Миллати сарбаланду серпанд ва ҳақоратҳои «импортный»
Дар сари тамоми қабрҳо шеърҳои пурсӯзу гудоз дар бораи падару модар, одамгариву инсоф ва ғайраҳо сабт шудааст. Бовар дорам, аксарият соле як-ду маротиба ба зиёрати қабрҳо мераванду ин шиорҳоро мехонанд ва андаке бошад ҳам, мазмуни дунёро мефаҳманд. Ба назар чунин мерасад, ки ин шиорҳо танҳо барои мурдагон бошад, гӯё фақат мурдаҳо бояд аз гӯри ҳамдигар хонанду ибрат гиранд. Барои зиндаҳо чунин пандҳо гӯё зарурате надорад…
Қадри волидон дар вақти зинда буданашон фарз аст
Миллати тоҷикро бо фарзонагиву ашъори баланд ҳазорсолаҳо намояндагони шеъру фарҳанг аллакай ҷаҳонгир кардаанд. Мутаассифона, фақат шиору шеърҳои баландмазмун танҳо дар китобҳо боқӣ мондаву дар зеҳну руҳу қалби мардуми мо боқӣ намондааст. Ин аст, ки дар муруру убури тамоми сайтҳо шеърҳои Рӯдакиву Хайёму Бедил ва дигар намояндагони адабиёти классикиро бо тарҷумаи забонҳои дигари дунё мебинем. Ифтихор мекунем, ки онҳо аз ашъори мо барои зиндагии худ панднома месозанд. Аммо шармамон намеояд, ки чаро мо — ворисони чунин осори баланди насру назм аз пандномаҳои нобиғагону нухбагонамон ғофилем!? Чаро мо аз таҷрибаи рӯзгор панд намегирем? (Таъбири паёмбаронаи устод аллома Рӯдакӣ).
Сахтзабону баддаҳон шудани насли наврасро низ бо шикоятҳои зиёд дар матбуот мехонему аз суҳбатҳои хосу ом мешунавем, ки натиҷаи нахондану надонистани насли наврас аст. Суоле ба миён меояд, ки барои он, ки насли наврас ва ҷамъияти васеъи миллат пандномаҳоро хонаду баҳри ҳаводис ба кор барад (боз таъбири падари шеъри форсӣ устод Рӯдакӣ), чӣ бояд кунем?
Соҳибназарон ба ин ақидаанд, ки «аз дил биравад, ҳар он ҳар чӣ аз дида бирафт» (таъбири Ҳофизи Шерозии малакутӣ), яъне имрӯз насли нави ҳамқадами технологияҳои навинро намешавад бо роҳи маҷбурӣ сари китоб кашонду зӯран китобро хононд. Имрӯз аллакай дер шудаву методҳои мактаби куҳнаи устод Садриддин Айнӣ низ коргар намешавад, ки насли нав иҷборан китоб хонаду ба қавле, одам шавад. Ҳарчанд бо таҳти дил тасдиқ мекунам, ки аз як ҷиҳат методҳои маҷбуркуниву чӯбзании мактаҳои куҳна ҳам бад набудааст. Зеро мо табармусулмону зулмпарварем, иҷборан хондан ҳам инсонро ИНСОН (ҳатман бо ҳарфи калон) мекунад. Қадри модару падарро дар сари қабраш ҳаккокӣ кардан мазмуни онро дорад, ки дар зиндагиаш чӣ қадар қадрашро донистем, ки акнун баъди мурданаш бо сӯзу гудоз ба сари қабраш чунин шиор менависем. Бояд шиорҳо, қадри падару модар, инсофу одамгарӣ ва одобу ҳамияти инсониро на дар қабр, балки дар пеши чашмамон ҳамеша бинему аз он ба худ чизе гирем.
Ҳангоми иншои ин матлаб пешниҳоде ба зеҳнам расид, ки аз методҳои мактаби куҳна монданӣ надорад, аммо на бо роҳи иҷбориву чӯбзанӣ. Балки бо роҳи тамошову хондани ғайриихтиёр.
Шуъбаҳои меъмории шаҳр — мактаби нави одамгарӣ бо методҳои куҳна
Минбаъд зарур аст, ки барои бетарбияву сахтзабон нашудани насли наврас, барои донистани одамгариву инсофу имон ва тамоми ахлоқҳои ҳамидаро соҳиб шудани насли навин танҳо мактаб ва маориф вазифадор набошад. Ин вазифаи дастаҷамъонаву ҳамагонии тамоми мақомоту муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ аст.
Шояд суоле ба миён ояд, ки чаро шуъбаҳои меъморӣ барои тарбияи миллат вазифадоранд? Аммо тавре дида мешавад, дигар илоҷе боқӣ намемонад. Ба ин хотир, пешниҳод мекунам, ки шуъбаҳои меъморӣ дар якҷоягӣ бо ҳукуматҳои тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бо роҳи иҷборӣ ба насб кардани шиору овезаҳои пандомез машғул шаванд. Бигзор дар ҳар як даромадгоҳ (подъезд)-и хонаҳои баландошёна, дар тамоми даромадгоҳҳои хиёбону кӯчаву паскӯчаҳо, даромадгоҳу баромадгоҳи маҳаллаву кварталҳо бо ҳарфҳои рӯшан ду мисраъ аз гуфтаи бузургон, сарфи назар аз он, ки осори форсӣ ва ё хориҷӣ бошад, бо забони ноби тоҷикӣ насб ва ҳаккокӣ карда шавад.
Тасаввур кунед, дар як даромадгҳи хонаи баландошёна ҳар рӯз хондани як байт ё панди бузургон сокини ҳамон биноро тӯли солҳо тарбия мекунад. Инсонӣ ба сухан бой мешавад ва ҳадди ақал барои рӯзгору таҷрибаи ҳаёташ панди ҳар рӯз хондаву дар зеҳнаш сабт шударо ба кор мебарад. Дар ҳар даромадгоҳи кӯчаҳо зери номнависи мутааллиқи номи ҳамон кӯча бо ҳарфҳои хонову зебо навиштани панднома аз бузургон психология ва зеҳни ҳар як бинандаро водор мекунад, ки ҳадди ақал як бор хонаду дар натиҷаи борҳо дидану хондан дар ҳофизааш нақш бандад. Бахусус имрӯзҳо, ки сохта ба истифода додани биноҳои баландошёна ва дигар иншооти хизматрасонӣ дар авҷ аст, бигзор шуъбаи меъморӣ соҳибтендерони иншоотро вазифадор намояд, ки нуктаҳои дар боло ишорашударо ба таври ҳатмӣ ҷорӣ намоянд.
Коршиносон ин пешниҳодро ҷонибдорӣ намуда, иброз медоранд, дар ҳоле, ки тарбияи имрӯза ҷавонону наврасон хеле паст шудааст, пеш гирифтани чунин метод хеле амали саривақтӣ мебошад, ки ба таври хоҳу нохоҳ таъсирашро мегузорад. Ба таъйиди коршинос Субҳони Аъзамзод, номзади илмҳои филологӣ, такрор модари дониш буда, ҳар сари вақт дидану хондани чунин шиорҳо ба тарбияи этикиву эстетикии аҳолӣ таъсири манфиатборе хоҳад гузошт.
— Тасаввур кунед, кӯдаке ва ё мактабхоне ҳар субҳ ба мактаб рафтаву омада, ҳар рӯз шиорҳои пандомезро дидаву хонда, ҳатман ба худ як андарзе мегирад. Ин пешниҳоди хуб аст ва боварӣ дорам, ки аз ҷониби оммаи васеъ ҷонибдорӣ мегардад,- мегӯяд Субҳони Аъзамзод.
Дар Тоҷикистон чӣ бисёр? Санг!
Бигзор шиорҳои даромадгоҳи биноҳои баландошёна дар санг ҳаккокӣ карда шавад. Зеро Тоҷикистон ватану макони санг буда, аз ҷониби ҳукумат ба таври дастаҷамъонаи иҷборӣ ҳаккокӣ намудани як санг дар пешонии як подъезд ҳеҷ мушкиле надорад. Инчунин, даромадгоҳи ҳар хиёбону кӯчаву паскӯчаву маҳалҳо низ бо банерҳоҳо баланду болову зебову чашмрас бигзор аз панду андарз пур шаванд. Агар имкон бошад, он низ дар тахтасанге ҳаккокӣ шавад, то наслҳои оянда донанд, ки падару модаронашон бетарбияву беодоб набудаанд ва бигзор дар мағз-мағзи устухону ҷонашон эҳсос кунанд, ки гузаштагонашон (яъне мо) чӣ қадар гуфтаи бузургонро нури чашм мекарданду дар амал татбиқ менамуданд. Шояд баъди асрҳо чунин ҳаккокиҳои имрӯза ба шедеврҳои ҳамешагии экспонатҳои қадимаи арзишманд дохил шуда, тамоми ҷаҳониён бояд бидонанд, ки мо чӣ гуна миллати сарбаланду фарҳангпарварем.
Меҳмони хориҷӣ ва ҳақоратҳои «импортный»-и ҷавонони тоҷик
Бовар дорам, тамоми меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ пеш аз он, ки ба Тоҷикистон оянд, аз сайту фарҳангномаҳо бобати Тоҷикистон маълумот пайдо мекунанд ва муҳиту фазои миллии моро дар китобҳо ошно мешаванд. Дар фарҳангномаҳо аз Рӯдакиву Хайёму Бедил ва Ҷомиву садҳо бузургони миллат мехонанду ба худ мегиранд. Аммо вақте ба Тоҷикистон меоянд, насли ҷавону навраси моро ғарқи ҳақорат ва дашномҳои «импортный» мебинанд, итминон дорам, ки даст ба гиребони тавба мебаранд.
Бо сад карат афсӯс метавонам гӯям, ки вақте ҳақорату дашном ва велгардиву беинсофии ҷавонони моро мебинанд, дар дил хоҳанд гуфт: «Ҳайфи ворисони Рӯдакиву Хайёму Бедил ва Ҷомиву садҳо бузургони дигари тоҷик, ки имрӯз насли тоҷик чӣ қадар беадабу бетарбия шудааст!». Шояд ин гуна афсӯсномаҳояшонро ба рӯямон нагӯянд, аммо вақте ба ватанашон бармегарданд, ҳатман аз бардошти парадоксиашон ба ҳамсуҳбаҳояшон нақл хоҳанд кард.
Вақте иқдоми часпонидани пандномаҳои бузургонро мо дар даромадгоҳи бинову кӯчаву хиёбон ва маҳалҳо амалӣ мекунем, имонам комил аст, ки торафт таъсирашро гузошта, миллат босавод ва боадаб мешавад. Меҳмонҳои хориҷӣ низ вақте чашмашон ба чунин шиорҳои ҳамешагии мо меафтад, аҳсант хоҳанд хонд, ки воқеан ин миллат меросбари ҳақиқии одоби ҷаҳониву ҷаҳонгир аст.
Албатта, ин пешниҳод ягона наҷоти миллат набуда, яке аз роҳҳои осони он аст. Мо бо ин роҳ метавонем миллатро тарбия намоему ба ҷаҳониён муаррифӣ кунем. Вагарна, дар сурати баръакс, бовар дорам, дар ояндаи начандон дур умуман на одоби миллият боқӣ мемонаду на фарҳанги волои миллӣ.
Комментариев нет.