+992 92 777 2675

МАҲБАСИ ПУЛАКӢ (ва фоидаҳои чунин як алтернатива)

МАҲБАСИ ПУЛАКӢ (ва фоидаҳои чунин як алтернатива)

МАҲБАСИ ПУЛАКӢ (ва фоидаҳои чунин як алтернатива)

Нет комментариев

Имрӯз бояд аз ростӣ иқрор шуд, ки ҳукумати кишвар барои нигаҳдории ҳар як маҳбас дар як шабонарӯз садҳо ҳазор сомонӣ харҷ мекунад. Барқи доимӣ, хӯроки бепул, ҷои гарм ва ғайра. Бо он ки гӯё онҳо аз озодӣ маҳруманд, аммо табиист, ки ҷазо ҷазо асту бояд онро адо намуд, қатъӣ назар аз кадом намуди ҷиноят. Суоли матраҳ ин аст, ки маҳбусҳам инсон ва ҳам шаҳрванди Тоҷикистон аст, бояд дар ивази ҷиноят ва гуноҳаш саҳме барои буҷаи кишвар гузорад. Яъне чӣ тавр? Ин суолест, ки барои посухаш ин ҷо андеша меронем.

Буҷет догма нест

Пешрафти иқтисодиёти ҷаҳон ва рӯз то рӯз гарон шудани маводҳои ниёзи ҷомеа моро водор мекунад, ки ба андозаи буҷетҳамасола ба таври дигарнигарӣназар кунем. Яъне буҷет догма нест, ки ҳар сол андозааш як хел истад. Бояд ҳамқадами замон ҳамасолаандозаи буҷетро ба самти зиёдшавӣтағйир дод. Ҳукумат ва коршиносон аллакай роҳҳои расидан ба зиндагии шоиста ва тарзи ғанӣнамудани буҷети давлатиро борҳо гуфтаанд. Аммо ин ҷоғараз аз овардани ин матлаб бой кардани буҷет аз ҳисоби маҳбусон ва созмон додани маҳбаси алтернативӣмебошад.

Шояд суоле пайдо шавад, ки маҳбаси алтернативӣ чӣ аст ва он чӣгуна шароити нигаҳдорӣ дорад?

Аллакай дар таҷрибаи давлатҳои Дания ва Олмон фаъолият намудани муассисаҳои ислоҳотии алтернативӣбарои бой кардани буҷети ин кишварҳо муосидат кардааст. Давлати Нидерландия ва ҷумҳурии Латвия низ дар садади боз кардани маҳбаси алтернативӣқарор доранд, ки ин кишварҳо низ дар фикри судҷӯӣва фоидагирӣаз ҳаёти маҳбусон афтодаанд.

Ин тадбирҳо шояд дар назари аввал хандаовар тобанд. Шояд баъзеҳо даъво кунанд, ки ҷинояткор бояд ҷазояшро гирад ва дар шароитҳои бадтарину аз озодӣмаҳрум ба қадри зиндагии шоиста бирасанд. Хуб, дуруст аст, мо зид нестем. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки муассисаҳои ислоҳотии алтернативӣба ҷои зарари иқтисодӣ, баръакс фоидаи назаррас меоранд ва бо пардохти маблағҳо барои пешрафти иқтисодии давлат саҳми худро гузошта метавонанд.

Шароити маҳбаси алтернативӣ

Маҳбаси алтернативӣтибқи таҷрибаҳо ва мушоҳидаҳо аз маҳбаси маъмулӣфарқе надорад. Он ҷо низ маҳбусон аз озодӣмаҳруманд. Аммо шароити хубтаре доранд, ки дар ивази пардохти маблағи муайян ба буҷети кишвар саҳми худро мегузоранд. Масалан, барои нигаҳдорииҳар як маҳбус дар Нидерландия ҳукумати ин кишвар дар як шабонарӯз 16 евро, дар як моҳ480 евро масраф мекардааст, ки тақрибан Тоҷикистон низ бо фароҳам овардани имрӯза шароит ҳамин миқдор пулро аз буҷет сарф мекунад. Ин ҳолатро ба назар гирифта, коршиносони нидерландӣпешниҳод намуданд, ки бояд маҳбасҳои пулакие созмон дод, ки бигзор афроди доро дар маҳбасхонаҳои алоҳида адои ҷазо намоянд ва ба суратҳисоби махсус маблағсупоранд. Аммо дар радифи ин бигзор маҳбасҳои маъмулӣистодан гиранду маҳбасҳои алтернативии пулакӣбуҷети давлатиро бой намоянд. Фақат фарқдар ин аст, ки дар маҳбасхонаҳои алтернативии пулакӣшароити зисту нигаҳдорӣ, хӯрокаву пӯшока ба маротиб хубтару беҳтар аст. Масалан, таъмини маҳбусон бо телевизор, интернети WiFi, телефони мобилӣ, фитнес-клубу варзишгоҳҳо, мабразу ташноби алоҳида, оби гарм, кондитсионер, ошхона ва ғайра аз деталҳое мебошанд, ки маҳбусон бархӯрдоранд.Албатта, дар ивази ин ба суратҳисоби давлат маблағи назаррасро пардохт менамоянд, ки бе шаку тардид аз ин роҳ давлат манфиати назаррасро соҳиб мешавад.

Бояд суоли дигаре ин ҷо пайдо шавад, ки агар маҳбаси алтернативӣба фаъолият оғоз кунад, шояд рашки дигар маҳбусонеро ба бор оварад, ки онҳо дар шароити бадтар зиндагӣмекунанд? Албатта, ин рашк дуруст аст, аммо аз рӯи инсоф бояд гуфт, давлат бояд дар ивази заҳматҳояш аз бархеи маҳбусон, ки шароити хуби зиндагӣдоранд, манфиат гирад. Бахусус дар шароити имрӯзаи бӯҳрони иқтисодӣ ин идея бад нест. Бояд иқрор шуд, ки дар паҳлуиҳукумат бояд буд ва барои бой шудани буҷет ва баланд шудани некӯаҳволии мардум тадбирҳои чорасозро бояд дар амал татбиқнамуд.

Дар хулосаи ин бахш метавон ёдовар шуд, ки ҳатман ҷойгиршавии маҳбаси алтерантиваи шартномавӣбояд алоҳида география дошта бошад. Бар замми ин, бояд таҷҳизоти телефону модемҳои интернетрасони он зери назорати ҷиддии нанотехнологияи муосир қарор дода шавад, то маҳбусон амалиётҳоиҷиноятбори худро тариқи паёмҳои телефониву интернетӣбо дигар ҷиноятҳои дигари дар озодӣбуда анҷом надиҳанд.

Дар паҳлуи ҳукумат истодан қарзи мост

Бино ба маълумотҳои оморӣ,агар имрӯз дар маҳбасхонаҳои Тоҷикистон тақрибан 10 ҳазор нафар ва дар муассисаҳои ислоҳотии шимоли Тоҷикистонҳудуди 2700 нафар адои ҷазо намуда истода бошанд, тақрибан аз ин 30-40 фоизи онҳо имконият ва хоҳиши дар чунин маҳбаси алтернативии пулакӣадои ҷазо намуданро доранд. Пас чаро нашавад, ки аз чунин мавқеият давлату ҳукумат истифода набарад? Бо он ки барои нигаҳдории ҳамин миқдор маҳбус давлату ҳукумат хароҷот аз буҷет менамояд.

Бояд ошкоро гуфт, имрӯзҳо ҳам онҳое, ки дороянду шароити хуби зиндагӣ доранд, дар сурати содир намудани ҷинояту адои ҷазо намудан дар маҳбасхонаҳо тариқи ошнобозиву дигар роҳҳо утоқҳои махсуси зиндагӣва шароити хуб доранд. Аммо имрӯз онҳое, ки камераҳояшон аз шароити хуб бархӯрдор асту паҳлу ба паҳлу бо камераҳои шароити муосид надошта қарор дошта бошад, тасаввур кунед, яке хуб, дигаре бад, албатта боиси рашки дигарон аст. Ба ин хотир, ҷойгир намудани маҳбасхонаи алтернативии пулакӣдар минтақаи дигар ба манфиати кор хоҳад буд. Зеро ҳасаду рашки касе намеояд ва дар ин сурат адолат зери по намешавад.

Бар замми ин, ҳангоми баргузор шудани мурофиаи судии ҷинояткорон аз сатҳи зиндагии онҳо пурсида шавад. Ҳатман суоле гузошта шавад, ки оё айбдоршаванда имкону хоҳиш дорад, ки дар маҳбасхонаи алтернативӣ адои ҷазо намояд? Дар ин ҳол ба ҳама судшавандаҳоҳуқуқи баробари интихобро бояд дод, ки агар имкону хоҳиш ва шароити иқтисодӣ дошта бошанд, марҳамат, ба маҳбасхонаи алтернативӣ. Агар не, ба маҳбасхонаи шароити маъмулӣ.

Ҳадаф — обрӯи давлатӣ ва ҳифзи буҷет

Агар ин пешниҳод мавриди барраси парлумони кишвар,ҳукумат ва коршиносон гардад, бовар дорем, ҳукумат аз хароҷоти иловагие, ки барои нигоҳдории маҳбусонҷудо менамояд, билкулл халос мешавад. Зеро дар ивази маблағҳои ба даст омадаи аз ҳисоби маҳбаси алтернативӣҳукумат метавонад ба осонӣхароҷоти маҳбасҳои маъмулиро ба роҳмонад. Итминон дорам, инкамтарин идея бо вуҷуди ҷо доштани баҳсу мунозира, ризову норизоҳо ва дигар ҷанбаҳои баҳсталаб беҳтарин имконоте мебошад, ки бахусус дар бӯҳрони имрӯзаиҷаҳонӣ ба буҷаи кишвар кӯмаки назаррасе карда метавонад.

Гузашта аз ин, бисёре аз созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон бештар даъво мекунанд, ки гӯё дар кишвари мо шароити нигаҳдории маҳбусон дар ҳолиғайриқаноатбахшқарор дорад. Аммо бовар дорем, бо пеш гирифтани чунин тадбир обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ баланд шуда, арзиши олӣ доштани ҳуқуқи инсон, ки дар Сарқонун ишора шудааст, сарфи назар аз маҳбус будан ё набудани шаҳрванд пурра таъмин мегардад. Боқӣқазоват аз шумост.

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

deneme bonusu veren siteler |
casino siteleri |
şans casino |
vidobet |
vidobet |
vidobet güncel giriş |
vidobet giriş |
casinolevant |
casinolevant |
casinolevant |
şans casino |
şans casino |
casinolevant giriş |
casino şans |
şans casino giriş |
casino levant |
casino şans |
casino şans |
levant casino |
bahislion |
casinolevant |
gamdom |
gamdom giriş |
gamdom |
boostaro |
bahislion |
boostaro |
gamdom |
casinolevant |
casinolevant |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant |
casino siteleri |
casinolevant giriş |
casinolevant |
gamdom |
gamdom |
şanscasino |
sosyobase |
En Güvenilir Casino |
lisanslı siteler |
vidobet |
vidobet giriş |
casino siteleri |
bahis siteleri |
haber kaldırma |
gamdom |
lidyabet |
lidyabet |
lidyabet |
lidyabet |
lidyabet giriş |
hoşgeldin bonusu veren siteler |
lidyabet |
lidyabet güncel giriş |
güvenilir bahis siteleri |
lidyabet |
lidyabet giriş |
casino siteleri en iyi
cbc test price in bangladesh
pg hospital test price list
popular test price list