+992 92 777 2675

Парадокси ҳоҷатхона: Пул дорӣ, биё, надорӣ, наё!!!

Парадокси ҳоҷатхона: Пул дорӣ, биё, надорӣ, наё!!!

Парадокси ҳоҷатхона: Пул дорӣ, биё, надорӣ, наё!!!

Нет комментариев

Дар дунё ягона давлатҳое, ки ҳоҷатхонаи пулакӣ доранд, тақрибан кишварҳои пасошӯравии Осиёи Миёна мебошанд, ки тамоми намуди ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятӣ ройгон ба роҳ монда нашудаанд. Мутаассифона, аз ин феҳраст Тоҷикистон истисно нест. Аммо дар Аврупо ва олами сармоядорӣ ягон мабрази пулакӣ вуҷуд надорад. Бо он ки тамоми шароити беҳтарин дар ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятӣ фароҳам оварда шудааст, як тин ҳам барои истифодаи ҳоҷатхона талаб намекунанд. Аммо дар Тоҷикистон тамоми ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятӣ то як сомонӣ нагиранд, вой бар ҳоли бепул ё «шикамдард»!

Яҳудӣ ба китоби муқаддас амал мекунад, мусулмон не
Дар сурате, ки тамоми ҳоҷатхонаҳои ҷойҳои ҷамъиятӣ пулакианд, кам касон хоҳиши ба он рафтан мекунанд, магар ин ки зарурате пайдо нашавад. Ҳамаи ману шумо борҳо дидаем ё шунидаем, ки дар канораву хилватгоҳҳои ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатман касе ба ҳоҷатхона нарафта, аз бепулакаш истифода бурда, ҷои беҳоҷатхонаро низ ба ҳоҷатхона табдил додааст, ки чор тарафро бӯйи бад зер карда, одамони роҳгузар даҳону биниашонро панаҳ карда, убур мекунанд. Ин аз он дарак медиҳад, ки он нафар ё пул надорад ва ё дораду ниёзманд аст. Аз ин хотир, ба ҳоҷатхонаи пулакӣ нарафта, як канораи ҷойи камодами ҷамъиятиро… Худатон медонед!
Бахусус бозору гулгашт ва боғҳои сайругашти шаҳрвандон ба ҷуз он, ки ҳоҷатхона доранд, албатта як канораашон бадбӯй аст. Албатта, сабаби бадбӯй буданашро дарк кардед.
Имрӯзҳо аксарияти ҷойҳои серодамро ҳукумату давлат ба шахсони соҳибкор боварӣ карда додааст. Дар ин зимн метавон садҳо иншоотро ном бурд, ки давлат бедареғ ба гуфте «приватизатсия» кунонида додааст. Аммо суоле ба миён меояд, ки чаро маъсулини чунин ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ҳисоби соҳибкориашон як ҳоҷатхонаи ройгони бо шароити хуб, ки боиси боло рафтани имиҷ ва обрӯяшон мешавад, созмон намедиҳанд?
Ҳоли аксари ҳоҷатхонаҳои ҷойҳои ҷамъиятӣ бо вуҷуди пулакӣ буданашон аз ҳамдигар харобтар аст. Завқи эстетикии кас намекашад, аммо аз рӯи зарурат ба ин гуна ҷойҳо ворид мешавед. Дар сурате, ки ҳоҷатхонаҳои пулакӣ ба роҳ монда шудаанд, на ҳар кас ҳамеша дар киса пул дорад. Бахусус «шикамдард» ва ё ягон нафари бемор шояд ҳамин лаҳза ҳатто роҳкиро дар киса надошта бошад. Пас дар ин сурат ӯ маҷбур мешавад, ки дар канораи беодаме оҳистаякак… он сӯяшро фаҳмидед, ки боиси бадбӯй шудани атмосфера мегардад.
Ба ин хотир, аксари ҳамсуҳбатон барои хоҷатхона, ки савоби хеле бузург дорад, ситонидани маблағро хандаовар ва як роҳи дигари пулкоркунӣ меҳисобанд.
Дар урфияти яҳудиҳо як зарбулмасал ва дастурамали шоистае ҳаст: Агар душмани ашаддии яҳудӣ дарашро кӯбаду аз ӯ тақозо кунад, ки ба ҳоҷатхонааш коре дорад, яҳудӣ новобаста аз он, ки душманаш аст, аммо ба хотири он, ки ниёз ба ҳоҷатхона дорад, монеъ намешавад, ӯро иҷозат медиҳад, ки ворид гардад. Агар аз ӯ пурсанд, ки чаро душманатро ба ҳоҷатхонаат ройгон раво донистӣ, яҳудӣ посух медиҳад, ки «агар душманамро ба ҳоҷатхонаам иҷозаи вуруд намедодам, ӯ ҳатман пушти дарам қазои ҳоҷат мекард. Аз ин кор хонаам бадбӯй ва фарзандонам ба касалиҳои сироятовар гирифтор мешаванд».
Дар ин як мушоҳидаи оддии ҳаёти яҳудӣ метавон фалсафаи тозагӣ ва зебоипарастии ӯро дид. Тозагӣ ҳарчанд дар дини мубини Ислом яке аз фарзҳои воло аст, аммо мутаассифона, яҳудӣ ба Қуръон ноогоҳона амал мекунаду мусулмонони мо огоҳона аз ин чиз худро канор мекашанд. То пул надиҳӣ, ба ҳоҷатхона роҳ нест!

Донишгоҳи шартномавӣ ва ҳоҷатхонаи «шартномавӣ»?
Бо вуҷуди он, ки масъалаи хӯрдан маслиҳат мехоҳад, аммо ба ҳоҷатхона рафтан ҳатто бо соҳибаш маслиҳат намепурсад. Дар як сайри журналистӣ тақрибан аз даҳ факултаи донишгоҳҳо дидан намудем ва махсус ба ҳоҷатхонаашон раҳсипор шудем. Ҳар як ҳоҷатхонаи донишгоҳ албатта як «диспетчер» дорад, ки омадани шуморо дида, дарҳол як сомонӣ талаб мекунад.
Ақли кас намегирад; наход донишгоҳе, ки аз ҳисоби шартномаи донишҷӯён фаъолият мебарад, ҳоҷатхонаро низ шартномавӣ карда бошад? Дар як донишгоҳ даҳҳо ҳазор донишҷӯ ҳаст, наход аз ҳисоби пули шартнома донишгоҳҳо тавони сохтану ба истифода додани як ҳоҷатхонаи ройгонро надошта бошанд?
Ин ҳолро як дӯсти аврупоиам, ки бо ман ҳамроҳ буд, тасодуфан нақл намуд, ки дар донишгоҳҳои шаҳри мо ҳоҷатхонаҳо пулакианд. Ростӣ, шармам омад. Дар қиёси он, ки дар Аврупо тамоми ҳоҷатхонаҳо бо тамоми тозагиву зебоӣ ҳамто надоранд, ройгонанд, аммо дар ҳамон мабрази аз арсаи шӯравӣ боқимондаи мо истифодаи он пулакӣ аст. Аз ин ҳол хеле шармидам. Аммо чӣ кунам, ки мо аз ҳоҷатхона ҳам пул наситонем, хобамон намеояд.

Ҳоҷатхона бепул — хароҷот мӯл?
Агар касе даъво кунад, ки гӯё дар сурати бепул мавриди истифода қарор додани ҳоҷатхонаҳои ҷойҳои ҷамъиятӣ ба ифлосиву боз ҳам бенигоҳубин мондани онҳо мусоидат мекунад, ростӣ, ин як иддаои менталитети мо шудааст. То кай мо аз ҳама чӣ пул гирифтанро мисли одат қабул мекунем? Охир, асри 21 аст, дар кишварҳои ҷаҳони якум ҳатто интернет бепул аст. Наход мо ҳамин ҳоҷатхонаро бепул карда натавонем? Бигзор, агар бозор аст, ба хотири ҳифзи обрӯи худаш роҳбарияташ супориш диҳад, то ҳоҷатхонаи бепул таъсис дода, дар он барои тозагиву покизагиаш маоши махсус ҷудо намояд. Оё чунин роҳ имкон надорад? Дорад, аммо мо хасисем, хароҷот намехоҳем. Худо накарда, боз ягон меҳмони хориҷӣ ҳамроҳатон бошаду ба бозорҳои Тоҷикистон ворид шавед ва ӯ тақозои ба ҳоҷатхона рафтанро кунад. Чун меҳмони хориҷиатон ба ҳоҷатхонаҳои бепул рафтанро одат кардааст, маҷбур мешавед аз чашми ӯ пинҳонӣ як сомонӣ пардохт намоед, то надонад, ки дар Тоҷикистон ҳоҷатхонаҳо ҳам пулакианд.

Ислом покизагист
Дар ҳадиси пайғамбар Муҳаммад (с) дин покизагиву тозагӣ сифат шудааст. Пас ҳар касе, ки покзигиву тозагӣ надорад, ба дурустӣ, ки ӯ бедин аст. Дар мо, ки аз ҳисоби ҳоҷатхонаҳои бепул баъзе мардуми бепулу бенаво дар ҷойҳои хилват ҳоҷатхонаҳои «алтернативӣ» сохтаанд, табъи касро хира мекунад ва бадбӯйии он завқи ҳар роҳгузарро мекушад. Имкон надорад ташхис бидиҳем, ки чӣ каси бепуле дар кунҷи пинҳоне ҳоҷатхонаи «алтернативӣ»-и бепул созмон додааст. Аммо барои чунин амалкард гуноҳи чунин ифлоскориву аз дин безорӣ ба дӯши роҳбарияти ҳамон ҷои ҷамъиятӣ меафтад. Гуноҳи чунин ифлосӣ ба виҷдони сарвари ҳамон объекти зикршуда мебошад, на ба дӯши як камзарфи каммоя, ки ба ҳоҷатхонаи пулакӣ пул надоштаасту надаромадааст.

Чанд тақозо аз масъулини ҳукумат
Ба ҳукумат ва масъулини ҳукумат пешниҳод мешавад, ки дар сар то сари Тоҷикистон ҳоҷатхонаи ройгон бо ҳамаи услубаш, ки аз ҷиҳати санитарӣ ҷавобгӯ бошад, ба роҳ монданро ба корхонаву муассисаҳои давлативу хусусӣ дастур диҳад. Бахусус дар ҷойҳои серодам, ба мисли бозорҳо, гулбоғу гулгаштҳо, донишгоҳу донишкада ва дигар муассисаҳои таълимӣ, бемористон ва дигар объектҳое, ки ҷойи ҷамъшавии бештари мардум ба назар мерасанд.
Бигзор ҳоҷатхонаҳои пулакӣ вуҷуд дошта бошанд, аммо аз ҷиҳати санитарӣ ҷавобгӯ ва ба сатҳу сифати ҳоҷатхонаҳо назорати доимии корманди санэпидемстансияҳо ҷалб карда шуда, дар сурати аз ҳисоби он, ки баъзе мардум ба ҳоҷатхонаи пулакӣ нарафта, дар ягон канораи он объект қазои ҳоҷат намуда, атмосфераро дилнокаш кардаанд, бигзор роҳбарияти объект ба ҷавобгарӣ кашида шуда, ҷарима ситонида шавад.
Ин пешниҳод албатта боис мешавад, ки роҳбарияти ҳамон объекти ҷои ҷамъиятӣ ҳоҷатхонаи ройгонро таъсис диҳад.
Дар сурати баръакс, ба ҳоҷатхонаҳои пулакӣ, ба мисли саломи пулакӣ, меҳмонон бо тамоми вуҷудашон хоҳанд хандид.

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

şans casino |
vidobet |
vidobet |
vidobet güncel giriş |
vidobet giriş |
casinolevant |
casinolevant |
casinolevant |
vidobet giriş |
şans casino |
casinolevant giriş |
casino şans |
şans casino giriş |
casino levant |
casino şans |
casino şans |
boostaro |
casinolevant giriş |
şans casino giriş |
casinolevant giriş |
şanscasino |
vidobet |
vidobet giriş |
levant casino |
vidobet giriş |
nigeria betting |
sports betting |
goka |
nigeria betting |
goka |
gokabet |
vidobet |
deneme bonusu veren siteler |
deneme bonusu veren siteler |
deneme bonusu veren siteler |
goka casino |
gokabet |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant güncel giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant güncel giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
natobet |
natobet |
natobet |
natobet |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
marsbahis |
marsbahis |
casinolevant |
kavbet