 миллион доллар даромад мешавад.
Аммо пешниҳоди мо ин аст, ки бигзор сиёҳкунии шишаи мошинҳо идома ёфтан гирад ва касе набояд боиси монеи ин кор шавад. Зеро сиёҳ намудани шишаи мошин ҳуқуқи фитрии ҳар шаҳрванд аст. Бинобар ин, бо назардошти ҳолат ва далелҳои болоӣ метавон пешниҳод намуд, ки бигзор барои сиёҳ намудани оинаи қафо ва паҳлӯи қафо иҷозат дода шавад. Вале барои оинаи пеш ва паҳлӯи пеш сиёҳ кардани оина қатъиян маҳдудият ҷорӣ гардад. Бо ин ҳол бовар дорам, ҳеҷ гоҳ сафи сиёҳкунандагони шишаи мошин кам намешавад ва итминон дорам, ки бо пардохти муодили 500 доллар низ аксарият хоҳиши онро доранд, ки мошинашонро сиёҳшиша намоянд.
Бар замми ин, костагиҳое, ки дар боло ишора шуд, албатта аз байн меравад ва қонуншиканиҳо низ аз чашми раҳгузарон ва нозирони роҳ дур намемонад.
НУҚТАИ ТАММАТ ВА АФСӮСБОРИ ИН БАХШ
Аз ҳама бад, имрӯзҳо аксарият фарзандони ноболиғашонро эрка мекунанду ба сари рул нишастани онҳоро раво мебинанд. Бинобар ин, агар раваду соҳиби мошини сиёҳшиша ягон мансабдор бошад, кормандони БДА чунин мошинҳоро манъ намекунанд. Ё дар ҳолати вайрон накардани қоидаи ҳаракати роҳ низ масъулон ва нозирони роҳ мошинҳоро манъ намесозанд.
Тасаввур кунед, агар сари рули мошини сиёҳшиша фарзанди ноболиғи эркаи онҳо нишаста бошад-чӣ? Дар ин ҳолат низ нозирони роҳ гумон мекунанд, ки дар сари рул падаронашон нишастаанд. Ҳеҷ гоҳ манъ ва тафтиш намекунанд. Аз ин ҳолат бармеояд, ки хавфи садфоизаи вуҷуд доштани қонуншиканӣ ҳама рӯз дар пеши чашми мо ҷилва менамояд. Худо нокарда ба ягон ҷой бархӯрад ва ё ягон раҳгузарро фарзандони эрка пахш намоянд……Худо аз он рӯз нигоҳ дорад. Аммо касе бобати аз оқибати бади чунии шишаи сиёҳ фикр мекарда бошад? Худо надонад, мо ҳам намедонем.
Комментариев нет.