Сенсатсия: 1 миллион сомонӣ арзиши идея
Дар ҷаҳони бузурги сармоядорӣ, бахусус Аврупо асосан идеяҳо на фақат сохта, балки фурӯхта низ мешаванд, ки мутаассифона, дар қиёси он идеяҳо дар кишвари мо ба мисли як маслиҳати ошхӯрӣ ҷараён мегираду халос, ки на гӯянда баҳра мебараду на шунаванда. Аз ин рӯ, фурсати он расидааст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъсиси як фонди махсус ва муқаррар кардани ҷоиза (премия) ба андозаи 1 миллион сомонӣ барои беҳтарин идеяи созанда ва коргар дар тамоми сатҳи ихтирооту кашфиёт ва эҷодиёт баҳри ҷалби таваҷҷуҳи аҳли соҳибмағзҳои кишвар иқдом намояд.
SOS: Фирори соҳибидеяҳо оқибати хуб надорад!
Тӯли солҳои истиқлолият шароити номусоиди зиндагӣ ва ба таври дилхоҳ қадршиносӣ накардани олимону ихтироъкорон ва умуман соҳибмағзҳову соҳибидеяҳо боиси тарки ватан кардани онҳо шудааст. Мутаассифона, чунин соҳибидеяҳо имрӯзҳо дар кишварҳои ғайр ақида, ғоя ва қувваи эҷодиашонро дар амал татбиқ намуда, барои баланд шудани тараққиёти дигар кишварҳо саҳм гузошта истодаанд.
Дар як сайри интернетӣ мебинем, ки фалон ҷавони тоҷикистонӣ дар фалон кишвари Аврупо ихтироъе кардааст ва ё бо ғояаш ҷаҳонро тасхир намудааст. Аммо калимаи «тоҷикистонӣ» дар сархати чунин хабарҳои сентатсионӣ дида шавад, агар аз як тараф ифтихор кунем, ки ҳамватани мост, вале аз тарафи дигар, нуқтаи дардовараш ин аст, ки чаро тоҷикистонист? Чаро барои рушди дигар давлат хизмат карда истодааст? Чаро аз идеяи чунин ҷавонони фарҳехтаву ихтироъкор мо тоҷикистониён бебаҳра мемонем? Аз ҳама бадтараш ин ки, чаро идеяи тоҷикони мо бо бренду обрӯи дигар кишварҳо ба ҷаҳониён муаррифӣ мешавад?
Беҳуда нест, ки як созмони олмонии GIZ бо нашри гузорише гуфт буд, дар соли 2014 фирори мағзҳо (яъне соҳибидеяҳо,- Л. Я.) аз Тоҷикистон хеле нигаронкунанда мебошад. Тибқи гузориши ин созмон, фирори мағзҳо аз 10 шаш нафарро ташкил медиҳад, ки ба ақидаи аксари ҳамсуҳбатон, чунин рақам даҳшат аст. Созмони GIZ бо изҳори ташвиш иброз дошта буд, ки Тоҷикистон на танҳо як кишварест, ки мардумаш бо сабаби муҳоҷирати меҳнатӣ ватанашонро тарк мегӯянд, ҳатто як давлатест, ки мутахассисони хуб низ ба дигар кишварҳо, хусусан ба Аврупою Амрико ё рафтаанд, ё дар арафаи рафтан қарор доранд.
Албатта, чунин баҳогузории ин созмон аламовар ва боварнокарданист, аммо ба ҳақиқат наздик аст, ки воқеан чунин қишри ихтироъкору соҳибмағз дар кишвар дастгирӣ намеёбанд.
Суоле ба миён меояд, ки чӣ бояд кард, то соҳибмағзҳои ихтироъкору эҷодкори тоҷик дар ватан боқӣ монанд ва барои рушди кишварамон саҳми худро гузоранд?
Ҳукумат бояд ба қурбонӣ омода шавад!
Соҳибназарон ва андешамандони зиёд таъкид медоранд, ки ягона нерӯе, ки ихтироъкорону эҷодкорони тамоми соҳаро аз тарки ватан боздошта метавонад, боз ҳамин ҳукумати кишвар мебошад. Ба таъйиди онҳо, ҳукумат шеваеро бояд пеш гирад, ки бо таъсис додани фонди махсус ҳамасола ба афроде ҷоизаҳоро тақдим намояд, ки барои ихтироъ, рушди технологияи навин, кишоварзӣ, илм, адабиёту фарҳанг ва бештар ба тамоюли фанҳои дақиқ ба андозаи 1 миллион сомонӣ ҷоиза пешкаш намоянд. Бигзор ин фонд ба номи «Фонди Сомонӣ» ва ё чизи дигар таъсис ёбад ва шарт ин ки, соҳиби ҷоиза бояд танҳо шаҳрванди Тоҷикистон бошад.
Суоле ба миён меояд, ки фонд чӣ гуна таъсис ёбад ва дар оянда ба буҷаи кишвар латма ворид насозад? Ба таҳлили мо, дар қадами аввал таъсиси чунин фонд аз ҳукумати кишвар на фақат қурбонӣ, балки ҷуръат низ мехоҳад, ки бояд дар зинаи нахуст аз ҳисоби буҷаи кишвар 10 миллион сомонӣ ихтисос ва он бо суратҳисоби махсус ба сифати депозит ба бонк гузошта шавад. Аз рӯи талаботҳои имрӯзаи бонкӣ, 10 миллион сомонӣ солона 1 миллион сомонӣ аз ҳисоби депозит зиёд мешавад.
«Фонди Сомонӣ» худаш худашро таъмин хоҳад кард
Ин Фонд бигзор ҳар сол танҳо ба беҳтаринҳо, ба асарҳои офарида, ба идеяҳои хубу созгор, ки барои рушди Тоҷикистон муосидат мекунанд, ҷоиза диҳад. Бигзор дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ эълон карда шавад. Шояд бисёр афрод гумон кунанд, ки агар Фонд солона аз ҳисоби депозит 1 миллион сомонӣ фоида ба даст орад, пас дере нагузашта ин Фонд комилан аз байн рафта, дар суратҳисобаш ягон дирам боқӣ намонад. Аммо як нюанс вуҷуд дорад. Ба андешаи мо, ҳар идея ва ё асари созгоре, ки барои рушди кишвар нигаронида шудааст, бояд бе таваққуф ва бе танаффус мавриди амал қарор гирад ва бояд дар саргаҳи ибтикор ва амалишавии он худи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистону порлумон биистанд, то идеяҳоро ҳарчи зудтар дар амал татбиқ ва барои фоидаву баҳрабардории хоҷагии халқ равона созанд.
Аз ҳисоби он, ки идеяи татбиқшуда ба як манбаи даромад табдил меёбад, солона аз ҳисоби фоида фоизи махсус бояд ба ҳисоби Фонди зикршуда гузаронида шавад. Албатта, дар қадами аввал кори риск менамояд, аммо ба бовари мо, дере нагузашта, ба бузургтарин Фонди минтақа табдил мегардад. Яъне, худи ин Фонд худашро саришта карда, тамоми хароҷоташро хоҳад пӯшонд. Бигзор ду ё ҳатто як нафар соҳибҷоиза шавад. Бигзор довталабон даҳҳо нафар бошанд. Аммо идеяҳои ҷолибтарину наҷотбахштарини кишвар ба инобат гирифта шавад.
Баъзе ишораҳо барои ҳушёрӣ
То имрӯз баъзе мукофоту грантҳо ва ҳатто мукофотпулиҳо дар аксари муассисаву ташкилот исбот намуд, ки ҳатто афроди нолоиқ бо истифода аз роҳҳои хешутаборбозӣ ва ё ошнобозӣ соҳиби мукофотҳо гаштаанд.
Худо накунаду Фонди дар назар доштаи мо низ барои ба гили коррупсия ва ошнобозӣ нағӯтиданаш, бигзор ҳамасола комиссия аз тамоми ҷаҳон даъват карда шуда, ба идея (асар, ихтироъот, кашфиёт ва ғ.) баҳои воқеӣ диҳанд.
Дар ин зимн, сад фисад метавон бовар кард, ки бахусус ҷавонони ихтироъкор ва олимони сермаҳсули мо дар сар фикри тарки ватанро намепарваранд. Аз пайи кор, ободонӣ ва чӣ гуна пеш бурдани ҷомеаи Тоҷикистон мешаванд.
Чаро 1 миллион сомонӣ?
Идея чизе нест, ки мисли хоб муфтакак ба даст ояд. Он, тавре маълум аст, дар пайи заҳматҳои шаборӯзӣ, ҳатто солҳо ва панҷсолаҳо рӯи кор ояд ва мавриди коркард қарор гирад. Ба ин хотир, на 100 ҳазор доллар, балки бо ҳувият ва ифтихор бигзор ба сифати рамзӣ арзиши 1 миллион сомонӣ бошад. Чӣ, магар идеяе, ки шояд яке аз роҳҳои наҷотбахши ватанамон мешавад, 1 миллион арзиш надорад? Ба ин хотир, метавон итминон ҳосил намуд, ки созмон додани Фонд як ҳавасмандии зиёди сартосариро дар кулли ҷумҳуриамон ба вуҷуд меорад, ки торафт ин фонд на фақат ҳамчун як фонди ҳавасмандкунӣ, балки як роҳи наҷоти кишвари азизамон хидмат хоҳад кард.
Аз ин рӯ, метавон имон овард, ки фонди мавриди назари мо шояд як иқболи миллии дигар хоҳад буд, ки садсолаҳо мисли ҷоизаи Нобел умри тӯлонӣ хоҳад дид ва дар оянда на фақат дар худи Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон маъруфият пайдо хоҳад кард.
Аммо алъон барои мо муҳим он аст, ки соҳибмағзҳову соҳибидеяҳо ва ихтироъкорону кашшофон ва эҷодкорон берун нахоҳанд рафт.
Комментариев нет.