+992 92 777 2675

Гулдастаи меҳр

Гулдастаи меҳр

Гулдастаи меҳр

Нет комментариев

Лутфулло Ёқубӣ

Гулдастаи Меҳр

“Хуросон” Хуҷанд – 2008

Беҳтарин ҳуққаи Ганҷинаи маънӣ сухан аст.

Сухан ар ҷон набувад мурда чаро хомӯш аст?

Бале, сухан беҳтарин ва покизатарин гавҳари маънӣ ҷавҳари асостарини инсонӣ аст. Мӯъҷизаи сухан, нафосат, балоғат ва ғановатӣ он инсонро болу пар ва рӯҳи тоза мебахшад. Аз ин рӯ таввасути суханони, аввалин сарсухани худро оғоз кунам. Аввалин мехоҳам, гӯям салом дӯстони азиз!

Ҳама вақт аввалин саволе, ки ба  хонанда меояд – ин шахс кист ?

Гуфтани ҳастам, ки ман зодаи шаҳри Хуҷанд буда, дар оилаи зиёӣ таввалуд ёфтаам, падарам дорусоз, модарам муаллима мебошанд. Хатмкунандаи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров буда, факултаи иқтисодиро ба итмом расондаам. Ҳоло бошад, ҳамчун соҳибкор фаъолият дорам. Вақтҳои аввал ба ман нофаҳмо буд, ин ҳама зисту зиндагии имрӯзаи одамӣ. Баъд аз чашидани пастию баландии ҳаёт ман ба хулоса омадам, ин яке аз сабабҳое ҳаст, ки аламу дарди худро бо қалам гӯям.

Мехоҳам бигӯям, ки чунин анъана  дар як китоби назми ду муаллиф вуҷуд надорад, лекин умед дорам, ки анъанаи мо писанди ҳамагон мегардад.

Садҳо бор шукри Худо мекунам, ки Худованд ба мо аз ҳама ҳиссиёти баландтарин ишқро тӯҳфа кардааст, ки камтар бошад, ҳам аз ғаму ғуссаи ҳаёт дур бошем!

Ишқ дурдонаасту ман ғаввосу дарё майкада,

Сар фурӯ бурдам дар он ҷо, то куҷо сар бар кунам.

Ҳ. Шерозӣ

Аммо маънои дигари ҳаёт ин аст, ки Худованд ба мо хатти сияҳу сафед додаст, то ҳис кунем, ки зиндагӣ чӣ рангҳо дорад. Ҳаёт бе пастию баландиҳо хулосае надорад! Ба фикри ман одамият маҷбуран ҳаракат мекунад: аз сабаби тарсу ваҳм, ва фардои зиндагӣ.

Мисол: то шикам гурусна намонад, мо хӯрок намехӯрем. Мисоли дигар, дил дард мекунаду ҳиссиёту ҳаяҷон зиёд мешавад, мо ошиқ мешавем. Агар ҳамин тавр намебуд, бешууртарин ҷинс дар ин дунё инсон мебуд. Бадбахтию хушбахтии инсон дар он аст, ки инсон нафс дорад. Аз сабаби ин ҳама бадбахтии инсонро ихтисор карда намешавад. Вале як қатра дошта мешавад, ҳамин ҳам бошад аз сабаби будани ҳиссиёти тарсу ваҳм. Мисол: Агар И.В.Сталин дар вақти ҷанги дуюми ҷаҳонӣ босиёсат намебуд, гумони ғалаба кардан набуд. Ба фикри ман аз сабаби ин китоби муқаддаси “Қуръон”-ро дар мактаби миёна аз синфи 1 то 5 ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз синфи 6 то 10 бояд омӯзанд. Беҳуда Президенти мо Эмомалӣ Раҳмон барои тарҷумаи китоби муқаддаси  “Қуръон” иҷозат надодааст, то ки шахсони бадкирдор одамонро раҳгум насозанд. Ман чунин фикр дорам, ки ҳар як кор дар ин дунё ҷавоб дорад. Беҳуда Ҷалолиддин Румӣ дар ин байташ нагуфтааст:

Дар ҷаннату дар дӯзах пурсони туанд, эй ҷон,

К-эй ҷаннати рӯҳонӣ в-эй баҳри сафо чунӣ?

Ҳар нур туро гӯяд: Эй чашму чароғи ман,

Ҳар ранҷ туро гӯяд, к-эй дафъи бало чунӣ?

Ба ақидаи ман, дар ҳар як шаҳр, ноҳия, деҳа дар ҳар гӯшаи диёри азизамон ҳайкале рост карда шавад, ва дар поёнаш ин суханҳо навишта бошанд:

Ман руҳи туям,

Ман худи туям.

Дар ду дунё бо туям,

Вақти ҷавоб гувоҳи туям.

Ба маънои томаш инсон бошед!

Саволе ба миён меояд, ки якеро гунаҳкор кардан, новобаста аз гунаҳкории ў. Мисол: Инсон ҳамчун дузд таваллуд намеёбад, вай шахси дузд мешавад, ин вобаста аз ҷамъият аст. Савоб ин аст, ки якеро аз роҳи бад баргаронидан, то ки ин шахс инро на танҳо фаҳмад, балки ҳис кунад. Гуфтаи Ҳофизи Шерозӣ чӣ ҷоиз аст ин ҷо:

Айби риндон макун,эй  зоҳиди показисиришт,

Ки гуноҳи дигаре бар ту нахоҳад навишт.

Ман агар некаму гар бад, ту бирав худро бош,

Ҳар касе он даравад оқибати кор, ки кишт.

Боз саволи дигаре ба миён меояд?

Умри дарозу кӯтоҳро дар чӣ мебинед? Аз танбалию бекорӣ умри инсон дароз менамояд. Боз ақидаи дигаре  ба миён меояд, ки кадоме аз инҳо беҳтар аст.  Гуфтам: “Кайфияти ҳаёти мо дар ҳалли мақсади мост”. Ин аз серҳаракатӣ инсон вобаста мебошад. Саволи дигаре ба миён меояд, ки пир доност ё ҷавон? Гуфтам: бузургӣ на ба синну сол аст, балки ба ақли расост.

Боз гуфтанд: Хушбахт кисту бадбахтӣ чист?

Гуфтам: “Бадбахттарин инсон дар ду дунё он касест, ки аз кардаи гуноҳи худ хабардор буда, ба ислоҳи он кўшише надорад”.

Он шахсоне, ки дастдарозу ноинсоф ҳастанд, фиребро пеша гирифта аз соддагии мардум истифода мебаранд ва шиками худ, киссаи худро аз ҳисоби мардум пур мекунанд. Ба хотирам як панди халқӣ меояд, ки дар ин ҷо хеле ҷоиз аст!

Ҳирси дунё оташи сӯзон бувад,

Бо бадон умрат балои ҷон бувад.

Хушбахттарин инсон он касест, ки ба маънои томаш инсон бошад! Аз ҷони худ болотар виҷдонро гузорад! Беҳуда устоди беҳамтои сухан А.Рӯдакӣ нагуфтааст:

Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад,

Не бад-он чашм к-андар ӯ нигарӣ.

Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,

Киштие соз, то бад-он гузарӣ.

Рӯзе байтҳои Ганҷина тасодуфан ба дастам афтод, ки ба ман хеле маъқул шуд, хостам ба инҳо ҷавоби худро гӯям. Ва ман ҷавоби худро навиштам, ки дар адабиёт чунин анъана вуҷуд надорад, лекин ашъори ошиқонае як саволу як ҷавоб рӯи қоғаз омад. Мисраъҳои аввал ба Ганҷина ва мисраҳои поёнӣ аз они ман.

Бояд бигӯям, ки ман бо ин духтарак ягон дилбастагӣ надорам, лекин ба ашъораш ошиқ шудаму хостам ба онҳо ҷавоби оташини худро бидиҳам.

Як ашъоре, ки рози дили ҷавонони мост, на танҳо ҷавононҳо, балки дар дили пиру ҷавон ин суханҳо ҳувайдост рўйи қоғаз омад.

Умед дорам, ки ин шӯълаи хомӯшнашавандаи муҳаббат ва китоби “Гулдастаи меҳр”-и ману шумо дар дилу дидаи шумо ҷовидон бимонад! Бо умеде қалам ба даст гирифтаам, ки қалам гуфто:

Қалам гуфто, ки ман шоҳи ҷаҳонам,

Қаламкашро ба мақсад бирасонам.

Муаллиф

Давлати ману ту навиштаҳои мо,

Рози дили ошиқон аз гуфтаҳои мо.

Дору табу сӯзи дил, байтҳои мо,

То ҷаҳон бошад, бошад чакидаҳои мо.

Гаштам сар то сари  ҷаҳон бемисли ту модар,

Мисолат нест, дуогӯю саҷдагоҳам ту модар,

Аллаҳоят дар гӯшаму нақши ту дар дил,

Қиблагоҳам, ҷаннати рӯи замини ту модар.                       

Ганҷина

Диҳад ба фарзанд, модар тани одамӣ,

Бахшад ба инсон худованд ҷони одамӣ.

Вақте,ки тариқи зиндагӣ омӯзем,

Ояд Малакулмавту гирад ҷони одамӣ.

Лутфулло

—————————————————————————————–

Сари зонуят сар гузошта, кӯдак мешавам,

Кӯдакамро бедор карда худроо ба ёд меоварам.

Кӯдаки беғам будаму модари ғамхор шудам,

Нури хона, гули баҳорам модари ҷон модарам.                        

Ганҷина

Сад афсӯс, ки баъди сари модар,

Ёд кунад аллаи ширини модар.

Қадр кардан лозим дуои модар

Дар вақти зинда будани модар.                                                      

Лутфулло

—————————————————————————————–

Модар ту нури Худову ба ҳуре монанд,

Ҷаҳон бе ту бенуру ба куйи торик монанд.

Агар он ақл аз ту буду дона аз ту монд,

Ҷаннат рӯйи замину ту ба замин монанд.                                      

Ганҷина

Ғамхору дилсӯз туйи, ту модар,

Раҳнамою дуогӯ туйи, ту модар,

Бароят ҷон фидо манам, то зиндаам,

Доруи табу сӯз туйи, ту модар.                                                     

Лутфулло

—————————————————————————————–

Рӯзе шавам фарзанди фарзонаи ту,

Оқилу олиму дурдонаи арзандаи ту,

Бо фахр бигӯй, ин пайванди ҷонӣ ман,

Дуою дуруд гуфтӣ, модарам, ман донаи ту.

Ганҷина

Гузар кун аз гуноҳам, модари ҷон,

Ки ранҷат додаму гаштам пушаймон.

Рӯзе шавам фарзанди арзандаи ту,

Сарбаланд гардӣ, эй модари ҷон.

Лутфулло

—————————————————————————————–

Бояд, ки забони модарӣ омӯзем,

Ҳарфу сухани нобӣ дарӣ омӯзем.

Чун вориси поки Олӣ Сомон бошем,

Оини сариву сарварӣ омӯзем.

Ганҷина

Донед ҳар якеро ҷигарбанди худ,

Ҳамчун  хоҳару бародари худ.

Дӯстон, расед ба қадри ҳамдигар,

Сазовор шавед на номи инсонии худ.

Лутфулло

—————————————————————————————–

Бузургӣ на ба мулк аст, дар ақли расост,

Зебогӣ на ба рӯй аст, дар ботин зебост.

Некӣ ҳамчун офтоб аст, на шаби сиёҳ,

Ростгӯи ҳамчун шамшери буррост.

Ганҷина

Эй тӯра, ҳастӣ ҳамчун маст чаро?

Вақте ояд, фуруд ойи аз само!

Як рӯз дуои бечорагон нагирифтӣ,

Дармонда шавӣ дар халқаи банду бало.

Лутфулло

—————————————————————————————–

Некӣ кунем, ки пойдор монад,

Рӯзе аз он афсарӣ сеҳр, ҷой монад.

Даврони дуасла беист равад,

Он карда чу фалак боз монад.

Ганҷина

Гум макун ахлоқи одоб,

Молу мулк ҳамчун моҳтоб.

Дорад гуноҳ вақти ҷавоб,

Охират ҳисоб кӣ гирад савоб.

Лутфулло

—————————————————————————————–

Ин дунё агар беғаму ғусса мебуд,

Қадри хурсандӣ, ҳам намебуд.

Ин пастиву баландӣ намешуд,

Қадри касу, сарбаландӣ намебуд.

Ганҷина

Ба маънои томаш инсон кӣ бошад,

Ин сири ниҳон дар сина чӣ бошад.

Тафсири ҳамин калима дар Қуръон аст,

Нидои Худо, шояд ҳамин бошад.

Лутфулло

—————————————————————————————–

Ҳама як инсону умри маҳдуд дорем,

Ҳама дар қалби худ, неку бад дорем,

Ин дайри дудара ба кас намонд ҷовид,

Даст ба даст деҳ, некиро пойдор дорем.

Ганҷина

Бар кирдори касон ба ҷуз ҳайрат дорам,

Бар кибру дуруғи ноҳақ лат дорам.

Он меҳру вафо, ки дар мардум мурд,

Гуноҳи кист, як олам мусибат дорам.

Лутфулло

—————————————————————————————–

Бар шоҳу гадо ин фалак раҳме накард,

Пас мӯру мурғи ҳаво, шавқе накард.

Беҳуда назист касе дар ин дайри дудар,

Бунёд ниҳод, ҳунаре чу бод барбод накард.

Ганҷина

Ин бори гарон умри равон мегузарад,

Хушбахтиву бадбахтии инсон мегузарад,

Ҳар рӯз монанди якрӯза, ки бизист,

Ғами гузашта махӯр, ки умр  мегузарад.

Лутфулло

—————————————————————————————–

Ақлу идроки инсониро инсоне бидонад,

Рафтору кирдори инсониро инсоне бадонад.

Ё раб, ту дили бандаро барои худ офаридӣ,

Қулфест дар сина, калидашро ӯ бидонад.

Ганҷина

Дуздӣ макун, ки якумр бадном шавӣ,

Лаънат кардаву охир пушаймон шавӣ.

Нони дуздӣ заҳр шавад дар баданат,

Чун саги баднафас роми он шавӣ.

Лутфулло

—————————————————————————————–

Рӯзе ба ҷисм Худо ҷон монад,

Дар ҷабҳа ниҳонрову аён монад.

Он даме, ки зиндагӣ омӯхтем,

Ҷонро ба қарз дод онро биситонад.

Ганҷина

Эй Худованд, ту маро ба ин ҷаҳон овардӣ,

Аз дасти умед то ба ноумед овардӣ.

Аз ман чӣ гузашт, гуноҳи ман чист!

Бар синаи ман ғами ниҳон овардӣ?

Лутфулло

—————————————————————————————–

Ин кори худоро бин чӣ ҳолҳо дорад,

Тақдири худоро бин чӣ корҳо дорад.

Инсон бозичаи тақдиру ҷарбаи ниҳон,

Ҳаёти пуршӯру чу мӯър даъво дорад.

Ганҷина

Нола макун, қаҳри Худо ояд,

Аз сӯи Худо ба ҷонат ҷазо ояд.

Ин умр ба кас намонад ҷовид,

Бар ҳукми ӯ ҳасту нест ояд.

Лутфулло

—————————————————————————————–

Мард он касе, ки дарди ошиқӣ чашид,

Ишқу ошиқи он меваест, ки чашид.

Ошиқ он касе, ки кораш нола бошад,

Ширин аст он ишқе, ки аз љон чашид.

Ганҷина

Завқи ишқӣ ширин пинҳон дорам,

Дар ёди азизи ёр паймон дорам.

Хушбахт касе, ки меваи ишқ чашид,

Чун ман начашидам, пушаймон дорам.

Лутфулло

—————————————————————————————–

Дил метапад дар сина чун мурғи рамида,

Ин боди сабо раҳгузару қасди ҷон карда,

Ин сири дил пинҳон монд, дар сина,

Гарчи хабаре нест, аз ишқ рамида.

Ганҷина

Танҳо боғбони боғи ту бошам,

Чун булбули хушхони ту бошам.

Мунаввар карда чаман гули рӯят,

Шаб то рӯз посбони ту бошам.

Лутфулло

—————————————————————————————–

Эй ҷони ману ту ҷононӣ касе,

Эй дили кунаму ту дилситони касе,

Эй булбуламу ту бӯстони касе,

Охир ту ширину шакарини касе.

Ганҷина

Манам, он Маҷнун, корам хаёлбозӣ,

Савдозадаи замона, бечораву чорасозӣ.

Кай бирасам, бар тоҷи муроди хеш,

Ин қисса чӣ гӯям, дарсам ғамбозӣ.

Лутфулло

—————————————————————————————–

Замину осмонро ҷуфти ҳамдигар додӣ,

Сафеду сиёҳро бар зидди ҳамдигар додӣ,

Обу оташро бар зидди ҳамдигар додӣ,

Марду занро ба ишқи ҳамдигар додӣ.

Ганҷина

Худоё чи хушбахтӣ аст ин ширинӣ,

Ширини ҳаёти заминии инсонӣ.

Меомад ба сари мо бадбахтӣ,

Агар намофаридӣ ту ҷинси одамӣ.

Лутфулло

—————————————————————————————–

Эй шефта ба ишқ, то чанд беқарорӣ,

Нолида чун мурғи саҳар, то кай ҳамкорӣ.

Ишқат навмед шуд, ки худ навмедам.

Эй борони ғам, кай шодӣ биборӣ.

Ганҷина

Эй чащму чароғи ман, бедорам кардӣ,

Дар меҳр чу офтобу беморам кардӣ.

Ин шеъри ман аз баҳри шодии туст,

Ту оғози муҳаббату ҳамрозат кардӣ.

Лутфулло

—————————————————————————————–

Ҷовид бувад, он ки номи мард гирад,

Дар байни мардум  мисли сарвар  гардад,

Гар сар  ба фалак ҳам бошад, дар илму адаб,

Бигзор, ки пеш аз хама мард бошад.

Ганҷина

Аз мардӣ номардӣ беҳ шуд,

Номи арзандаи мардӣ куҷо шуд.

Чӣ ҳиссиёти  инсонӣ кӣ,

Бехабар аз кардаи худ шуд.

Лутфулло

—————————————————————————————–

Зан фариштаи замину латофати осмон,

Зан тӯҳфаи осмону дӯстдори замон,

Зан бахшандаи умру рангоранги хаёт,

Зан баҳору умру ситораи дурухшон.

Ганҷина

Безан зиндагӣ рангину хуш набошад,

Шӯълаи маҳтобшаб, равшан набошад.

Фидои ҷон кунанд мардон барои зан,

Ҷаҳон бе ҳусни рӯйи зан, хуш набошад.

Лутфулло

—————————————————————————————–

Навбаҳор асту бо хандаи гул биханд,

Гул мисоли булбули чеҳраи ошиқ биханд.

На магӯ ин баҳори умр натакрор,

Гил машав, чун субҳ дамид ту биханд.

Ганҷина

Тиру камон дар осмон, сӯяш кашид маро,

Гули гулон дар бӯстон, бӯяш кашид маро,

Нишон гирам камонро занам ба дилҳо,

Нарзаду наварзад мурғони ҳавасу ҳаво.

Лутфулло

—————————————————————————————–

Суханҳои ширинат реша бар дилам ронд,

Тири нигоҳат миёни мардумак монд.

Ошиқат ман, ошиқи овораам,

Ятим карда ишқро, дар роҳи дароз монд.

Ганҷина

Қади сарву қомати санавбар, девона кард,

Зулфи сияҳу абрӯи каҷат, сад пора кард.

Эй кош чун шохи анор даст бар маҳ мебуд,

Ҳусни ў маро ғулому, халқа бар гӯшам кард.

Лутфулло

—————————————————————————————–

Дар назарам гулҳо, хор шудааст,

Ашкам мисоли марҷон шудааст.

Дили бераҳми ӯ сангу хор шуда,

Боғбони гулҳои баҳор шудааст.

Ганҷина

Ало, эй гул, зи розат хабардор шавам,

Дар пои ту афтам, магар хор шавам.

Дона-донам ашки ҳасрат бичинам,

Аз нози гул бимон, ки боғбон шавам.

Лутфулло

—————————————————————————————–

Сахаргоҳон бӯйи гул ояд, ёди ман кун,

Мурғони ҳаво ба нола ояд, ёди ман кун,

Шаршараи об ба гӯш ояд, ёди ман кун,

Пастиву баландӣ ояд, ёди ман кун.

Ганҷина

Бӯи гул ояд, ёди ту мекунам,

Булбул  ба нола ояд, ёди ту мекунам.

Овози об ояд, ёди гиряат мекунам,

Гар тазоди зиндагӣ ояд, ёди ширинат мекунам.

Лутфулло

—————————————————————————————–

Дар оина акси руйи туро дидам,

Ба худ суол кардаму пурсидам,

Чаро? Охир чаро? Акси туро!

Нест ҷавоб ба саволҳои худам.

Ганҷина

Эй номи ту гирди забон гардад,

Сурати ту миёни чашмон гардад,

Он ишқ манзилгоҳи дили ман,

Кай дил ба дил пурармон гардад.

Лутфулло

—————————————————————————————–

Беҳратин қисса ин қиссаи ишқ аст,

Ба гӯш фораму ба дил наздик аст.

Ман на он Лайливу ту на он Маҷнун,

Афсӯс ин афсонаву қиссаи маҳфуз аст.

Ганҷина

Бар захми дил, ваъдаи меҳр кардӣ,

Дилдори бедил, вафои касе кардӣ.

Сабр рафт аз дасту оташ зад рашк,

Роҳи вафо биёбам, шамшеру шер кардӣ.

Лутфулло

—————————————————————————————–

Ё раб, фақиру мискине аз баҳри чӣ овардӣ,

Барои сахтиву зории  зиндагӣ овардӣ,

Охир чӣ гуноҳ гузашт аз бандаи ту,

Як умр чу дӯзахӣ, ки ройгон овардӣ.

Ганҷина

Мутрибо ту шоҳи анҷумани имрӯзи мо,

Овозу оҳанги пурҷӯшат, дилнишини мо.

Базми мо бесуруду рақс, базму тараб нест,

Ҷовид он санъати воло, булбули хушхони мо.

Лутфулло

—————————————————————————————–

Сабо ту бигир  дасти саҳару гавҳари ишқ,

Оламро бикун бедору бипош домани ишқ.

Гулафшон кун тилисми баду бадгири ишқ,

Куҷо  будӣ бигӯ, қиссахои гиреҳи ишқ.

Ганҷина

Дар боғи ирам гул ба дил кофтам,

Ҳар гули зебо аз якдигар ёфтам.

Охир ҳар субҳ тулӯи дигар дорад,

Шудам ноумед ба ҳар як дил додам.

Лутфулло

—————————————————————————————–

Бар каҳр сазовор шудаӣ гуноҳи кист?

Аз карда пушаймонӣ сазояш чист?

Гар ҳарфи ғалат бигӯй, гар пой бикӯбӣ,

Аввал бипурс зи худ, гуноҳат чист?

Ганҷина

Гунаҳкор макун, касеро дар гуноҳи худ,

Чӣ гуноҳ кардаӣ, аввал бипурс, зи худ.

Даст ба сӯи Худо кун, шафоат аз ӯст,

Гар ба қахр сазоворӣ, бар ғалату хатои худ.

Лутфулло

—————————————————————————————–

Орзуву ормон пур аст дар ин дунё,

Зиндагӣ ширину  кам  аст ин дунё.

Авҷбарору сахтгир аст ин дунё,

Ҳиллагарӣ, фиребгарӣ ту дунё, дунё.

Ганҷина

Нагӯед, ки умри кӯтоҳ ато кард,

Фармуди Худо чӣ умр расо кард.

Он некиву бадӣ, сариву сарварӣ,

Рӯзе дар қолибало иншо кард.

Лутфулло

—————————————————————————————–

Некбахт кист, бадбахт барои чист?

Ин тазоди зиндагӣ бигӯ барои кист?

Ҳама ҳар рангу ҳар фикру хаёл,

Чархи гардун гарон аст, барои чист?

Ганҷина

Ҳой соқӣ бирез, то ҳуш аз даст диҳем,

Чӣ сире ниҳон дар дил, то бифаҳмем.

Бо забони май, мастиву ростӣ гӯем,

Гар ба дасти қадаҳ, дурӯғу душмани санҷем.

Лутфулло

—————————————————————————————–

Рӯзи сафеду шаби сиёҳ, бигзашту рафт,

Қатрае аз умри инсон чу дарёи равон рафт.

Омадем, соати бошумору вақт қиммат,

Хуш бош, як лаҳзаи хуши умр омаду рафт.

Ганҷина

Ошиқ ба машуқ ҳаргаҳ сухан гӯяд,

Сухан аз забони ошиқонаи ман гӯяд.

Аз оташи ишқи рахшонам, гӯяд,

Аз дили пурганҷу пурасрорам, гӯяд.

Лутфулло

—————————————————————————————–

Эй шамъ қисса бигӯ аз ишқат,

Парвона дорӣ дар гирдӣ оташат.

Гирди оташ гашта бебол мондӣ,

Печида ба ашки шамъ парвонаат.

Ганҷина

Эй нозанин ҳамеша нозбардорӣ туям,

То дами охир, ёри вафодорӣ туям.

Рӯзе бимирам, зи нози ту хоҳам мурд,

То зиндаам эй табиб, беморӣ туям.

Лутфулло

—————————————————————————————–

Гул сари булбул садои худ кунад,

Сарву суману бӯстон нишони худ кунад.

Овараем ҳар яке машғули худ шудем,

Чи бӯстону чӣ достон нишони худ кунад.

Ганҷина

Сад саволу сад хитобӣ беҷавоб дорам,

Лабрез аз муҳаббатӣ бесазо дорам.

Бар дарди дилӣ гарён даво нарасид,

Дору, ки намедиҳӣ, азобе дорам.

Лутфулло

—————————————————————————————–

Насими субҳ даровард гулро ба ҳарф,

Дар ҷаҳон надорам чунин оташе ба ҷон.

Чу най дар фиғону нола бошам мудом,

Ҳаргиз нашунав, гул ҳарфи боғбон.

Ганҷина

Ғамро агар фурӯшам дар ишқбозор,

Дилро агар фиребам дар ғамбозор.

Бозори ишқу ғам пайванд бо ҳам,

Харидор манам, ошиқ дар бозор.

Лутфулло

—————————————————————————————–

Дӯстӣ оинаи  дилу зиннати ҷаҳон,

Дӯстӣ дарёи софу оби равон.

Ғами дуст аз ману шодии ӯ,

Бо дӯст мушкил осон шуд,  дар чахон.

Ганҷина

Дил метапад дар сина шунида овозат,

Парвоз кунад, аз лаҳни гавҳарсозат,

Пурашк ин чашмон аз мағзи суханҳоят,

Фиғон кунад, ин дил аз дуриҳоят.

Лутфулло

—————————————————————————————–

Сабо дар боғу бӯстон сайри саҳар мекард,

Наргисе аз хандаи офтоб дил ба бар мекард.

Сабо гуфто: эй гул чу абри найсон гирёнӣ,

Ошиқи офтобаму оташи бетобиям мекард.

Ганҷина

Ҳой боғбон, шавам шогирди боғи ту,

Пайдои ҳунар кунам, пайванди ниҳоли ту.

То ки бифаҳмам дар чист сири боғ,

Баъд гирам номи боғбон, ҳамчун ту.

Лутфулло

—————————————————————————————–

Куҷо будӣ, ки тоҷи арӯсӣ бар сарам монӣ,

Зебандаву арзанда ёрам ту будӣ, куҷо будӣ.

Куҷо будӣ, эй чашмаи оби саффофӣ ман,

Куҷо будӣ, дер омадӣ эй ҷонони ман.

Ганҷина

Пур аз ашк ин чашмон,

Дилам монд, дар армон.

Шуди арӯси дигар хонадон,

Дер мондам, шудам саргардон.

Лутфулло 

—————————————————————————————–

Ниҳоли навбаҳор аст айёми  ҷавонӣ,

Ҳама дар пешу муждаи ёр, ҷавонӣ.

Норасида, тариқи зиндагӣ наомӯхта,

Баҳори нотакрор аст, умри ҷавонӣ.

Ганҷина

Даъвои ишқат дорам, дилдори ман,

Умре ба дил меъморат, ҷонони ман.

Нақше ба дил кашида биё туро барам,

Афсӯс хӯрам сад бор, пайванд нест аз ман.

Лутфулло

—————————————————————————————–

Ин ҳама тақдири ману ту бошад,

Фармуди Худо бар сари  мо бошад.

Дил андохтаем дер ба ҳамдигар,

Ин ишқ ҳам аз ҳақ  чу ато бошад.

Ганҷина

Бинам туро, дилам ба ҷӯш меояд,

Дардамро бигӯям, бовариат намеояд.

Чи коре кунам, сазовори ишқат шавам,

Бигӯ ёрҷон кай ҷононам меояд.

Лутфулло

—————————————————————————————–

Ин рашк несту ин оташест бар ҷон,

Тамоми оби ҷаҳонро резӣ намират он.

Ту худат ин оташро ба ҷонам ҷой кардӣ,

Гунаҳкор туӣ, ин аст  ҷавоби он.

Ганҷина

Тӯҳмат макун бар ҳаққӣ номи ман,

Ғалат кардӣ он шахс нестам ман.

Аз оташи рашкат, лек шодам ман,

Ин аст нишони ишқи ту бар ман.

Лутфулло

—————————————————————————————–

Номи ширинат паёми илҳом шуда,

Ғамҳои ту ҳастии маро дом шуда.

Дарди ману шодии ту шеър шуда,

Оғоз шуда ва ё ки анҷом шуда.

Ганҷина

Нест рӯзе, бе ёди ту субх оғоз кунам,

Шодию нишот чун шом анҷом диҳам.

Агар он қудрат дар ихтиёр доштам.

Вақти гузаштаро аз нав гардон кунам.

Лутфулло

—————————————————————————————–

САДО

Эй Худовандӣ меҳрубону сароғоз,

Бахшандаву мӯнису ғамхору ҳамроз.

Эй умедбахшу муродбахшӣ ману боз,

Бе номи ту, кай кори худ кунам оғоз.

Фарёдат дорем шабу рӯз мо туро,

Оҷиз шуда ақлҳо ёди ту моро,

Куҷо шуд меҳру муҳаббати мо,

Ба моён одамон, фарзандони мо.

Афсӯс, ки қадри инсону инсоф намонд,

Ақл дар ҷову виҷдону покӣ намонд.

Як зарра меҳру дили ғамхор намонд,

Нақше аз он инсон оине намонд.

Ба моён одамон чӣ шуд магар,

Ваҳшиву инсон фарқ кунад аз якдигар.

Дар ҳиллаву фиребу дурӯғи якдигар,

Зисту зиндагӣ дорем бо ҳамдигар.

Китоби қуръони ту бар хаққӣ мост.

Барои шаби тор ҳадяву чароғи мост.

Афсӯс на ҳама ба имону тайфиқ дорост,

Қуръон китоби коиноту роҳи дунёи мост.

Лутфулло

—————————————————————————————–—————————

МАҶНУНАМ

Маҷнунам дил аз ишқ дорам.

Лайлои чу моҳ  дар само дорам.

Шаб шуд зи нураш фироқ дорам,

Девона магар, ҷигар об дорам.

Бар ҳар суханаш сухан дорам,

Бар лаъли лабаш асар дорам.

Бар дарди дилаш даво дорам,

Оташи рашк бар вуҷуд дорам.

Бар хоби хеш агар висол дорам,

Гар аҳд кунад охир вафо дорам.

Гул дар сару сарву бӯстон дорам,

Бар дидаву дил ошиқи зор дорам.

Бемори ишқат манам, ҷонона.

Дорую давоям бубахш эй Парвона.

Оташи ишқ бар вуҷуд чашида,

Саргардон манам Маҷнуни девона.

Лутфулло

—————————————————————————————–

ПИСАРИ ХАЛҚ

Баргардед, эй фарзандони Олӣ Сомон,

Олимону корчалонҳои Точичикстон.

Модар Ватан интизори шумоён,

Мо ҳама хешу ҳамхуни шумоён.

Ҳоло диёрамон чунон ҷавон,

Якҷо бошем, ҳама дӯстон.

Дасти якдигар гирем ин замон,

Бошем номбардори ин диёру макон.

Гулзору шукуфон шавад ин диёр,

Сарсабзу дилоро шавад ин диёр.

Номи худ поймол накунем ҳаргиз,

Ҳастем наберагони Камолу Ҳофиз.

Аз бевафои бемеҳрии Ватан,

Хоки Ватан ҷудо аз тан.

Шири модар гардад ҳаром,

Вақти пири ин ҷо омадам.

Лутфулло

———————————————————————————————————————————–

 

 

ТАНҲОӢ

Риштаи шаб тори худ кашид,

Дилам аз танҳои хунбаҳо чакид.

Осмон чу сафову мани рамида,

Ҳамнишин ситораву ашки чакида.

Ҳикоят аз дили шикаста дорам,

Ёри бевафову барносифат дорам.

Як дида сардору субҳи сафо дорам,

Меҳроби хуршеду меҳру вафо дорам.

Бе ту ин ҳама зарра надорад,

Оташи ишқ шӯъла надорад.

Он дидаи ашк қатра надорад,

Ситора бенуру само надорад.

Ҳама ин гуфтор аз баҳри туст,

Муроди дил ҳама дар кӯи туст.

Як сухани ишқ аз қаъри дили туст,

Гар ошиқам ошиқи шикорӣ туст.

Лутфулло

———————————————————————————————————————————–

НАФАС

Ё раб, ту офариди покизае дар ин ҷаҳон,

Бар сарам ақл ниҳодӣ фарқ аз ҳайвон.

Беъзан пушаймонам аз номи инсон,

Фарқе намонд миёнаи ҳайвону инсон.

Ёрону азизонам ин ҳаққи дунёст,

Рад накунед ин дар ману шумост.

Мисоле дорам хулоса аз шумост,

Ҳайвонию инсони хоси ману шумост.

Кош дар ин дунё ҳастиям намебуд,

Ақл сазо намекарду намефахрид.

Бадбахтии инсон дар нафси инсон,

Нафси беҳаду канор хос аст ба инсон.

Ғамгин манам, лате ба дил дорам,

Нафс бадбахттарин чизу ақд дорам.

Ҳар чизи зинда дорад нафсу талаби худ,

Ёрону азизонам ин аст хулосаи худ.

Лутфулло

———————————————————————————————————————————–

ЁРАКАМ

Ҷонам ҷону дилам туӣ,

Ишқи аввалинам туӣ.

Оташи дилам туӣ,

Ёраки дилам туӣ.

Ёрам бе ту нестам ман,

Ёрам бо ту ҳастам ман.

Ёрам донам, ки ту аз ман,

Ёрам дӯстат дорам ман.

Дилам дар дасти ту аст,

Дилам дар ишқи ту аст.

Дилам дилбари ту аст,

Дилам ошиқи ту аст.

Ошиқам бар чашмони ту,

Ошиқам ба суханҳои ту.

Ошиқ шавӣ аз мани ту,

Ошиқам ман бар ту.

Лутфулло

———————————————————————————————————————————–

ПАДАР

Ту мардиву ҳунармандӣ падар,

Ту дидаи ману, аҳли назарӣ падар.

Донаи ақлу хирад дар ман коштаӣ,

Ободиву рӯзи хушу, хуби коштаӣ.

Ягона қиблагоҳу такягоҳам падар,

Ту нури дидагонам ҳасти падар.

Аз пайи гуфтаҳои ту равон гаштам,

Аз пайи касбу кори ту равон гаштам.

Гуфтаи ту ҳанӯз дар қалби ман аст,

Ки як мавизро чиҳил кас хӯрдааст.

Ёру мададгори бечорагон гаштаам,

Қасам бар ҷон, ки вафодор гаштаам.

Бо қалам сухан гуфтан чӣ хуб падар,

Шамшери ман қалам аст эй падар.

Лутфулло

———————————————————————————————————————————–

ТАҒО

Ашки шодӣ равон шуд беихтиёр,

Модар шудааст, хоҳаракам бахташ ёр.

Фаришта рӯю бӯйи ҷаннат тифлакат,

Хуршедсифат паризот тифлакат.

Тағо шудам, тағои тифлаки ту,

Боз як умеде, дар авлоди ману ту.

Номи неку неки сазовори ту бошад,

Сарбаландии кӯҳҳо аз ту бошад.

Хизматкунӣ ба модару мардум,

Номбардори падар дар давру гардун.

Тағо шудам, тағои тифлаки ту,

Боз як умеде, дар авлоди ману ту.

Ё раб нигаҳбони умраш бош!

Бахшандаи ақлу идрокаш бош!

Бахшандаи бахту ёри нек бош!

Бахшандаи тахту тоҷаш бош!

Тағо шудам, тағои тифлаки ту,

Боз як умеде, дар авлоди ману ту.

Лутфулло

———————————————————————————————————————————–

 

 

ЧИНГИЗХОН

Аз қиссаҳо шунидаам боре туро,

Шикасти Чингизхон умеди моро.

Гуфти арзандаи тоҷу тахт манам,

Лек фиреб доди халқӣ ин диёрам.

Бо чашми хирад бингар тоҷдор,

Борони бало рехтӣ эй бадкирдор.

Лаънат хонад халқ ба он созандагон,

Бо дили шикаста рафтанд, аз он макон.

Фаромӯш кардӣ, ту фарзанди инсонӣ,

Ҳеҷ кас зи шоҳи наёфт амонӣ.

Ин халқи ҷаҳон ба ҳам хешанд,

Афсӯс ки ҳама ба ту дилфиребанд.

Инсоф аз ту ки гирифт, ҷавобдорад,

Дар пеши Худову банда савол дорад.

Лутфулло

———————————————————————————————————————————–

ДИЛ

Шодам, ки ошиқи туям,

Дилбару дилдори туям.

Мақсуди дили туям,

Ҷонону Маҷнуни туям.

Гар аз вафо пурсӣ,

Ман ёри вафодори туям.

Як умр посбонӣ туям,

Ташнаи дидори туям.

Рӯзе агар бимирам,

Зи нози ту хоҳам мурд.

Охир қурбонат шавам,

Садқа бар ҷонат шавам.

Ҷавоби рад намехоҳам,

Дармони дили туям.

Гӯям ба ту эй ёрам,

Тақдири ту ин манам.

Лутфулло

———————————————————————————————————————————–

Ё РАБ

Ҳукми ту амри воҷиби ту,

Тартиби ҷаҳон чӣ сон воли ту.

Бахшандаи ақлу инсоф танҳо ту,

Гар қаҳр сазои мост, мо ёри ту.

Гиреҳ аст он нафс гирифтор охир!

Эй каси нокас фалак ҳайрон охир!

Беҳуда дар ин ҷаҳон ки зист охир!

Абад зинда монад номи нек охир!

Дасти дуо аз мову, некӣ аз ту,

Ибрат гиранд, аз одобу ахлоқи ту.

Ҳама як инсону ҷигарбанди ту,

Кинае нагир дӯст дар дил ту.

Умр кӯтоҳу ночиз бошад охир!

Дар ин ҷаҳон ҳама меҳмон охир!

Меҳмон лаҳзае бо хуши ояд охир!

Ин умр интиҳони Худованд охир!

Лутфулло

———————————————————————————————————————————–

КЕЛИНУ ҚАЙНО

Намешавад келин духтари хона,

Намешавад бо қайно ҳеҷ гоҳ дугона.

Рашки падару модар ба келин,

Кунад девона писари ширин.

Девона гаштааст ин писар,

Худ куҷое занад ин сар.

Воҳ бар ҳоли модар!

Ин тавр гӯяд ин ҳамсар!

Лутфулло

Лутфулло Ёқубӣ

Гулдастаи Меҳр

Муҳаррири техникӣ Н. Юлдошев

Ба чопаш 27.11.2012 имзо шуд

Форматаш 60*84/32. Ҷузъаи чопи 1.5

Гарнитураи хуруф “Times New Roman Tajik”

Супориши № 45. Теъдод  2000. Нархаш озод.

Тӯҳфа аз сидқи дил

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

deneme bonusu veren siteler |
casino siteleri |
şans casino |
vidobet |
vidobet |
vidobet güncel giriş |
vidobet giriş |
casinolevant |
casinolevant |
casinolevant |
şans casino |
şans casino |
casinolevant giriş |
casino şans |
şans casino giriş |
casino levant |
casino şans |
casino şans |
levant casino |
bahislion |
casinolevant |
gamdom |
gamdom giriş |
gamdom |
boostaro |
bahislion |
boostaro |
gamdom |
casinolevant |
casinolevant |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant |
casino siteleri |
casinolevant giriş |
casinolevant |
gamdom |
gamdom |
şanscasino |
sosyobase |
En Güvenilir Casino |
lisanslı siteler |
vidobet |
vidobet giriş |
casino siteleri |
bahis siteleri |
haber kaldırma |
gamdom |
lidyabet |
lidyabet |
lidyabet |
lidyabet |
lidyabet giriş |
hoşgeldin bonusu veren siteler |
lidyabet |
lidyabet güncel giriş |
güvenilir bahis siteleri |
lidyabet |
lidyabet giriş |
casino siteleri en iyi
cbc test price in bangladesh
pg hospital test price list
popular test price list