+992 92 777 2675

Серзанагӣ: Иноят ё ҷиноят?

Серзанагӣ: Иноят ё ҷиноят?

Серзанагӣ: Иноят ё ҷиноят?

Нет комментариев

Ошкоро бояд қайд намуд, ки тибқи зарбулмасали маъмулии халқӣ, ҳар марде, ки зиёда аз ду шим дорад, ҳатмӣ набошад ҳам, ихтиёрӣ ду зан мегирад. Ба гуфтаи аксари шоҳидону ҳамсӯҳбатон, имрӯзҳо ҳар марди тоҷикистоние, ки андак пулу мол ва ё имконияти иқтисодӣ дорад, албатта дузана ва ё серзана мебошад. Агар дузана набошад ҳам, дар сар фикри зани дуввум гирифтанро мепарварад.
Вақте рақамҳо сухан мегӯянд…

Тавре аз маълумоти дақиқи Раёсати асноди ҳолатҳои шаҳрвандии мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бармеояд, тӯли нӯҳ моҳи соли 2014 аз 17578 нафар аз қайди никоҳи давлатӣ гузаштагон 2893 нафар расман аз никоҳи ҳамдигар ҷудо шудаанд. Ин дар ҳолест, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 (дар нӯҳ моҳ) 18274 ҷавонон ақди никоҳ бастаанд, ки аз ин 2437 нафар қатъи никоҳи расмӣ намудаанд. Пас, чунин бармеояд, ки 420 адад ҷудошавии оилаҳои навбарпо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар ба назар мерасад.
Агар ба теъдоди бастани ақди никоҳ низ назар кунем, мебинем, ки сол ба сол ҷудошавии оилаҳо хеле рақамҳои ташвишоварро пешорӯйи мо меоранд. Суоли матраҳ ин аст, ки ба ҳар як зани ҷудошуда оё имкони дубораи бахту иқболи баланд насиб мекунад? Ё аз ҳисоби зиёдшавии муҳоҷирати меҳнатӣ занону духтарони бешавҳар монда, зани дуввум мешаванд?
Тавре аз омори Раёсати асноди ҳолатҳои шаҳрвандии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Суғд дида мешавад, айни ҳол дар вилояти Суғд 47620 нафар ҷавонони синну соли болиғи оиладорӣ вуҷуд доранд. Аз ин 24983 нафар ҷавонписар ва 22637 нафар ҷавондухтар мебошанд.

Агар фаразан гӯем, ки теъдоди ҷавонписарони болиғ ва қобили оиладорӣ 24983 адад бошад, аз ин тақрибан 50 фисади онҳо ба Русия ва дигар кишварҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Яъне агар барои мисол аз ин 12 ҳазор ҷавонони зангир бошад, ба ин рақамҳо 22 ҳазор духтари шавҳаркунанда рост меояд. Яъне ба як нафар ду ва ё зиёда аз он зан рост меояд.
Метавон як нуктаи дигарро қайд намуд. Ҷавононе, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, бештари онҳо дар он ҷо макони зисту кор ва ҳамсар ихтиёр мекунанд. Ин нукта ба касе пӯшида нест. Ба ҷуз ин, муҳоҷир-ҷавонони мо вақте дар Русия хонаҳои аз ҷиҳати коммуналӣ бо газу барқи доимӣ ва оби гармро мебинанд, ҳеҷ вақт фикри бозгашт ба ватанро намекунанд. Аллакай онҳо сарнавишти ояндаи худро гӯё ба таври худ ҳал кардаанд.

Ростӣ, вақте аз ин рақамҳои болоӣ сухан мегӯянд, дили касро ваҳм фаро мегирад. Пас, бешаку бебаҳс, барои духтару занони бешавҳар ё зани дуввум шудан рост меояд, ё фоҳишагӣ. Шукри Худо, миллати тоҷик тамаддуну одоб ва гирумони шарқиёнаи худро дошту дорад. Ба ин хотир, бояд тазаккур дод, фоҳишагӣ охирин роҳ аст, ки занону духтарон дар натиҷаи ба бӯҳрони зиндагӣ дучор шудан даст ба ин кор мезананд. Аммо яқин аст, бо вуҷуди он, ки аксари занони дуввум пинҳонӣ никоҳ шудаанд, онҳо аз фоҳишагӣ дида, дуввум зан буданро афзал мешуморанд. Зеро дигар чораи таъмини ҷинсии худу таъмини иқтисодиашонро надоранд.

Кризиси шавҳар ҳал шуд: Марҳамат! Шавҳари чинӣ!

Вақтҳои охир ба шавҳари хориҷӣ баромадани духтарону занон мӯд шудааст. Теъдоди зиёди онҳо ба миллатҳои ғайр, аз ҷумла ба шаҳрвандони чиниву англису итолёвӣ ва дигар миллатҳо ба шавҳар мебароянд. Яъне, бо ин роҳ гӯё кризиси шавҳар дар Тоҷикистон ба таври автоматикӣ ҳал шудааст.

Аммо ин нукта аз ҷониби ҷомешиносон манфӣ арзёбӣ мешавад, ки ба андешаи онҳо, генофонди миллӣ аз байн меравад, нажоди миллӣ гум мешавад, гароиш ба дину оини ғайр зиёд шуда, забони тоҷикӣ ба хавфи махлутшавӣ ва ё комилан аз байн рафтан мувоҷеҳ мегардад. Зеро агар инсофан гӯем, аз шавҳари чинӣ фарзанди тоҷик таваллуд намешавад.

Дар сурати баръакс, яъне шавҳари дуввум ихтиёр накардану ба шавҳари хориҷӣ набаромадан, аз ҳисоби фоҳишагӣ зиёд шудани касалиҳои сироятии ВИЧ СПИД, Гепатит ва дигар намуди оризаҳои ҷинсӣ ба вуқӯъ пайваста, гузашта аз ин, занону духтарони бешавҳар ба хотири пайдо кардани маблағ ба ҷиноятҳои қочоқи одам ва маводи нашъаовар даст мезананд.

Серзанагӣ охирин ва ягона чораи кор аст?

Коршиносон раҳоӣ аз ҳолатҳои болоиро таҳлил намуда, бо роҳи қонунӣ иҷозат додани дузанагӣ ва ё серзанагиро ягона ва охирин чораи кор медонанд. Коршинос Неъматулло Мирсаидов покиза нигоҳ доштани ҷамъиятро ба назар гирифта, изҳор мекунад, ки бояд парлумони Тоҷикистон қонуни наве ба тасвиб расонад, ки ин ниёзро чораҷӯӣ намояд.

— Барои нигоҳ доштани занон аз фоҳишагӣ ва пешгирии касалиҳои музирру ҷинсӣ бояд парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонуни навро ба тасвиб расонад, ки бо назардошти имконияти иқтисодӣ ва розигии зани нахустин иҷозати гирифтани зани дуввум ба роҳ монда шавад. Бояд ба инобат гирифт, ки мардоне, ки дар фақру қашшоқӣ зиндагӣ ба сар мебаранд, қатъан бояд аз дуввум зан худдорӣ варзанд ва ин чиз дар қонуни нав низ бояд ҳатман ба назар гирифта шавад. Як чизи дигар ин ки, баъзе занҳо беморанду шавҳаронашон ба роҳи каҷ мераванд. Қонунӣ гирифтани зани дуввум низ боис мешавад, ки мардон ба фисқу фасод даст намезананд,- мегӯяд ӯ.
Ба гуфтаи бештари ҳамсӯҳбатон, барои наҷот аз хатарҳое, ки дар боло ишора шуд, ягона ва охирин роҳ қонунан иҷозат додани никоҳи зани дуввум мебошад.

Эҳтимоли занҷаллобӣ ва ифрот дар зангирӣ

Шояд матлаби мо хотири баъзероҳо мағшуш нигоҳ дорад, ки баъди иҷозат ба никоҳи зани дуввум мардон занҷаллобу ифротӣ хоҳанд шуд. Ин даъво албатта дуруст аст. Аммо қаблан пешгирии баъзе ифротгароии мардон дар гирифтани зани дуввум ва илоҷи воқеаи занҷаллобӣ бояд дар тарҳи шартномаи никоҳ низ таҳрир карда шавад.

Неъматулло Мирсидов шартномаи никоҳро маҳаки асосии ҳимояи ҳуқуқи зан унвон карда, ишора намудани ҳақ, эътибор ва шаъни ҳар ду занро дар шартномаи никоҳ зарур мешуморад.
— Бигзор дар шартномаи никоҳ ишора шавад, ки мардон дар сурати гирифтани зани дуввум бояд мувозинати ду тарафро риоя намоянд. Ҳар ду зан бояд аз нигоҳи инсоф дар тақисми меросу хона ва дигар имкониятҳои иқтисодӣ баробар бархӯрдор бошанд. Авлавияти ин ё он зан қатъиян манъ шуда, барои мардоне, ки ин ё он тарафро аз тарафи дигар боло медонанд, ҷазо таъин карда шавад,- илова мекунад ӯ.

SOS: Ҳуқуқи занҳо паст шудан мегирад, агар…

Воқеан, имрӯз мардоне ҳастанд, ки зани дуввум гирифта, баъди таваллуди як ё ду фарзанд аз масъулият мегурезанд. Аз сабаби он, ки имрӯз аз ҷиҳати қонун ҳимояи ҳуқуқи зани дуввум риоя намешавад, дар натиҷа занҳо комилан сарсону саргардон ва бесаробон монда, аз тарбия ва навозиши падар якумр дур ва маҳрум мемонанд. Дар натиҷа тарбия ва таъмини фарзандон ба дӯши модарон вогузор шуда, маҷбур мешаванд, ки барои таъмини онҳо ва қонеъ гардонидани талаботи ҷинсии худ даст ба зино зананд. Аз ин хотир, қонунан ишора намудани ҳуқуқи зани дуввум ва дар шартномаи никоҳ ба таври ҳатмӣ сабт гардидани ин нукта ба таври бояду шояд ҳуқуқи занҳоро ҳимоя мекунад ва мардон барои гирифтани зани дуввум албатта фикри оқилона менамоянд.

Баъзан ҳолат мешавад, ки мардон бо гирифтани зани дуввум аз ҳуқуқу озодиҳо, таъмини моддиву молии зани якумашон фаромӯш мекунанд. Ба ин хотир, дар шартномаи никоҳ ҳатмӣ шуморидани розигии зани аввал ва бемаҳдуд ва бетаваққуф таъмин намудани талаботи моддиву молӣ ва биологии ӯ бояд ишора гардад.

Бисёр ҷавондухтарону занонеро ҳамаи мо медонем, ки баъди зани дуввум шудан, фарзанддор мешаванд. Бо сабаби он, ки қонун иҷозат намедиҳад, никоҳи онҳо пинҳонӣ сурат гирифтааст. Бо ин пешомади талх фарзандони онҳо танҳо падарашонро мешиносанду бобову бибии тарафи падар ва меҳру навозиши онҳоро як умр надидаанд, ки албатта, як андоза аламовар ва беинсофӣ мебошад. Гуноҳи ин кӯдакон чист? Ва кадом қонун ҳуқуқи ин гуна кӯдакони нимсағираву нимятимро ҳимоя мекунад?
Вагарна, бояд мардона иқрор шуд, ки аксари зимомдорони мо соҳиби дуввуму севум зан ҳастанд. Аз никоҳи дуввум фарзанд низ доранд ва бовар дорам, касе ин нуктаро рад карда наметавонад.

Ва ба итминони мо, ба ҷуз қонунӣ кардани зани дуввум Тоҷикистон дигар роҳи наҷот надорад!

Лутфулло ЯҚУБОВ, махсус барои «Фараж» №52 24.12.2014.

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

deneme bonusu veren siteler |
casino siteleri |
şans casino |
vidobet |
vidobet |
vidobet güncel giriş |
vidobet giriş |
casinolevant |
casinolevant |
casinolevant |
şans casino |
şans casino |
casinolevant giriş |
casino şans |
şans casino giriş |
casino levant |
casino şans |
casino şans |
levant casino |
bahislion |
casinolevant |
gamdom |
gamdom giriş |
gamdom |
boostaro |
bahislion |
boostaro |
gamdom |
casinolevant |
casinolevant |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant |
casino siteleri |
casinolevant giriş |
casinolevant |
gamdom |
gamdom |
şanscasino |
sosyobase |
En Güvenilir Casino |
lisanslı siteler |
vidobet |
vidobet giriş |
casino siteleri |
bahis siteleri |
haber kaldırma |
gamdom |
lidyabet |
lidyabet |
lidyabet |
lidyabet |
lidyabet giriş |
hoşgeldin bonusu veren siteler |
lidyabet |
lidyabet güncel giriş |
güvenilir bahis siteleri |
lidyabet |
lidyabet giriş |
casino siteleri en iyi
cbc test price in bangladesh
pg hospital test price list
popular test price list