ҚИСМАТ
Қисмат
Пеш аз ману ту лайлу наҳоре будаст,
Гарданда фалак бар сари коре будаст.
Зинҳор, қадам ба хок оҳиста ниҳӣ.
К-он мардумаки чашм нигоре будаст.
Симои барҷастатарини илм ва адабиёт Умари Хайём беҳуда чунин рубоиро дар замонаш нагуфтааст, ки то имрӯз гуфтаҳои ӯ арзиши худро гум накардааст. Ӯ мегӯяд, ки ин чархи куҳан пеш аз мо ҳам будааст валак овораи коре будааст.
Онон, ки зиндагӣ карданду пас хоку туроб шудаанд, ҳазорсолаҳо бигзашт. шоир мегӯяд: << Ту оҳистатар пой гузор, ки ҳаққи онҳо бар мост>>.
Зиндагӣ худ сару по овораги аст, агар овораи сохтану хӯрдану пӯшидан набошем, аҳволи мо чи мешуд? Пас, ин зиндагӣ бешумор асту бояд, ки бо хубӣ онро паси сар намоем. Аз хотир набояд баромад, ки мо инсонему некӣ кардан вазифаи мост. он ҳиссиёти бузург дар қалби мо ҷой дорад, умеди оянда аст. Инсон ҳамеша бо умед зинда асту зинда буд. Лекин мардию номардиҳои зандагиро дида, камтар андӯҳгин мешаваму боз худро таскин медиҳаму << шукри Худо >> мегӯям. Он дарду аламе , ки дар дилам ҳаст, онро хиёнат мегӯянд.
Хиёнате, ки бар ман кардаанд, онро ошкоро гуфтан намехоҳам. Монанди шишаи шикаста аст, ки онро пайваст карда намешавад. Ва ман шахси наздиктаринамро гум кардам.
Инсон чизи аҷиб аст, ногуфтанӣ. Аз тавлид то марг як фосила вақт дорад. Аммо дониста, ки он вақт бошумору умр тез мегузарад, боз андӯҳгин мешавад. Ҳиссиёте, ки дар дилу дидааш ҳаст, ӯро фарогир мекунаду шодиву ғам дар қалбаш ҷой мегирад. Дорую давои ин ғаму андӯҳ вақт асту табиби ҳозиқаш вақт.
Як чизро илова кардан мехоҳам, ки чӣ тавр китоби чорумин тавлид ёфт. Боз шеърҳои ин духтаракро ба дастам гирифта, хондаму ғаму андӯҳашро дарк кардам. Ва худ гирифтори ғаму андӯҳ будам, ҷавоби худро навиштам.
Дилбурда, ки умраш, чи ғамам, бод дароз,
Имрӯз талаттуфе зи нав кард оғоз:
Бар чашми ман андохт даме чашму бирафт,
Яъне, ки <<накуӣ куну дар об андоз!>>
Умари Хайём
Муаллиф
Дарё-дарё ту чаро тез равонӣ?
Дунё-дунё ту чаро тез давонӣ?
Офтобу моҳтоб, шабу рӯз,
Эй умри ширин, чаро тез давонӣ?
Ганҷина
Дарё орому равон бошад, чӣ гӯям!
Умр кӯтоҳу дароз бошад, чӣ гӯям!
Инсон гирёну хандон бошад, чӣ гӯям!
Ҳает ширину талх бошад, чӣ гӯям!
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Дунё ба қавли одамон, гаҳ ғаму шодӣ,
Аз банди ғам раҳо шавӣ, имруз шодӣ.
Шодон агар ғамгин шавӣ, кутоҳ назарӣ
Оре, шукургузор бошӣ, зинҳор хубу шодӣ.
Ганҷина
Эй уштури гумгашта, хабар зи корвон чӯӣ,
Эй ташнаву дилсӯхта, умеди оби равон чӯӣ .
Эй деҳқони меҳнаткаш, барака зи Худо чӯӣ,
Эй дили ноком, зи бахти сафед чӯӣ.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Ошиқӣ хоктӯда не, ки рӯбам партоям,
Ошиқӣ афсона не, ки ба кӯдакхо гӯям.
Ошиқӣ бемори асту давояш дард,
Ошиқӣ оташи сӯзон, дарди беамон гӯям.
Ганҷина
Ё Раб, ту ин ҷаҳонро бо меҳр додӣ,
Ин замину замонро бо ишқ додӣ,
Одамиро мӯҳр задӣ ба тақдираш,
Боз ақлу идрок, гуноҳу савоб додӣ.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Оҳанги дил бо тори рубоб ояд,
Мусиқии форам бо тори дил ояд.
Мутриби хушхон, чу булбули гуё,
Зи оҳанги хушаш, базму тараб ояд.
Ганҷина
Дуторам садоят ба дил ширин,
Зи ҷӯшад ман мастаму хубшин.
Эй торам, бинавоз аз ғами дил,
Бирав, эй ғами дил зи ҷони ширин.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Имрӯз касе ғами фардо нахӯрад,
Ғам, ки нахӯрад, фардо чӣ шавад,
Инсон бо умед зинда асту зинда буд,
Чӣ кунем, ки умр бесамар наравад!
Ганҷина
Ҷахону кори ҷахон беҳисоб аст,
Муҳаббату ишқ беимон аст.
Ишқ миллат нагӯяд, чун офтоб,
Бинои муҳаббат зи Оллоҳ аст.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Аз хаёлхои ширин қасри вафо сохтам,
Дар қасри вафо бо ишқ ҷой додам.
Гулҳои рангорангу булбулу бӯстон,
Ваҳ чӣ афсонаи зебову дурӯғ сохтам.
Ганҷина
Сад ранги баҳору бӯстон ба чашм мерасад,
Садои ширини булбулон ба гӯш мерасад.
Бӯйи муаттари баҳор чун биҳишт,
Ишқи поки дили ту ба ман мерасад.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Бирав, эй дил, зи фарёди дил берунӣ,
Агарчӣ асири ишкӣ, олами берунӣ.
Дар ин дунё манол зи бедодӣ,
Бирав озодӣ, зи ёди бедодӣ берунӣ.
Ганҷина
Ногувору ногуфтанӣ чӣ муҷизае буд,
Ҳаяҷону ҳиссиёте чӣ ногуворе буд.
Ишқ омаду бехабар мондам,
Дили ман чи паймону пайванде буд.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Эй гул, ошиқи богбон нашав, умр кӯтоҳ,
Боғбон гули бисёр дорад, шавқаш кӯтоҳ.
Гул, ки умри кӯтахи аз сар ба сар дорад,
Айши худ талх макун, зиндагӣ кӯтоҳ.
Ганҷина
Муҳаббат на шабу на рӯзу на вақт гӯяд,
Муҳаббат на пиру на ҷавону на кӯдак гӯяд.
Муҳаббат дил аз дил ба дил ояд,
Муҳаббат на шалу на кӯру на кар гӯяд.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Сабр аст, дарахти умеди фардо!
Ишқ аст, умеди имрӯзу фардо!
Омезӣ ҳар дуро ғами гарони дунё!
Ғами имрӯза хушбахтии фардо!
Ганҷина
Худо офарид бандааш аз муҳаббат,
Оллоҳ бахшид гуноҳаш аз муҳаббат.
Дод ба бандааш ишқу муҳаббат,
Аз дарди ошиқӣ бифаҳмид муҳаббат.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Дар ҷавонӣ ҳама кор зебанда аст,
Дар роҳи назар ҳавобаландӣ аст.
Ҷавонӣ чу оҳуи мушкини сиёҳчашм,
Эй навбаҳор ин боғу бӯстон аст.
Ганҷина
Сару охири замонро кофтаму наёфтам,
Дӯзаху ҷаннати дунёро ҷустаму наёфтам.
Доруи умри адабиро кофтаму наёфтам,
Маликаи моҳи тобонро ҷустаму наёфтам.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Дафтари мо гар зи сухан пур бошад,
Чашми карашма зи дуриҳо сер бошад.
Дар ин фалак надидам дили беғам,
Бар сари мо офтоби ишқ нур пошад.
Ганҷина
Зи қисматам бигӯям, ишқи пок дорам,
Ҳиссиёти ногуфтанӣ, дарди беамон дорам.
На сабр зи Зӯхрову на ақл хирад,
Ин аст бинои ишқ, ҳоле аз халал дорам.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Роҳи илму ганҷ ба хар кас кушода не,
Гуноҳи толеву ҷурму ситора не.
Кори хайр қудрати хар кас не,
Ҳар дил поку чашми тавоно не.
Ганҷина
Қасам ба номи Худо, сад бори дигар,
Гуфтам фаромӯш кард, сад бори дигар.
Дилам пора гардад, сад бори дигар,
Гурез нест як чо шавем, бо ҳамдигар.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Дар ин дунёи бетоби ту дилдорӣ,
Хаёли дидани рӯйи зебо дорӣ.
Зебоги хӯрок не, ба табақ андозӣ,
Ту худат ақлу тамизи зебо дорӣ .
Ганҷина
Гуле бошад, зи ҳуснаш майу ноб бошам,
Гуле бошад, зи ишқаш масту об бошам.
Зи ранги гуфтораш ақлам девона гардад,
Чамане бошад, ғуломи ду дунёяш бошам.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Аз ҷоми касе шароб нахӯрам ҳеҷ,
Шоми касе саҳар накунам ҳеҷ.
Садри ту баланду зорӣ накунам ҳеҷ,
Баъди рафтанат хори накунам ҳеҷ.
Ганҷина
Ҳамчун абр гирёнам, дар интизори ту,
Ин дил садпора шуд дар интизори ту.
Умеду орзуят зи Худованд кардам,
Пайваста бод, тақдир, ман интизори ту.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Дар раҳи ишқ марҳилаи ишқ нест,
Ҳар субҳу шом анҷому охир нест.
Чони азиз зи наво омад зи ғайб,
Мулки дил зи дуову сано нест.
Ганҷина
Ҳар субҳ дар умеди ту бошам,
Мубтало ба васли ту бошам.
Бонги шом расиду умедам шикаст,
Ҳар шаб чу буте роздорат бошам.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Эй боди хушу сабзаи сармасти ман,
Эй ишқи дилу ақлу ҳуши масти ман.
Зи қисматам беруну наздики дили ман,
Эй хоки раҳат зеби фалаку зиннати ман.
Ганҷина
Ҳамчун абри гузаро куҷо рафтӣ, чаро?
Мақсад дар чист, дилро шикастӣ, чаро?
Қатра-қатра умеди фардо додӣ, чаро?
Аз карда пушаймон кардӣ маро, чаро?
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Кафи ғуссаи даврон баста маро дод,
Сабру ороми дили шайдо маро дод.
Он, ки дод бо шоҳон ба манӣ сода дод,
Сад ҳазор умеди фаровон маро дод.
Ганҷина
Ту шаҳзодаи ману ман шоҳи дунёи ту,
Дунё дар дасти ману дилам дар дасти ту.
Худоё, чи қудрате шикаст аз ту хӯрдам,
Ҳама ғуломи ману лек ман ғуломи ту.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Бароят чӣ кунам, ки шод бошӣ,
Чун кабӯтар зи ғам озод бошӣ.
Чун гули бишкуфта шамшод бошӣ,
Чун офтоби баҳорон хандон бошӣ.
Ганҷина
Ту асири ману ман асири булбулон,
Яке дар дашту дигаре дар бӯстон.
Шухӣ не, ин хаққи дунёи ман,
Яке хандону дигаре монд гирён.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Рӯзе, ки туро дида ба дил ҷой додам,
Дилро ба дарёву ҳавасу ҳаво додам.
Дарё, ки равону умри мо равон аст,
Вафо кунад як нафас оҳи сард дорам.
Ганҷина
Гули шукуфону булбули гуёи ман,
Офтоби хандону чашмаи пурчуши ман.
Фасли бахор омад, дилам бекарор аст,
Иди Наврӯз муборак, дилу дидаи ман.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Эй дилфиреби ман, дили бераҳму хоре.
Манам чун чаман дар зимистони зоре.
Оташ афтод ба ҷонам, сӯхт ҷисму чонам,
Чашми хақиқат дидам, чашми бераҳму хоре.
Ганҷина
Ғуломи чашми шаҳлоят манам,
Ғуломи нозу нигоҳат манам.
Қасам бо ҷонам, дар ҷаҳони бесубот,
Ғуломи ишқи покат манам.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Ту ачаб одаме ҳасти, ту ки ҳастӣ?
Ту кӣ ҳастӣ, ки дили маро шикастӣ?
Ки дар ботину зоҳирам зинда ҳастӣ,
Ту ба қалби ман нишастӣ, ту ки ҳастӣ?
Ганҷина
Ман он гуле аз гулон бӯяш кашид,
Ман он диле аз дилон сӯяш кашид.
Ту хостӣ ва маро ба худ сохтӣ,
Хости дарахти дӯстӣ ба худ сохтӣ.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Абри найсон бигрист чун арӯси баҳорон,
Сад ҳазор гул бишкуфт дар баҳорон.
Хуршед чеҳра хандон шуд чун ёре,
Зуҳра созанда шуд чун булбули баҳорон.
Ганҷина
Хуршеди тобону гули бодом, шодам кард
Зи дидори бойчечак боғбон киштукор кард.
Суманак дар чӯш аст, биё орзу гӯем,
Бӯи муаттари баҳор зарра-зарра шодам кард.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Як зарраи меҳри ту сад зарра шуд бар ман,
Як сухани шаҳди ту сад шаҳду шакари ман.
Роз гӯянд ошиқон бар шаб, ман гӯям Худо
Як ҷон фидои ту сад ҷону ҷаҳон бар ман.
Ганҷина
Сарву гулу райхон ҷуфти худ дорад,
Булбули саргардон ишқи худ дорад,
Дар ин дунё каси танҳо нест,
Мӯру малах ҳам ёри худ дорад.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Эй дил, ту наргиси ҷодуи манӣ,
Ранги суханат шӯҳрату шаҳоми манӣ.
Мардум зи бераҳмиат дар аҷабанд,
Пардаи асрори дилу дидаи мани.
Ганҷина
Гарчи шаб ба моҳ зебанда бошад,
Субҳи саҳар бо нураш арзанда бошад.
Чаман бо гулҳояг зинда бошад,
Дили ман бо дили ту пайваста бошад.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Ҷоно, ту орзуи ширини манӣ,
Чун хуршеду моҳ чароғи манӣ.
Орзуи ширин дар хаққи ту кардам,
Эй бевафо, ёдат кунам, ёди манӣ.
Ганҷина
Боз як шаби танҳоӣ бе ту бигзашту рафт,
Лайлу наҳорам бе субботу бе маҳал рафт.
Замзамаи номи ширинат дар забонам,
Ин қиссаи ишқам бе ту бигзашту рафт.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Азизи дили ман, ҳамеша ту,
Меҳмони дили ман, ҳамеша ту.
Азизам, ту азизтари аз дилу ҷон,
То ҷон дорам, дилам дили ту.
Ганҷина
Ман замину осмон, ту офтоби ман,
Ман боғу бӯстон, ту гули ман.
Ман осмони фароз, ту ситораи ман,
Ман он Маҷнун, ту Лайлии ман.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Садбарги дигар, бибӯяму туро дӯст дорам,
Дар дил сурати маънии туро дӯст дорам.
Мақсуди ҳама зи дунё дунёи ману ту,
Зи меҳру вафо дуриву туро дӯст дорам.
Ганҷина
Ҳамчун офтобу моҳтоб ҳастем, ману ту,
Як лаҳзаи кӯтоҳ бинем, ману ту.
Рӯзе нест, ки дар ёди ту набошам,
Зи чашм дуру ба дил наздикем ману ту.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Туро зи худованд ҷустам, омадӣ .
Ба замони фитнааангезам омадӣ.
Чаро дер ҷустам, куҷо будӣ?
Орзуи ширин, шукр гуям омадӣ.
Ганҷина
Ту маро зи худованд ҷусти, омад садо,
Имрӯз дорем бо ту дарахти вафо.
Хуршеди оламтоб мебинад ману туро,
Ин анҷуманхо бошад фармуди Худо.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Диле дорам, асири чашми шаҳлоят,
Чашме дорам, асири дили зебоят.
Зи нигоҳат чашму дил дар саҷдаи ту,
Шоҳи ман, хабар дори зи гуфтаҳоят.
Ганҷина
Дили шикаста зи дидорат умеди фардо мекунад,
Чеҳраи зебою хандонат ёди баҳорон мекунад.
Як аз нигоҳи шаҳлоят чаман гул мекунад,
Бар ҷуфти худ булбул нолаи зор мекунад.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Бо ман бимон то фурсате,
Аз ин ҳақиқат бибояте,
Зиндагӣ шӯхӣ надорад,
Ман асири ту, дилу ҷонаме.
Ганҷина
Ба дил наздику лек аз ту ҷудоям,
Ту асири ману ман ғуломи туям.
Туро бинам дар тақдири азалам,
Бо ҳам шавем дар он дунёям.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Куштаи сад ҳазор зикри туям,
Ин дил ба садсола ғуломи туям.
Пайваст накард тақдир моро,
Шоҳзодаи ман, ман орзуи туям.
Ганҷина
Дубора умр мебуд туро ҳамсар мекардам,
Бо меҳру муҳаббат бо ту умр мебурдам.
Лонаи бахт зи меҳру вафо месохтам,
Туро ман хушбахти ҷаҳон мекардам.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Ҳар соли нав бо меҳри нав ояд,
Пур аз файзу эҳсони нав ояд.
Шукри Худо боз соли нав омад,
Бигзор орзуву ормони нав ояд.
Ганҷина
Соли нав иқболи нав орад ба ту,
Хушбахтиву фирӯзи орад ба ту.
Соли пурфайзу бо самар орад ба ту,
Шукр гӯям, эй худованд, ба номи ту.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Холам омад, лолам омад,
Аммам омад, танбам омад.
Муҷдаи хушу азизон омад,
Рӯзи хушу хурсандӣ омад.
Ганҷина
Ҷон тағо, ганҷи офият бар сарат бод,
Чу хушбахтӣ, айши биҳишт, насибат бод.
Ту табиби ҳозиқи кӯдакони масъум,
Модарон гӯян доим, умрат абадӣ бод!
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Имрӯз чӣ рӯзи хушбахтӣ,
Ҳадя кунад Худо некбахтӣ.
Киштии умед ба соҳил омад,
Садсола бошу некрузӣ.
Ганҷина
Худованд ато карда, нури илоҳии худ,
Офтоби тобон тӯҳфа кард, чамани худ.
Модар-Ватан гуфто, ту ҷон фидо
«Зодрӯз муборак!» шодем аз барои ту.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Як рӯз гуноҳро ҷавобе бояд,
Бар ҷубронаш басе савобе бояд.
Эй беғами охират ба хоб афтода,
Дар субҳи тафаккур офтобе бояд.
Ганҷина
Ин пайванди далери дар дили мо,
Хаққи мардони майдон дар хуни мо.
Омӯхтем мардонагӣ аз шоҳидон,
Иди Артиши муборак, эй азизон!
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Сарзамини поку хоксорам, кишварам,
Осмони софу беғуборам, кишварам.
Сулҳҷуву сулҳдӯстам, кишварам,
Шаҳри хубону некбахтам, кишварам.
Ганҷина
Сулҳу амонӣ, модар-ватан зинда бод,
Нест бод ҷанги бародарӣ, ҳама зинда бод.
Эмомалӣ Раҳмон то абад зинда бод,
Иди Ваҳдат муборак, Тоҷикистон зинда бод!
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Азму разми адаб, ту писари Ватан,
Нангу номус дар дасти ту, писари Ватан,
Зиндагӣ осудаю шабзиндадори ту,
Умрат абадӣ бод, ту писари Ватан.
Ганҷина
Молу мулк нагӯяд, посбони хоки Ватан,
Ҷонам фидо бароят, ту азиз ҳастӣ Ватан.
Ту писари Ватан ҳастӣ, фахрат аз ту модар,
Зинда бод Тоҷикистон, марди майдони Ватан!
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Дили шумоён дар зери тир монд,
Ҷавону пир нагуфтед, армон монд.
Ин ҳама озоди аз баҳри Шумоён,
Рухатон шод бод!- Иди Ғалаба монд.
Ганҷина
Ҳама як тан шуданд бар зидди душман,
Фидои ҷон карданд, барои озодии Ватан.
То зиндаем, озоду шодем дӯстон!
Иди Ғалаба муборак, мо ҳама гирди гулшан.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Ин қавлу қасам мулки дигар хароб кард,
Ин захми сухан дили дигар пуроб кард.
Ин ҷони азиз зи наво омад ба дард,
Зи заҳри сухан ошноро бегона кард.
Ганҷина
Нолаи булбул омад, ёди ёри ҷон кардам,
Ин чашми пурҷӯш, ёди дӯстон кардам.
Сад афсӯс дур гаштам аз меҳри Шумо,
Дунёи зебо дидам, ёди Ватан кардам.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Омадам ба суроғат, туро ёд кардам падар,
Хонаам омадам, ҷомаатро оғуш гирам падар.
То зиндаам, ту зиндаи дар дилам падар,
Сари қабрат омадам, то дуоят гӯям падар.
Ганҷина
Эй падар, пайванди ҷону ҷигар ҳастӣ,
Мушкил осону тақдирсозу сутунам ҳастӣ.
Дар ин дунё бо ту мағрур ҳастам,
Боғбону бӯстон баҳорам ҳастӣ.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Зи некии падар модар бозингару хандон будам,
Беғам зи зиндагӣ дар муҳаббату амон будам.
Кӯдаки беғам будам, модари ғамхор шудам,
Ин чарх гарон аст, чун модари ҷон шудам.
Ганҷина
Кӯдак будам ғаме надоштам, аллаи модари ширин,
Ҷавони буду диле доштам, муҳаббати пок ширин.
Падар шудам, лаҳзае овози фарзанд ширин,
То авҷи умр расидам ҳаёт боз хам ширин.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Имрӯз ман сарбаланду бе ту гамгинам,
Ҳама шодбош гӯянд бе ту дилгирам.
Модар ту мебудӣ, сар ба фалак будам,
Акнун хоки мазорат тӯтиё бар сарам.
Ганҷина
Ай модар ту ба ман умр бахшидӣ,
Зи хуни дилат шири сафед додӣ.
Қадамхо аввалин ба роҳи ростӣ бурдӣ,
Тамоми хуширо ба ман бахшидӣ.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Дунё магар аз ту мепурсам, модарам куҷо!
Кадом кунҷи хокат хурд, он тани зебо!
Болу пар шикаставу ҷисму ҷон рехта,
Кай ба оғушат мерасам, суроғат куҷо!
Ганҷина
Як лаҳзаи хуши одамӣ омаду рафт,
Ки тавлид ёфту каси дигар рафт.
Яке ёфт бахту дигаре монд танҳо,
Аз як дари дунё омаду бо дигаре рафт.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Аё модар дар хоб ҷустам, ёд кардам,
Руйи пурнуру лолагунатро ёд кардам.
Суханҳои ширину овозатро ёд кардам,
Дидор ба қиёмат монд, ҷон модарам.
Ганҷина
Модар бо сад умед, тифлат ба дунё омад,
Як даст дар гаҳвораву як даст ба сӯи Худо,
Ҳар сол ту хушбахтӣ, ки зодрӯзаш омад,
Фориғ зи гғму ғусса, бахти накӯ омад.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Раҳи гулзорам хорзор шуд, модарам,
Рузҳо мисли шабҳо шуд, модарам,
Замину осмон шуд ранги дигар,
Баҳорам мисли хазон шуд, модарам.
Ганҷина
Гиря макун, эй нозанини ман,
Гуноҳи ту нест нозпарвари ман.
Умри азиз бебадал аст, ёраки ман,
Дар ту ҳаёту ту ҳастии ман.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Соҳиби дил кист?- Бипурс аз худ,
Соҳиби ақл кист?- Бипурс аз худ.
Агар ба саволат ҷавоб ёбӣ мабодо,
Соҳиби бахт кист? –Бипурс аз Худо.
Ганҷина
Сохиби умрам гӯяд, Худои ман,
Соҳиби ақл бигӯяд, дӯстони ман.
Соҳиби дилам гӯяд, Лайлии ман,
Соҳиби бахт донад, тақдири ман.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Зиндагӣ сару по, ғавғову шӯр будаст,
Дам шодиву дам гиряву ғам будаст.
Шукри ин хама рангорангии ҳаёт,
Ин пастиву баландиҳо оворагӣ будаст.
Ганҷина
Ҳар соату дақиқа ғанимат, зинда бошед!
Ганҷи офият бар сарамон, зинда бошед!
Ба номи нек сазоворем, зинда бошед!
Дар домани дилдори худ зинда бошед!
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Ғамгин машав, дар киштии умр равем,
Гоҳ дар соҳили умед, гоҳ қаъраш равем.
Чун хеш ойему чун дарвеш равем,
Аз гаронии ҷаҳон чун гулу хор равем.
Ганҷина
Дар бӯстони умр чун баҳорон ойем,
Як лаҳзаи бошумор чун гул ойем,
Умри парешону дасти кӯтоҳ дорем,
Мо ҳама чун абри парешон ойем.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Эй Худои муттаол пеши ту, ҳеҷему ҳеҷ,
Сар ба фалак инсонҳо, пеши ту ҳеҷему ҳеҷ.
Чӣ орзуву ормонҳо, пеши ту ҳеҷ асту ҳеҷ,
Мо ҳама зори шафоатем, пеши ту ҳеҷу ҳеҷ.
Ганҷина
Эй маҳбуби Худои олами мо якто,
Рангорангии табиату гетии мо якто,
Забони Олӣ Сомону модари мо якто,
Ҳама яктову як дилу дидаҳо якто.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Дасти ҳайрат бар даҳонам, эй фалак,
Бо одамон чӣ шуд магар, эй фалак,
Магар иннсонӣ хамин буду хами наст
Бар кибру дурӯғи ҳамдигарем, эй фалак.
Ганҷина
Зи гуфтори одамон ҳайрат дорам,
Яке сафеду дигаре сияҳ гуфторанд.
Тақдир зи азал Худованд мӯҳр кард,
Аввал андеша кун, гуфтор охир дорам.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Эй ки шири хом хӯрда, зиндагӣ надонем,
Мо зиндаему қадри зиндагӣ надонем,
Шудем фирефтаи пулу чизи дунё,
Сад ҳазор гапи фарҷу хиёнат надонем.
Ганҷина
Муҳаббати инсонӣ дар чӣ бошад?
Китоби «Қуръон» барои кӣ бошад?
Ҷаннату дӯзахт барои чӣ бошад?
Инсону инсонгарӣ барои кӣ бошад?
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Соддагиро пеша кардам, аз барои ёди ту,
Саргаштаву ҳайрон гаштам аз барои ёди ту.
Ҳайрон нашав зи чеҳраи ғамгинам,
Лутф кардам, эй дӯст, то душман нашавӣ ту.
Ганҷина
Фардои замину замон чӣ бошад,
Дар тақдири азалии мо чӣ бошад.
Даст ба дастгирем, некӣ кунем,
Шояд, нидои Худо ҳамин бошад.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Эй Ҳоҷиён, Маккаву Мадина дар дили Шумо,
Бечораву ятимбачахо дар зери пойи Шумо.
Каси инсондӯстро Худо дӯст дорад,
Ҳаҷҷи наздик хаминҷосту дастгир Шумо.
Ганҷина
Тасбеҳи мусулмонӣ дар даст дорем,
Гуфтор зи Оллоҳу намозу рӯза дорем.
Хонаи Худо равем, Ҳоҷӣ шавем ойем,
Сад афсӯс рафтори кофирона дорем.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Зиндагӣ на дурӯғу на рост,
Паси ҳамдигар чун теғи рост.
Доводав дорад паси ҳамдигар,
Дурӯғ аст ё рост, ин муаммост.
Ганҷина
Зиндагӣ бо дурӯғу рост зебанда бошад,
Чун моҳтоб аз паси офтоб бошад.
Дар зиндагӣ бояд мақсад бошад,
Дурӯғ барои рост шояд савоб бошад.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Ҳар коре зи бисмиллоҳ оғоз кунам,
Кай бе номи ту қадамҳо соз кунам.
Ғайбу ғоиб аз назару ишқат дар дилам,
Алҳаму Ёсину Таборак бар забон кунам.
Ганҷина
«Қуръон» барои зебогӣ дар хона бошад,
Дуои фотиҳа доим фаромӯш бошад,
Фарзанд бе никоҳ тавлид ёбад,
Шояд охири замон ҳамин бошад.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Омадем аз куҷо, боз меравем ба куҷо?
Меравад умр, қадам ба қадам ба қучо?
Чароғи мурда куҷо, шамъи офтоб куҷо?
Куҷо равем, боз ойем аз куҷо?
Ганҷина
Бо чашми пӯшида ойему равем,
Гирён ба дунё ойему гирён равем.
Умеди фаровону зиндагӣ ширин,
Як лаҳза ойему боз бо умед равем.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Эй дунёи дурӯза, бадбахтӣ дар чист?
Номардию нодонию нокомӣ дар чист?
Санги маломат ба ҳамдигар занем,
Дунё ғамбозиву нофаҳмӣ дар чист?
Ганҷина
Дарду алам зи дунё, бо ин қалам гӯям,
Тинату айши дунё, бо ин қалам гӯям.
Бигзарад ин садсолаҳо, ин мулки фано,
Гуноҳу ислоҳи ҷаҳон, бо ин қалам гӯям.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Ҳарки омад ба дунё, нақши хароб дорад,
Ҳар сари муйи моро ҳазор-ҳазор кор дорад.
Мо кистему маломати бекорӣ куҷост?
Нуқтаҳо дорад зиндагӣ, асрори азал дорад.
Ганҷина
Ширини ҳаётам дар суханҳоям,
Ғаму ғуссаам дар гуфтаҳоям.
Умеди фардоям дар шеърҳоям,
Хақиқати дунё дар кирдорҳоям.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Ин чаҳони ҷонона дар ҷони мост,
Ин қалби равшану торики мост.
Агар зиндагӣ занахдони мо бошад,
Мо ҳама зиндониву замони мост.
Ганҷина
Ин замину замон барои кӣ бошад,
Имрӯзу фардои дунё аз кӣ бошад.
Эй Хдованд, ҷаннату дӯзахт барои кӣ?
Ин мардиву номардихо барои чӣ бошад?
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Сари кӯйи ту сӯҳбати ошкоро бас,
Бозори ҷаҳон бингару озори ҷаҳон бас.
Биншин сари обу бин гузари умрат,
Гуфтору шеърҳои чун оби равон бас.
Ганҷина
Яке хору дигаре зор монад аз танҳоӣ,
Қадри хамдигар расад, баъд аз танҳоӣ.
Рангорангии ҷавони кутоҳ ҳамчун гул,
Гирад дарду алам, вақти пири аз танҳоӣ.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Эй дунёи дурӯғ бар ақли мо ниёз,
Зеботарин мехости ину он ҳасти.
Одамон чун ситора, санги мусибат хостӣ,
Гила дорам аз ҷаҳон нокомиҳо хостӣ.
Ганҷина
Моӣи тобон монанди ту танҳоям,
Чун дурру марсон гирёну ҳайронам.
Макри зан маро саргардон кард,
Зиндаятим кард фарзандонам.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Эй ранги дунё ин ҳама боғу баҳор,
Як лаҳзаи умр ин ҳама хушгувор.
Эй Худованд, дилам шод зи дунё,
Донистаю нодониста, ношукрии мо.
Ганҷина
Нафрат имрӯз аз ақл гузашт,
Шамшер гираму ҷонбозӣ гузашт.
Сабр ба номи Оллоҳ, худат ҷазо деҳ!
Шоҳид бошаму бинам, нафрат гузашт.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Зан зиндагӣ, зан маънии ҳаёт аст,
Зан фариштаву ситораи тобон аст.
Занро барои мард офарид Худованд,
Зан надорад қадр, фалак ҳайрон аст.
Ганҷина
Аз карда пушаймон шудаӣ, эй ҷон,
Саргардону ҳайрон шудаӣ, эй ҷон,
Ғуломи айшу нуш шудаӣ, эй ҷон,
Ин туи Худозада шудаӣ, эй ҷон.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Аз хандаҳои зан пистаҳо лаб во кунад,
Мох кина ба чашму абрӯяш кунад.
Шаб зи мӯйхояш чодар сияҳ кунад.
Зан шаршараи умр барпо кунад.
Ганҷина
Сиёҳ гашт шири модар зи кирдори ту,
Поймол гашт номи зан аз кардаҳои ту.
Тифлаконам шуданд зиндаятим,
Айши дунё гуфтиву вой бар ҳоли ту.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Селоби ашк марез, ғами ҳиҷрон магуй,
Зи хати ғам махон, ҳоҷате ҳеҷ магуй,
Эй ҳазорон гусса фориғ зи ман гӯй,
Баъди шаб сахар ояд, шаби сияҳ магӯй.
Ганҷина
Лутфи ҳақ ар зи Худо ояд!
Чарх гардон, вақту соат ояд!
Зи дӯзах насибат ояд!
Чашми интизори фарзандон ояд!
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Ай модар туро дар хоб дидам,
Зи шоди худро дар оғушат дидам.
Зи гиря чунон зора мезадам.
Чу бедор шудам худро гирён дидам.
Ганҷина
Фарқи сияҳу сафед надонад кӯдак имрӯз,
Гирякунон кобад, рӯи модар имрӯз.
Гуноҳи кист, таваккалат ба худо!
Ман падар ҳам модар ҳам шудам имрӯз.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Эй фарзанд, ту меваи умри манӣ,
Ҳам душмани ширину дӯсти манӣ.
Бемор шавӣ сузад пайкару ҷонам,
Эй дилбанд, ту оғозу анҷоми манӣ.
Ганҷина
Дар кӯча шуд тақ-тақ,
Кунҷи девор, қурбоқа вақ-вақ.
Ё Оллоҳ омад хушбахтӣ,
Тифлак дар даҳони лак-лак.
Лутфулло
——————————————————————————————————————————-
Шаҳаншоҳи олам туйи, эй писар,
Хандаҳоят баҳор аст, эй писар.
Умедам аз ту калон аст, эй писар,
Тоҷи давлат бар сарам, эй писар.
Ганҷина
Меваҳои ширини умри манед,
Туҳфаҳои беарзиши худои манед.
Болу парам, ду писарам,
Ҷоми заррини гулкори манед.
Лутфулло
Лутфулло Ёқубӣ
Қисмат
Муҳаррири техники Н. Юлдошев
Ба матбаа 28.06.2010 имзо шуд.
Форматаш 60*84/32. Ҷузъаи чопи 1.5
Гарнитураи хуруф “Times New Roman Tajik”
Супориши № 25. Теъдод 2000. Нархаш озод.
Комментариев нет.