Кӣ моро Равшану Ҷамшуд сохт?
Дар шабакаи телевизионии ТНТ, дар барномаи «Наша Раша» қаҳрамонҳое бо исми «Равшану Ҷамшуд»-ро тамошо карда, ростӣ муаллифон ва иҷрокунандагони нақшҳоро нафрату маломат ва ҳатто дуои бад карда будам. Бовар дорам, мисли ман дигар бинандагон низ ҳафт пушти «Наша Раша»-ро ба дӯзах сазовор дониста, нишон додани онро маҳкум намудаанд. Ҳукумати кишвар низ дар мактубаш ин барномаро маҳкум намуда буд. Аммо суоли калидӣ ин ҷо сар мезанад, ки кӣ моро Ҷамшуду Равшан сохт? Кӣ ба созандагони «Наша Раша» таклиф намуд, ки маҳз дар барномаашон эпизодҳои Равшану Ҷамшудро дар ҳолатҳои зиёди муҳоҷират намоиш дода, алайҳи миллати тоҷик хандахариши оммавии Русияро бедор созанд? Посух ҳам яктост: Худи мо, тоҷикон! Худи мо бо бемаданиятиву беодобӣ хандахариши замон ва «қаҳрамон»-и моноспектаклҳои барномаҳои телевизиони Русия шудем.
Хоҳум, мекричум, нахоҳум, намекричум
Соли гузашта ба аёдати дӯстам ба Маскав рафтаму тақрибан як ҳафта меҳмонаш шудам. Ба тоҷиконе, ки дар пойтахти Русия мақому ҷойгоҳ ёфта, соҳиби обрӯ гаштаанд, ҳавасам омад ва аҳсан хондам, ки онҳо бо ҷойи кор, шаҳрвандии Русия, маош ва пули хуб таъмин гаштаанд. Аммо чунин тоҷикон дар Русия ангуштшуморанд, ки соҳиби обрӯ ва тиҷорату боигарӣ шудаанд. Дар қиболи ин як идда ҳамватанонамро дар кӯчаҳои Маскав дидам, ки ростӣ то ба ҳол ба ёд овардани манзараҳои дидаам маро дилгир ва ғарқи хиҷолату шармандагӣ месозад.
Бояд ёдовар шуд, ки дар Русия на фақат тоҷикон корҳои сохтмонӣ ва кӯчарӯбиро ба дӯш доранд. Молдованҳо, арманиҳо, туркон, ӯзбекон, озариҳо, чиниҳо ва дигар миллатҳо низ чунин касбу кор ва аҳвол доранд. Аммо дар метро тоҷиконеро дидам, ки рост аз ҷои кори сохтмонӣ бо сару либоси олудаи сементу лой, оҳаку гаҷу дигар рангуборҳои сохтмонӣ омада, ба нақлиёти ҷамъиятӣ савор шуда буданд. Бар замми ин, бо наушники телефон чунон баланд-баланд гап мезаданд, ки таваҷҷӯҳи дигар мусофиронро низ ба худ мекашиданд. Занҳои русро дидам, ки сару либоси чиркин ва бо тамоми овози гулӯ баланд сухан гуфтани тоҷиконро дида, лабу рӯяшонро каҷу инҷ мекарданд. Ҳувайдо буд, ки аз вуҷуди чунин тоҷик русу дигар миллатҳо мутанаффир шуда, худро дуртар аз тоҷик мекашиданд, то сару либосашон ифлос нашавад. Ҳатто яке аз онҳо дархост кард, ки бигзор паст-паст сухан гӯянд.
— Не кричите молодой человек,- бо маданияти хос кампирзане эътироз кард.
Аммо тоҷикбача дағалгуфторӣ намуд ва бо лаҳни тунду беодобона посух дод:
— Какое твое собачее дело? Как хочу, так буду разговаривать.
Чунин посухи ҳаммиллатам маро кушт, гӯё барқи 320 волт аз сар то ба поям зад. Ҳарчанд касе аз мусофирон ба тарафи ман нигоҳ намекард, аммо чунон ғарқи хиҷолату шармандагӣ шудам, ки гӯё ҳама бо ангушти маломат ба сӯям ишора мекарданд.
Қиссаи дархости зани русе, ки ба тоҷикбача дар маршруткаи дохилишаҳрӣ дар Душанбе гуфта буд, ба ёдам меояд.
Тоҷикбачае баланд-баланд сухан мегуфт. Инро дида, кампири рус гуфта буд:
— Не кричи.
Дар посух ҷавон гуфта буд:
— Хоҳум, мекричум, нахоҳум, намекричум, и шаҳри худмай.
Айнан чунин қиссаи зиндаро бо чашмонам дидам. Ин қадами нахустине буд, ки миллати тоҷик худро дар мазҳари дигар миллат ҳамчун Равшану Ҷамшуд муаррифӣ карда буд.
«Ман аз оилаи интеллегент не»
Баъди дидани ҳолатҳои зиёд бисёр ҷавонписарҳои тоҷикро дар Русия дида, хостам гӯям, ки дар кӯчаҳои Русия тозаву озода, дилкаш ва боодоб гаштугузор намоянд. Аммо аксари онҳо баҳонаҳои зиёд пеш меоварданд, ки шароит надоранд. Яке аз онҳо ҳатто чунин посух дод:
— Мо мисли шумо писари интелигент не, ки боодоб гардему сарулибоси тоза пӯшем.
Ин посух ба мисли тарбузи аз бағал афтодаеро мемонд, ки ҳатто лол шудам, надонистам ба он ҷавон чӣ гӯям. Охир, барои тозаву озодаву дилкаш ва боодоб будан шарт нест, ки ҳатман писари духтур ё муаллим бошӣ. Наход барои як сарулибоси кориро иваз карда, туфлиро тоза кардан ҳатман фарзанди интелигент бошӣ? Наход барои паст ва бо муносибати хуб сухан гуфтан, албатта писар ё духтари муаллим бошӣ?
Бахусус дар фурудгоҳҳо навбати қатору беодобона муносибат кардани ҳамватанонро дида, кас ҳайрон мешавад, ки чаро дигар миллатҳо оромона, шитоб накарда, убургоҳҳо ва посгоҳҳоро мегузаранд, аммо шаҳрвандони Тоҷикистон бо садҳо маротиба вайрон кардани қоидаҳо ва ҷаримасупориҳо убур менамоянд?
Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, имомхатиби масҷиди ҷомеи Шайх Муслиҳиддин хеле хуб ва саривақтӣ дар як баромади худ гуфта буд:
— Ад-дину назофатун, яъне дин покизагиву озодагист.
Аз тафсири ин гуфта метавон натиҷа бардошт, ки ҳар касе олудаву ифлос мегардад (дар ҳоле, ки имкони тозаву озода гаштанро дорад), пас ӯ бедин аст. Тоҷикон, ки даст ба сина зада, ман мусулмон мегӯянд, чаро ин рукни Исломро иҷро намекунанд?
Интернет ва ғайбати кампиракони лаби об
Дар сайри интернет бо ҷустуҷӯи калимаҳои «тоҷик», «таджик», «Шабнами Сурайё», «Ғарибшо компания» метавон шоҳиди садҳо комменти ҳақорату ҳамоқатомез шуд, ки аз ҷониби худи тоҷикон навишта шудааст. Яке бо забони тоҷикӣ таҳқирнома навиштааст, дигар бо забони русӣ. Коментҳое ҳастанд, ки ҳатто дар кӯчаҳо касе ҳамдигарро чунин ҳақорату дашном намедиҳанд.
Ҳол он ки, дар сӯҳбати як марди русе шоҳид будам, ки мегуфт:
— Барои тоҷиконро задан ҳоҷате нест, онҳо худашон якдигарашонро мефурӯшанду мезананду таҳқир мекунанд.
Аслан, дар аввал аз марди рус ранҷида будам, вале баъди дидани чунин аҳмақиҳо дар интернет гапи марди рус ба хотирам зад, ки воқеан ӯ ҳақиқати ҳолро гуфта будааст. Ана мо кистем? Ғайбати кампиракони лаби об шояд чунин набошад.
Танҳо «чурка»-ҳо ба сари якдигар санг мезананд
Ё худ комментҳои аблаҳонаву дилгиркунанда ва хиҷолатоварро дар масъалаҳои сиёсӣ низ метавон дид. Дар сайтҳои хабарӣ низ зери акс ё мақолаҳо шарҳҳоеро метавон дид, ки яке алайҳи сиёсати ҳукумати кишвар ҳақорату дашномҳо фиристодааст, дигаре зери акси сарвари кишвар ҳар чӣ ба даҳонаш рост омадааст, гуфтааст. Намедонам ба мардуми таърихан сарбаланду тоҷдори мо чӣ шудааст!? Аз даҳонаш бӯйи шир меояд, ё худ ҷавони хеле корнодидаву корноозмуда аст. Ё мардикорест, ки тамоман сиёсату иқтисодиётро намедонад. Комментҳои чаппаву ростаро мисли борон зери хабару мақолаҳо пошидааст…
— Ин гуна афрод аслан онҳоеанд, ки аз кӯчаи саводу маърифат боре ҳам убур накардаанд. Инсон пеш аз он ки ба ягон объект санги маломат занад, бояд андеша кунад, ки дар ҷои он объект агар мебуд, худ чӣ мекард? Ҳама чиро гуфтан осон аст, аммо дар ҷои касе будан мушкилии зиёд аст,- мегӯяд зимни сӯҳбат коршинос Наҷибулло Содиқов.
Илтиҷо ба ҷои хулоса
Аз тамоми шаҳрвандони сарбаланд, тоҷдор, таърихан маданиятдору маданиятофар, бо фарҳангу бо тамаддуни тоҷик ва тоҷикистонӣ хоҳиш менамоям, ки эҳтиром кардани худ ва ҳамватани худро биёмӯзанд. Тозагиву озодагӣ ва зебоиро, ки асли дини мубини Исломи пок аст, пешаи худ намоянд. Имрӯз онҳое, ки ба ҳамдигар санги маломату таҳқирро дар кӯчаҳои Русия ва сайтҳои интернетӣ меборанд, бояд андеша намоянд, ки дунё фақат имрӯз нест. Балки фардову рӯзҳои зиёди дигар дорад. Ояндаи фарзандон ва обрӯйи насли ояндаро аз имрӯз бояд бо одобу тозагиву зебоӣ ва бомаданиятӣ ҳифз намоянд. Вагарна, баъди 10, 20, 30, … сол низ дар Русия моро Ҷамшуду Равшан ва «чурка» ном хоҳанд бурд.
Лутфулло ЯҚУБОВ, «ФАРАЖ» №422 01.01.2015.
Комментариев нет.