+992 92 777 2675

СССР вуҷуд дорад!!!

СССР вуҷуд дорад!!!

СССР вуҷуд дорад!!!

Нет комментариев

Имрӯз таҳримҳои кишварҳои Аврупо ва Амрико алайҳи Русия тамоми кишварҳои кӯчак ва бузурги дигарро илҳом бахшидааст. Аксари давлатчаҳои фурсатталабе, ки қаблан аз Русия меҳаросиданд, имрӯз аз тавҳину таҳримҳои Амрико ҷони тоза гирифта, гӯё санги маломати худро ба сари сиёсати геополиткии Русия зада истодаанд. Ҷумҳуриҳои Чех ва Полша ва дигар давлатҳое, ки замоне бо кӯмаки бевоситаи Русия аз чанги фашизм озод шуданд, имрӯзҳо ин некиро ба гӯшаи фаромӯшӣ супорида, аз дурии дурҳо Русияро маломат мекунанд.

Миллати рус пуртоқаттарин миллат аст

Ҳамаи онҳо чунин мепиндоранд, ки Амрико муттакои онҳост. Аммо аз кӯмакҳои бебозгашт ва ёриҳои ҳарбӣ фаромӯш кардаанд. Аксар аллакай табли шодӣ зада истодаанд, ки гӯё Русия нафасҳои вопасини худро кашида истодааст. Дар Аврупо аллакай коршиносон мисли сотсиалистони хаёлӣ тахмину далел зада истодаанд, ки гӯиё баъди фалон сол Русияи муқтадир барҳам пошида шуда, ба давлатчаҳои майда-майда қисмат мешавад. Мутаассифона, дар ин раванд баъзе кишварҳои собиқ ИҶШС низ ғарқаи тавоноии ИМА шуда, мушти маломат ба сари Русия бардошта истодаанд.

Аммо набояд фаромӯш кард, ки Русияи бузургу муқтадир ҳанӯз дар давраи оилаи Романовҳо тақрибан чорсад сол салтанати ҷаҳонӣ ронд ва худро ба ҷаҳониён шиносонида буд. Набояд фаромӯш кард, ки ин дунё ду ҷанги ҷаҳониро паси сар кард. Ва ҳар ду ҷанги ҷаҳониро маҳз Русия тавонист, ки хатм кунад ва осоиштагию сулҳро ба ҷаҳониён ҳадя созад. Набояд фаромӯш сохт, ки замоне Русия тавонист 15 давлат ва зиёда аз 100 миллатро муттаҳид сохта, дар дунё давлати наве бо номи СССР созад. Ҳол он ки, то ташкилёбӣ ва пас аз фурӯпошии СССР ягон абарқудрати ҷаҳон натавонистааст чунин адад давлату миллатро муттаҳид сохта, давлати иттифоқ сохта бошад. Чунки чунин қудрат, тавоноӣ ва идроки устуворе, ки Худованд ба Русия додааст, ба ягон халқияту миллат надодааст. Исбот шудааст, ки пуртоқаттарин ва пурқудраттарин миллат — ин миллати рус аст.
Исбот шудааст, ки халқи рус аз гуруснагӣ мемираду таслим намешавад. Инро ҷанги алайҳи фашизм исбот кард, ки бо як бурда нону як пиёла об миллати рус метавонад сию ду рагу пайвандашро ҷамъ карда, тамоми дунёро чаппа намояд.

Вируси аврупоӣ ва антивируси русиягӣ

Хосатан ҳисси русбадбинӣ дар вуҷуди тамоми кишварҳо замоне рӯ зад, ки Аврупо ва дигар кишварҳои ҳаммаслаки он сиёсати Русияро маломат карда, таҳрим эълон намуданд. Бо санксияҳои нав ба нав ва булаҷаби Амрико дар вуҷуди тамоми кишварҳои фурсатталаб мисли вирус эҳсоси бадбинӣ ва таманнои аз байн рафтани ин давлати бузургу муқтадир пайдо шуд. Вируси русбадбинӣ ба ҳадде авҷ гирифт, ки ҳатто кишварҳои замоне аз Русия қарздору абгор низ ҳаммаслаку ҳамдаст ба Аврупову Амрико шуда, некиҳои қаблии Русияро ба гӯри фаромӯшӣ дафн карданд. Аммо чун пешрафти технология ҳар ҷое агар вирус пайдо шуд, ҳатман антивирус низ зода мешавад. Паёми ахири Владимир Путин ба Думаи давлатии ФР ва аъзои фаъоли кишвараш мисли антивирусе буд, ки нахустин иқдомҳои худро ба миён гузошт. Агар ҷиддан ба паёми Путин назар афканем, бешак мебинем, ки стратегияи Ленин дар замони муосир бо шеваи ҷадиду созгор рӯйи кор омадааст. Бешак, ӯ ба тамоми абарқудратҳои ҷаҳон паём фиристод, ки миёни Русияро касе нашикастаасту шикаста ҳам наметавонад.

Фарзиянигор, пешгӯикунандаи беҳтарин ва дурбинтарин инсонҳои сатҳи ҷаҳонӣ — Ванга ва Нострадамус ҳанӯз 30 сол қабл ҳадс зада буданд, ки дар оғози асри 21 тамоми кишварҳои славянӣ ва ҳамҷавори онҳо ба пиромуни Русия мепечанд ва қудрати ҷаҳонгири миллати рус соҳиби Аврупо ва соҳибмулки тамоми дору надори он мегардад. Маҳз ҳамин пешгӯиҳои Ванга ва Нострадамус рашки олами Аврупо ва Амрикоро овардааст. Танҳо соҳиби ирода худи Худованд аст, аммо ақл ҳукм мекунад, ки илмҳое, ки Ванга ва Ностардамус доштанд, илмҳои худодод буданд ва бешак гуфтаҳои онҳо дар қадамҳои нахустини амалишавӣ қарор доранд. Набояд Аврупо фаромӯш кунад, ки ҳар қадар фишору ҳисси бадбинии онҳо нисбати Русия боло шавад, ҳамон қадар пирӯзии мутлақи Русияро наздик месозад.
Ин вируси сохтаи Аврупо ва Амрико аз гулӯи худи онҳо хоҳад гирифт.

СССР-и нав ба миён меояд

Дар федералҳои минтақавии Русия то ба ҳанӯз қарор доштани Чеченистон, Доғистон, Тотористон, Ингушетия, Кабардино-балкар, Карачаево-Черкесс ва дигар давлатҳо мазмуни ҳанӯз ба охир нарасидани давлати абарқудрати СССР-ро дорад. Ҳанӯз дар кишварҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз ба сифати назоратчӣ ҳузур доштани низомиёни ҳарбии Русия мазмуни аз байн нарафтани девори бузурги СССР аст. Аз ҷумла дар Тоҷикистон арзи вуҷуди кардани дивизияи 201-уми Русия маънии томи сарҳади СССР бо Осиёи Марказиро бозгӯӣ менамояд.
Маҳз ин нуктаҳо дарди сари бедармони Аврупо ва Амрико мебошад. Маҳз чунин стратегияи бузурги Русия боис шудааст, ки кишварҳои васвоси Аврупо ва Русия наметавонанд ҷойгоҳашонро дар Осиё истеҳком диҳанд. Агар фаротар равем, истилоҳи «тақсим куну ҳукумат рон» дарди нобасомони онҳоест, ки рушди Русия ва дар оянда боз ба миён омадани СССР-и нав бо мудерни навро намехоҳанд. Онҳо мехоҳанд, ки боз Осиёро мисли солҳои 1800-ум ба мустамликаҳо табдил дода, тамоми бойигариашро аз худ кунанд. Маҳз стратегияи бузурги Русия аст, ки намегузорад ба сарвати бебаҳои Осиёи Миёна ва дигар кишварҳо дасти ғосибонаи Амрико ва Аврупо дароз шавад. Шаке нест, ки Русия ҳеҷ гоҳ намехоҳад масалан сарвати Тоҷикистонро Амрико ва ё дигар кишварҳои абарқудрат ройгон кашонанд. Яке аз стратегияи оқилона ва сиёсати геополитикии Русия маҳз ин аст, ки сарвати дигар миллатҳоро ҳифз мекунад, то худи миллатҳо аз он фаровон истифода баранд. Ин нуктаро имрӯз касе шояд тан нагирад, аммо тафсири стратегияи Русия ба ғайр аз ин ҷавҳар дигар нуктаеро ишора намекунад.

Иқдомҳои Русия аз ба миён омадани СССР-и нав дар мудерни нав дарак медиҳад. СССР-и нави беинқилоб, СССР-и нави замонавӣ, ихтиёрӣ ва соҳибихтиёрӣ. СССР-и асри 21! Ин нуктаро кишварҳои русбадбини абарқудрат аллакай медонанд ва дар пӯсту устухонашон эҳсос мекунанд. Пайвастани Қрим ба Русия боиси рашки онҳо шудааст. Дахолат ва васвасаи Аврупо ба Украин низ маҳз ҳамин дарди носури кишварҳои ҳаммасалаки аврупо ва Амрикост, ки дар муқобили озодандешиҳои Русия мебошад. Онҳо хуб медонанд, ки дар тӯли 5-10 соли оянда аз нав барпо шудани як салтанати нав аз худ дарак дода истодааст. Онҳо хеле хуб медонанд, ки тӯли 5-10 соли оянда на фақат кишварҳои собиқ ҷамоҳири Шӯравӣ, ҳатто аксари кишварҳои Аврупо майли пайвастан ба Русияро мекунанд. Аз ин хотир, дар пӯстинашон кайк даромадааст ва онҳоро ором намегузорад.

Дар паҳлӯи Русия будан зарур аст

Тӯли 23 сол аз ҳисоби пулҳои муҳоҷирон ба Тоҷикистон ҳар сол тақрибан 4 милиард доллар (ду баробари буҷаи давлатӣ), ба Қирғизистон ҳамин миқдор, ба Ӯзбекистон тақрибан 3 миллиард, ба Армения 6-8 миллиард доллар, ба Озарбойҷон низ ҳудуди ҳамин миқдор ва ба дигар кишварҳои Қафқоз милиардҳо доллари дигар ворид мешавад. Ба ҷуз ин, муҳоҷирони юнонӣ, туркӣ ва ғайра, миллатҳои Прибалтика ҳар сол миллиардҳо доллар, ки қариб баробари буҷаи давлатиашонро ташкил медиҳад, аз Русия бебозгашт мекашонанд. Шаҳрвандони Чину Ветнам ва дигар мамлакатҳои Осиё низ ҳамин гуна аз инояту меҳрубонии Русия бархӯрдор шуда истодаанд, ки ҳисобу ададашро ба ҷуз Худо касе намедонад.

Ба ғайр аз ин, садҳо миллион шаҳрвандони давлатҳои дар боло ишорашуда тӯли солҳои истиқололияташон шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд. Ин дар ҳолест, ки миллионҳо нафари дигари шаҳрвандони кишварҳои мазкур дар арафаи гирифтани шаҳрвандии Русия мебошанд.

Бо ин нуктаҳои ишорашуда метавон ба натиҷа расид, ки агар имрӯз Русия бо дигар кишварҳои абарқударти зиддируссиягӣ мушкил дорад, пас бе шак ин муаммо мушкили ҳамаи мост. Ба ин хотир, зарур мешуморам, ки ҳамин шабу рӯз дар канори Русия будан зарурати геополитикӣ мебошад. Зеро, нони касеро аз хонаш хӯрдану дар лаҳзаи мушкилияш дурӣ ҷустан, оини мардӣ нест. Шеъри бузурги «Чу узве ба дард оварад рӯзгор…»-и Саъдии Шерозӣ, ки дар пештоқи боргоҳи СММ дар Женева бо 150 забон ҳаккокӣ ва тарҷума шудааст, маҳз ҳамин нуктаро ишора мекунад, ки ин дард дар узви ҳамаи мо бояд бошад.
Мардӣ фақат ҳамин аст, ки ба Русия маънаван ҳатто кӯмак расонидан, шараф ва қарзи ҳар яки мо миллатҳои дар боло ишорашуда мебошад.

Лутфулло ЯҚУБОВ, махсус барои «Фараж» №51 17.12.2014.

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

şans casino |
vidobet |
vidobet |
vidobet güncel giriş |
vidobet giriş |
casinolevant |
casinolevant |
casinolevant |
vidobet giriş |
şans casino |
casinolevant giriş |
casino şans |
şans casino giriş |
casino levant |
casino şans |
casino şans |
boostaro |
casinolevant giriş |
şans casino giriş |
casinolevant giriş |
şanscasino |
vidobet |
vidobet giriş |
levant casino |
vidobet giriş |
nigeria betting |
sports betting |
goka |
nigeria betting |
goka |
gokabet |
vidobet |
deneme bonusu veren siteler |
deneme bonusu veren siteler |
deneme bonusu veren siteler |
goka casino |
gokabet |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant güncel giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant güncel giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
natobet |
natobet |
natobet |
natobet |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
marsbahis |
marsbahis |
casinolevant |
kavbet |
marsbahis güncel erişim