+992 92 777 2675

Дунёро об мебарад!!! Чӣ бояд кард?

Дунёро об мебарад!!! Чӣ бояд кард?

Дунёро об мебарад!!! Чӣ бояд кард?

Нет комментариев

Аллакай тамоми олами Аврупо медонад, ки бо мурури замон аксарияти ин минтақа зери об мемонад. Далели ин гуфта вақтҳои охир бесобиқа об шудани пиряхҳои бузурги кӯраи Замин аст, ки бо иллати он аллакай олимону кашшофон ба натиҷае расиданд, ки тақрибан шуруъ аз солҳои шастуми асри 21 зери об мондани олами Ғарб ба чашм хоҳад расид. Бинобар ин, сокинони Аврупо аз ҳоло тариқи расонаҳо бонги хатар зада истодаанд, ки эҳтимолан ҳаёт дар як қисми ин минтақа шояд аз сад соли дигар зиёдтар боқӣ набошад.

Нимқиёмат дар Аврупо — қиёмат дар тамоми олам

Амри табиист, ки тамоми ақсои олам ба дикта ва пайравии олами Ғарб — Аврупо шаклу шамоил ва қаду қомати иқтисодиву сиёсии худро боло мекунанду рӯз то рӯз сафи афроди зиёди хоҳишманди дар кишварҳои Аврупо кору зиндагикунанда бештар шуда истодааст.

Зимнан, торафт ҳавои иқлимҳои ҳатто сард гарм шудаву аз ин ҳисоб пиряхҳои азими баҳриву куҳӣ об шуда истодаанд. Ва аз ин ҳисоб оби баҳру уқёнусҳо моломол шуда, аз ин лиҳоз, қисмати яхбастаи шимолу ҷануби кӯраи Замин низ об шудан дорад. Обхезиҳои пайдарҳами солҳои охир ва ба коми оташ рафтани ҷангалзорҳои азими кишварҳои Африқову сӯхтори бесобиқаи бешазори Фаронсаро ҳама хуб дар хотир доранд. Албатта, чунин оташ гирифтани қитъаҳои бузурги бешазор низ ба гармшавии ҳаво мусоидат намуда, боиси гармшавии глобалӣ шуда истодааст.

Суоле ба миён меояд, ки магар ҳарорати офтоб аз гузашта зиёд шудааст? Коршиносон ба ин суол иброз медоранд, ки офтоб ҳамон офтобу замин ҳамон замин боқӣ мондааст. Ягон тағйироте дида намешавад. Аммо гармшавии сунъии глобалӣ аз ҳисоби зиёдшавии 8,5 миллиард одами нафаскаш, ба шиддат зиёд шудани корхонаву заводҳо, талабот ба маводи нафту дигар анвои сӯзишворӣ ва бераҳмона несту нобуд шудани кабудизорҳои табиӣ боис шудааст, ки ҳавои ҳамаи иқлим ба таври сунъӣ тағйир ёбад.

Бинобар ин, аксари мушоҳидони ҳол баён медоранд, ки бояд аз ҳоло якчанд тадбирҳои коргарро амалӣ намуд, то нимқиёмат қоим нашавад. Зеро, вақте олами Ғарб зери об монад, аз ин ҳолат тамоми дунё зарар дида, ба гуфте, қиёмати сунъӣ барпо мегардад. Аз ин рӯ, баъзе пешниҳодҳо дорем, то пеши чунин ҳодисаи ғаёричашмдошт қабл аз он, ки зуҳур намояд, гирифта шавад.

Ҷангалу кабудизор — гарави солимии табиат

Торафт теъдоди инсоният зиёд шудан дорад, ки ҳатман ниёз ба масоҳати зист дар кӯраи Замин бештар шуда истодааст. Аз ин хотир, бо «туфайл»-и беамон буридан ва несту нобуд кардани олами наботот ва ҷангалзорҳои сарсабз (флора и фауна) нигоҳдории ҳарорати салқини ҳаво аз байн рафта истодааст. Чунин тенденсияи манфӣ рӯз ба рӯз ба ҳукми анъана даромада, дар вуҷуди одамизод ҳисси бераҳмӣ нисбати табиат зиёд шудааст. Маҳз чунин бераҳмии аҳли башар омили нахустини аз байн рафтани мувозинати гарму салқинӣ шуда, ба таври глобалӣ гармшавии ҳаво ба миён омадааст. Тасаввур кунед, дар фасли гармои тобистон болои сабзазоре нишинед ва ё дар сояи дарахте биистед. Ҳатман эҳсоси салқинӣ ва тозагии ҳаворо шоҳид мешавед. Аммо ҷои бесабза худро дар ҳавои гулӯгир эҳсос мекунед.

Албатта, аз байн рафтани олами наботот бадбахтии аввалине мебошад, ки ҳавои иқлимро тағйир медиҳад ва ҳатто чанд фасли зимистони охир исбот кард, ки он қадар фасли зимистон ҳам сард нест.

Бинобар ин, пешниҳод мешавад, ки дар тамоми олам ба ҷои ҳар як дарахти бурида (бигзор ҷангал бошад, бигзор қади роҳ) ду-се ниҳолаке шинонда шавад. Гузашта аз ин, кабудизоркунии табиат бояд бемайлон ва бесобиқа ба роҳ монда шавад, ки ранги сабз хосияти нигоҳдории ҳавои тоза ва салқиниро кафолат медиҳад. Ин тадбир метавонад то андозае гармшавии глобалӣ ва об шудани пирях ва зери об мондани қисме аз сайёраро пешгирӣ намояд.

«Ҷанг» бо ранги сиёҳ

Тибқи таҳлилҳои олимони соҳаи химияву физика, ранги сиёҳ дар фасли тирамоҳ қобилияти дар худ нигоҳ доштан ва ба атроф дучанду сечанд пароканда намудани ҳарорати гармии ҳаворо ба худ доро будааст. Якчанд омилҳое вуҷуд дорад, ки аз сабаби ранги сиёҳ ва тиратоб доштанашон метавонанд ҳарорати ҳаворо даҳчанд гарм намоянд:

— Коршиносон вақтҳои охир зиёд ба шаҳрҳои бузург табдил ёфтани деҳоту куҳҳои сарсабзу ҷангалзорҳо ва зиёд асфалтпӯш шудани роҳҳоро нахустин омили гаршавӣ медонанд. Зеро дар таркиби асфалт мазути сиёҳ вуҷуд дошта, ранги сиёҳи он қобилияти даҳчанд зиёд намудани гармои тобистонро ба дунбол дорад.

— Муҳаққиқ ва физики рус Андрей Ерофеев дар таҳқиқоташ, ки танҳо ҳарорати гармии 30 градус селсияро барои мисол интихоб намуда, исбот намудааст, ки асфалти сиёҳ дар ин ҳарорат то 60-70 градус гармӣ, асфалти хокистарӣ то 52-55 градус гармиро ба атроф пароканда месохтааст. Дар як сайри интернетӣ мо шоҳид шудем, ки дар дунё зиёда аз миллионҳо километр асфалтпӯш шудааст, ки ҳатман боиси баланд шудани ҳарорат ва аз ин ҳисоб гармшавии иқлим гардида, боиси обшавии пиряхҳои бузург шуда истодааст.

— Ба ҷуз ин, торафт қомат афрохтани биноҳои баландошёна ва бомпӯши онҳо бо рангҳои қаҳвагӣ, сиёҳ, сурхи ҷигарӣ ва дигар анвои рангҳои тира мӯд шудааст, ки ин рангҳо низ қобилияти даҳчанд баланд шудани ҳаворо ба дунбол доранд. Аксари биноҳои баландошёна ба хотири начакидани оби борону барф бо муми сиёҳ рӯйкаш карда мешавад, ки хоҳу нохоҳ тасфи ҳаворо даҳчанд месозад. Бояд ёдовар шуд, ки ҳатто паҳлуи биноҳои баландошёна шишабандии сиёҳ шудааст, ки ин гуна мӯд низ оқибати баландшавии ҳароратро дар худ доро мебошад.

— Нақлиёти ранги сиёҳ ва сиёҳшиша низ торафт муштариёни зиёд дошта, ҳамин гуна оқибатро дорад.

— Омили дигари гармшавии ҳаво аз ҳисоби зиёд истихроҷ шудани партовҳои заводу фабрикаҳо ва ба партовгоҳ табдил шудани уқёнусҳо мебошад, ки ранги оби мусаффо торафт тира шуда, ҳатто сиёҳчатоб гардидааст. Албатта, ранги уқёнусҳои тира низ гармии нури офтобро чандкарата зиёд намуда, боиси об шудани пиряхҳо дар уқёнусҳои яхбастаи шимолу ҷануби сайёра гаштаанд.

Шояд омилҳои дар боло зикршуда як андоза хандаовар тобанд. Аммо далелҳои илмӣ исбот намудаанд, ки воқеан ранги сиёҳу тира боиси гармшавии ҳароратро дошта, вақти он аст, ки инсоният бояд бо ин ранг «ҷанг» эълон намояд ва то ҳадди тавон аз ин ранг дурӣ ҷӯяд.

«Чу узве ба дард оварад рӯзгор»

Шояд бархе аз хонандагон тасаввур кунанд, ки «агар Ғарбро об барад, моро чӣ ғам?». Аммо ин тасаввури ғайриинсонӣ аст ва агар Ғарб зери об монад, мо зарари онро даҳчанд эҳсос хоҳем кард. Худи бошандагони Аврупо низ бояд эҳсос кунанд, ки аз ҳозир фурсати ислоҳ вуҷуд дорад. Шояд пешниҳодҳои зерини мо тасаввурнопазир ва шояд то ҳадде хандахариш намояд. Аммо илоҷи воқеа ҷуз инҳо нест:

— Сарсабзии иқлимро то ҳадде бояд эҳтиёт намуд, агар имкон аст, ба буридани дарахтон хотима бахшида шуда, дар сурати буридан барои сабз кардани даҳҳо ниҳолаки дигар иқдоми ҷиддии ҳамагонӣ бояд сурат бигирад.

— Бояд ранги роҳҳои асфалтпӯши сиёҳрангро бо методҳои нав (дар мисоли роҳҳои Олмон) роҳфарш намуда, ҳарчи зудтар аз ранги сиёҳи роҳҳо башариятро дур нигоҳ бояд дошт.

— Боми биноҳои бунёдгардида ва минбаъд бунёдшавандаро то ҳадди тавон аз рангҳои тираву сиёҳ, ҷигариву қаҳваранг дур нигоҳ дошта, то ҳадде бояд рангҳои кушод истифода бояд бурд, то ба гармшавии ҳарорат мусоидат нанамояд.

— Нақлиёти ранги сиёҳ ва сиёҳшиша, ки муштариёни зиёд дорад ва завқи мардумро аз ин мӯд дур кардан хеле душвор аст, аммо бояд заводҳои истеҳсоли мошину нақлиёт барои минбаъд кӯшиш ба харҷ диҳанд, то ба ҷои ранги сиёҳ рангҳои кушодро истифода баранд.

-Дар масири дунё созмон додани ташкилотҳои байнидавлатӣ, ки фонди ягона дошта бошанд, ба манфиати кор аст. Зеро ба давлатҳое, ки аз ҷиҳати иқлим сохтани нерӯгоҳҳои обӣ, шамолӣ ва офтобӣ мусоидат аст ва ҳамзамон роҳи метро сохтанаш имкон дораду шароити маблағгузорӣ надоранд, ин фонди ягона бояд маблағгузорӣ намояд, то экология ва муҳити зистро тозаву озода нигоҳ дошта шавад. Инчунин, заводу фабрикаҳояшон аз ҳисоби ангишт, мазут, керосин, нафталин, бензин, солярка ва дигар анвои сӯзишворӣ халос шуда, алтернативаи бо барқ кор карданашон пайдо мешавад, ки бо ин роҳ ҳифзи муҳити зист рӯйи кор меояд ва гармшавии глобалии ҳарорати ҳаво то андозае пешгирӣ карда мешавад.

Ҳама аҳл шаванд, кор саҳл мешавад

Шояд пунктҳои дар боло ишорашуда дар нахуст хеле маблағҳои зиёди ҳангуфтро талаб намояд. Аммо ин ҷо мо беҳтарин ва арзонтарин роҳи ҳалро иброз медорем, ки шояд боваратон наояд. Ба ақидаи мо, ҳама кори саҳлу осон дар муттаҳидӣ ва аҳл будани инсоният ва тамоми давлатҳо ба даст меояд. Яъне, имрӯз олами Аврупо олами сармоядортарини қишри башарият ҳисоб меёбад. Ин олами сармоядорӣ, яъне Аврупо, ки аз сатҳи баҳр нисбатан дар пастӣ ҷойгир шудааст, хавфи зери об монданаш 90 % ва ҳатто 100 % аст. Пас, аз имрӯз бояд аҳли башар муттаҳид шуда, дар пунктҳои болоӣ, ки хароҷоти зиёдро талаб менамоянд, дар тамоми кишварҳои ҷаҳон саҳм гузоранд. Агар Аврупо имрӯз наҷоташро мехоҳад, бигзор дар чанд бахше, ки мо ишора кардем, ба кишварҳои дигар кӯмаки амалии бебозгашт (сармоягузорӣ) намояд. Чунки бо ин роҳ наҷоти инсоният рӯи даст омада, аз қиёмати обхезӣ мо метавонем ҷамъияти бузурги инсониро наҷот диҳем.

Дар бахшҳои кабудизоркунӣ, роҳфарши сабзранги фосфорию каучукӣ, дар бахши ихтирои роҳҳои навини истеҳсоли барқ ва дигар иқдомҳои некӯаҳволӣ бояд имрӯз олами сармоядорӣ ва дигар аҳли башар камари ҳиммат баста, тадбири созанда ҷӯем, вагарна, пагоҳ дер мешавад.

Давлатҳо сарҳад доранд, аммо ҳаво ва об ва офатҳои табӣ сарҳад надоранд. Агар мо имрӯз «ту осиёӣ, ту африқоӣ, ту амрикоӣ ва ту ину он» гуфта, аз ҳамдигар канор равем, бовар дорам, тамоми дунё ба мисли як занҷир пайи ҳам истодааст ва агар як силсилаи занҷир канда шавад, ҳама силсилаи дигари занҷир низ канда шуда, инсоният бо дастони худаш қиёматро қоим месозад.

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

şans casino |
vidobet |
vidobet |
vidobet güncel giriş |
vidobet giriş |
casinolevant |
casinolevant |
casinolevant |
vidobet giriş |
şans casino |
casinolevant giriş |
casino şans |
şans casino giriş |
casino levant |
casino şans |
casino şans |
boostaro |
casinolevant giriş |
şans casino giriş |
casinolevant giriş |
şanscasino |
vidobet |
vidobet giriş |
deneme bonusu veren siteler |
deneme bonusu veren siteler |
deneme bonusu veren siteler |
deneme bonusu veren siteler |
levant casino |
galyabet |
gorabet |
galyabet |
galyabet |
deneme bonusu veren siteler |
galyabet |
galyabet |
galyabet |
gorabet |
bahis siteleri