«Азроили сурудҳо» Шӯрои бадеӣ ҳаст ё не?
Аз ҳофизонинавбаромаду навҳавас ва ба гуфте ҳаваскор пурсед, ки «Шӯрои бадеӣ чист?». Бовар дорам, аксарияташон китф дарҳам мекашанду посухи «намедонам»-ро мешунавед. Дар радио ва телевизионҳои маҳаллӣ низ ҳар шабу рӯз қатор-қатор суруду клипҳоеро мешунавему мебинем, ки ростӣ, онҳоро ба «суруд» гуфтан ҳатто забон намегардад. Пас чӣ бояд кард, ки онҳоро бо ифтихор «суруд» гӯем? Боз ангушт сари будани Шӯрои бадеӣ ишора мешавад, ки бояд ин тарафи масъаларо дид. Оё воқеан Шӯрои бадеӣ ҳаст?
Шӯроӣ бадеӣ: Зиндагинома ва тарҷумаи ҳол
Аксари коршиносон истилоҳи Шӯрои бадеиро бо оҳу афсӯс ва ба гуфте бо носталгия ба хотир меоранд, ки воқеан то охири солҳоиҳаштодум санъати тоҷик бо шарофати будани Шӯрои бадеӣтавонист худро дар сатҳиҷаҳонӣ муаррифӣнамояд. Суруди «Эй санам»-ро дар тамоми паҳнои шӯравӣ ва ҳатто дар Аврупо мехонанду меписанданд. Ҳанӯз дар хориҷи кишвар суруди «Эй санам»-и эстрадаи тоҷикро дар тамоми маконҳои тафреҳӣбо ҷону дил мепазиранд. Суруду таронаҳои Муқаддас Набиева, Далер Назаров, Кароматулло Қурбонов, Махфират Ҳамроқулова, Баҳодур Неъматов, Тоҷидин Муҳиддинов ва чанде дигарон, ки то оғози солҳои навадуми асри гузашта таҳия шудаанд, чаро ҷаҳонгирандуҳама миллатҳо гӯш мекунанд? Чаро?
Худ аз худ метавон посух ёфт, ки суруди ҳофизони мазкур дар замони шӯравӣ аз назорати қатъии Шӯрои бадеӣгузаштаанд. Истилоҳи русии «худсовет» (художественный совет) бадани сарояндаҳоро меларзонид. Зеро дар тамоми паҳнои Тоҷикистонҳарҳофизе, ки мехост сурудашро ба маърази ом пешкаш (публикатсия) намояд (хоҳ тариқи телевизион ва хоҳтариқи радио), сараввал аз назорати қатъии ин Шӯро бояд мегузашт. Дар Шӯро оҳангсозон, оҳангшиносон, шоирон ва афроди фарҳангшинос ба таври ҳамешагӣфаъолият бурда, аксарият ҳофизон ин даргоҳро «азроили сурудҳо» мегуфтанд. Офарин, ки онҳо чунин «азроилӣ» мекарданду сатҳу сифати санъати тоҷик фалакро бо як ваҷабаш ченак мекарду оламро тасхир менамуд. Офарин, ки бо туфайли кори сахтгирона, сензура ва назорати қатъии Шӯро санъати тоҷикро дар хориҷи кишвар бо ҷону дил қабул мекарданду эътироф менамуданд. Аммо имрӯза сурудаҳои тоҷикиро ба хориҷа баровардан… ростӣ, шарми кас меояд. Аз тамоми ҳофизон, оҳангсозон ва алоқамандони санъати тоҷик маъзарат мехоҳам, вале бояд рӯирост иқрор шуд, ки аксари сурудаҳои имрӯза фачу пуч аст, аз маънии баланд холӣва аз оҳангҳои дуздиву такрори пешинаҳо ва ё баргирифтаҳову копихонӣиборат асту халос.
Ба маълумоти хонандаи закӣ мерасонем, ки дар сар то сари кишвар Шӯрои бадеӣфақат дар як ҷо — Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукуматиҷумҳурӣ вуҷуд дошт. Ин беҳтарин кор ва тадбир буд.
Дар бобати тарҷумаи ҳол ва зиндагиномаи Шӯрои бадеӣ баъзе хушзарофтаҳо бо шӯхӣ мегӯянд, ки Шӯро дар солҳои Иттифоқи Шӯравӣтаваллуд шуда, дар арафаи фурӯпошии ИҶШС вафот кардааст.
Замбурӯғҳои баъди борон
Мутаассифона, имрӯзҳо дар телевизионҳо клипҳоеро метавон дид, ки кас гумон мекунад ин клипҳо ё дар хориҷа сохта шудаанд, ё Тоҷикистон яке аз кишварҳоиҒарб аст. Ба ҷуз ин, копихонӣё тақлид ба ҳадде ба нуқтаи ифрот расидааст, ки намедонам чӣтенденсияи наве ба сари санъаткорони тоҷик омадааст. Алъон барои сарояндаҳои тоҷик шояд аз он ҷиҳат қулай ва муфид аст, ки барои оҳангсозу шоир маблағе масраф намешавад? Шояд.
Чанд сол муқаддам шиори аксар «ситораҳои навбаромад» (воқеан, имрӯз ба шумораашон (!) таваҷҷуҳшавад, на истеъдод) ба ҳадде зиёд шудааст, ки ба қавле ҷойи сӯзанпартоӣ нест) — «шеъри худам, оҳанги худам, худам месароям, худам рақс мекунам» буд. Таронаҳои баъзе аз ҳофизон, ки ном ба ном овардани насаби эшонро ин ҷо зарур намешуморам, агар бо духтар ва ё писари ба балоғат расидаатон дар як хона бошед, имкони тамошои он вуҷуд надорад. Зеро, аз намоиши бӯсаву канору тамошогоҳи маҳрамонаву фаҳш ягон маъниву мазмун ва ҷанбаи тарбиявиро дарнамеёбед. Мо ахиран бояд донем, ки тоҷикем, кишвари шарқу дорои маданияту фарҳанги шарқиёнаем. Мефаҳмам, ки демократия ва озодии фитрӣбояд вуҷуд дошта бошад. Аммо ҳама чиз ба худ бояд қолабу андозаву ченак дошта бошад. Демократия гуфта, клипҳои фаҳшу маҳрамонаро шабу рӯзқатор кардаву дар телевизион намоиш додан даҳшатиқиёмат аст.
Аммо суоле ба миён меояд, ки ин клипҳо ва сурудаҳо, ки воқеан замбурӯғи баъди боронро мемонанд, чӣгуна ба телевизиону радио роҳёфтаанд?
Кризис баҳона шуда наметавонад
Баробари пайдо шудани телевизион ва радиоҳои маҳаллӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакатамон (имрӯз шукрона, ки ҳар як шаҳру ноҳия дорои якчанд телевизион ва радио аст) мутаассифона сурудҳои фачу бемазмун роҳёфтан гирифтанд. Зеро аксари симову садои маҳаллӣ шахсӣ буда, тариқи худмаблағгузорӣфаъолият менамоянд. Бадеҳист, ки ин гуна симову садоҳо маоши кормандонашонро на аз ҳисоби буҷаи давлат, балки аз ҳисоби рекламаву барномаҳои шартномавӣва аз ҷумла аз ҳисоби клипҳоиҳофизони наврас таҳия менамоянд. Чӣ,шумо аҷаб сафсата мепиндоред? Ман ҳам дар аввал ба ин бовар будам. Аммо дар суҳбатҳои хос аз забони баъзе ҳофизони навкор аёнам шуд, ки онҳо барои пахши зуд-зуди клипҳояшон маблағҳам медодаанд. Ҳаваскоре, ки нав ба соҳаи санъат қадам гузоштаасту мехоҳад сафи мизоҷонаш зиёд шавад ва ӯро ба тӯйҳо бештар даъват намоянд, ба телевизиону радиоҳо маблағпешниҳод менамудааст, то «реклама» шавад. Бадбахтӣдар он аст, ки дар суҳбат худи масъулини телевизону радиоҳо низ ин фактро рад намекунанд ва иддао пеш меоранд, ки кризис асту бояд бо ҳар роҳ пул ёфта, ба кормандонашон маош бидиҳанд.
Аммо бо тамоми дареғу дард метавон гуфт, ки набояд кризис баҳона бошад, зеро фарҳанги зебои миллиамон торафт аз байн рафта истодааст. Агар мо имрӯз кризис баҳона гуфта, чунин сурудаҳои фачу бемағзу пучро ба эфир иҷозат диҳем, торафт завқи мардум паст шуда, дар тақлид ба он ҳатто пӯшишу гуфтор ва дарки маънифаҳмии насли оянда ба кундиву каландӣомада мерасад.
Қаблан наслҳои солор нақл мекарданд, ки агар Барно Исҳоқова, Авраам Толмасов, Боймуҳаммад Ниёзов ва дигарон агар шашмақом хонанд, оби дидаи шунавандагон мебаромад, бевосита гиря мекарданд. Ростӣ, имрӯз ман намедонам, кадом суруди ҳофизони муосир аудиторияро ба гиря водор карда метавонад…
Ба ин маънӣ метавон хулоса намуд, ки суруди пурмазмун на фақат суруд ва ҳофизро машҳур месозад, балки он завқи мардумро баланд бардошта, ҳисси маънифаҳмии оммаро тарбият менамудааст. Зеро пештар аксарият мардум мазмуни шеърҳоро мефаҳмиданд. Мутаассифона, имрӯз маҷбурӣ шеъри забони тоҷикиро ба наслҳои наврасу ҷавонон «тарҷума» карда диҳӣ.
Албатта, дар ин самт хидмати хирсонаи ҳофизони навбаромад хеле назаррас аст. Чунки аксари таронаҳо на мазмун доранду на вазн ва на қофия. Бо чанде шоирону донандагони илми арӯз (барои «ситораҳо» оддӣ карда гӯем агар — «шеършиносӣ») суҳбат кардем ва воқеан дидем, ки аксари онҳо аз ҳофизону интихоби матну мутобиқати матну оҳанг дилгир шудаанд.
Ҳамсуҳбати мо, Фирдавс ном сокини шаҳри Хуҷанд мегӯяд: «Вақте дар хона бо аҳли оила менишинӣ, аз телевизион сурудҳои «ситораҳои тоҷик»-ро намоиш медиҳанд, ки тамошои рақсҳои аз доираи одобу ахлоқберунро дида, шарми кас меояд. Ба гуфти солхӯрдаҳо, дар даврони онҳо ин гуна клипу сурудҳои бемазмун набудааст, аниқтараш аз телевизион намоиш дода намешуданд. Ё ин ки техника рӯ ба тараққисту сарояндаҳоиҳозиразамон баробари техника тараққӣкардаанд?».
Аммо бояд мардона иқрор шуд, ки ҳеҷ касе кризис, ё тараққиёти баланди техникӣгуфта, ҳақ надорад пардаи шарму иффати зебои санъати тоҷикро бидарад ва зебогии санъати миллии тоҷикиро бо маданияти аврупоиву ғайримиллӣ махлут созад.
Воқеан, назар мекунӣ, ки дар оҳангҳо ягон тозагӣдида намешавад, дар матни шеърҳо бошад, ба чунон харобкорӣроҳмедиҳанд, ки на арӯз ва на қофия вуҷуд надорад.
Бар замми ин, дар клипҳо ҳаракатҳои на он қадар ба матн муносиб аз ҷониби сароянда ё раққоса ба чашм мерасад, ки бараъло пайдост, ки ҳофизон на ба матн, балки ба оҳанг дода шудаанд. Бо як дидан пайхас кардан мумкин аст, ки ҳофизонро ба маънӣва мутобиқати маънию оҳанг коре нест. Ҳол он ки, беҳтарин сарояндагони асил ҳатман матнро ба оҳанг мутобиқат мекунониданд. Мутаассифона, имрӯз…
Ба шахсияту тарзи либоси ҳофизон кордор нестем. Ҳарчанд ҳамаи ҳофизон низ демократия гуфта, аз эътидол берун қадам мениҳанд, ки латмаи муҳлик ба ҳувияти миллии мо мезананд. Дар клипҳои бисёре аз ҳофизони мо нофу рону кундаҳои синаи нимурён гӯё нишони озодиву ҳуқуқи фитрист. Дар ин ҷода, албатта, то андозае айби худи ҳофизон нест. Зеро аксарияти эшон ҷавонандуҳанӯз шояд Шӯрои бадеӣ гуфтанӣ ибораро надонанд. Ин асосан бо ҷурми масъулини телевизионҳои маҳаллӣ сурат мегирад. Агар бигзор гуфтем, ки Шӯрои бадеии қариб набуда ва шояд «марҳум» ба ин гуна клипу сурудҳои пучу фач кордор нашавад, лоақал масъулини телевизионҳо дар ҳузури телевизионҳояшон як Шӯроча ё минишӯрои бадеӣбояд (!) дошта бошанд, то пеш аз пахши клипҳои комилан ба стандартҳои миллӣ ҷавобгӯ набуда монеаи созанда эҷод бикунанд.
Шӯрои бадеӣ бояд вуҷуд дошта бошад
Бо назардошти камбудиҳои ҷойдоштаи дар боло ишорашуда, зарур аст, ки барои нигоҳдоштани анъана, санъати волои миллӣ, тарбияи руҳиву равонии мардум ба таври фаврӣШӯрои бадеӣкорашро оғоз намояд. Бигзор Шӯроӣ бадеӣ мисли солҳо пешин дар як ҷо — Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бошад. Зеро, дар ҳар ноҳия он қадарҳофиз зиёд шудааст, ки касе лаҷоми онҳоро намекашад ва ҳар тарзу усул хоҳанд, месароянду клип омода менамоянд. Ба ин хотир, бигзор ҳар як суруду оҳангашон тариқи зиндасароӣаз мадди назари Шӯрои бадеӣгузарад. Дар он муайян карда шавад, ки то кадом андоза оҳанг дуздӣ несту ба мати пурмазмун, ки ба талаботи шеърият ҷавобгӯ мебошад, мутобиқат мекунад, ё не.
Дар сурати аз мадди назари Шӯрои бадеӣгузаштани суруд ҳатманҳар як суруд, оҳанг ва клип дорои литсензия (ҳуқуқи муаллифӣ) бошад, то дар асоси он телевизион ва радиоҳои маҳаллӣ онро ба маърази аудитория пешкаш намоянд.
Кормандони содиқро ба Шӯрои бадеӣбояд ба кор даъват карда, ҳамзамон маоши кофиро ба эшон бояд пардохт намуд. Зеро, дар сурати аз ҷониби баъзе ҳофизон, ки шояд ҳангоми аз ғалбер, аниқтараш аз санҷиши Шурои бадеӣнагузаштаанд, пешниҳод кардан аз ҳар гуна пораву ҳадя рӯй битобанд. Дар он сурат итминон дорем, ки барои маънифаҳм шудани аудиторияи калони бинандаву шунавандасаҳми боризе хоҳанд гузошт.
Вагарна, имрӯз кӯдаконе, ки аз даҳонашон бӯйи шир меояд, мебинӣ, ки дар лабонашон сурудҳои маънии оғӯшу бӯсаву канору фаҳшдошта хеле зиёд замзама мешавад. Ин, албатта, хидмати хирсонаи ҳофизон ва телевизионҳоиҳам марказиву ҳам маҳаллист.
Охир, шабу рӯз ин қадар сурудаҳои пучу фачро мисли сурб ба гӯш рехтан гирем, итминон дорам, ки насли наврас на фақат шеърҳои баландмазмунро намефаҳманд, балки ҳатто дудро аз чанг фарқнамекунанд. Боқӣқазоват аз шумост.
Комментариев нет.