Биноҳои баланд, вале назарҳои паст
Мушоҳида мешавад, ки вақтҳои охир паҳлуи ҳам қомат афрохтани биноҳои баландошёна ва иншооти дигари хизмативу маишӣ дар пойтахту маркази вилоятҳо ва дигар манотиқи кишвар гуё нишони шаҳрсозӣ ва шаҳрнигоҳдорӣ бошад. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки оё афроде, ки барои сохтмон ҳиммат мебанданд, кадом зинаҳоро бо чӣ гуна ранҷу уқубатҳо убур мекунанд? Ба даст овардани ҳуҷҷатҳои зарурии сохтмонӣ барои соҳибкорон роҳат аст ва ё азоби дӯзах? Бюрократия дар иҷозатномаҳои зина ба зинаи лоиҳасозиву лоиҳапешниҳодкунӣ вуҷуд дорад ё хайр? Лоиҳаҳое, ки дар амал татбиқ мешаванд, оё бо нақшаи генералии касбӣ мувофиқат мекунанд? Ошнобозӣ дар бобати ба даст овардани истифодаи заминҳо барои сохтмони иншоот чӣ гуна оқибатҳо дорад?
Бюрократия дар демократия
Тавре маълум аст, аксари биноҳои дуошёнаи ба истилоҳ «сталинӣ»-и шаҳру ноҳия ва марказҳои вилояти ҷумҳурӣ ба рӯйхати азнавсозии шаҳрдорӣ даромада, тибқи маълумотҳои расида, дар назар аст то соли 2020 аксари онҳо таҷдид гардида, ба биноҳои баландошёнаи ҳафт, нӯҳ ва дувоздаҳошёнагӣ табдил ёбанд. Хуб, худ маълум аст, ки ниёзи мардум ба биноҳои баландошёна афзуда, пешрафти тамаддуни моро нишон медиҳад ва ба садҳову ҳазорҳо нафар сокинони кишвар макони зист муҳайё мегардад. Аммо аксари онҳое, ки мехоҳанд дар бизнеси сохтмонӣ саҳм бигиранд, аз ҳуҷҷатгузории зина ба зинавии садҳо иҷозати мақомоту ахиран лоиҳаву сертификати истифодаи замин аллакай ба дилсардӣ расида, бюрократияи ҳуҷҷатгузорӣ онҳоро ҷонбалаб кардааст. Солиён давидан аз пайи иҷозати мақомоти сӯхторнишониву экология, маркази зилзиласанҷиву андозу пардозу даҳҳо санксияи дигар ба аксари афроде, ки метавонанд сохтмонҳои баландошёнаро сохта ба истифода диҳанд, мушкилиҳои сунъиву табииро ба миён овардааст. Дар баъзе ҳолат метавон дид, худи иҷозатномагирии зина ба зинагии лоиҳаи сохтмон расо се-чор сол тӯл кашида, аммо сохтмони он расо дар шаш моҳ анҷом мепазирад.
Дар як сол даҳ сол қафо мемонем
Раванди ба даст овардани ҳуҷҷатҳои лозима барои иҷозати сохтмони биноҳо ва шаҳрсозии замонавӣ дар мақомоти Тоҷикистон ба ҳаддест, ки дили соҳибкоронро сард мекунад ва умедҳояшонро барбод медиҳад. Ҷои пӯшида нест, ки барои гирифтани як имзо бояд моҳҳо мунтазир бимонӣ ва барои як иҷозати як мақомот бояд даҳҳо нафарро миёнарав намоӣ. Ин ҳолатро аксари соҳибкорон таъкид мекунанд ва бо норозигӣ иброз медоранд, ки гирифтани ҳар як иҷозати мақомоти зиддахл солро талаб менамояд.
Соҳибкоре аз шаҳри Хуҷанд, ки аз гуфтани номаш худдорӣ варзид, мегӯяд, барои гирифтани иҷозати мақомоти дахлдор қариб якуним сол вақт талаф шудааст, ки ӯро аз кори сохтмони бинои баландошёна дилсард намудааст.
Мо ҳамсӯҳбатамонро шартан Сӯҳроб ном мебарем, ки мегӯяд:
— Бовар кунед, гирифтани иҷозатномаҳои мақомоти дахлдор аз сохтани бино ҳам вазнинтар ва тӯлонитар аст. Шахсан ман барои гирифтани як имзо моҳҳо интизор шудам. Тасаввур кунед, барои сохтани як бинои баландошёна иҷозатнома ва имзои даҳҳо мақомот зарур аст. Агар ба ҳар як имзо тақрибан ду-се моҳ сарф шавад, дар он сурат, барои гирифтани иҷозати кулл тақрибан якуним-ду сол лозим меояд, ки ин хилофи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати дастгирӣ намудани соҳибкорон мебошад.
Бинои 9-ошёнае, ки соҳибкор Сӯҳроб имрӯз сохта истодааст, ба гуфтаи ӯ, шояд ба таври максималӣ дар тӯли 10 моҳ сохта ба истифода дода мешавад, ки аз суръати тези кори сохтмончиёни тоҷик дарак медиҳад.
Аз гуфтаи аксари мусоҳибон метавон хулоса намуд, ки ҳар сол Тоҷикистон дар бобати сохтмону шаҳрсозӣ даҳ сол қафо мемонад. Вагарна, як имзо панҷ дақиқа ва мӯҳлати омӯзиши он як ё ду рӯзро дар бар мегираду халос. Ба ҷои он, ки барои гулгулшукуфии шаҳрҳои Тоҷикистон мақомдорон саҳми босазо дошта бошанд, муомилаи сарду тунди онҳо ва моҳҳо тӯл кашидани як иҷозатномаи расмӣ боис шудааст, ки аксари соҳибкорон сармояи худро ба ҷои дар Тоҷикистон масраф кардан, ба беруни кишвар мебаранд. Зеро, ба ақидаи онҳо, дар Русия ва дигар кишварҳо чунин соҳибкорӣ аз ҷониби мақомоташон мавриди таваҷҷӯҳ ва дастгирӣ қарор гирифта, баръакс, суръати омода шудани ҳамаи ҳуҷҷатҳо аз як моҳ зиёд тӯл намекашидааст.
Бар замми гуфтаҳои боло, баъзе лоиҳаи сохтмонҳоеро метавон дид, ки тариқи ошнобозӣ сурат гирифта, ба стандарт ҷавобгӯ намебошанд.
Институтҳои лоиҳакашии беташаббус
Ба пешниҳод ва ҳисобҳои мо, мақомоти лоиҳакашии шаҳру вилоятҳо бояд аз афроде иборат бошанд, ки воқеан эҷодкор бошанд. Онҳо бояд ташаббусро ба дасти худ гирифта, ҳар сол садҳо лоиҳа омода намоянд ва лоиҳаҳо ба эстетикаи шаҳрнигоҳдорӣ ҷавобгӯ бошанд. Дар лоиҳа қаблан иҷозати тамоми санксияҳо вуҷуд дошта бошад ва гирифтани иҷозатҳо ба ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо вогузор шавад. Баъд лоиҳаро тариқи музояда (ауксион) ба фурӯш гузоранд, ки соҳибкор тавонад тариқи музояда лоиҳаи дилхоҳашро бихарад ва аз рӯзи дигар ба кори сохтмонӣ шурӯъ намояд. Дар ин сурат, дар харидани лоиҳа тариқи ауксион шаффофияти маблағ дида шуда, дар компоненти он бигзор нархгузории тамоми санксияҳо ба таври расмӣ ва ошкор ба назар гирифта шавад. Дар он сурат, ба буҷаи кишвар аз ҳисоби фурӯши лоиҳаи тариқи ауксион ба роҳ мондашуда, бовар дорем, миллионҳо сомонӣ ворид гардида, бо ин роҳ амалҳои коррупсионӣ, ошнобозӣ ва бюрократия комилан аз байн меравад ва суръати шаҳрсозии Тоҷикистон хеле тез мешавад.
Шартҳои лоиҳаҳо дар музояда
Дар лоиҳа бигзор хароҷоти кулли сохтмон нишон дода шуда, мӯҳлати иҷроиши он низ манзур гардад. Қарори охирини истифодаи замин, ки сертификати замин ҳисобида мешавад, бигзор рӯзи харида шудани лоиҳа тариқи ауксион дар маърази ом аз ҷониби кумитаи заминсозии шаҳру ноҳияҳо сурат бигирад, ки як андоза корро тез ва аниқияти фаъолияти демократияро нишон медиҳад. Бигзор ба таври алтернативӣ институтҳои лоиҳакашии ғайридавлатӣ низ ба роҳ монда шаванд, ки тавре дар боло гуфтем, иҷозати тамоми зинаҳоро ба дӯш дошта бошанд ва дар ин ҷода низ кӯмаки амалии ҳукумати шаҳру ноҳияҳо вуҷуд дошта бошад. Лоиҳаҳое, ки аз нақшаи генералӣ пурра гузаштаанд, дар сурати дар қаламрави он ҷойгир будани моликият ва заминҳои шахсӣ, манфиати онҳо низ ба эътибор гирифта шавад ва шарту шароити соҳибмулкҳо дар мадди аввал бояд ба назар гирифта шавад.
Ногуфта намонад, ки бояд музоядаи лоиҳаҳо бо ширкати шаҳрвандони оддӣ, соҳибкорони дохиливу хориҷӣ сурат гирад. Пеш аз оғози музояда бояд рӯзу соати баргузории музоядаи лоиҳаҳо тариқи телевизиону радио таблиғ гардад, то ки ҳама огоҳ бошанд.
Як нуктаи дигари муҳиме низ вуҷуд дорад, ки имрӯзҳо аксари лоиҳаҳо бо хоҳиш ва манфиати худи соҳибкорон сурат гирифта, дар пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва ба даст овардани лоиҳаҳо ошнобозӣ ва ришва дида мешавад. Дар ин сурат хароҷоти сохтмони дар лоиҳа ишорашуда кам нишон дода шуда, қаллобиву ҳаннотии баъзе соҳибкорон бобати ба даст овардани даромади зиёд ба чашм мерасад. Ба ҷуз ин, ошнобозӣ оқибатҳои бебақо будани бинову иншоот ва дар оянда хавфнок будани онҳоро ишораи ангушт менамояд.
Муҳоҷират аз байн меравад. Урра!!!
Солҳост, ки мардуми тоҷик аз мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ шикоят мекунанд ва муомилаи мақомдорони Русияро зери танқиди шадид қарор медиҳанд, ки ба таври бояду шояд ҳуқуқҳои будубоши муҳоҷирони тоҷик дар Русия риоя намешавад. Ба ин хотир, вақте авҷи сохтмонҳо дар Тоҷикистон сурат мегирад, секторҳои шахсии сохтмонӣ ба таври бояду шояд маоши хубу кофӣ пардохт менамоянд ва барои муҳоҷири меҳнатӣ аз сад сомонии пурғурбати Русия панҷоҳ сомонии дохили кишвар ҳазорон маротиба беҳтару хубтар аст. Бо ин роҳ, сад фоиз метавон итминон ҳосил намуд, ки масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ аз байн рафта, ҳамватанон соҳиби ҷои кор мешаванд, бекориву ҷиноят низ кам мегардад ва ҳатто аз байн меравад. Танҳо меҳнат ва маоши хуб дар Ватан метавонад ҷавонони моро аз шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву ҷиноӣ боздорад.
Вагарна, биноҳои баландошёнае, ки имрӯзҳо сохта истодаем, тангии вусъати фикр ва назари пасти моро нишон медиҳад…
Лутфулло ЯҚУБОВ «Фараж» №45 5.11.2014.
Мавод натиҷаи ширкати муаллиф дар тренинги омӯзишии АМВАОМТ бо кӯмаки NED мебошад.
Комментариев нет.