СССР: Кризис то куҷо?
26-уми декабри соли 1991 Шӯрои Олии СССР декларатсия қабул кард, ки Иттифоқӣ Шӯравӣ барҳам дода шуд. Аз давраи шӯравӣ то имрӯз 25 сол гузаштаасту халос. Ҳоло модаркалонҳо, модарон ва мо (то синни 40-сола) дар қайди ҳаёт ҳастем ва он даврае, ки аз сар гузаштааст, ҳоло фаромӯш нашудааст. Таърихи гузаштаро бояд варақгардон кард, то ҳақиқати имрӯзаро дақиқ ва аниқ ба ҷавонони имрӯза, ки саргуми ҳаёт ҳастанд, фаҳмонда диҳем.
Асабҳои вайрон
Ба ҷавонҳои имрӯзаи мо чӣ шудааст? Синни онҳо ба 40-солагӣ нарасида, касалии асаб, қалб ва дигару ҳоказо гирифтор ҳастанд. Биёед як фикр кунем, чаро ба чунин ҳолат гирифтор ҳастанд ва барои чӣ фавти онҳо бисёр шудааст? Ба шароити имрӯза тоб наоварда, ба худкушӣ даст мезананд…
Бо ҷавоне гуфтугузор кардам, ки ҳамчун Фирдавсҷон худро муаррифӣ намуд. Савол додам, ки чаро имрӯза ҷавонҳо бемор ҳастанд? Ба ин савол чунин посух дод: «Дар ҷаҳони имрӯзаи мо гардиши хабарҳои ҳаргуна, интернет, оинаи нилгун, радио, маҷаллаҳо ва гуфтори мардум (паток информации) бисёр шудааст ва ҷавонон ҳамаи ин хабарҳоро дуруст ва дақиқ дарк карда натавониста истодаанд. Аз ин лиҳоз, ба ҳар гуна корҳои ношоям даст мезананд ва саргуми зиндагӣ мешаванд».
Ҷавонони имрӯзаи мо ҷаҳонбинии васеъ доранду афсӯс, ки аз фалсафаи ҳаётӣ дур ҳастанд. Чунончи, фалсафаи ҳаёт — ин илм дар бораи умумитарин қонунҳои рушди инкишофи табиат, ҷамъият ва тафаккур аст.
Агар чунин ҳолат идома ёбад, фарзандони мо то чанд сол умр медида бошанд? Оё оҷингҳои рӯю мӯйи сафедро медида бошанд ё на?
Зиндагӣ дар Иттифоқи Шӯравӣ
Биёед як ба оинаи гузашта назар афканем. Як аз маросими оши наҳори давраҳои Иттифоқи Шӯравӣ ёдовар шавем, мебинем, ки дар ин давраҳо дар дастурхони меҳмоннавози мардуми тоҷики мо чиҳо буд. Нишоло, нон, қанд, мавизу чормағзча ва чою ош буду тамом. Дар мағозаҳои хӯроквориамон чӣ? 2 хел лимонад — буратино, байкал, 2 хел яхмос — пломбири сафед ва пломбири шоколадӣ, 2 хел сақич — лимӯӣ ва мандаринӣ, 1 намуди шир, ряженка, кефир ва қаймоқ, аз намудҳои гӯштӣ — 1 намуди ҳасиби докторӣ, 1 намуди сасиска, 1 намуди мурғ буду халос. Ғайр аз ин, ба ҳамаи мардумон дастрас набуд, яъне дефитсит фурӯхта мешуд. Мағозаи либосвории хориҷӣ ҳам ба ҳама дастрас набуд ва чунин ҳолат дошт. Масалан, яке аз толибилмон красовка ё трикои духата (генералка) пӯшида бошад, бойтарин ба ҳисоб мерафт. Дар як маҳалла қариб ки як мошини сабукрав дида мешуд. Аз сабаби он, ки барои харидани як Жигулии 06, ки нархаш дар мағоза 9000 рубл меистод, тақрибан 10 сол нахӯрдаву напӯшида, як шахси маошгире, ки маошаш 80 рубл буд, харидорӣ карда метавонист. Барномаҳои телевизионӣ бошанд, бо вақти муайян намоиш дода мешуданд. Ғайр аз ин, 2 шабака буд, яке шабакаи Маскав ва дигаре шабакаи Душанбе.
Шароити имрӯза
Шароити имрӯзаро бо гуфтаҳои боло муқоиса карда бинем, имрӯз шароити зиндагии мо чӣ гуна шудаасту мо чӣ гуна зисту зиндагонӣ дорем? Мисоли оддӣ, ба оши наҳор равем, дар рӯи дастурхони мо чӣ қадар нозу неъмат омода аст? Агар як ба меваҳо назар андозем, аз себу нок сар карда, то ананасу банан вуҷуд дорад, ки дар Иттифоқи Шӯравӣ дар хоб медидем. Аз нӯшокиҳои ҳаргунаи хуштаъм ба фикр меоем, ки кадомашро нӯшем. Чунин андеша менамоем, ки мо дар тарабхонаи сеситора нишастаем ва роҳати ҷон карда истодаем. Мағозаҳои хӯроквории имрӯзаи мо аз мағозаи оддӣ сар карда то гипермаркетҳо вуҷуд доранд, ки аз намуди маҳсулот лаболаб аст. Ҳатто саргум мешавед, ки кадомашро харидорӣ кунед. Либосҳои хориҷӣ бошад, хел ба хел аст. То дараҷаи он расидааст, ки дар тани мардикор красовкаҳои адидас, нимтанаи болопӯши чармин ва ғайраҳо дида мешавад, яъне дастрас аст. Қариб ки дар ҳар як оила мошини сабукрав вуҷуд дорад.
Хулоса, касе, ки имрӯз тақрибан 1000 сомонӣ маош гирад, дар ду сол 24 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Яъне, як мошини хубро дастрас карда метавонад. Барномаҳои телевизиониву интернетӣ бошад, 24 соат дастрас аст ва ҳамчунин ҷаҳон дар пеши чашмамон ҳувайдост. Тараққиёти илму техника то дараҷае расидааст, ки аз ҷои нишаст аз ин кунҷи дунё то он кунҷи дунё якдигарро дида, муошират карда метавонем.
Беҳ мебуд, магар…
Ба гуфтаҳои боло аз шаҳрванд Юсупов Фаррух пурсон шудем, ки чӣ гуна фикру ақида дар ин бора дорад. Дар ҷавоб гуфт: «Бо ақидаҳои боло ман розӣ ҳастам, лекин фарқияте мебинам, ки дар давраи шӯравӣ обу нон буду хотирҷамъӣ аз замони имрӯза дида бештар буд».
Ба фикри Фаррухҷон гуфтанӣ ҳастам, ки сабаби хотирҷамъӣ дар давраи шӯравӣ аз сабаби он буд, ки ҷаҳонбинии мардум васеъ набуд, хабарҳои информатсионӣ кам ва ҳоказо буд. Мардум ғами фалак надоштанд. Дар дигар кунҷи дунё чӣ ҷангу ҷидол, чӣ обхезӣ, чӣ заминҷунбӣ гуфта парво намекарданд ва осудагии зиндагии худро фикр мекарданд. Сохтакории Иттифоқи Шӯравӣ мардумро зомби карда буд. «Ҳама ҷо оромӣ, ҳама хуб» гуфта, мардумро осуда мекарданд. Мутаассифона, ҳосили зиндагӣ фақат хӯрдану пӯшидан буду халос. Бар замми ин, дар ин солҳо туризм кам буду камтарини мардум ба хориҷа сафар мекарданду зери назорат қарор доштанд. Мардум аз сиёсат дур буд. Имрӯз агар муқоиса намоем, дар давраи шӯравӣ хотирҷамъӣ нею, карахтӣ будааст. «Ояндаи мо дурахшон аст, мо ҳама ба сӯи коммунизм қадам ниҳода истодаем» гуфта, тушбераро хом шуморидем. Ақидаи мардум чунин буд, ки «кам донӣ, ширинтар хоб мекунӣ».
Кризис дар ботини мо (нафс)
Аз гуфтаҳои боло исбот кардем, ки ҳар кассе тавре ҳаётро қабул кунад, ҳамон тавр мебинад. Пастию баландии зиндагӣ асосан аз худи мо вобаста аст. Афсӯс, ки дар ботини мо нафсу кина ҷойгир шудааст, ки ин ҳам хушбахтиву бадбахтӣ ба инсон меорад. Масалан, марде дар кисааш як сомонӣ пул дораду орзу мекунад, ки дар як моҳ 1000 сомонӣ пул ёбад ва шуркгузор мешавад, вақте ки ба мақсад мерасад. Аммо баъдан боз шукри он накарда, орзу мекунад, ки 10000 сомонӣ пул ёбад, басанда аст. Вақте ки ба ин орзуяш мерасад, боз ин камӣ мекунаду мехоҳад 100000 сомонӣ ёбад. Нафси инсонӣ қаноат намекунад, агар ақли комил надошта бошад.
Касе, ки дар кору кирдор ва рафтор ба касе кӯр-кӯрона пайравӣ мекунад, тақлидкор аст. Мардуми тоҷики имрӯз қариб 90 % тақлидкори ҳамдигар шудаанд. «Хар аз хар монад, гӯшашро бур» гуфтанӣ гапҳо вуҷуд дорад. Лекин ин гуфтаҳо ягон таъсир намерасонанд. Як ҳамсоя тӯйи боҳашаммат барпо мекунад, ҳамсояи дигар шароити чунин надошта бошад ҳам, бо қарз чунин тӯйи боҳашаммат барпо мекунад.
Мард он касе, ки ҳамаи инро дақиқ қабул карда тавонад ва хулосаи дуруст барорад. Зеро зиндагӣ кардан аз ҳама чизи аълотарин дар рӯи замин аст. Аз ин рӯ, пешниҳод карда мешавад, ки дар мактабу донишгоҳҳо ба фалсафаи зиндагӣ диққати махсус дода шавад, то дар оянда ҷавонон раҳгум нагарданд ва ояндаро дуруст дарк карда, онро дуруст қабул намоянд.
Хушбахт на он касе, ки бой, бой он касест, ки хушбахт аст.
Комментариев нет.