+992 92 777 2675

НАФАҚА ТОҶИКИСТОНРО ТИЛЛОБОРОН МЕКУНАД

НАФАҚА ТОҶИКИСТОНРО ТИЛЛОБОРОН МЕКУНАД

НАФАҚА ТОҶИКИСТОНРО ТИЛЛОБОРОН МЕКУНАД

Нет комментариев
Метавон бо андак тағйирот дар сатҳи корбарии давлатӣ Тоҷикистонро ба «сектори тилло» ва Шветсарияи дуввум табдил дод. Ба ҳисоботҳои пешакии мо барои минбаъд ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки воқеӣ намудан дар бобати баланд бардоштани истеҳсолот ва иқтисодиёт дар Кумитаи андоз системаи ғундоштани андози фонди ҳифзи иҷтимоиро барҳам додан ба манфиати кор аст. Бинобар ин зерсохтори пасандози нафақа ва фонди ҳифзи иҷтимоӣ андаке бояд тағйир дода шуда, ғундоштани он бояд шеваи дигарро ба худ касб намояд.

СОБИҚАИ КОРӢ, НАФАҚА ВА АФСӮСҲОИ ОН
Пеш аз он ки сари мақсад оем, бояд эътироф кунем, ки баъзе афрод аз матлаби мо хоҳанд ранҷид, вале ин ҷо ғарази мо ба иззати нафси касе расидан нест. Аммо тақозои замон ва ояндаи Тоҷикистон водор месозад, ки дар зерсохтори пасандози нафақа ва андози фонди ҳифзи иҷтимоӣ тағйироти ҷиддӣ ворид карда шавад.
Имрӯз ҳар шаҳрванди кишвар (манзур нафаре, ки кор мекунад) ҳангоми гирифтани маош 25% ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ ва 1% ба фонди нафақа пардохт мекунад, ки ба ақидаи аксари коршиносон имрӯз ғалат ба роҳ монда шудааст. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, аксари онҳое, ки ба нафақа мебароянд, баъди шумориши нахустин пулҳои нафақа бо изҳори таассуф ибораи «ҳайфи солҳои меҳнатам»-ро зери лаб замзама мекунанд.
Муҳибулло Додохонов,-яке аз собиқадорони соҳаи маориф, ки ду сол боз нафақа мегирад, бо таассуф иброз медорад, ки аз нафақаи гирифтааш ризо нест.
-Қариб 40 сол кор кардаму ҳамагӣ 320 сомонӣ нафақа мегирам, ки нисбат ба касби пуршарафи муаллимӣ таҳқир аст. Наход бо 320 сомонӣ як нафақахӯр зиндагӣ карда тавонад? Ҳол он ки як халта орд дар бозорҳои кишвар то 150 сомонӣ ва гӯшт аз 30 то 40 сомонӣ мебошад, ки ба дигар хароҷотҳои зиндагӣ (пӯшидану нӯшидан, масрафоти коммуналӣ, табобатӣ, истироҳатӣ ва ғайра) бояд дастнигари фарзандон бошӣ ё ягон маҳсулоти деҳқонии хонаатро бояд фурӯшиву барои зинда монда мубориза барӣ,-иброз медорад Муҳибулло Додохонов.
Тибқи омори ғайрирасмӣ алъон дар миқёси вилояти Суғд тақрибан 200 ҳазор нафар ва дар кулли кишвар ҳудуди 1 миллион нафар нафақахӯрон умр ба сар мебаранд, ки ҳадди нафақаи миёна 214 сомониро ташкил медиҳад.
Баъди гуфтугӯ бо аксари мусоҳибон ба хулосае метавон расид, ки тарзи пардохтани андоз ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ ва фонди нафақа хато ба роҳ монда шуда, бояд дар зимн корҳое бурда шавад, ки барои ояндаи давлат ва қишри нафақагир кӯмак ва сармояи бузурге бошад.

НАФАҚА НЕ, СУҒУРТА БО АРЗИШИ ВАЗНИ ТИЛЛО!
Тавре солҳои 1992-1997 исбот кард, дар ин солҳо ҳар фарде, ки бо собиқаи 30-40 соли корӣ ба нафақа баромад, 14-60 сомонӣ нафақапулӣ таъин шуд. Имрӯз низ, онҳое, ки маош мегиранд ва як қисмати онро ба сифати андози фонди ҳифзи иҷтимоӣ месупоранд, ҳеҷ бовар надоранд, ки онҳо дар айёми пирӣ ҳамин андози супоридаашонро мегиранд. Ин мисол дар ҳаёти бисёре аз нав ба нафақа баромадагон исботи худро ёфт.
Ҷомеашиносон ба ин ақидаанд, ки бояд аз маоши кормандон қисми андози нафақаро на сифати нафақа, балки ба сифати суғурта гирифта шавад. Дар ин росто, бояд Кумитаи андоз аз масъулияти ғун кардани чунин андоз комилан озод карда шавад.
Ба пешниҳоди мо таври гузоштани суғуртаи нафақа танҳо ба дӯши Бонки миллӣ гузошта шавад. Зеро ба ақидаи ҷонибдорони чунин пешниҳод, Бонки миллӣ воқеан бонки мардумӣ буда, дар дигар бонкҳо риски қатъи фаъолият ва ё муфлисшавӣ вуҷуд дорад. Ҳар касе, ки ба айёми пириаш қисми пулашро ба сифати суғурта ба давлат ба амонат мегузорад, бигзор он ба нархи биржавии вазни тилло ҳисоб карда шавад. Яъне, ҳар нафаре, ки ҳар моҳ ба нархи грамми тилло пулашро ба суғурта мегузорад, медонад, ки дар суратҳисобаш чанд грамм ё кило тилло вуҷуд дорад.
Миллионҳо шаҳрвандон ҳар моҳ пулҳои худро ба сифати суғуртаи нафақа бефоиз ба давлат ба амонат месупоранд ва ин тенденсия ҳукуматро водор мекунад, ки пулҳои суғуртаро қисман ба харидани тилло масраф кунад ва қисмати дигар дар Бонки миллӣ ба таври автоматӣ ба гардиши давлатии пулӣ табдил ёфта, миллиардҳо сомонӣ фоидаи дигар ба даст хоҳад омад.
Албатта, суханҳои болоӣ дар нигоҳи аввал афсона метобад, аммо хирадмандона ва аз рӯйи инсоф ба ин пешниҳод назар карда шавад, бовар дорам, аз ин чиз танҳо ҳукумат бурд мекунаду халос.
Бештари иқтисодчиён ин пешниҳодро ҷонибдорӣ намуда, пешгӯйӣ мекунанд, ки Тоҷикистон бо ин роҳ метавонад ҳатто таваҷҷӯҳи на фақат шаҳрвандони дохили кишвар, балки хориҷи кишварро ба худ кашад.
Ҳамсӯҳбати мо, ки овардани номашро салоҳ намедонад, дар системаи бонкдорӣ фаъолият мекунад ва мо шартан ӯро Хуршеди Фирӯз ном мебарем, иброз дошт, ки дар ҳар давлат ҳар лаҳза аз байн рафтани ин ё он асъори миллӣ вуҷуд дорад, ба ин хотир бо ҳисоби вазни тилло ҳисоб кардани суғуртаи нафақа ба фоидаи кор аст.
— Бо чунин корбарии нав бонкдориҳои тиҷоратии ғайридавлатӣ ба таври автоматӣ маҳдуд шуда, монополияи давлатӣ дар системаи бонкдорӣ дар симои Бонки миллӣ ба фоидаи давлату миллат пайдо мешавад. Пул ҳар қадаре, ки захира мешавад, дар ивазаш тилло ҳифз шуда, бо ин роҳ пулҳои миллӣ дар натиҷаи афту хези қурби асъори хориҷӣ осебпазир намешаванд. Дар сурати иваз шудани асъори миллӣ низ шаҳрвандон бехавотир хоҳанд буд, зеро медонанд, ки дар бонк на пул, балки тилло захира кардаанд,-изҳор медорад мавсуф.
Ҳамсӯҳбати мо ва дигар коршиносон низ ба он боваранд, ки агар давлат ба чунин кор иқдом намояд, бешак дар ҷаҳон якумин ва ягона «сектори тилло» мешавад, ки аз бонкдории дигар кишварҳои мутараққӣ низ пештар хоҳад гузашт.

ЧАРО БОНКИ МИЛЛӢ?
ТОҶИКИСТОН-ШВЕТСАРИЯ II
Дар бисёр кишварҳо ҷаҳон исбот шудааст, ки бонкҳои коммертсионӣ (коммерческие негосударственные банки) ҳама вақт метавонанд бо ин ё он баҳона (аз қабили муфлисшавӣ, тоб наовардан ба рақобат ва бозори пул ва ғ.ҳ..) фаъолияти худро қатъ намоянд. Ба ин хотир, ягона ва охирин бонке, ки заҳмати буҷаи кишварро бо тамоми бурду бохт ва бо тамоми зиёну зарараш ба дӯш дорад, ин Бонки миллӣ мебошад. Бонки миллии Тоҷикистон низ аз соли 1992 то соли 1999 мардона алайҳи тамоми зарарҳо аз фаъолият бознамонд ва исбот кард, ки ягона ва охирин муттакои давлату миллат боқӣ мондааст.
-Бо пеш гирифтани иқдоми пешниҳод шуда Ҳукумати кишвар метавонад пули миллиро тавре бообрӯ ҷилва диҳад, ки дигар кишварҳо орзуи доштани пули сомонии моро мекунанд. Зеро дар зеҳни онҳо пули сомонӣ на ба сифати фақат пул, балки ба сифати тиллои воқеӣ ба ҷилва хоҳад даромад ва ба таври нохудогоҳ баҳои доллару евроро ба худ касб хоҳад намуд,-мегӯяд Хуршеди Фирӯз.
Мавсуф илова мекунанд, ки агар Ҳукумати Тоҷикистон пулҳои суғуртаи нафақаи шаҳрвандонро бо арзиши муайян шудаи нархи биржавии тилло қабул кунад ва ҳар моҳ ба ивази он тилло захира намояд ва қисми дигари онро ба гардиши давлатӣ табдил диҳад, боварӣ ва обрӯи ҳукумат дар назди шаҳрвандон садчанд мешавад.
Такроран бояд зикр шавад, ки қабули пули суғуртаи нафақа танҳо бо кафолати нархи тилло ба роҳ монда шавад.

СУҒУРТА БОЯД ҲАТМӢ БОШАД
Дуруст аст, ки имрӯзҳо шаҳрвандон ба суғурта кардан ихтиёран розӣ намешаванд ва аз таваккал меҳаросанд. Дар ин бобат, ҳукумат бояд маҳфилҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, манфиати системаи навро ба зеҳни мардум ҷойгир кунад. Ногуфта намонад, ки ҳаҷми суғуртаи ҳатмии нафақа дар ҳоли имрӯз муодили 50 доллари ИМА муқаррар карда шуда, андозаи фоизи максималии суғуртаи нафақаро бо ихтиёри худи шаҳрвандон вогузор кунад.
Дар ҳоле, ки аксари шаҳрвандон аз соли 1990 ба ин сӯ дар системаи корхонаҳои давлатӣ кор накардаанд ва вақте ба синни нафақа расиданд, ба давлат даъво мекунанд, ки гӯё ҳисоби нафақаашонро бояд ҳукумат ёбад. Моҳияти маҳфилҳои фаҳмондадиҳӣ маҳз ба ин самт хидмат хоҳад намуд ва мардум бояд донад, ки пули суғурта кардаашро рӯзе дар айёми пириаш ҳатман мегирад.
Роликҳои таблиғотӣ дар расонаҳои хабарӣ ва баннеру овезаҳои кӯча бо шиори «Дар ҷавонӣ ғами пириатро хӯр» ба таври ҳамешагӣ бояд ба зеҳну ақли мардум бархӯрад, то донад, ки пулҳои суғурта кардааш танҳо ба фоида худи ӯст. Инчунин корти суғуртаи нафақа ба ҳар як шаҳрванд супорида шуда, он ба ҳайси дафтарчаи амонатӣ эътироф карда шавад. Дар ин ҳол корти суғурта ду функсияро дар як вақт иҷро мекунад. Ҳам корти суғуртавӣ ва ҳам дафтарчаи амонатгузорӣ. Шаҳрвандон метавонанд ба суратҳисоби корт пулҳои эҳтиётии худро захира намоянд ва дар сурати зарурӣ танҳо пули ба амонат гузошташударо бозпас бигиранд. Дар тамоми ҳуҷҷатгузориҳои давлатии шаҳрвандон ба сифати ҳамвазни шиноснома корти суғуртавӣ пурсида шавад. Назорати қатъӣ барои супурдани суғурта ҷорӣ карда шуда, дар сурати таъхири пардохти ҳармоҳаи пули суғуртаи нафақа бо физи паст ҷорӣ намудани ҷарима ба фоидаи кор аст. Системаи андози Фонди ҳифзи иҷтимоӣ аз имрӯз бардошта шуда, Кумитаи андоз аз функсияи ғун кардани андози нафақа комилан озод карда шавад.
Супоридани суғуртаи нафақа ба онҳо, ки собиқаи корӣ надоранд, низ ҳатмӣ ба роҳ монда шавад. Пулҳои чунин шаҳрвандон низ дар суратҳисоби махсуси супоридани суғуртаи нафақа бо нархи биржавии вазни тилло сабт карда шавад. Дар ин ҳолат, онҳо метавонанд бедудилагӣ дар айёми пирӣ даъво кунанд, ки давлат онҳоро аз ҷиҳати молӣ қонеъ кунад.

ПУЛИ СУҒУРТА АЗ БУҶЕТ ЗИЁД МЕШАВАД
Ба ҳисоби мо аз синни 20-солагӣ то ба 60 сола чил синну соли корӣ вуҷуд дорад, ки ба ҳисоби миёна ҳар синну сол то 100 ҳазор нафар шаҳрвандро дар бар мегирад. Бо ин ҳол метавон адади супорандагони суғуртаи нафақаро 4 миллион нафар ҳисобид, ки дар як моҳ 200 миллион доллар ва дар як сол 2 миллиарду 400 миллион доллар ба буҷет ворид мешавад.
Агар чунин коргузорӣ 40 сол давом кунад, он гоҳ ба буҷет 50 миллиард доллар ҷамъ мешавад, ки аз ҳисоби гардиш ба ҳисоби мо солона давлат метавонад, ки 5 миллиард доллар фоида ба даст орад. Яке аз чунин роҳҳо додани қарзи даҳ фоизаи солона ба соҳибкорону шаҳрвандон мебошад.
Аз ҳисоби суғуртаи ҳатмии нафақа, ки гӯё ба сифати депозити бефоиз қабул карда мешавад, онро Бонки миллӣ бо ихтиёри худ метавонад истифода барад, ки давлат аз ин пешниҳод бурд мекунад. Бар замми ин бо нархи биржавии вазни тилло ҳисоб кардани суғурта ва бо нархи биржавии вазни тилло пардохтани нафақа ягона кафолати давлатӣ мешавад, ки шаҳрвандонро метавонад дилгарм созад.
Ба ҷуз ин, аз оғози синни нафақа пардохти пули қаблан суғурташуда ба 20 сол пардохт карда шавад. Ба ҳисоби мо он лаҳза ҳар як нафақахӯр ҳар моҳ на кам аз 200 доллар нафақа мегирад.
Инчунин аз ҳисоби пасту баландшавии қурби пули миллӣ ва нархи биржавии вазни тилло ҳар нимсола дида баромадани нархи минималии супурдани суғуртаи ҳатмии нафақа аз манфиати холӣ нест.

НАФАҚАИ МАЪЮБОН ВА АФРОДЕ, КИ
БАРМАҲАЛ ВАФОТ МЕКУНАНД ЧӢ МЕШАВАД?
Ин суол аслан саривақтӣ буда, бояд дар ин зимн фаромӯш нашавад, ки аз ҳисоби суғуртаи нафақа Бонки миллӣ, ки дар ихтиёри худ истифодаи онро дорад, дар ин ҳолат, ҳатман фоидаи махсус ба даст омада, аз ҳисоби он бидуни зарар маъюбону шаҳрвандоне, ки комилан имкон ва қобилияти корӣ надоранд, бо пуррагӣ онҳоро метавонад бо нафақа таъмин намояд.
Шаҳрвандоне, ки бармаҳал то замони расидани синни нафақа вафот мекунанд, давлат дар асоси васиятномаи қаблии шаҳрвандон бояд кафолат диҳад, ки пулҳои суғуртаи нафақаи онҳо намесӯзад. Он ба меросхӯраш- фарзанд, фарзандхонд ё ягон аҳли байташ ба гарави тилло гузошта шуда, дода шавад.
Тибқи фарзияи мо агар пешниҳоди дар боло ишорашуда дар Тоҷикистон мавриди амал қарор гирад, дар дунё ягона кишваре хоҳем буд, ки аз Шветсария ҳам пешрафт хоҳем намуд. Агар Шветсария «сектори пул» эътироф шавад, он гоҳ Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон «сектори тилло» хоҳад шуд.

 

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

şans casino |
vidobet |
vidobet |
vidobet güncel giriş |
vidobet giriş |
casinolevant |
casinolevant |
casinolevant |
vidobet giriş |
şans casino |
casinolevant giriş |
casino şans |
şans casino giriş |
casino levant |
casino şans |
casino şans |
boostaro |
casinolevant giriş |
şans casino giriş |
casinolevant giriş |
şanscasino |
vidobet |
vidobet giriş |
levant casino |
vidobet giriş |
nigeria betting |
sports betting |
goka |
nigeria betting |
goka |
gokabet |
vidobet |
deneme bonusu veren siteler |
deneme bonusu veren siteler |
deneme bonusu veren siteler |
goka casino |
gokabet |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant güncel giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant güncel giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
ultrabet |
ultrabet giriş |
lidyabet |
galyabet |
betoffice |
betpipo |
1king |
kulisbet |
marsbahis |
tarafbet