Деҳаҳоро шаҳр бояд кард
То замоне, ки тамоми шаҳру ноҳия ва деҳоти кулли Тоҷикистонро ба биноҳои баландошёна табдил надиҳем, масъалаи дастрасӣ ба участкаи наздиҳавлигӣ мисли пештар ҳамчун проблемаи рақами яки кишвар боқӣ мемонад. Ин дар ҳолест, ки имрӯз барои сохтани манзилу хоҷагиҳои майдаи ёрирасон заминҳои обиву лалмиро бесобиқа ба мардум тақсим кардан ба сароҳат мушоҳида мешавад. Аз ин метавон хулоса намуд, замоне мерасад, ки як ваҷаб ҷойи холӣ ва ягон намуди меваву ҳосили кишоварзии Тоҷикистон боқӣ намемонад.
Замини каму дахмасаи бисёр
Агар аввалмушкили бештари ҳамсӯҳбатонро пурсед, бе дудилагӣ мегӯянд: «Камбудиам доштани участкаи наздиҳавлигист». Агар участкаи наздиҳавлигӣ надошта бошанд, бешак мегӯянд, ки «замини хоҷагии ёрирасон надорам». Аз сад 7 фисади Тоҷикистони камзамин, ки имрӯз наметавонад қобили таҳаммули бардоштан ва таъмини 8,5 миллион аҳолиро пурра ба дӯш дошта бошад, бо вуҷуди чунин камзаминӣкам ба чашм мерасад, ки мардум аз ҳисоби дашту кӯҳҳо заминкушоӣкарда бошанд. Баръакс, ҳарҷо заминиҳамвору сероб бошад, ҳамонқадар худро ба ҳамон самт мезананд, то соҳиби якчанд сотих замин гарданд. Суоли матраҳ ин аст, ки агар мо бо чунин шиддату пешомад заминро ба мардум тақсим карда додан гирем, дар оянда оё маҳсулоти кишоварзии тоҷикӣ боқӣмемонад? Оё саҳроҳои калону паҳное, ки дорем, торафтзахирааш кам шуда, эҳтимол ва хавфи аз байн рафтани чарогоҳу системаи кишоварзиамонро ба дунбол надорад?
Имрӯз хуб аст, ки ба мардум тибқиқоидаҳои нави таҷдиди замин ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣзаминҳо тақсим шуда истодаанд. Аммо коршиносон ба ин назаранд, ки агар имрӯзҳо мо заминро ба хоҷагиҳои майдаи кишоварзӣтақсим карда диҳем, торафт онҳо дар ҳамин заминҳояшонҷойгир, маскун шуда ва ҳатто манзил сохта, дар он зиндагӣкарданашон рост меояд. Ба ин хотир, бештари ҷомеашиносон пешниҳод менамоянд, ки тақсими замини хоҷагиҳои ёрирасон ва участкаҳои наздиҳавлигӣ хотима дода шуда, идеяи сохтани биноҳои баландошёнаро дар сар то сари Тоҷикистон ва ҳатто дар тамоми деҳоти кишвар бояд ба роҳмонд.
Ба хулосае метавон расид, ки дар натиҷаи нарасидани 7 фисади замин барои 8,5 милион аҳолӣ дахмасаҳои зиёде эҷод шудааст, ки ҳатто аксарияти даст ба ҷинояти коррупсионӣзадани баъзе афрод ба хотири дастрасии замин аст. Аз ин ҷост, ки сол то сол аҳолии Тоҷикистон рӯба афзудан аст ва имкони дар оянда бо участкаи наздиҳавлигӣ таъмин кардани наслҳои оянда мушкилии зиёдро пеш хоҳад овард.
Аз сад шикоят 99-тояш бобати замин
Бештар тариқи расонаҳои хабарӣ, хусусан чопӣматлабҳои зиёдеро мутолиа мекунем, ки шикояти шаҳрвандон бобати баҳси замин, ё беадолатии мақомот бобати тақсими замин ва ғайраҳое, ки марбут ба замин мебошад. Гузашта аз ин, вақтҳои охир гарму доғтарин хабарҳо бобати фурӯшиғайриқонунии замин ва ё бо ришва ба даст афтодани фалону беҳмадон корманди идораи замин ба шумор меравад. Ё дар нишастҳои хабарӣАгентии зиддикоррупсионӣниз пиромуни ноадолатона тақсим шудани замин ва ё даст ба ришва задани мақомоти заминсозӣҳисобот медиҳанд.
Коршиносон бо дарназардошти чунин мушкил ва халос шудан аз доғи ришвагирии тақсимоти участкаи наздиҳавлигӣ низ, роҳҳали онро дар сохта ба истифода додани биноҳои баландошёна унвон мекунанд. Ҳамсӯҳбати мо Фирдавси Ёрмуҳаммад, сокини шаҳри Хуҷанд андешаи болоиро қобили ситоиш медонад ва табдили сохти кулли деҳоти Тоҷикистонро ба шаҳр тарҷеҳ медиҳад.
— Бовар дорам, дар қадами аввал ин барои чашми мардум гӯё як ҷаҳон мушкилро нишон медиҳад. Аммо ҷиддан назар кунем, ҳеҷмушкиле нест. Минбаъд мардумбояд дар хонаҳои заминӣ неву дар ошёнаҳои баланд зиндагӣкарданро омӯзанд. Ин аз як ҷиҳат агар ба маданият наздик шудани моро нишон диҳад, аз тарафи дигар, муносибати сарфакоронаи моро нисбат ба замин баҳогузорӣменамояд,- мегӯяд Фирдавс.
Аслан, ба 50 сол пештари шаҳрҳои кишварҳои пешрафтаи шарқ -Дубай, Абу-Дабӣ, Малайзия, Сингапур, Ҷопон, Чин, Куриё, Қатар ва ғайра назар кунем, аз сабаби он, ки мардум мисли имрӯзи Тоҷикистон танқисӣ бобати таъминоти манзили зисташон зиёд шуд, ба сохтмонҳои биноҳои баландошёна шурӯъ карданд. Ин аз як ҷиҳат ба зебогии ин давлатҳо муосидат карда бошад, аз тарафи дигар, заминҳояш хеле зиёд боқӣмонд. Аз ин сабаб сектори кишоварзиашон рушд ёфт. Ба ҷуз ин, имрӯзҳо хирадмандии иқтисодии ин кишварҳоҷаҳонро ба ҳайрат овард. Заминҳои корамашонро бештар ҳифозат карда, аз ҳисоби сохтани ҷазираҳои сунъӣ рӯйи баҳр хонаҳои баландошёна сохта истодаанд. Ҳатто дар Изроил болои санг хок кашонида, паҳнои заминҳои зиёде кушода истодаанд.
Дар қиболи ин, дар тафаккури бештари сокинони Тоҷикистон қолабҳои қадима ҳанӯз нуҳуфта, аксарияти сокинони деҳот хонаҳои барҳавову васеъи заминиро нисбат ба хонаҳои баландошёна авлотар медонанд. Аз ин рӯ, фисади зиёди мушкилоти дастрасӣба замин маҳз дар деҳот тез-тез ба чашм бармехӯрад.Ҳамзамон, талаботи мардуми деҳот ба заминҳо (чӣбарои сохтмони манзил ва чӣбарои созмон додани хоҷагии деҳқонӣ) хеле баланд буда, нисбат ба шаҳр маҳз несту нобудшавии заминҳои корам мушоҳида мешавад.
Тоҷикистонро аз Дубай ҳам зеботар метавон кард
Чун аз асри нав 15 сол сипарӣ шуд ва туфайли технология ба шиддат пеш рафтани конструксияи шаҳрсозии Аврупо ва умуман кулли ҷаҳон Тоҷикистонро бояд водор кунад, ки рӯзафзун зиёд шудани шумориши сокинони кишварро ба инобат гирифта, тарзи ҷойгиршавии аҳолӣ ва сохтмонро дигаргун созад.
Фаразан, ҷойгиршавии масоҳати хонаҳои деҳотро агар ҳисоб кунем, дар ҳафт сотих як оила зиндагӣмекунад. Агар бинои даҳошёнаи дударомадгоҳӣ(двухподъездн
Дар қиёс бо кишварҳои Араб, Тоҷикистон манзараи зебову дилкаши табиӣ дорад. Аз ин хотир, қомат рост кардани биноҳои баландошёна дар ҳузури Аврупо чун кишвари соҳибтамаддуни муосир шинохта шуда, ҷалбиҳарчи бештари туризм рӯйи кор меояд.
Агар суоле афтад, ки таъмини биноҳои баландошёна бо об мушкилро пеш меоварад, ростӣ, ман бовар дорам, ҳеҷ мушкиле вуҷуд надорад. Зеро Тоҷикистон 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Миёнаро дорост. Бовар дорем, сохтмони НБО-ҳои зиёд, ки аксарияти онҳо дар арафаи анҷомёбианд, имкон медиҳад, ки кашидани об осон гардад. Бар заммиин, иншооллоҳ, НБО-и «Роғун» дар солҳои наздик яке аз бузургтарин содир ва тавлидкунандаи барқ дар ҷаҳон мешавад. Он гоҳумуман бо обу барқҳеҷ мушкиле пешорӯи мо намеистад. Аз ин хотир, барои ба он рӯз расидан, аз имрӯз бояд иқдом кунем, ки пагоҳшояд дер шавад.
Системаи шаҳришавиро бояд тезонид
Шояд пешниҳоди мазкур хандаовар тобад. Аммо яқин, ки глобалӣшудани тамоми проблемаҳои умумиҷаҳонӣ, норасоии замину обу барқва ғайра моро водор мекунад, ки аз системаи хонаҳои деҳотисохт даст кашида, бояд ба системаи бесобиқаи сохтану ба истифода додани биноҳои баландошёна гузарем.
Аз ин рӯ, пешниҳод мегардад, ки то ҳадди имкон тақсими участкаҳои наздиҳавлигӣ кам ва агар имкон бошад, комилан маҳдуд карда шавад. Аз сабаби он, ки Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвари сектори кишоварзӣ маҳсуб меёбад, аз ҳисоби сохтани биноҳои баландошёна паҳнои заминҳои корам ҳифозат шуда, ба рушди соҳаи кишоварзӣаҳамиятиҷиддӣ худ аз худ рӯйи кор меояд. Бо ин роҳ метавон барои ривоҷу равнақбахшидани маҳсулоти миллии кишоварзӣзамина гузошта, дар оянда ҳарчи бештар мардуми худро бо меваву сабзаҷоти ватанӣимкони таъмин намудан насибамон мегардад. Вагарна, бо муносибати имрӯзаи мо на фақат фонди заминҳои паҳно аз даст меравад, балки аз чунин муносибати мо торафт майдонҳои васеи кишти шоливу гандум, себу бодому ангур ва ғайра аз байн рафта, маҷбур мешавем ҳамаи номгӯи маҳсулоти зикршударо аз хориҷа биёварем.
Худо кунад, ки худамонро бо маҳсулоти кишоварзии худ таъмин намоем!
Комментариев нет.