ДАҲШАТ: РЕДБУЛЛ МЕКУШАД
ОЛИМОН ВА ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ, АЗ ХОБИ ГАРОН ХЕЗЕД!
Вақтҳои охир мӯд шудааст, ки қишри ҷавонону наврасон бештар ба нӯшокиҳои Ребдулл, Ягуар, Монстер, Кокоина ва амсоли инҳо майл кардаанд, ки асосан дар зарфҳои тунукагин фурӯхта мешаванд. Моҳи ноябри соли гузашта Оҷонсии ҳифзи саломатии назди вазорати тандурустии ИМА, ки ба иҷозати истеҳсол ва сифати маҳсулоти ғизоӣ ихтисос дода шудааст, исбот кард, ки тӯли 9 моҳ дар ҳудуди ИМА 13 ҳазор нафар аз ҳисоби нӯшокиҳои қотили барангезанда фавтидаанд.
Аллакай шаш иёлоти Амрико бо қонунҳои махсуси худ фурӯш ва истеҳсоли чунин нӯшокиҳоро қатъиян манъ карданд. Дар партави ин гуфта, аллакай Госдумаи Русия низ дар арафаи қабули лоиҳаи қонун дар бораи манъи фурӯши нӯшокиҳои барангезанда қарор дорад. Лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби ҳизбҳои «Справедливая Россия» ва «Единая Россия» пешниҳод гардид. Дар назар аст, порлумони Қазоқистон низ ин тасмимро рӯзҳои наздик мавриди санҷиш қарор диҳанд.
Тибқи маълумотҳои расида дар яке донишгоҳҳои тиббии Чин дар таркиби нӯшокии Редбулл вуҷуд доштани спирт ва кофеин, ки ҳар ду як якҷоягӣ заҳри қаттол мешудаанд, исбот карда, сароҳатан маълумот пахш кардаанд, ки сар то сари кишвари Чин фурӯш ва истеҳсоли нӯшокиҳои барангезанда қатъиян манъ карда шавад. Аммо то куҷо ҳукумати кишвари Чин ба ин вокуниш иқдом мекунад, вақт нишон медиҳад.
Тавре ҷомеаи ҷаҳонии тиббӣ исбот кардааст, дар таркиби нӯшокҳои барангезанда маводҳои барангезанда кофеин, таурин, спирт, гуаран вуҷуд доштааст, ки ҳамагӣ дар як ҷоягӣ агар организмро бедору барангехта нигоҳ дорад, маҳорати қувваи боҳи мардиро коҳиш дода, аз тарафи дигар марги тадриҷӣ маҳсуб мешудааст. Маълум аст, ки тамоми олимони ҷаҳон аллакай хулосаҳои худро дар ин бобат гуфта, бонги хатар заданд, аммо суоли матраҳ ин аст, ки олимони тибби тоҷик ва вазорати тандурустии кишвар кай ба ин чиз иқдом мекунанд?
АЗ САФҲАҲОИ ТАЪРИХИ НӮШОКӢ
Дар замони қадим мутаффаккирону олимон дар навиштаҳои худ мафҳуми «оби ҳаёт»-ро хеле коркард намудаву ситоиш карда буданд, ки умри инсонро дароз, ҷисмашро барангехтаву бедор нигоҳ медорад. Аммо ин мафҳум дар Аврупо имрӯзҳо ҳамчун «эликсир» ёд мешавад, ки аз забони арабии «Ал-иксир», яъне зиёдкунанда мебошад. Эликсирҳои тибби қадим дар таркиби худ обу алафҳои кӯҳӣ дошта, воқеан қувваи мардӣ, дарозумрӣ ва саломатии бардавомро ҳадя мекарданд. Дар Шарқи Наздик қаҳва, дар ҷанубу шарқи Осиё ва Чин-чой, дар Ҳиндустон ҳам чой ва ҳам қаҳва, Амрикои ҷанубӣ–чойи алафи матэ, дар Африка – нӯшокӣ аз чормағз, дар Шарқи дур, Сибир ва Муғулистон то ба ҳанӯз истифодаи лимончой, шарбатҳо аз элеутерококк, мардумгиёҳ (женшен), аралия ва ғайра маҳсуб мешуданд, ки ҳамчун нӯшокиҳои қадимаи барангезандаи безарар шинохта ва эътироф мешуданд. Ногуфта намонад, ки чунин нӯшокиҳои табиӣ то ба ҳол низ арзиши худро гум накардаанд ва аксари олимону рӯзгордидагони оқил аз чунин нӯшобаву шарбатҳо фаровон истифода мебаранд.
Нахустин бор соли 1929 дар Бритониё дар госпиталҳои ҳарбӣ ба ҷангиёни ҷароҳатбардошта нӯшокиҳои барангезанда, ки дар асоси консентрати химиявӣ сохта шуда буд, медоданд, ки дар сурати зарурат ҳисоб меёфт. Аммо дар рӯзгори мутамаддин чунин эликсирҳои табиии биологӣ то рафт аз истеъмол ва истифода дур шуда, оммаи васеъ рӯй ба консентратҳои химиявӣ овардааст, ки хеле нигаронкунанда мебошад. Нахустин истеҳсол ва фурӯши нӯшокии барангезандаи энергетикӣ соли 1960 дар Япония расм шуд, ки он дар зарфи сиёҳ фурӯхта мешуд.
Истеҳсолу фурӯши энерготоникҳо дар Англия аз соли 1980 ва дар ИМА аз соли 1985 пайдо шуд, ки ба яке аз нӯшокиҳои дӯстдошта ва серхаридору сердаромад табдил ёфт.
Соли 1982 соҳибкори австриягӣ Дитрих Матешитс ин идеяро аз Гонконг овард ва шурӯъ аз соли 1984 дар Австрия фабрикаи истеҳсоли «Редбулл»-ро асос гузошт. Дере нагузашта ба яке аз миллионерҳои сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфт.
Пас аз ин бозорҳои Кока-Кола, Пепси-кола, «Burn» ва «Adrenaline Rush» гарм шуда, рӯз то рӯз бо рекламаҳои нав ба нав аз худ дарак доданд.
ФУРӮШИ ЗАҲР ДАР АВҶ, АММО ВАЗОРАТҲО ХОБ
Истеҳсолгарони чунин нӯшокиҳо кафолат медиҳанд, ки гуё маҳсулоти нӯшокаҳои эенергетикӣ комилан безарар мебошанд. Аммо ба ҳар як кӯр мисли асо дар зарфи тунукагин навишта шудааст, ки дар як шабонарӯз зиёда аз як зарфи 250 грамм истифодаи он манъ аст. Пас дар ин сурат бармеояд, ки ду зарфи он зарар ва ҳатто заҳри қаттол аст.
Биёед ба моддаи КОФЕИН назар мекунем, ки яке аз ҷавҳарҳои асосии нӯшокиҳои энергетикӣ мебошад. Кофеин тибқи хулосаҳои тиббӣ ба қатори маводи наркотикӣ медарояд, ки дар зеҳн ва рӯҳи инсон вобастагиро пайдо месозад. Олимон исбот кардаанд, ки оқибати одат ва вобастагӣ ба нӯшокиҳои энергетикӣ ба нашъамандӣ оварда мерасонад. Ҳадди ақалл чунин вобастагӣ инсонро майпараст карда, ба касалиҳои вобастаи ҷигар, аз ҷумла серроз ва эхинококк оварда мерасонад, ки таркиби хун вайрон шуда, ҳатто баъзе муҳаққиқон дар оянда мубталои саратони хун (белая кровь) шуданро кафолат медиҳанд.
Кофеин маркази системаи асабро ором сохта, тибқи хислати табиияш инсонро беғам мекунад. Дар баробари ин зиёд шудани касалии қанд аз эҳтимол дур нест, ки аллакай дар ҷомеа имрӯзҳо гирифторони касалии қанд хеле афзоиш ёфтааст. Гузашта аз ин, кофеин аз организм калтсийро мешӯяд, ки ҳамаи мо дар организм набудани калтсийро хубакак медонем ва имрӯзҳо тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ алайҳи набудани калтсий дар организми инсон мубориза бурда истодааст.
Исбот шудааст, ки кофеин дилҳои касалро ба марг бурда расонида, инсонҳои солимро ба оқибати касалии дил оварда мерасонад.
Ин аст, ки дар кишварҳои Норвегия, Фаронса, Дания умуман истеҳсол, воридот ва фурӯши чунин нӯшокиҳо қонунан манъ карда шудааст. Дар Германия бошад, шурӯъ аз соли 2015 барои фурӯш ва паҳн намудани чунин нӯшокиҳо мисли маводи нашъаовар парванда боз шуда, ҳабс низ пешбинӣ шудааст.
Ба қарибӣ 30 шаҳрванди Шветсия аз ҳисоби истифодаи нӯшокиҳои барангезанда дар як рӯз фавтиданд. Ҳукумати ин кишвар дарҳол барои манъи фурӯши чунин нӯшокӣ қарор қабул кард. Исбот шуд, ки тамоми фавтидагон аз ҳисоби инфаркти бесобиқа, ки дар асоси нӯшидани энергетикҳо ба миён омадааст, мубталои марг шудаанд. Олимон кишвари Швед исбот карданд, ки аксари онҳо энерготоникҳоро бо нӯшокии спиртӣ омехта карда нӯшиданд, ки мӯҷиби марги онҳо шудааст. Чунончӣ имрӯзҳо дар Тоҷикистон низ тамоми онҳое, ки ин гуна нӯшокиҳоро истифода мебаранд, ҳатман бо спирт омехта мекунанд.
Як воқеаи афсӯсбори дигар дар Ирландия ба вуқӯъ пайваст, ки баскетболисти машҳур Россом Куни дар натиҷаи истеъмоли се зарфи нӯшокии барангезанда дар майдони бозӣ фавтид, ки боиси митинги калони чандрӯзаи шаҳрвандони Ирландия гашт. Ҳатто иштирокчиёни митинг аз ҳукумати ин кишвар талаб карданд, ки фурӯши нӯшокии энергетикии заҳрогин қатъиян манъ шавад. Баъди чунин ҳамоиши чандрӯза ҳукуматдорони Ирландия маҷбур шуданд, ки фурӯши онро манъ созанд.
НӮШОКИҲОИ БАРАНГЕЗАНДА-ВИЗА БА ОН ДУНЁ
Дар ҳоле, ки тамоми ҳукумату вазоратҳои кишварҳои пешрафтаи дунё барои ҳифзу ҳимояи саломати аҳолиашон тасмимҳои қобили қабулро пеш гирифта истодаанд, масъулини Вазорати тандурустии Тоҷикистон, Вазорати иқтисод ва молияи Тоҷикистон, Палатаи савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кай чунин иқдомро пеша месозанд? Чаро ягон олими тоҷик, ба хусус табибон ягон рисола ва ё мақолаҳои илмию тадқиқотӣ бобати зарари чунин нӯшокаҳо наменависанд? Аслан ниҳояти ҷои гила аст, ки то ҳукумат ба олимони хушхаёли мо бо супоришҳои махсус илҳом набахшад, худашон ибтикор гуфтанӣ гапро намедонанд. Чаро Вазорати тандурустӣ хомӯшӣ ихтиёр кардааст? Агар касе эрод гирад, ки чаро муаллифи ин сатрҳо Палатаи савдоро низ муқассир медонад. Суоли дуруст аст, аммо масъулини ин Палата бояд донанд, ки савдо на он соҳаест, ки ҳар чӣ пеш ояд хуш ояд савдо карда шавад. Савдо ва фалсафаи савдо он аст, ки инсон бояд донад, ки чӣ чизро фурӯхта истодааст? Оё маҳсулоти фурӯхта истодааш ба саломатии омма зарар мерасонад ё фоида?
Пас дар ин сурат зарур мешуморам, ки Порлумони кишвар, вазоратҳо ва кумитаҳои махсус лоиҳаи қонуни наверо ба тасвиб расонанд, ки воридот, фурӯш ва паҳну истеҳсоли нӯшокиҳои энергетикиро қонунан манъ созанд. Агар бигзор гуфтем, зӯрашон ба ин иқдом нарасад, ҳадди ақалл ба фурӯши ҳар як зарфи он маркаи аксизро ҷорӣ намоянд.
Агар ин кор ҳам аз дасташон наяод, пас бе дудилагӣ метавон гуфт, ки масъулони вазоратҳои дар боло ишора шуда ба мардум истеъмоли заҳрро иҷозат медиҳанд. Худо аз ин чиз нигоҳ дорад!
Комментариев нет.