+992 92 777 2675

Хабар расонидан «бузӣ» нест

Хабар расонидан «бузӣ» нест

Хабар расонидан «бузӣ» нест

Нет комментариев

Дар муҳити тоҷиконаи мо як чизи баде мӯд шудааст: Агар касе ба хотири поккории ҷамъият ба мақомот аз гуноҳи касе бигӯяд, ӯро дарҳол ба сифати «козёл» ва ба ибораи тоҷикии «буз» унвон мекунанд. Аммо дар кишварҳои пешрафта агар касе ба кӯча аз оинаи мошинааш баклашкаеро ҳаво диҳад, фавран дигар шаҳрвандон ба хотири тозагӣ ба мақомот ба телефони боварии махсус занг мезананд. Касе ин гуна афродро «буз» наменомад. Агар бодиққат ба ин амал назар кунем, ҳадаф покии ҷамъият аст, дигар ҳеҷ чиз. Вале ҳанӯз бо қолаби мафкураи шахшудаву догмаамон ӯро «буз» меномем.

Сталин ва коррупсия

Агар ба таърихи ташкилёбии ҳокимияти советӣ назар афканем, барои аз қабзаи буржуазия кашида гирифтани ҷамъияти фасодзадаву ришвахор ва ба ҳаёти сотсиалистӣ раҳнамун шудан, масъалаи асосӣ — «одамони худӣ» зарур буд. «Одамони худӣ» онҳое буданд, ки аз ҷиноятҳои иқтисодиву коррупсионӣ мақомоти махсусро огоҳ мекарданд. Дар сурати даст ба ришваву пулшӯӣ задан, «одамони худӣ» дарҳол хабар медоданд ва ба қавле, «под трибунал» бе дахолати мақомоти судиву прокуратура ҳукми қатл дар худи ҷамоату деҳот низ татбиқ мешуд.

Он замон бо қарори Комитети ҳизби болшевикии коммунистӣ зери унвони «Комитети зиддикоррупсионии Сталинӣ» кумита таъсис дода шуд. Коршиносон ба ин назаранд, ки маҳз ҳамин комитет тавонист ҷамъияти сотсиалистиро ба пой рост кунад. Вагарна, бе ин Комитет, ки заминаи асосии ташкилёбии НКВД будааст, ҷамъияти аз оғӯши буржуазӣ раҳида ба сохтори сотсиалистӣ одат намекард. Маҳз хабари «одамони худӣ» буд, ки Сталин тавонист 15 республикаро аз ҷиноятҳои коррупсионӣ ва ба истилоҳе «душамонони халқ» тоза намояд.

Ба ақидаи мусоҳибон, имрӯз аз кирдори нопоки як нафар ба мақомот хабар бурда шавад, ҳама аз он одам ҳазар намуда ва ӯро «козёл» унвон мекунанд, ки сабаби аслии қафомонии ҷамъияти Тоҷикистон будааст.

Ҷомеашиносон пешниҳод менамоянд, ки ҳарчанд дар замони муосир режимҳои сталинӣ басо бераҳмона будааст, аммо имрӯз низ кумитае зарур аст, ки таҳти унвони «Кумитаи назорати халқӣ» фаъолият кунад. Ба ин кумита ё худ ниҳод телефони боварӣ ташкил шуда, аз ҳар гуна унсурҳои ҷинояти коррупсионӣ шаборӯз иттилои телефонӣ қабул намоянд ва ба ришвахорон чораҳои қатъӣ ва нобахшиданӣ тариқи суд татбиқ карда шавад. Ба муаллифони хабар ё худ хабаррасонҳо аз буҷет махсус мукофотпулӣ ҷудо карда шавад.

Бояд зикр кард, ки ин таҷриба аллакай дар Қазоқистон бо шакли нав оғоз шудааст: Тибқи иттилои ҷонишини сардори департаменти мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодии шаҳри Остона полковник Ерлан Раҳимбеков, ки ба расонаи BNews.kz гуфтааст, имрӯз ҳар қазоқистоние, ки хабарҳои дорои ҷиноятҳои коррупсиониро мерасонад, дар сурати исбот шуданаш то аз 800 то 1000 доллари ИМА мукофотпулӣ мегирифтааст.

Аллакай ин таҷриба самараи хуб додааст, ки ҳар шаҳрванд ҳавасманди дидан ва ё шоҳид шудани ҷинояти коррупсионӣ буда, дар сурати даст ёфтан ба иттилоъ ва ё шоҳид шудан ба ҷинояти коррупсионӣ дар 15 дақиқа соҳиби 1000 доллари ИМА мешавад. Албатта, чунин тадбир чашми порахӯронро хеле тарсонд, ки ба ақидаи коршиносон, ин чораҷӯӣ бениҳоят ба коҳишёбии сатҳи ҷинояти коррупсионӣ дар Қазоқистон мусоидат намудааст.

Ин аст, ки дар Русия низ соли 2011 Ҳизби коммунист ва фраксияҳои ба ин ҳизб шомилбуда ба Госдумаи Русия идеяи таъсис додани «Комитети зиддикоррупсионии Сталинӣ»-ро пешниҳод сохтанд. Аммо Госдума ба хотири он, ки дар номгузории Комитет номи сиёсатмадори гурҷӣ будааст, рад карданд ва пешниҳод сохтанд, ки бигзор номгузориро иваз намоянд. Аммо ин комитет кай ташкил меёбад ё на, суоли вақт аст. Ба ҳар оин, ин комитет ҳанӯз ташкил наёфта, чунин идея чашми ришвахоронро дар қаламрави Русияи муосир аз ҳоли ҳозир тарсонида тавонист.

Шаҳрдорӣ, зебоӣ ва хабар

Борҳо ҳамагон шоҳид шудаем, ки дар пеши чашмамон аз оинаи мошин баклашка ва ё қутти сигору сигори нимсӯхтаву дигар анвои партовро беибову бешармона ҳамватанони мо ҳаво додаанд. Ё худ, дар кӯчаҳо низ хӯрдани семичка ва чошу пош кардани пучоқи он, туф кардану дигар намудҳои амалҳоеро, ки эстетикаи шаҳрдории моро нозеб месозанд, ҳамаи мо дидаву ягон чорае намеандешем ва бефарқ аз паҳлуи он убур карда меравем. Аммо чунин бемасъулиятӣ то кай?

Тибқи маълумотҳои дақиқ, аллакай дар кишварҳои Фаронса, Сингапур ва Олмон барои партофтани як сигори нимкашида 35 евро ҷарима меситонанд. Барои як туф кардан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ то 35 евро ва барои партофтани партов то 100 евро ҷарима ситонида мешудааст. Дар сурати дубора ё такроран содир намудани чунин ҳуқуқвайронкуниҳо то 1000 евро ҷарима ситонида мешавад. РИА «Новости» аз забони муовини мири шаҳри Париж Франсуа Данё овардааст, ки мегӯяд, барои партофтани партови хонаҳои истиқоматӣ аз 150 то 600 евро, ифлоскунӣ бо воситаҳои хӯрданӣ дар кӯчаҳои Франсия 190 евро, барои партофтани партов ба ҷангал 1500 евро ҷарима муқаррар карда шудааст. Дар аксари кишварҳои Аврупо чунин иқдоми тозакорӣ вуҷуд дорад ва ба афроде, ки чунин иттилоъро ба ниҳоди махсус мерасонанд, гонорар — мукофотпулӣ таъин карда шудааст, ки дар як вақт шахсияти нафари хабаррасон барои тафтишот махфӣ боқӣ мемонад ва касе ӯро намешиносад. Албатта, дар ин кор дар кишварҳои зикршуда ниҳодҳои махсус бо хабаррасонии одамоне кор мекунанд, ки ин ҳодисаҳоро ё дидаанд ё дар телефони ҳамроҳашон сабти видеоӣ карда бошанд.

Мусолиҳакорӣ то кай?

Ҳатто ҷиноятҳои занозанӣ, авбошӣ, наркофурӯшӣ, қатл, дуздӣ ва дигар амалҳои тартиботи ҷамъиятиро вайронкунандаро мо шоҳид мешавему дам намезанем. Маҳз чунин дам назадану ба мақомот сари вақт хабар нарасонидани мо боиси зиёдшавии ҷиноят аз ҷониби ҷинояткорон мешавад. Имрӯз, шукрона, ки телефонҳои ҳамроҳ ва планшету айпадҳо дар фисади зиёди шаҳрвандон вуҷуд дорад. Касе на хоҳиши ба телефонаш сабт кардану хабар расонидан ба мақомоти махсусро дорад ва на вақти ба муқобили ин гуна хатоҳои ҷамъиятӣ шаҳодат додан.

Ё худ, дар як бино 10-12 хонаро як нафар харидаасту онро ба иҷораи якшабонарӯзӣ медиҳад, ягон тини сиёҳ ба буҷет андоз пардохт намекунад. Аз боиси чунин хона-меҳмонхонаҳои шахсӣ меҳмонон ба меҳмонхонаҳои расмӣ намераванд ва сабаби сари вақт пардохт нашудани андоз ба буҷети давлатӣ мегарданд. Мо ин гуна амалҳоро низ мебинему ба мақомот ҳарфе намегӯем.

«Рӯи хотир» — боиси зиёдшавии ҷиноят

Аксарияти мо дар ҳамсоягиамон ё шиносу хешовандонамон ҷинояткореро медонем, ки даст ба нашъаҷаллобӣ дорад. Ё аз андоз солҳо сарпечӣ кардаву дигаре моликияти ҷамъиятиро ғорат мекунад. Ё медонем, ки дар паҳлуямон ягон корманди мақомоти қудратӣ ё давлатӣ аз фалону беҳмадон шаҳрванд пора гирифтааст.

Маҳз донистану иттилоъ надодан мояи асосии зиёдшавии ҷиноятҳои дар боло зикршуда мебошад. Сидқан агар назар кунем, дар зиёдшавии ҷиноят на фақат ҷинояткорон гунаҳкоранд, балки бетарафӣ ва бешарафии мо мусоидат мекунад, ки ҷамъияти мо ҷиноятбор гардад. Ин аст, ки сол то сол дар гузоришҳои мақомоти қудратӣ бобати ҷинотякорӣ мо ададҳои бештар аз соли пешро мебинем. Албатта, самараи чунин пешомади талх хомӯшӣ, рӯихотир кардан ва бетараф будани мост.

Комитети назорати халқӣ: Мукофотпулӣ ҳатмист

Бо назардошти андешаҳои болоӣ, ҳукуматро зарур аст, ки Комитети назорати халқиро таъсис диҳад ва билофосила ба он телефони бовариро тариқи расонаҳои хабарӣ ҳар шабу рӯз реклама карда истад. Бигзор ҳар фарде ягон унсури ҷинояти коррупсионӣ, пулшӯӣ, ифлоскунии шаҳрҳо, аз андоз сарпечӣ намудан ва дигар амалҳои вайронкунандаи тартиботи ҷамъиятиро шоҳид мешавад, дарҳол ба Комитети мазкур хабар диҳад. Ба хотири амнияти шахсӣ бигзор шахсияти хабаррасон барои тафтишот махфӣ боқӣ монад.

Аз ҳама муҳим, агар мо хоҳем, ки сафи «одамони худӣ» зиёд шавад, набояд аз ин истилоҳ орият намоем. Баръакс, мукофотпулӣ муқаррар карда шавад, то ба поккории ҷамъият аз ҳар гуна унсурҳои ғайриисонӣ мусоидат намояд. Агар ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳо вобаста ба соҳаҳои махсус бошанд, Комитети назорати халқӣ парвандаро оғоз намуда, боқӣ тафтишот ва ситонидани ҷарима ва ё ба ҷавобгарӣ кашиданро ба соҳаи махсуси худаш, аз ҷумла мақомоти экология — барои тоза нигоҳ доштани шаҳру муҳити зист, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ — барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва Оҷонсии зидди коррупсия — барои ҷиноятҳои коррупсионӣ фиристонида шавад. Пешниҳод мешавад, ки аз ҳисоби ҷаримаи ситонидашуда 50 фоизи он ба ҳисоби шахси хабаррасон интиқол дода шавад.

Дар ҳоли ҳозир масъалаи таъсис додани Комитети назорати халқӣ зарур аст. Вагарна, мо орият гуфта, ҳар шахсеро, ки дилаш ба ҷамъияту миллат месӯзад, «козёл» ном бурдаву ҳамин тавр, сатҳи ҷиноятамон зиёд шудан мегирад ва дар кӯчаҳоямон тонна-тонна партов хобидан мегирад.

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

deneme bonusu veren siteler |
casino siteleri |
şans casino |
vidobet |
vidobet |
vidobet güncel giriş |
vidobet giriş |
casinolevant |
casinolevant |
casinolevant |
şans casino |
şans casino |
casinolevant giriş |
casino şans |
şans casino giriş |
casino levant |
casino şans |
casino şans |
levant casino |
bahislion |
casinolevant |
gamdom |
gamdom giriş |
gamdom |
boostaro |
bahislion |
boostaro |
gamdom |
casinolevant |
casinolevant |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant |
casino siteleri |
casinolevant giriş |
casinolevant |
gamdom |
gamdom |
şanscasino |
sosyobase |
En Güvenilir Casino |
lisanslı siteler |
vidobet |
vidobet giriş |
casino siteleri |
bahis siteleri |
haber kaldırma |
gamdom |
gamdom |
lidyabet |
lidyabet |
lidyabet |
lidyabet |
lidyabet giriş |
hoşgeldin bonusu veren siteler |
lidyabet |
lidyabet güncel giriş |
güvenilir bahis siteleri |
lidyabet |
lidyabet giriş |
casino siteleri en iyi
cbc test price in bangladesh
pg hospital test price list
popular test price list