+992 92 777 2675

«Мактаб»-и куштор дар Тоҷикистон

«Мактаб»-и куштор дар Тоҷикистон

«Мактаб»-и куштор дар Тоҷикистон

Нет комментариев

Беаҳамиятӣ то ҷое расидааст, ки кӯдакону наврасон вақти бештари худро на дар китобхона, балки дар марказҳои бозии компутерӣ мегузаронанд. Аммо имрӯз мутаассифона расм шуда, ки ҳар амали ношоистае аз ҷониби наврасони синни мактабӣсар занад, тамоми гуноҳу савобашро ба дӯши муаллиму соҳаи маориф бор мекунанд. Аммо ин ҷо муаллимон гуноҳе надоранд. Иллат дар он аст, ки бачаҳо баъди дарс ё то вақти фаро расидани машғулият худро саргарми бозиҳои компутерӣмесозанд. Ҳатто аз дарс гурехта, вақташонро дар ин гуна ҷойҳо ҳадар месозанд.

Боре…

Воқеан, бисёр вақт мешунавем, ки фалон муаллим ё директори мактаб ба хотири он ки хонандае ягон номаъқулие кардааст, танбеҳ гирифтааст ё мавриди сарзаниш қарор дода шудааст. Аммо ҳақиқати ҳол ин аст, ки муаллимон танҳо имконияти назорат ҳангоми дар соатҳои дарсӣ буданашро доранду бас. Вақте хонандаи мактаб аз дарсҳо фориғ шуд, ӯ куҷо меравад, Худо донаду худаш. Ҳатто баъзе падару модарон ба ҳадде бефарқ шудаанд, ки фарзандонашонро намепурсанд, ки чаро аз мактаб дер омадаст. Ё худ намепурсанд, ки соати дарсиат чанд соат асту кай ба охир мерасад? Бо як гуфтор, назорати волидайн тақрибан аз ёдҳо фаромӯш шудааст. Бинобар ин, тамоми хислати баду неки хонандагонро ба дӯши муаллимон вогузоштан, ба хусус вақти фориғуттаҳсил буданашро ман аз рӯйи инсоф намедонам.Боре, ба назди маркази компутарие гузорам афтод, ки қатори бачаҳоеро дидам, ки дар китф сумка, дар тан либос ва дар гардан галстуки мактабӣ доштанд. Тақрибан даҳ-ёздаҳ нафар буданд, ки пасу пеш ба маркази бозии компутерӣ медаромаданду ҳамзамон панҷ-шаш нафари дигар аз он ҷо бо сару либоси мактабӣ баромада истодаанд. Ҳайратзада дар сарам андешае пайдо шуд, ки як дарояму бо чашми худ бубинам: Гирдогирди толори бозӣ тақрибан 35 компутер гузошта шуда, ҳамаи он аллакай банд буду дар сари ҳар як бозигар ду-се нафари дигар рост истода, бо завқ тамошокунон навбат мепойиданд.Бо баробари бозӣ ва шавқу шӯри тирпаррониву саҳнаҳои куштор бачаҳо ба ваҷд омада, бо садои баланду шунаво ҳақоратҳои ғайришаръиро бештар истифода мебуранд. Яке «Ҳе очата… ана куштам-э», дигаре «Сарата мебурам оча…»-гӯён дод мезад. Ҳамзамон афроди дар навбат буда, «куш, куш, зан зан, онаша…»-гуфта қарсак мезаданд. Ба як хулоса, чашму ҳӯш ва тамоми вуҷуди ин бачагон ҳамин сахнаҳои куштору хун ва бераҳмиву хунхорӣ буду халос. Ҳатто дар як ду курсӣ мардони калонсол нишаста саргарми бозӣ буданд. Дар як кунҷи он 6-7 нафар бачаҳо бо барномаи махсуси якҷояи гурӯҳӣ (сетевая игра) байни ҳам мусобиқаи бештари куштану хунрезӣ доштанд, ки аз ҳама кунҷи серғавғову сертамошобини дигаре буд. Худоё, мо ба бачаҳо куштору хунрезиро омӯхта истодаем. Ана дар куҷо будааст, мактаби куштору бераҳмӣ!!!Хусусан дар бозии якҷояҳои гурӯҳии чанд компутер ба ҳисоби хол ба бозигарон «қадрдонӣ» мешудааст, ки аз ҳама нуқтаи кулминатсияи бозӣ будааст: Касе холи зиёд мегирад, он нафар гӯё хунхортарин ва бераҳмтарин нафар буда, дар байни ёру рафиқон гӯё як дараҷа баланд истода, соҳибобрӯ ҳисобида мешудааст. Ҳар касе хунхортар аст, гӯё ҳамон нафар бузургтар будааст. Мутаассифона, ин аст, шуури имрӯза насли наврас!

Мақсадҳои ғаразноку нопоки созандагон

Худ маълум аст, ки барномаҳои бозии компутарӣ, манзараҳову эпизодҳо ва қаҳрамонҳои бозиҳои куштор аз кишварҳои хориҷа махсус сохта шуда, ба давлатҳое, ки нисбатан фақир ҳисоб меёбанд, бебаркаш фиристода мешавад. Аз ҷумла, ба Тоҷикистон, ки таърихи чандҳазорсолаву соҳиби тамаддуну фарҳанги баланд мебошад, кас гумон мекунад, ки созандагони барномаҳо ба хотири аз байн бурдани ҳамин фарҳангу тамаддун мехоҳанд тавассути бозиҳои куштору хунхорӣ насли навраси моро вайрон сохта, дар вуҷуди онҳо заминаҳои нахустини террористиву хунхориву бераҳмиву қотилиро ёд диҳанд.Зеро дар як бозӣ метавон мушоҳида намуд, ки даҳҳо силоҳи оташфишон вуҷуд дошта, ҳатто қаҳрамони бозӣ дар ҷойҳои зарурӣ яроқи оташфишонро як сӯ гузошта, бо истифода аз корду ханҷар гулӯи душманонашро бемалол мебурад ва аз гӯлӯи он хун фаввора зада мебарояд. Ин манзараи даҳшатноктарине буд, ки дидам. Бахусус вақте бачаҳо ҳангоми фавора задани хун, дар лабашон хандаҳои аҳриманонаву бераҳмона пайдо мешуд, дили маро гургон тала карданд. Наход, ҳамин бачаҳои ояндаи миллати мо бошанд? Наход мо эстафетаи давлатдориро ба ҳамин гуна наврасон дар оянда месупорида бошем? Магар наметавон ба натиҷа расид, ки ин барномаҳо махсус офарида шудаанд, то насли навраси мо вайрон шавад? Магар дар виҷдони онҳое, ки чунин марказҳои дилхушкунандаи бозии компютерӣ сӯзише пайдо намешавад, ки эшон насли наврасро аз мактабу дарс дур нигоҳ дошта, дар ботини онҳо адовату бадбинӣ, чӣ гуна куштану чӣ гуна аз яроқҳо ба осонӣ истифода бурданро ёд дода истодаанд? Магар нозирони минтақа ин гуна ҷойҳоро намебинанд, ки як бор дароянду гӯянд, ки чаро ту аз дарс гурехта падару модаратро фиреб дода, ин ҷо ба бозии контстрайк андармонӣ? Дар баробари он ки имрӯз раванди дур кардани насли наврас аз пӯшиши либосҳои ғайримиллӣ рӯйи кор омада, тарғиби пӯшиши либосҳои миллӣ дар авҷ аст, чаро нашавад, ки дар қатори ин бачаҳоро аз ин гуна марказҳои бо истифодаи қонун манъ намоем?Ин суолҳоеанд, ки вуҷуди ҳар як миллатдӯстдорро бояд сӯзонад. Зеро имрӯз дидану гуфтани он осон аст, аммо вақте ин насли наврас камтар бузургсол мегарданд, киллеру террористҳои тайёр мешаванд. Зеро онҳо манзараҳои хуну кушторро дидаанд, тарзи чӣ гуна буридани гардану ба дил ханҷар заданро медонанд, пас оё ин ба ояндаи миллати мо хатар нест?

Наслҳои бесаводу қиморбозони оянда

Шуру шавқу ғалаён (азарт) то ба ҳаддест, ки агар як хонандаи мактаб як рӯз ба ин гуна маконҳо дарояд, мисли нашъаманд ҳар рӯз медарояду халос. Зеро қувваи ҷозибаи бозӣ ба ҳаддест, ки аз нашъаманд монданӣ надорад. Ба ҷуз ин, вақте имрӯз бачаҳо байни якчанд компутер бозиҳои гурӯҳӣ созмон медиҳанд, онҳо барои бозӣ аллакай ба мисли қимор пул монда бозӣ мекунанд, ки мо шоҳиди ин гуна манзара шудем. Вақте имрӯз лаззати бурду пули бозиро бачаҳо, ки диданд, пагоҳ ҳатман аз он ҳам боваҷдтар яъне даст ба қимор мезананд. Имрӯз ин гуна маконҳо дар баробари он ки бачаҳоро беақлу бераҳм карда истодааст, пойдевори қиморбозони ояндаро барои онҳо сохта дода истодааст, ки хидмати хирсонае беш нест.Аз ҳама аламовар он аст, ки аксари онҳо дарс гуфта мебароянду ҳам мактаб ва ҳам волидайнашонро фиреб дода, рӯзи дароз умрашонро паси компутери бозӣ сарф мекунанд, киин ҳолат ба бесаводии оммавии даҳ соли оянда нишонаи ангушт менамояд.Пеши роҳи ин амали зишту ғайримиллӣ, ки ояндаи афсӯсборро ба дунбол дорад, аз имрӯз бояд гирифт.

Вақти он расидааст, ки…

Ҳукумати кишвар бояд тасмим бигирад, ки ба фаъолияти ин гуна марказҳои бозии компутерӣ нуқтаи таммат гузошта, фаъолияти онҳоро манъ созад. Барои ин, бояд Маҷлиси Намояндагон қонунеро ба тасвиб расонад, ки бо баробари манъи фаъолияти чунин марказҳо, ҷавобгарии соҳибкоронеро муқаррар намояд, ки аз пушти чунин марказҳо нон ёфтан мехоҳанд. Ҳамзамон бояд тазаккур дод, ки Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар» бозбинӣ шуда, на фақат ба масҷид рафтану дарсҳои динӣ хондани хонандагонро танзим ва муайян созад, балки рафтану гузаронидани вақти наврасон дар марокизи бозиҳои компутерӣ манъ карда шавад. Бигзор барои пешгирӣ ва пурзӯр намудани он ҷавобгарии қонунӣ ба роҳ монда шавад.Бори дигар такрор мекунам, имрӯз гуфтану шунидани ин гуфтор осон аст. Аммо фардо баъди панҷ-даҳ сол дер мешавад. Зеро «мактабҳо»-и бераҳмиву хунхорӣ насли навраси моро вайрон карда, ҷомеаи моро ба харобӣ хоҳанд бурд.

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

şans casino |
vidobet |
vidobet |
vidobet güncel giriş |
vidobet giriş |
casinolevant |
casinolevant |
casinolevant |
vidobet giriş |
şans casino |
casinolevant giriş |
casino şans |
şans casino giriş |
casino levant |
casino şans |
casino şans |
boostaro |
casinolevant giriş |
şans casino giriş |
casinolevant giriş |
şanscasino |
vidobet |
vidobet giriş |
levant casino |
vidobet giriş |
nigeria betting |
sports betting |
goka |
nigeria betting |
goka |
gokabet |
vidobet |
deneme bonusu veren siteler |
deneme bonusu veren siteler |
deneme bonusu veren siteler |
goka casino |
gokabet |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant güncel giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant güncel giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
natobet |
natobet |
natobet |
natobet |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
marsbahis |
marsbahis |
casinolevant |
kavbet |
marsbahis güncel erişim