+992 92 777 2675

КАЙ МО ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ МЕСОЗЕМ?

КАЙ МО ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ МЕСОЗЕМ?

КАЙ МО ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ МЕСОЗЕМ?

Нет комментариев
Дар кишвари Ҷопон хонандаи синфи нӯҳум дар дарси таълими меҳнат барномаҳои интернетӣ ва оргтехникаи компютерӣ сохта истодааст, ки дар қиёси он мо даҳсолаҳо ин ҷониб дар дарсҳои таълими меҳнат ҳанӯз белчаву дастаи каланд сохта истодаем. Бо он ки неъмати интернет ва сохтани барномаҳои компютерӣ аллакай як чизи оддӣ дар олами пешрафта шудааст, дар мо гӯё як мӯъҷизаи осмониву қудрати илоҳӣ метобад, ки як андоза хандаовар менамояд.

БО ХАРИ КӮҲНА ДАР ШОҲРОҲИ АСРИ НАВ?

Ҳарчанд фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-уми апрели соли 2008 дар бораи «Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотӣ» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2011 оид ба «Консепсияи ташаккули Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расида бошад ҳам, маълум шуд, ки дар кишвари мо на фақат заминаҳои иҷроиши ин фармону қарор вуҷуд надорад, балки худи масъулини давлатӣ амиқан ба ботини ин фармону қарорҳо, ки аллакай ҳукми қонунро гирифтаанд, ворид шуда натавонистаанд. Саҳеҳтар гӯем, ин қонунро ҳанӯз худи масъулини давлатӣ ва ниҳодҳои дахлдор худашон сарфаҳм нарафтаанд.
Имрӯз дар Аврупо ва олами пешрафта истилоҳи «Базаи маълумоти ягонаи шаҳрвандон» (Единая информационная база граждан) вуҷуд дорад. Дар чунин базаҳо аз замони таваллуди шаҳрванд то соли чанд ба синфи якум рафтану хатми мактаб, дохил шудан ба донишгоҳ, касби мақому мансаб ва вазифаҳои давлативу ғайридавлатӣ, гирифтори кадом касал, суроғаи зист, даст ба ҷиноят задааст ё не ва садҳо маълумот ҳифз карда шудааст. Агар фаразан ба интернет дароеду ному насаби Ҷеймс Робинсро аз Британияи Кабир дар системаи «Базаи ягонаи маълумоти шаҳрванд» ба ҷустуҷӯ шурӯъ намоед, даҳҳо Ҷеймс Робинс пайдо мешавад. Дар он акс, соли таваллуд ва дигар маълумотҳои зарурии шаҳрванд пайдо шуда, аз даруни садҳо Ҷеймс нафари заруриатонро бо параметраҳои лозимӣ дарёфтан мушкил нест.
Аммо дар Тоҷикистон бо иллати дар боло ишора шуда аз чунин маълумотҳо умуман на асареву на ҳайдаре вуҷуд надорад. Тасодуф агар нафаре даст ба ҷиноят занад, муред ҳам дар дунё дар бораи ҷинояткор ягон маълумоти зарурӣ дарёфт карда намешавад. Албатта чунин пешомад аз надоштани базаи илми назариву амалии мо дарак медиҳад. Яъне бо ин кор мо нишон дода истдоем, ки дар шоҳроҳи бузурги техникаву технология мо ҳанӯз бо ҳамон хару полони асрҳои аср савораамон равонаем.
Коршиноси масоили техникӣ Фирдавс Ёрматов, ки бо сохтани веб-сайту дизайн ва барномаҳои нанотехнологӣ дар шимоли Тоҷикистон маъруфият пайдо кардааст, мегӯяд иллат дар худи хоҳиши масъулин аст.
-Агар масъулин аз мо хоҳиш кунанд, сохтани чунин база барои мо ҳеҷ мушкил надорад. Дар сурати ба чунин иқдом даст задан бовар дорам, кишвари дар сатҳи ҷаҳон хеле аз худ дарак медиҳад ва пешрафтагии мо эҳсос мешавад, — мегӯяд ҷаноби Фирдавс.
Як ҷанбаи хавфи ин иқдом низ вуҷуд дорад, ки ҳар каси ғаразнок метавонад пиромуни ин ё он шахси дилхоҳаш маълумот пайдо намояд ва онро паҳну парешон созад. Албатта ба ин раванд бо пешниҳоди мо ҷанбаи техникӣ ва қонунии он бояд тахким бахшида шавад. Дастрасии маълумот танҳо ба худи шаҳрванд дар ҳоли изи ангушт ва ё сабти пасманзаи мардумаки чашмашро нишон додан пайдо карда шавад. Ба ҷуз ин, бигзор дар мақомоти амнияти кишвар дар сурати зарурат ва ширкат надоштани худи шаҳрванд аз базаи ягона дастрасӣ ба маълумот аз бойгонӣ имконбахш бошад. Ё худ, маълумоти нахустини элементарӣ дастарси ҳамагон шуда, маълумотҳои муҳим ва ҳаётиву шахсии шаҳрванд танҳо ба мақомоти амнияти давлатӣ мастур гардад.

БАЗАИ ЯГОНА БАРОИ ЧӢ ВА КӢ ЗАРУР?

Бовар дорам ба ҳолати зерин ҳамаи хонандагон рӯ ба рӯ шудаанд: Имрӯзҳо тасодуф коратон ба мақомотҳои нотариалӣ, донишгоҳҳо (барои қабул ва гирифтани диплом ва ғайра), мактабҳои миёна, ташкилоту массисаҳои давлативу ғайридавлатӣ афтад, ҳатман хоҳиш мекунанд, ки садҳо коғазро нусхабардорӣ (ксерокопия) карда барояшон пешниҳод намоем. Худо нокарда агар раваду дар архиви коғазии онҳо нусхабардории маълумотҳои пешниҳодкардаатон гум шавад, маҷбур мешавед ба чанд сомонии дигар боз рафта ҳуҷҷати аслиро ёфта нусхабардорӣ намоед.
Ба хусус дар идораҳои сабти асноди шаҳрвандӣ, маориф, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, идораҳои нотариалӣ, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чунин бюрократия ба дараҷаи олӣ расида, мардум аз коғазбозиву хароҷотҳои баризофӣ безор шудаанд.
Суоле ба миён меояд, ки оё имкон дорад, ки бидуни чунин коғазбозиҳо мардум ба даргоҳи муассисаву ташкилот ва идораву корхонаҳо ворид шаванду тавассути базаи ягонаи маълумоти шаҳрвандон корашон осон, тез, босифат ва қулай сурат бигирад?
Коршинос Фирдавс Ёрматов амалӣ намудани ин гуна корҳоро саҳл ва созмон додани онро бо хароҷоти камтарин имконпазир мешуморад.
-Чаро не? Албатта имкон вуҷуд дорад. Базаи ягона маълумотро сохта, дастрасӣ ва илова намудани маълумоти шаҳрвандонро ба ниҳодҳои давлатии бақайдгирӣ бояд имкон дод. Масалан кӯдак дар таваллудхона таваллуд шуд. Рӯзу соати таваллуд, вазн, ҷинс ва ному насаби кӯдак бояд аз ҷониби худи масъулини таваллудхона сабт шуда, ба база тавассути шабакаи ягона (локальная сеть) фиристода шавад. Дар мактабҳои миёна, олӣ, мақомотҳои иҷроия, ҳифзу ҳуқуқу ҳарбӣ ва садҳо ниҳодҳои сабти асноди шаҳрвандӣ вобаста ба самти худашон иловакунии маълумоти шаҳрвандон сурат гирад, бовар дорам ба таври автоматӣ истилоҳи бюрократияи коғазбозӣ аз байн меравад,-иброз медорад Фирдавс Ёрматов.
Масъалаи матраҳ ин аст, ки чунин роҳандозӣ шудани кор ба манфиати кӣ хизмат карда метавонад? Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ин ҳам ба мардум ва ҳам ба худи ниҳодҳои давлатӣ фоидаи даҳчанда хоҳад овард.
Ба ҳисоби мо агар дар Тоҷикистон 8 миллион нафар зиндагӣ ба сар баранд, бовар дорам ҳуҷҷати аз кӯдаки якрӯза сар карда то пири ҳафтодсола дар як сол то панҷ-шаш маротиба ксерокопия шуда, вобаста ба ин ё он масъала ба ниҳодҳои масъули давлативу ғайридавлатӣ пешинҳод шудааст. Мисол 8 миллион одам ҳуҷҷаташро солона аққалан ду бор ксерокопия карда ба ягон мақомот пешкаш намуда бошад, ба ҳисоби миёна 2 сомонӣ масраф гардида, ба ин ҳисоб солона 16 миллион сомонии мардум танҳо ба хизмати нусхабардорӣ масраф мешудааст. Бовар дорам рақами нишондодаи мо минималӣ буда, агар ҷиддан дақиқ ҳисоб карда шавад, аз ин андоза шояд ду-се маротиба ҳам бештар бошад. Оё ин хароҷоти баризофӣ ба манфиати мардум нест?
Ба ғайр аз ин, вақти масрафшуда ба таку дави нусхабардориву утоқ ба утоқи масъулин давидан ҳамааш хотима меёбад, фаврияти кор ва ҳатман сифати амалкарди масъулин рӯйи кор меояд, ки ҳуҷҷатгузориву коғазбозӣ ва бюрократияи аснодӣ ба таври автоматӣ аз байн меравад.
Танҳо дар ин ҷабҳа барои масъулини идораву ташкилот, муассисаву корхонаҳои давлативу ғайридавлатӣ омӯзиши кӯтоҳмуддати компютерӣ ва чӣ гуна илова намудани маълумот ба базаи ягона баргузор карда шавад, ки бовар дорем, дар қадами аввал мушкили омӯзиш то рафт роҳи ҳалли худро хоҳад ёфт.

БАРХЕ ҶИНОЯТҲО ЧАРО НОКУШОДА БОҚӢ МЕМОНАД?

Имрӯз дар аксар ҳолат аз забони масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пресс-конфронсҳо мешунавем, ки фалон адад ҷиноятҳо бо сабаби субъективию объективӣ ҳанӯз нокушода боқӣ мондааст. Чаро кушода нашудааст? Ин суол албатта посухи профессионалии криманилистикӣ ва ҷустуҷуи ҷиноятӣ мехоҳад. Аммо чунончӣ маълум аст, ҳукумати электронӣ танҳо дар офису утоқҳои корӣ насб кардани видеокамера ва боз кардани почтаи электронӣ нест. Мутаассифона аксари мақомдорону соҳибвазифаҳо ин қонунро чунин фаҳмидаанду бо ҳамин минволи фаҳмиши худашон амал мекунанду бас.
Ҳол он ки як бахши электронӣ намудани фаъолият дастёбӣ ба шабакаи умумиҷаҳонӣ, назорату пайгардии вебкамера шабакавӣ (спутниковая слежка), сохтани базаи ягонаи маълумоти шаҳрвандон ва ҳавола кардани он ба шабакаи локалӣ мебошад. Аммо аз ин овардаҳои мо 0,1 фисади он иҷро шудаасту халос, ки он ҳам бошад, боз кардани почтаи электронӣ ва тамоси мустақими почтавӣ бо масъулин мебошаду халос.
Ин дар ҳолест, ки дар тамоми ҷаҳон аз ҷаҳонишавии ҷинояти терроризм, экстремизм ва радкализм бонги хатар зада, асосан аз ҷангиёни Ховари Миёна, ки аксарашон аз аҳли Осиёи Миёнаанд, коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ гилагузорӣ менамоянд. Имрӯз ягон ҷои пӯшида нест, дар сафи ҷангиёни ҷабҳаҳои ҷиҳодии Ховари Миёна тақрибан 300 нафар ҷавонони Тоҷикистон шомил мебошанд. Кӣ медонад, теъдод шояд аз ин ҳам зиёд бошад? Ин низ дараки он аст, ки на фақат мо шаҳрвандонамонро реалӣ идора карда наметавонем, ҳатто виртуалӣ низ аз ҳоли онҳо бехабарем, ки бо чӣ кор машғуланд. Олами виртуал чунончӣ ба ҳамаи мо маълум аст, ин олами идора ва назорати шабакавӣ тавассути интернет мебошад. На базаи маълумоти ягона дорем ва на сабти шаҳрвандон дар убури сарҳад (чӣ дар воридшавӣ ва чӣ дар хориҷшавӣ) бо изи ангушт ва пасманзари мардумаки чашм дар камераи махсус сурат намегирад. Аслан бояд дар базаи ягонаи маълумоти шаҳрвандон ҳатман изи ангушт ва пасманзари мардумаки чашм сабт карда шавад, то имкони пайгард ва назорати ҳар шаҳрванд тариқи компютеризатсия дар ҳар нуқтаи дунё, ки набошад дар сурати зарурӣ имконпазир гардад.
Ба ин хотир, барои ҳукумату давлат низ барои ифшо, дастгир ва саривақт бидуни хароҷоти баризофӣ ҷиноятҳо олами базаи ягонаи маълумоти шаҳрвандон кӯмаки хеле калон хоҳад овард. Бинобар ин, коршиноси мо мӯътақид аст, ки чунин иқдом дар ҳоли имрӯзаи Тоҷикистон сад фисад имконпазир мебошад ва дар қадами нахуст хароҷоти зиёдеро низ талаб намекунад.

НАЗАРИЯ ҲАСТ, АМАЛИЯ КУ?

Шукри Худо имрӯз дар Тоҷикистон факулта ва шӯъбаҳои зиёди техникаи информатсионӣ вуҷуд доранд. Аммо мутаассифона барномаҳои дарсии он алъон низ бо тадриси солҳои 1995-97-и Русия баробар аст. Дар ҳоле, ки имрӯз кулли ҷаҳон бо туфайли компютеризатсия ва барномаҳои навини нанотехнология дар тамоми ҷабҳаҳои истеҳсоливу назоратӣ, тиҷоративу дипломатӣ дар ҳар рӯз як сол пеш рафта истодаанд. Аммо дар мо ҳамонем, ки ҳамон.
Яъне назария дар базаи илмии мо кам бошад ҳам ҳаст, мутаассифона базаи амалӣ дида намешавад, ки як андоза нигаронкунанда мебошад. Ба ин хотир пешниҳод мешавад, ки ҷанбаи назариву амалии техникаҳои информатсионии донишгоҳу донишкадаҳои мо дар ин самт ҷоннок ва дигаргун карда шуда, бигзор ҳар донишҷӯ дар рисолаи хатми дипломиаш бо муаррифӣ кардани як барномаи нави нанотехнологӣ соҳиби диплом гардад. Дар он сурат мо ҳам кадр тайёр мекунем ва ҳам дар як рӯз як сол пеш меравем.

 

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

şans casino |
vidobet |
vidobet |
vidobet güncel giriş |
vidobet giriş |
casinolevant |
casinolevant |
casinolevant |
vidobet giriş |
şans casino |
casinolevant giriş |
casino şans |
şans casino giriş |
casino levant |
casino şans |
casino şans |
boostaro |
casinolevant giriş |
şans casino giriş |
casinolevant giriş |
şanscasino |
vidobet |
vidobet giriş |
levant casino |
vidobet giriş |
nigeria betting |
sports betting |
goka |
nigeria betting |
goka |
gokabet |
vidobet |
deneme bonusu veren siteler |
deneme bonusu veren siteler |
deneme bonusu veren siteler |
goka casino |
gokabet |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant güncel giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant güncel giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
ultrabet |
ultrabet giriş |
lidyabet |
galyabet |
betoffice |
betpipo |
1king |
kulisbet |
marsbahis |
tarafbet