Сустии фейс-контрол ва рушди вандализми ноболиғон
Вақтҳои охир метавон бо сароҳат мушоҳида намуд, ки шаробхориву нашъамандӣ, фаҳшу зӯроварӣ дар байни ноболиғону наврасон зиёд шуда, боиси нигаронии ҷомеаи шаҳрвандӣ гардидааст. Ба вижа харидории дискҳои бозиҳои қатлу куштор, фаҳш ва дигар унсурҳои бетарбиякунандаи ноболиғону наврасон аз мадди назари назорати ҷиддӣ тамоман дур мондаст. Коршиносон чунин авҷи «извращённый»-и наврасону ноболиғонро дар сустии фейс-контролҳои корхонаҳо ва адами назорати ҷиддии ҷамъиятӣ унвон мекунанд.
Фейс-контрол чист ва барои чӣ зарур аст?
Тавре маълум аст, барои ворид шудан ба корхонаҳо, нуқтаҳои тиҷоратӣ, муассисаҳои адабиву таълимӣ, фарҳангӣ ва ғайраҳо аз убургоҳи махсусе бояд гузашт, ки дар он синну сол, сарулибос, ҳолати мастиву ҳушёрӣ ва дигар талаботҳое дорад, ки бояд ҳар як шаҳрванд онро ба инобат гирад ва вобаста ба талаботи субъектҳои ишорашуда худро ба танзим дарорад.
Албатта, бисёриҳо даъво мекунанд, ки гӯё ҷорӣ шудани фейс-контрол, яъне назорати ҷиддӣ барои муруру убур ва воридшавӣ як навъ поймолшавии ҳуқуқи шаҳрвандонро нишон медиҳад. Дар ин зимн аксарият худхоҳона иддао мекунанд, ки гӯё давлати мо давлати демократӣ асту ҳар тавре, ки хоҳанд, ҳамон гуна гаштан мегиранд ва ҳар ҳолату сарулибосе, ки ба бар доранд, ба тамоми субъекти дилхоҳ ворид шуданро новобаста аз фейс-контрол қотеъона талаб менамоянд. Аммо барои наздиктар шудан ба ин мавзуъ як манзараро мисол меорам: Бигзор демократия, хоҳиши фитрии шаҳрванд ва ғайра вуҷуд дошта бошад. Аммо тасаввур кунед, ки мисли Аврупо баргузор намудани гей-парадҳо ва бараҳнагардии оммавии шаҳрвандон низ талаботи ҳуқуқи фитрии шаҳрвандон аст. Охир, демократия гуфта, мо арзишҳои инсониву имонӣ, инсофиву этикаву эстетикаи шарқиёнаро зери по ва қурбон намекунем-ку! Ё барои мисол, ягон нафар дар кӯча бараҳна гардад, мо демократия гуфта, пеши роҳи чунин хоҳиши ҳайвонии баъзе «демократҳо»-ро магар намегирем?
Маҳз чунин омилҳои инсонӣ ва талаботи маданияти волои шарқиёна ва одоби ҷаҳонгири миллии тоҷикӣ талаб менамояд, ки бояд дар ҳама субъектҳои ҷамъиятӣ фейс-контрол арзи вуҷуд дошта бошад. Аммо тавре маълум гардид, дар 80 фисади корхонаҳо умуман назорати ҷиддии муруру убур дида намешавад.
Низомномаҳо вуҷуд доранд, аммо хеле суст
Ҳар як корхона ва ё имрӯзҳо ба истилоҳи умумӣ ҶДММ-ҳо пеш аз фаъолият Низомнома ва Оинномаи дохилии худро месозанд. Тибқи талаботи бақайдгирии корхонаҳо, муроҷиатномаҳо оид ба ифтитоҳи корхона дар вазоратхонаҳову дигар муассисаҳои давлатӣ ба қайд гирифта шуда, баъдан иҷозати фаъолияти онҳоро медиҳанд. Аммо то ҷое маълум гашт, дар Низомномаву Оинномаҳои субъектҳои дар боло ишорашуда умуман пунктҳои махсуси этикиву эстетикии мизоҷон ва тарзи вориду берун шудани онон ишора нашудааст. Ин нукта боис шудааст, ки дар мағозаҳо наврасону ноболиғон низ бидуни нишон додани шиносномаашон бемалол нӯшокиҳои спиртиро харидорӣ мекунанд. Агар дар назари аввал ин чизи оддӣ тобад, аммо амиқан назар кунем, мебинем, ки даҳшати хеле калон аст. Зеро аз кӯчаксолӣ мо калонсолон ба онҳо имкон медиҳем, ки дар оянда «алкаголик» ва шаҳрвандони ҷанҷоливу пархошҷӯ шаванд. Оё ин нуктаи кӯчаку оддӣ даҳшати дар оянда миллатро ба вартаи ҳалокат афкандану эстафетаи давлатдориро ба ин гуна ҷавонони майзада додан аз рӯи инсоф аст? Ё дар баъзе нуқтаҳои доруфурӯшӣ нобилиғону наврасон бемалол харидорӣ менамоянд. Агар аз рӯи инсоф гӯем, умуман ба ноблиғ фурӯхтани ягон намуди оддитарин доруворӣ мумкин нест. Аммо дар аксари дорухонаҳои мо ба тамоми синну сол фурӯши дорувориҳо иҷозат аст. Пас чаро тибқи Оинномаву Низомномаҳо фурӯши дорувориҳоро ба ноболиғон манъ намекунем? Аз ин хотир, пешниҳод мешавад, ки пеш аз ба қайд гирифтани ягон корхонаи савдо албатта, синну соли аз 18-сола боло ва то 18-сола қатъан ба назар гирифта шуда, бигзор баъд ба фаъолияти савдо иҷозат дода шавад. Пешниҳод мешавад, ки бигзор дар дорухонаҳо таблоҳо овезон шаванд, ки то синни 16 ё 18-солагӣ фурӯши доруворӣ ба онҳо манъ кард шавад.
Имрӯзҳо дар Русия тибқи қонунҳои ҷорияи ин кишвар ҳатто баъди соати 23:00 фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ ба тамоми шаҳрвандон манъ аст.
Бемаданиятӣ, ҷанҷол ва садоҳои гӯшхарош
Имрӯз ҳамаи мову шумо садҳо маротиба шоҳид шудаем, ки дар ресторану кофетерий ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии хӯроки умумӣ ва ҳатто дар супермаркету мағозаҳо аз сабаби мастӣ сар задани ҳодисаҳои ҷанҷол, шикастану занозанӣ ва дар охир боз шудани парвандаҳои ҷиноятӣ ба миён омадааст. Оё намешавад, ки афроди маст ба ин гуна ҷойҳои ҷамъиятӣ ворид шуданашон манъ карда шавад? Ё худ дар мағозаҳо шаҳрвандони масту майзада ворид шуда, боиси дилгириву афсурдагии дигар мизоҷон мешаванд. Магар имкон надорад, ки тибқи низомномаҳои махсус ворид шудани ин гуна шаҳрвандон манъ гардад, то дигарон хаставу дилгир нашаванд?
Коршиносон маҳз ба хотири ба танзим даровардану ба роҳ андохтани тартиботи муайян ҷорӣ намудани фейс-контролро зарур медонанд, ки ба ақидаи онҳо, мутаассифона, дар аксарияти корхонаҳо вуҷуд надоштааст. Барои мисол, тамоми меҳмонхонаҳои ситорадору дигар аппартаментҳои пазироиву тиҷоратии кишварҳои Аврупо ба он хотир номдору пешрафтаанд, ки дар онҳо назорати ҷиддии воридшавии меҳмонону муштариён ба сифати фейс-контрол вуҷуд дорад. Дар ин гуна маконҳо талабот ба сарулибос, синну сол ва ғайра ба таври ҳатмӣ ишора шудааст. Ин аст, ки ба хотири будани тартиботи ҳамешагӣ дар субъектҳои мазкури Аврупо, имрӯзҳо ба унвони «Падари маданиятофарӣ» шинохта ва эътироф мешаванд.
Бо ин васф маданиятшиносон будани ҳатмии фейс-контролро дар тамоми қишри ҷомеа ва субъектҳои хизмативу маишӣ, таълимиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву адабӣ ва ҳатто дар кӯчаҳо амри зарурӣ ва ба хотири рушди маданият маҳсуб медонанд.
Боз ноболиғону боз наврасон…
Аз сабаби он, ки дарвозаву воридгоҳҳои тамоми субъектҳои ҳамагонии ҷамъиятӣ ба рӯи тамоми қишри ҷомеа, аз ҷумла ноболиғону наврасон боз аст, яке аз решаҳои аслии аз маданият дур шудани ҷамъият мебошад, ки инро аксари ҷомеашиносон таъкид менамоянд.
Ба ақидаи ҷомеашиносон, дар чунин муҳити гӯё «озоду демократӣ» ба воя расидани наврасону ноболиғони имрӯза дар оянда ба ҳолати хеле даҳшатовар бархӯрд намудани ҷамъияти мадании шарқии моро ишораи ангушт менамудааст. Аксарият ба он ишора намуда, фарзияҳои асоснок меоваранд, ки гӯё агар ноболиғону наврасон бидуни назорати ҷамъиятӣ — фейс-контрол ба воя расанд, дар оянда боқӣ гузоштани мероси адабиву миллӣ ва одоби шарқиёна зери суол мерафтааст. Воқеият дорад, ки агар имрӯзҳо ин насли ноболиғ бидуни мамониат маводи алкоголӣ ва доруҳои ҳархеларо харидорӣ намоянд ва дар дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо сарулибоси дилхоҳ гаштугузору мувофиқи табъашон гуфтугузор намоянду ворид шудан гиранд, ояндаи хеле даҳшатоварро ба дунбол дорад. Аз ин рӯ, коршиносон будани ҳатмии фейс-контролро дар субъектҳои ишорашуда яке аз воҷибият ва заруратҳои ба тартиб даровардани на фақат имрӯза ноболиғону наврасон, балки ояндаи ҷамъият медонанд.
SOS: Бояд фейс-контрол қонунӣ ва ҳатмӣ шавад!
Ҳамсуҳбатон бо дарназардошти далелҳои болоӣ зарур мешуморанд:
— Пеш аз иҷозат додан ба фаъолияти ин ё он корхонаву муассиса ҳатман талаб карда шавад, ки дар Оиннома ва Низомномаи дохилиашон қоидаи ворид шудан, синну сол ва дигар тартиботи қабулу гусели шаҳрвандон (муштариён, харидорон, меҳмонон ва дигар персонаҳо) ишора карда шавад.
— Хусусан нуқтаҳои савдо ба назар гирифта шаванд ва вобаста ба синну соли харидорон фурӯши номгӯи маҳсулот тариқи фейс-контрол ба роҳ монда шавад.
— Вобаста ба ҷой, намуди хизматрасонӣ ва хусусияти корхона фейс-контролҳо зарур шуморида шуда, ворид ва хориҷшавӣ аз он тибқи одоби махсус ҷорӣ карда шавад.
Дар охир, як аҷобат ва чизи хубро метавон зикр кард, ки дар тафреҳгоҳҳои шабона (дискоклуб, ресторан ва клубҳо) то синни 18-солагӣ иҷозат дода намешавад. Пас чаро ҳангоми фурӯши ин ё он маҳсулоти хӯроквориву доруворӣ ба мисли фароғатгоҳҳои шабонгоҳӣ синну сол ба назар гирифта намешавад?
Аз ин хотир, пешниҳод мешавад, ки назорати вуруду хуруҷро аз тафреҳгоҳҳои шабона омӯзанд. Вагарна, меҳмонҳои хориҷӣ одобу русуми шарқиёна ва завқи зебогиву зебопарастӣ (эстетика)-и моро маҳз бо пиёда сохтани фейс-контрол баҳо медиҳанд.
Худо накарда, рӯзе ба мо «баҳои ту 2» нагӯянд, шуд!
Комментариев нет.