+992 92 777 2675

Телевизион — мактаби вайронии ахлоқ?

Телевизион — мактаби вайронии ахлоқ?

Телевизион — мактаби вайронии ахлоқ?

Нет комментариев

Бо сабаби суст будани корҳои идеологӣ дар кишвар ва набудани назорати ҷиддӣ аз болои барномаҳои телевизион, имрӯз ҳолате шудааст, ки на волидон, на мактаб ва на дигар дастгоҳҳои тарбиявӣ наметавонанд ахлоқи кӯдакону наврасон ва ҷавононро назорат баранд. Телевизионҳо ба ҳадде клипу барномаҳоро дар сатҳи пасти касбӣ омода менамоянд, ки дар зери таъсири он гуфтору рафтор, пӯшиши сарулибосу гаштугузорҳои наврасону ҷавонон хеле коста гардида, ояндаи хеле хатарбори ахлоқиро ба дунбол хоҳад дошт.

Дардномаи пас аз 50 сол
Дар кӯчаву паскӯчаҳо ва хиёбонҳо кӯдакону наврасонро бо футболкаҳои дорои пистолети «Пӯлод Алендор», «Ҳомиён», «Ренҷер» навиштаҷоте амсоли «Моя жизнь — мои правила», «Фак-ю», «Девчонки, пригайте ко мне», «Я мусульманин», «Я дагестанец», «Порву всех», «Я холостяк», «I want you» (туро мехоҳам), «Люблю тебя + акси нимбараҳнаи шаҳватангез» ва суратҳои духтарони нимбараҳна, лаби бӯсахоҳ ва ғайраро дида, дили кас ба ваҳм меояд. Худоё! Ояндаи миллати тоҷик магар ҳаминҳоянд? Инҳо чунин гаштугузорро аз кӣ омӯхтаанд? Оянда Тоҷикистонро бо чунин маданияти ғайритоҷикӣ чӣ гуна идора месозанд? Ин кӯдакону наврасон ба фарзандҳояш чӣ арзиши волои шарқиёнаи миллиро боқӣ мегузоранд?
Бовар дорам, додани суолҳои мазкур пас аз 50 сол аллакай дер шуда, аз имрӯз ба қолаби дардномаҳое ворид гардидаанд, ки ба итминони мо, рӯзе мерасад, ки аз фарҳанги волову одоби шарқиёнаи мо ягон зарра асаре намемонад.
Ҷомешинос ва журналист Набиюллоҳ Суннатӣ бо изҳори таассуф ва нигаронӣ дар таблиғи одобу русуми ғайритоҷикӣ ва оянда комилан аз байн рафтани арзишҳои миллӣ телевизионҳои маҳаллиро айбдор меҳисобад.
— Ростӣ, набудани назорат аз болои барномаҳо, паст будани донишу малакаи касбӣ, надонистани муҳити миллӣ, зери по кардани арзишҳои ниёгон ба ҳадде аз ҷониби ҳамкасбони телевизионӣ сар мезанад, ки боиси афсӯс аст. Раҳ ёфтани клипҳои умуман аз чаҳорчӯбаи одоб берун ва сюжетҳои вайрони клипҳои тоҷикӣ, ба вазну арӯзи шеърият ҷавобгӯ набудани матнҳо, мутобиқат накардани матну оҳанг дар клип хеле зиёд ба чашм мерасад, ки дар зеҳни бинандагон бадахлоқию бемаънигиро таблиғ месозад. Ба ғайр аз ин, ҳатто барномаҳои дигари телевизионӣ чунон дар сатҳи паст омода мегарданд, ки аз суст будани идеологияи давлатию миллии мо дарак медиҳад,- мегӯяд Н. Суннатӣ.
Номбурда иллати чунин коргузориро дар набудани Шӯрои бадеӣ (худсовет) ва умуман набудани назорат аз болои кори телевизионҳои Тоҷикистон медонад.
— Замоне Шӯрои бадеӣ яке аз рукнҳои пурзӯри идеологияи давлатӣ буд. Намедонам имрӯз идеология ва Шӯрои бадеӣ ба чӣ кор машғуланд? Ба тартиб даровардани кори телевизион ва назорат аз болои барномаҳову клипҳои он ба зиммаи Шӯрои бадеӣ аст. Пас чаро ба чунин пешомади даҳшати фарҳангӣ аз пушти панҷа назар мекунанд?,- изҳор медорад мавсуф.

Тақлиди кӯр-кӯрона то куҷо мебарад?
Мегӯянд, замоне, ки телевизион дар собиқ ИҶШС зуҳур кард, тамоми барномаҳо аз мадди назари Сталин, шуъбаи идеологияи ҲКШ ва Шӯрои бадеӣ гузашта, сониян ба эфир иҷозат дода мешуд. Самараи ин корро аксари шаҳрвандони синни солор медонанд, ки чӣ қадар тарбияву ахлоқи даврони шӯравӣ ба дараҷаи олӣ буд. Яъне, мардум ҳар чӣ дар телевизион мебинанд, ба он пайравӣ мекунанд. Имрӯз беназоратӣ дар телевизион аз ҷониби идеологияи давлатӣ боиси паст шудани фарҳангу ахлоқи ҷавонон шудааст, ки ҳамаи мо шоҳидем.
Имрӯз ба таври бемайлон ба бозорҳо ворид гардидани антеннаҳои параболӣ ва бе ибову бе дурбинӣ харидорӣ намудани он аз ҷониби волидон хеле ташвишовар буда, дар оянда ба коҳиши ахлоқи миллӣ оварда мерасонад. Ба ақидаи аксари коршиносон, аз сарҳад ворид намудани чунин дастгоҳҳои мавҷқабулкунанда назорати ҷиддиро мехоҳад. Мо намегӯем, ки комилан пахши барномаҳои хориҷӣ аз байн бардошта шавад. Бигзор пахшу мунташир шаванд, аммо бигзор аз ҷониби дастгоҳҳои муайян ва пурқудрати идеологӣ зери назорати шадид қарор дошта бошанд. Маҳз тамошои беназорати телевизионҳои ҳархела боиси тақлиди кӯр-кӯрона ба насли наврас шудааст, ки тамоми пӯшишу муносибати онҳо аз барнома ва филмҳои аз тариқи антеннаҳои параболӣ маншаъ мегирад.
Мутаассифона, клипу консертҳои дар телевизионҳои маҳаллии Тоҷикистон ба намоиш гузошташуда низ тақлид ба клипу барномаҳои хориҷӣ мебошад, ки аз олами эҷод дур будани журналистикаи телевизионии моро нишон медиҳад.
Ба ин хотир, бояд ҳадди имкон фурӯш ва истифодаи антеннаҳои параболӣ аз ҷониби давлат манъ карда шавад. Ин таҷриба аллакай дар Туркманистон сипарӣ шуда, сатҳи одобу фарҳанги миллии ин кишвар хеле боло рафтааст. Бигзор ба ҷои ин ширкатҳои телевизиони кабелие, ки дар кишвар фаъолият менамоянд, тамоми барномаҳои хориҷиро тавассути кабел пахш намоянд. Зеро, дар ин сурат назорат, филтратсия ва иҷозати баъзе барномаву консерту киноҳое, ки ба ахлоқи ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд, осонтар мегардад. Аммо бо афсӯсу надомат бояд тазаккур дод, ки то замоне дар боми ҳама хонаҳо ду-сетоӣ антеннаҳои параболӣ вуҷуд дорад, ҳеҷ гоҳ тарбияи миллӣ боло намеравад. Баръакс, шаҳватпарастӣ, вампирӣ, зӯроварӣ, дуздию ғоратгарӣ, нашъҷаллобӣ ва дигар рафторҳои пастфитратонае, ки дар филмҳо намоиш дода мешавад, ба ҷамъияти мо таъсири бади худро расонидан мегирад.

Намоиши мултфилм ва зиёдшавии бадахлоқӣ
Як нуктаи бисёр таассуфбори дигар ин аст, ки дар телевизионҳои маҳаллӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ филмҳои тасвирие интишор мешаванд, ки дар онҳо на мазмун ва на риояи одоби гуфтор дида мешавад. Аз хонандагони азиз хоҳиш мекунам, ки як бор филмҳои тасвирии замони шӯравиро ба хотир биёваранд. Тамоми афсонаву ривоятҳо ва қаҳрамониҳое, ки дар замони шӯравӣ пахш мешуд, ҷанбаҳои тарбиявии зиёд дошт. Ба зеҳни аудиторияи кӯдакону наврасон ҳисси инсондӯстиву ватанпарастӣ, оини мардиву ростқавлӣ ва вафодориро ҳавола намуда, ҳамзамон ба ахлоқи ҳамидаи насли наврас таъсири мусбат мерасонид. Мутаассифона, дар корбарии аксари телевизионҳои дохилӣ тақлиди кӯркӯрона дида мешавад, ки инро метавон ҷинояти нобахшидании фарҳангӣ номид.

Дискфурӯшӣ ва бозори гарми дискҳои беназорат
Як самти дигари ба фатарот рафтани ахлоқи миллӣ фурӯши дискҳо дар тамоми бозорҳои кишвар мебошад. Имрӯз дар Тоҷикистон бозоре вуҷуд надорад, ки ҳадди ақал 10 нуқтаи фурӯши дискҳо надошта бошад. Аз муомилаи фурӯшандаи дискҳо маълум аст, ки онҳо як рӯз ҳам аз мактаби киносозӣ ва тарзи савдо нагузаштаанд. Ҳар чӣ аз интернет диданд, ба қавле «скачать» карда, тариқи дискҳо паҳн месозанд.
Ба ақидаи банда, фурӯши дискҳоро дар тамоми бозорҳо комилан манъ карда, фурӯши он бояд дар мағозаҳои махсус, ки аз тарафи Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад, ба роҳ монда шавад. Дар ин сурат фурӯши касбии филмҳо ва назорати ҷиддӣ созмон дода шуда, даромади саршор ба буҷаи кишвар ворид мешавад. Бигзор дар заминаи Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои бадеӣ таъсис дода шавад, ки ҳам фурӯши дискҳо ва ҳам филму консерту барномаҳои телевизионҳои маҳаллиро назорат барад ва иҷозат диҳад.
Мутаассифона, нуктаи муҳим аз мадди назари монополияи давлатӣ дур мондааст ва ин нукта боиси паст рафтани ахлоқи ҷомеа шудааст.
Ба ақидаи аксари коршиносон, барномаҳо, филмҳо ва консертҳои аз одоб берун моро вайрон карда, моро бо дастони худамон ба нестӣ бурда истодаанд. Чунки дар ҷаҳон имрӯз аллакай ҷанги иттилоотӣ оғоз шуда, дар ин қибол фишангҳои дахлдори Тоҷикистон бояд чораҳои қаблӣ андешанд.

Пешниҳод ва охиргуфтор
Ҳама медонем, дар Конститутсияи кишвар озодии баён ва озодии ҳуқуқи фитрӣ ишора шудааст, ки бисёр хуб ва демократӣ аст. Аммо ин мазмуни он нест, ки «ҳар чӣ пеш ояд, хуш ояд». Ҳама ҳуқуқҳои фитрии инсон чаҳорчӯбаҳои махсуси худро доранд.
— Бояд санадҳои нав ба тасвиб расанд, ки танзими кор ва барномаҳои телевизонҳои маҳаллӣ, пахши барномаи телевизионҳои хориҷиро танзим ва ҳамзамон филтратсияи қатъӣ намоянд.
— Инчунин, Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рукни муҳими идеологияи давлатӣ аст, тамоми фишангҳои назорат ва иҷозати барномаҳоро шадидан зери назорат бигирад. Бояд ёдовар шуд, ки танҳо аз лиҳози ахлоқи ҷомеавӣ. Ҳамзамон, фурӯши дискҳо аз тарафи Кумитаи мазкур ба монополияи давлатӣ ва сензураи фарҳангиву ахлоқӣ табдил дода шавад.
— Шӯрои бадеӣ мисли даврони шӯравӣ созмон дода шуда, назорати ҷиддии оҳанин аз болои оҳангу матнҳо ва клипҳо ба роҳ монда шавад.
— Шӯъбаи нав дар тобеияти Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад, ки фурӯши дискҳоро дар саросари кишвар ба зимма гирифта, ба монополияи давлатӣ табдил диҳад ва инчунин дар доираи ахлоқи миллӣ филму барнома ва клипҳои хориҷиро назорат кунад ва иҷозат диҳад.
— Бигзор ширкатҳои телевизионии кабелӣ як ҳафта қабл феҳрасти барномаҳои пахш мешударо ба шуъбаи махсус, ки зери тобеияти шуъбаи идеология сохта мешавад, манзур намоянд. Инчунин, тамоми телевизионҳои дохили кишвар низ вазифадор карда шаванд, ки як ҳафта пештар барномаҳои худро ба ин шуъба пешкаш намоянд, то барномаҳо қабл аз пахш мавриди назорати ҷиддӣ қарор бигиранд. Ба ин гуна амалкард албатта ҳукумати кишвар қудрат дорад ва мо хеле умедворем, ки барои наҷоти ояндаи миллат Ҳукумати Тоҷикистон ба ин иқдом дасту остин бармезанад.
— Бар замми ин, бояд дар пӯшиши сарулибоси кормандони телевизион Низомномае вуҷуд дошта бошад, ки баробари дидани сарулибоси протоколии кормандони телевизион тамошобинон эҳсос кунанд, ки миллати тоҷик кисту фарҳанги бостониву ғании он чист.
Дар сурати баръакс, бовар дорам, тақрибан баъди 20 ё 30 сол умуман аз ахлоқу фарҳанги тоҷикӣ асаре намемонад ва хеле умед дорем, ки ҳукумати кишвар ин навиштаи моро ҳамовозӣ менамояд.

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

şans casino |
vidobet |
vidobet |
vidobet güncel giriş |
vidobet giriş |
casinolevant |
casinolevant |
casinolevant |
vidobet giriş |
şans casino |
casinolevant giriş |
casino şans |
şans casino giriş |
casino levant |
casino şans |
casino şans |
boostaro |
casinolevant giriş |
şans casino giriş |
casinolevant giriş |
şanscasino |
vidobet |
vidobet giriş |
levant casino |
vidobet giriş |
nigeria betting |
sports betting |
goka |
nigeria betting |
goka |
gokabet |
vidobet |
deneme bonusu veren siteler |
deneme bonusu veren siteler |
deneme bonusu veren siteler |
goka casino |
gokabet |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant güncel giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant güncel giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
natobet |
natobet |
natobet |
natobet |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
marsbahis |
marsbahis |
casinolevant |
kavbet |
marsbahis güncel erişim