+992 92 777 2675

30 МИЛЛИОН ДОЛЛАРИ ИСТГОҲҲО БА КУҶО МЕРАВАД?

30 МИЛЛИОН ДОЛЛАРИ ИСТГОҲҲО БА КУҶО МЕРАВАД?

30 МИЛЛИОН ДОЛЛАРИ ИСТГОҲҲО БА КУҶО МЕРАВАД?

Нет комментариев

Дар Тоҷикистон тақрибан ҷое намондааст, ки ба истгоҳи пулакӣ табдил нашуда бошад. Кор то ҷое расидааст, ки дар сари роҳҳо низ бе ягон иҷозату асоси қонунӣ навбатдорони махсус аз ҳар як мошин ҳадди ақал 1-2 сомонӣ меситонанд. Ягона ҷое, ки ба мисли «қатра-қатра ҷамъ шавад, дарё шавад», истгоҳи пулакиест, ки имрӯз аз мадди назари ҳама дур мондааст. Дар сари ҳар қадам ду тарафи роҳро чун мероси падарӣ тақсим кардану бо нархи дилхоҳ истгоҳпулӣ ситонидан, сифати шаҳри бедарвозаест, ки мутаассифона, дар кӯчаҳои Тоҷикистон ба назар мерасад. Аҷабо!

Роҳ аз кист? Роҳро ҳам харида мешавад?

То ҷое, ки маълум аст, роҳва ҳар чӣдар ду тарафи роҳаст, вобаста ва мутааллиқи бевосита ба сохтори роҳсозӣ (ДУ) ва мувозинати давлат қарор дорад. Аммо имрӯз аз беназоратӣва бемасъулиятӣдар тамоми 80 фисади роҳҳои марказии шаҳру ноҳияҳо афроди ба асноди давлатӣномаълум худсарона аз ҳар мошин истгоҳпулӣ талаб менамоянд. Хусусан роҳҳои калоне, ки дар шафати бозорҳо бошад, Худо нигоҳдорад, ягон ваҷаби бепули мошинмонӣвуҷуд надорад. Мардум ҳам бефарқшудаанд, «ту аз куҷо, пул барои чӣё кӣ, оё андоз месупорӣ, андоз супорӣҳам, ин ғайриқонунист, ин роҳмутааллиқба давлат аст ё ту?» ва амсоли ин суолҳоро намедиҳанду гӯё назарашон 1-2 сомониро намегирад ва пулро пардохт карда, рафтан мегиранд. Аммо касе ба сараш андешае намезанад, ки ин пулҳо дар маҷмӯъ ба куҷо мераванд?

Як нафар корманди мақомоти андозситонӣ бо шарти набурдани номаш мегӯяд, ки гӯё чунин афроди соҳибистгоҳҳои сарироҳӣмаблағи патент месупоридаанд.

— Мо фақат тарзи ситонидани патентро аз онҳо тақозо мекунем, аммо намедонем, ки куҷову кӣ ба онҳо барои чунин пулситонӣиҷозат додааст. Инаш барои мақомоти андоз муҳимҳам нест, зеро вазифаи мо танҳо андозро ҷамъ кардану ба буҷет рехтани он аст,- мегӯяд зимни сӯҳбат мавсуф.

Агар чунин аст, чаро мақомоти ҳокимияти шаҳру ноҳияҳо ин моликияти давлатиро ба ихтиёри касоне супоридаанд, ки касе ба куҷо рафтани пулҳоро намедонад? Чаро касе намепурсад, ки ӯаз кӣиҷозат гирифтааст ва оё додани иҷозат барои пулҷамъкунии сарироҳӣқонунист? Ё роҳро онҳо харидаанд? Роҳ-ку моликияти давлатист ва ягона ҳамин чиз фурӯхта намешавад! Пас, чаро мақомот ба ин нукта аҳамият зоҳир намекунад?

Агар масъули роҳ Раёсати роҳсозии давлатӣ(ДУ) бошад, онҳо ба куҷо нигоҳмекунанд? Аз мошинҳоҳангоми ворид шудан ба сарҳад андози гумрукӣситонида шуда, бар замми ин, ҳар сол барои назорати техникӣмаблағҳоиҳангуфт мепардозанд. Боз ин кам, ба ҳар рӯи замин муваққат истгоҳкунанд, пул супоранд? Бар замми ин, агар роҳро ҳамон пулситони истгоҳи сунъӣ ба сифати соҳибкор харида бошад, ягон шароити хубе ё коре анҷом надодааст. Ҳамон шаклу шамоиле, ки ин роҳҳо дар арсаи давлати СССР доштанд, ҳамон гуна боқӣмондаанд, ягон дигаргуние ворид нашудааст. Пас чаро пулситонҳо ягон коре накарда, муфтакак аз мардум пули истгоҳ меситонанд? Инҳо суолҳоеҳастанд, ки тақрибан дар сари 8 миллион аҳолӣ чархиш мехӯрад.

Баъзе ҳамсӯҳбатон мегӯянд, ки агар ин тавр бошад, ҳар яки онҳо омодаанд як қисме аз роҳҳоро харидорӣнамуда, муфтакак пулситонӣнамоянд. Яъне, хулосаи бархӯрд ва беназоратии мақомотиҳокимияти давлатӣба нуқтае оварда расонидааст, ки гӯё дар мо ҳама роҳҳоҳам хусусӣкарда мешаванд?

Гарчанд росту дурӯғ сари роҳҳо аломати «Истгоҳпулакӣ» часпонида шудааст. Ҳатто аз майдончаҳои назди бозорҳо ва шафати роҳҳо, ки ба сифати истгоҳи пулакӣмаъруфанд, тамоман ситонидани пул ғайримантиқӣва ғайриқонунист. Агар мардум ба бозор мераванд, соҳиби бозор ниёз ба омадани мардум дорад, то маҳсулот фурӯхта шаваду ӯаз бозорнишинҳо чек биситонад. Агар чунин аст, пас бозордорон вазифадоранд, ки барои кори эҳтиёҷии худашон ҳатто майдончаҳои бепули нақлиётӣ созмон диҳанд.Ҳатто исбот карда метавонем, ки тамоми майдончаҳои наздибозории истгоҳҳои пулакӣна асфалтпӯш шудаанд, на шароити аз нури офтобу борон эмин нигоҳ доштани нақлиётро доранд, чангу хок ва осмони кушоду шағалзоре созмон додаанд ва бешармона аз ин гуна ҷойҳо ба сифати истгоҳи пулакӣ маблағи мардум ситонида мешавад.

Аэропорт ва вокзал — «кал додари кӯр»

Ин ҳолатро дар корбурди фурудгоҳҳо низ метавон дид. Воқеан, он ҷо майдончаи истгоҳвуҷуд дорад ва дар пешониаш навишта шудааст: «Истгоҳи пулакӣ». Дар вокзалҳои роҳи оҳан низ ҳамин манзараро мушоҳида мекунем.

Акнун суоле ба миён меояд, ки аэропорт ба хотири кӣ ва ё чӣфаъолият мекунад? Ҳамон нафаре, ки чипта харидааст, аз ҳисоби парвози ӯҳамаи кормандони фурудгоҳмаош мегиранду ҷои кор доранд. Вокзали роҳи оҳан низ ҳамин тавр аст. Яъне, мантиқан назар кунем, мебинем, ки агар касе чипта ба фурудгоҳу роҳи оҳан нахарад, пас тамоми кормандони фурудгоҳу роҳи оҳан бекору бемаош мемонанд. Агар ҷои кору маоши кормандони вокзал ва фурудгоҳҳо аз ҳисоби мусофирон бошад, пас чаро барои рифоҳи бештар ва хидматгузории намунавӣмайдончаҳои истгоҳи ройгон таъсис намедиҳанд?

Агар масъулини фурудгоҳ ва вокзал даъво оваранд, ки гӯё як нозир дар истгоҳҳо зарур-ку… Бигзор, зарур бошад, боз мо муқобил нестем, аммо таҳияи маоши нозир аз ҳисоби мардум не-ку! Наход дар фурудгоҳи азим, ки ба андозаи миллионҳо доллар таҷҳизот дораду маоши кормандонаш низ аз ҳисоби мусофирон бад нест, барои як нозир маош ҷудо карда натавонанд? Ё худ ин бархӯрд дар вокзали роҳи оҳан низ айнан мебошад. Рӯзҳо садҳо вагон молу коло содироту воридот мешавад ва ҳазорҳо шаҳрвандон тариқи он сафар мекунанд. Маоши кормандони вокзал ҳам бешикоят аст. Пас, чаро раёсати ин ду коргоҳсари истгоҳҳо ва пулситониҳоиғайриқонунӣ намеандешанд?

Гардиши молӣ дар вокзалҳои Тоҷикистон аз ҳама бештар ба назар мерасад ва бовар нокарданист, ки барои як нозири истгоҳ маош ёфта дода натавонанд.

Ин мисол ба бозорҳо низ мутааллиқ аст, ки дар як рӯз садҳоҳазор нафар шаҳрвандон хариду фурӯш мекунанд. Пас чӣгуна виҷдони роҳбарияти бозорҳо тоқат мекунад, ки аз ҳар як мошини дар сари роҳистода ба сифати истгоҳи пулакӣпул чинанд? Масъулини бозорҳо низ хеле шароити хуби корӣва маоши бешикоят доранд. Пас, месазад, ки ба хотири хидматгузории баланд истгоҳҳои бепул созмон диҳанд.

Дар бозорҳо, гипермаркетҳо ва супермаркетҳои калонтарини Русия истгоҳҳо бепул ҳастанд. Агар дар сурати ба истгоҳҳои зеризаминӣва шароити нисбатан хуб дошта мошинро шаҳрвандон гузоранд, он лаҳза истгоҳҳои пулакӣба чашм мерасанд. Ногуфта намонад, ки истгоҳҳои зикршуда ба талаботи СНиП ҷавобгӯ буда, аз ҷиҳати беҳдошту бехатарӣқонунӣмебошанд.

Гап сари як сомонӣ не

Имрӯз, тибқи оморҳоиғайрирасмӣ,дар Тоҷикистонҳудуди 1 миллиону 200 ҳазор воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст. Табиист, ки ҳар як аз ин нақлиёт дар як рӯзҳадди ақал як бор ба ягон қади роҳва истгоҳи назди бозору вокзали роҳи оҳану фурудгоҳва бемористонҳоҳатман таваққуф мекунанд. Агар аз 1 миллиону 200 ҳазор мошин 600 ҳазор барои истгоҳашонҳаддиақал 1 сомонӣпардохт намоянд, дар як рӯз 600 ҳазор сомонӣмешавад, ки дар 30 рӯз 18 миллион сомонӣва дар як сол 219 миллион сомониро дар бар мегирад. Ин маблағи назарногир, аммо ҳангуфт ба куҷо меравад? Оё кормандони баҳисобгири нақшаи солонаи давлатӣва мақомоти андоз сари ин нукта андеша намудаанд?

Мо зид нестем, агар истгоҳҳо вуҷуд дошта бошанд. Пешниҳод мешавад, ки тибқиқонун ва оинномаҳо дар ҳар як ҷойиҷамъиятӣ, аз ҷумла фурудгоҳ, вокзал, бозорҳо, бемористонҳо ва дигар ҷойҳое, ки таҷаммӯъи мардум он ҷо дида мешавад, истгоҳи алтернативии бепул бо тамоми шароити беҳдоштию бехатарӣва аз ҷиҳати талаботи сохтмонии СНиП ҷавобгӯ сохта шавад. Хулоса ин аст, ки истгоҳҳои ройгону шароити хуб дошта обрӯи объектҳои зикршуда мебошанд.

Дар оянда низ бояд барои сохтмонҳои бозори нав ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатман қаблан ҷои истгоҳи бепул ба нақша гирифта шуда, баъдан иҷозати фаъолият дода шавад.

Аммо дар муқобили ин гуфта метавон дид, ки тақрибан ягон истгоҳи имрӯзаи кишвар қобилиқабул ва ҷавобгӯи талабот нест. Ҷои шармандагист, ки мутаассифона, барои шағалзору чангу хокборон ва ё ҷои тайёри қади роҳяк-ду сомонӣбарои истгоҳталаб карда мешавад.

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

deneme bonusu veren siteler |
casino siteleri |
şans casino |
vidobet |
vidobet |
vidobet güncel giriş |
vidobet giriş |
casinolevant |
casinolevant |
casinolevant |
şans casino |
şans casino |
casinolevant giriş |
casino şans |
şans casino giriş |
casino levant |
casino şans |
casino şans |
levant casino |
bahislion |
casinolevant |
gamdom |
gamdom giriş |
gamdom |
boostaro |
bahislion |
boostaro |
gamdom |
casinolevant |
casinolevant |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant |
casino siteleri |
casinolevant giriş |
casinolevant |
gamdom |
gamdom |
şanscasino |
sosyobase |
En Güvenilir Casino |
lisanslı siteler |
vidobet |
vidobet giriş |
casino siteleri |
bahis siteleri |
haber kaldırma |
gamdom |
lidyabet |
lidyabet |
lidyabet |
lidyabet |
lidyabet giriş |
hoşgeldin bonusu veren siteler |
lidyabet |
lidyabet güncel giriş |
güvenilir bahis siteleri |
lidyabet |
lidyabet giriş |
casino siteleri en iyi
cbc test price in bangladesh
pg hospital test price list
popular test price list