Бомба зидди терроризм
Имрӯз такони бузурги терроризм тамоми ҷаҳонро ба тарсу ваҳм овард. Вабои асри XXI терроризм ва экстримизм шудааст ва вазъияте, ки дар Сурия гузашта истодааст, ба мо бояд дарс шавад. Як давлати бузург, ки таърихи тӯлонӣ дорад, ба замин яксон шудааст. Замини Сурия майдони хунрезӣ шудаасту ҷавонон бе ягон андеша ба ҷанг рафта истодаанд. Бародар зидди бародар ваҳшиёна мубориза бурда истодааст. Саволе ба миён меояд, ки чаро чунин ҳолат рух дод? Чаро онҳо гумроҳ ҳастанд, фикру ақидаи комил надоранд? Аввалин андешае, ки ба сари инсон меояд, муаллими ин шахсон кистанд?
Терроризм
Дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ — А. Одинаев чунин иброз медоравд, ки дар Сурия, Ироқ имрӯзҳо гуруҳҳои ифротгароён амалиёти террористӣ ташкил намуда, оммаро ба изтироб меоваранд. Онҳо бо роҳи ваҳшиёна одамонро ба қатл расонида, онро бо воситаи сомонаҳои гуногун намоиш медиҳанд. Бояд зикр кард, ки мақсади гуруҳҳои ифротгарои чунин рафторҳои ваҳшиёна дар байни ҷомеа ба вуҷуд овардани тарс, ҳарос ба шумор меравад.
Амалҳои террористӣ аз тарафи гуруҳҳои ҳизби Таҳрир, Ваҳҳобия, Салафия, Ансоруллоҳ ва ғайраҳо ташкил карда шуда истодааст. Онҳо бо ҳар роҳ кӯшиш карда истодаанд, ки ҷавононро ба ҳайати худ ҷалб карда, онҳоро дар амалиётҳои террористии худ истифода баранд.
Тавре маълум аст, гуруҳҳои террористӣ вазифаи асосии амалиётҳои худро дар ташкил додани давлати исломӣ дар шакли хилофат меҳисобанд. Баҳри ин онҳо мақсад ва амалҳои террористии худро бо ғояҳои динӣ омезиш дода, худро ҳимоятгарони ҳақиқии дини ислом нишон медиҳанд. Аммо ин амалҳои террористӣ бо ғояҳои инсондӯстонаи дини мубини ислом ҳеҷ алоқамандӣ надорад. Зеро дини ислом амалҳои нопокро нисбати инсон ҳамеша маҳкум менамояд.
Ифротгароён аз паст будани сатҳи маърифати сиёсии ҷавонон истифода карда, онҳоро бо роҳи фиребу найранг ба доми худ дароварда, барои амалӣ намудани ниятҳои худ истифода мебаранд.
Тавре маълум аст, дар натиҷаи гумроҳ шудан зиёд ҷавонони тоҷик имрӯз дар ҳайати ҷангиёни ДИИШ дар Сурия дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок карда истодаанд, ки чандин нафари онҳо дар муҳорибаҳо ҳалок гардидаанд.
— Ба ақидаи ман, ҳолати тезутунди асри XX ва XXI намунаи нангини тамоми ҷаҳон шуд. Ин ҷанг ба сохтори динӣ мубаддал шуда, муносибати байнидавлатӣ, сиёсати ҷаҳонӣ гардид. Иштирок дар муносибатҳои байналхалқӣ ва ҳалли проблемаҳои сиёсати хориҷии давлате, ки он ба мудохила ба корҳои дохилии мамлакатҳои дигар ва бо зӯрӣ бор кардани иродаи худ ба дигарон асос ёфтааст, тамоюли ҳукмронии тамоми ҷаҳон шудааст,- афзуд ҷаноби Одинаев.
Мақсад ва самараи иштирок дар чунин чорабиниҳо сиёсати давлатӣ, сатҳи зиндагӣ ва маданияти халқҳоро нишон медиҳад.
Якум, муносибати терроризм тамоми ҷаҳонро пахш кардааст, ки асосан минтақаҳои Шарқи Наздик ва Ҷануби Азия мебошад.
Дуюм, муносибати терроризм хатари ҷиддӣ барои давлатҳои ҷудогона ва тамоми ҷаҳон мебошад.
Сеюм, зӯри давлатҳои ҷудогона ва давлатҳои пуриқтидор намерасад ва бояд тамоми ҷаҳон аз як гиребон сар бароварда, муборизаи шадид баранд.
Ҳамин ҷо бояд илова намуд, ки проблемаи терроризм асосан вобаста ба мафкураи инсонӣ мебошад.
СССР
Агар ба гузашта, ба давраҳои Иттифоқи Шӯравӣ назар андозем, терроризм ва экстремизм хеле кам ба назар мерасид. Ин калима дар мафкури мардум ҷой ҳам надошт. Республикаҳо бо ҳам аҳл ва иттифоқ зиндагӣ доштанд. Тарбияи ватандӯстӣ, инсону инсонгарӣ дар ҷои якум меистод. Меҳнат кардан аз рӯи виҷдон буду фиреб ва найранг кардан набуд. Ҳодисаи ғайричашмдошт ба вуҷуд ояд, ҳамчун сирри махфӣ буду тез пахш мешуд. Мардум фарзандони худро ба лагерҳо ва шаҳрҳои дигар мефиристоданду хавф ҳам надоштанд. Зиндагии мардум рангин ва бой набошад ҳам, ҳисси ватандӯстӣ дар ҷои аввал меистод, ки ин ҳама хизмати Партияи коммунистӣ буд. Дар ин давра ба тарбия диққати махсус дода мешуд, яъне ба мактаби миёна. Ногуфта намонад, ки маоши омӯзгор баланд буду ба зиндагиаш мерасид ва ӯ хотирҷамъ аз фардо буд ва тамоми илму донишу меҳру садоқаташро ба толибилмонаш ҳадя мекард. Аз ин рӯ, сатҳи дониш дар Иттифоқи Шӯравӣ баланд буду тамоми олимон ва мутафаккирони бузург аз ҳамин ҷо мебаромаданд. Шояд ҳамин сабаби асосӣ бошад, ки террорист дар ин давраҳо қариб вуҷуд надошт.
Имрӯзи мо
Шароити мактаби имрӯза, ки бо барномаву системаҳои нави маориф тасдиқ шудаву кор мебарад, яке аз беҳтаринҳо мебошад, ки дар он таҷрибаҳои дигар давлатҳои пешқадам дида мешавад. Мо медонем, ки хатмкунандагони донишгоҳҳои педагогӣ даҳҳо ҳазоранд, вале имрӯз савол ба миён меояд, ки чаро дар макотиби ноҳияҳои дурдасту наздик муаллим намерасад? Аз Эшонқулов Шавкат ҳамин саволро пурсон шудем? Дар ҷавоб гуфт: «Ягона муаммои омӯзгорон — ин маоши онҳо мебошад, ки ба зиндагиашон намерасад. Ба исботи ин гуфтаниам, ки омӯзгорон дар муҳоҷират дар бозорҳои меҳнатӣ ҳамчун мардикор кор мекунанду зиндагиашонро пеш мебаранд. Агар маоши онҳо ба имрӯза шароит мутобиқ мебуд, барои 20000 рубли русӣ, ки тақрибан ба 2000 сомонӣ баробар аст, ба давлатҳои хориҷа сафар намекарданду ба қишлоқҳои дурдасти мо рафта, омӯзгориро пеша мекарданд».
Равоншинос Сайфиддин Сабурӣ дар расонаҳои интернетӣ мегӯяд, ки муаллим набояд ниёзманд бошад: «Бе мактабу маориф ягон кишвар наметавонад пеш равад, зеро ҳама пешравиҳоро маҳз ашхоси босаводу бофарҳанг роҳандозӣ мекунанд. Дар ҷомеае, ки муаллим чашми тамаъ ба ҷайби хонанда медӯзад ва аз волидони шогирдонаш бо ҳар баҳона пул меситонад, ҳеҷ гоҳ пешравӣ дида намешавад. Зеро беҳуда нагуфтаанд, ки «он чӣ шеронро рӯбаҳмиҷоз мекунад, эҳтиёҷ аст!». Замоне, ки мо хонандаи мактаб будем, мавқеи муаллим хеле баланд буд. Имрӯз ниёзмандии муаллим ӯро назди шогирдон беқадр гардонидааст. Сухани шахси ниёзманд ҳарчанд дар дониш Афлотун бошаду дар хирад Сино, ба гӯши касе намедарояд. Хуб аст, ки ҳукумати кишвари мо ғами омӯзгорро мехӯрад ва бояд чунин бошад. Дар Чин барин давлати абарқудрат, ки қариб кулли тиҷорати ҷаҳон дар дасти ӯст, муаллим аз генерал дида маоши бисёр мегирад. Бе муҳобот, ҳамин арҷ гузоштан ба меҳнати муаллим аст, ки ин мардум ин қадар доноянд. Дар аксари мамолики мутараққии олам маоши омӯзгор хеле баланд аст. Аз касе пӯшида нест, ки то одам ҳаматарафа таъмин набошад, дилу хотираш ҷамъ набошад, кораш омад намекунад».
Фундамент
Синну соли наврасӣ хонандагони синфҳои 5-9-ро дар бар мегирад, яъне аз синни 11-12 то 14-15-солагӣ. Ин зинаи синнусолӣ дар адабиёти психологӣ «давраи гузариш» ва давраи «пойдоргардии ҳаёти инсон» ба қалам дода мешавад. Аз як тараф, дар ин синну сол организми наврасон аз ҷиҳати зоҳирӣ бо калонсолон хеле монанд шавад ҳам, бо вуҷуди ин, дар байни онҳо тафовути куллӣ ба вуҷуд меояд. Аз тарафи дигар, наврасон ҳоло на шахси баркамоланду на бачаи хурдсол. Онҳо дар «зинаи гузариш» буда, тағйироти куллии анатомию физиологӣ, психологӣ ва биологиро аз сар мегузаронанд. Аз ин рӯ, душвории овони наврасӣ пеш аз шаклҳои нави муоширати байниҳамии онҳо бо ҳамсолон ва бо атрофиён зоҳир мегардад. Инчунин, дар ин синну сол шароити зист, фаъолияти таълимӣ ба куллӣ тағйир меёбад. Ин тағйирот асосан дар системаи асаб, фаъолияти психикӣ, дар тарзҳои муошират бо атрофиён ва дар ҷараёни таълим бо омӯзгорон ба вуҷуд меояд. Бинобар ин, монандшавии фикрию ҷисмонӣ, дурудароз ба асаб фишор овардан ва аз сар гузаронидани ҳолатҳои эмотсионалӣ, масалан ҳодисаҳои тарс, қаҳру ғазаб, ранҷиш таҳқир ва ғайра боиси вайроншавии вазифаи системаи асаб шуда метавонад. Илова бар ин, балоғати ҷинсӣ ва тағйироти куллии биологие, ки дар организми наврасон ба вуҷуд меояд, ба фаъолияти системаи асаби онҳо таъсир бахшида, боиси инҷиқӣ, зудранҷӣ, тундмиҷозӣ ва дағалии онҳо мешавад. Аз ин рӯ, чунин хусусиятҳои психологии наврасонро дар рафти кори таълиму тарбия ба ҳисоб гирифтан зарур аст.
Равоншинос Л. С. Виготский зинаи синнусолии наврасонро омӯхта, ба чунин хулосае омадааст, ки дар инкишофи шахсияти наврасон омили иҷтимоӣ, алоқаи наврасон бо олами иҳотакарда аҳамияти калон дорад. Тағйироти муҳими биологӣ — ҷинсӣ ва психологие, ки ба давраи гузариш хос аст, ба муҳити атроф алоқаи зич дорад.
Ҳамин тавр, назарияи давраи гузариши бачагон ба зинаи калонсолӣ ба шароити мушаххаси ҳаёти иҷтимоӣ, инкишофи ҷисмонӣ, биологӣ ва мавқеи ишғолкардаи ҷамъиятии онҳо вобаста аст.
Ҳодисаҳоеро мушоҳида кардан мумкин аст, ки дар баъзеи наврасон хеле барвақт «ҳисси калонсолӣ» пайдо мешавад, ки онҳо кӯшиши бештар ба даст овардани мустақилиятро аз як тараф ва аз тарафи дигар бошад, боварии одамони калонсоли гирду атроф боиси он мегардад, ки наврас на танҳо аз ҷиҳати иҷтимоӣ, балки аз ҷиҳати физиологӣ ҳам худро ба калонсолон монанд карда, баъзе рафторҳои ношоям содир мекунад.
Дар ин синну сол гузаронидани суҳбатҳои фардӣ аҳамияти калони тарбиявӣ доранд. Ин суҳбатҳо ҳамон вақт натиҷаи хуб ва судманд дода метавонанд, ки агар дар байни муаллиму наврас муносибатҳои самимӣ, хайрхоҳона, беғаразона ва боваринокӣ вуҷуд дошта бошад. Махсусан дар шароити имрӯза зарурияти ба тарбияи маънавӣ — ҷинсӣ ва ахлоқии наврасон дар оила ва мактаб диққати ҷиддӣ додан ба миён омадааст.
Хулоса
Ҳама медонем, дар Конститутсияи кишвар озодии баён ва озодии ҳуқуқи фитрӣ ишора шудааст, ки бисёр хуб ва демократӣ аст. Ин падида водор менамояд, ки ба сари ҳар як масъала ҷиддӣ ва бо масъулият назар андозем ва чигилҳои зиндагиамонро мӯ ба мӯ шона намуда, ба ҳар як саволамон посух ёбем, зеро зиндагӣ чизи мураккаб аст.
Пешравиҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас аст ва то имрӯз Тоҷикистон қадам ба қадам пеш рафта истодааст. Акнун вақти он расидааст, ки сатҳи зиндагии омӯзгоронро аз нав дида бароем. Ҳатто дар Чин маоши омӯзгорон аз низомиён зиёдтар аст. Намояндаҳои касбу кори гуногун, ғайр аз маошашон дар ҳама иду айём мукофотпулӣ ва илова ба маоши рухсатии меҳнатиашон, табобатпулию истироҳатпулӣ мегиранд. Дар ҳама давру замон бояд қадру қиммат ва эҳтироми омӯзгор боло бошад, зеро ин касб пешаи паёмбарист. Омӯзгор ягона шахсе мебошад, ки тавлидгари ояндаи дурахшони миллат аст.
Аз гуфтаҳои боло ва исботи онҳо бармеояд, ки имрӯз бомбаи зидди терроризм — ин диққати махсус додан ба таълиму тарбия дар мактаб аст. Аз ин рӯ, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф карда мешавад, ки маоши омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар ҳаҷми 1 воҳиди корӣ на кам аз 4000 сомонӣ, баробар ба 500 доллари амрикоӣ мабағгузорӣ карда шавад.
Боварӣ дорам, ки бо роҳҳои мазкур метавонем тарбия ва ахлоқи ҷавононро дигаргун намуда, дар зеҳни онҳо ишқи Ватан-модарро ҷой кунем.
Комментариев нет.