НОЗИРИ МИНТАҚААТРО МЕШИНОСӢ?
Нозири минтақавӣ дар ВКД ячейкаи аз ҳама назарногир аст, аммо чуқуртар назар кунем, аз ҳама масъулияти сангин ва корҳои фавриву ҷустуҷӯӣ ба дӯши нозири минтақа аст. Нозири минтақа базаи аслии кор бо мардум буда, тамоми дигаргунӣ ва азнавнигарии кориро дар ҷабҳаи нозири минтақавӣ бояд оғоз намуд.
Тавре маълум аст, тибқи қоидаҳои имрӯза ба ҳар як минтақа ба мӯҳлати панҷ сол нозири минтақа таъин мешавад. Суоли матраҳ ин аст, ки оё панҷ сол барои сифати кор кифоя аст? Оё дар ин панҷ сол мардум нозирашро ва нозир мардуми минтақаашро ба хубӣ мешиносанд? Оё муҳит, фазо ва характери минтақаи интихобшударо нозири минтақавӣ ба хубӣ дар панҷ сол барои донистан фурсат пайдо мекунад?
Албатта ва мутаассифона, дар суолҳои гузошташуда мо посухҳои рад, яъне НЕ-ро дармеёбем, ки базаи аз ҳама асосӣ ва нуқтаи муҳими кори милитсия дар тамоми ҷабҳа мебошад. Чунончи, дар Аврупо, Амрико ва дигар кишварҳои пешрафтаи Шарқ маъмул аст, ки ҳар як нозир тақрибан як умр дар минтақаи таъиншуда то ба вақти нафақа баромаданаш фаъолият мекунад. Албатта дар тӯлонияти чунин кор ҳар як нозир муҳит, фазо, характери оила ба оилаи нуқтаи таҳти масъулияташро хубакак медонад.
Таҷрибаҳо дар кишварҳои пешрафта исбот намуданд, ки агар нозири минтақа як умр ба як минтақа таъин шавад, сатҳи ҷиноят кам, тафаккури ҳамкории мардум бо нозирон баланд ва тарзи кушодашавии ҷиноят низ ба таври таъҷилӣ таъмин шуда, дар як вақт ҳар як нозир на ба сифати як ҳукмрон, балки ҳамчун як ҷону ҷигар ва меҳвари ҷамъияташ мегардад. Нозирон на фақат ҳамчун нозир, балки як муаллими хуб, машваратчии беминнат ва узви ҷудонопазири ҳамон минтақа маҳсуб мешаванд.
Суоли аз ҳама дардовар ин аст, ки оё бо маоши имрӯза бечора нозири минтақа метавонад чунин амалҳои сангинеро, ки мо зикр кардем, ба анҷом расонад?
Коршиносон ба ин назаранд, ки ягона роҳ барои таъмин бо маоши кофӣ ва басанда бо роҳи ихтисор бояд сурат гирад. Танҳо дар сурати бо маоши баланд, ҳатто аз сардорони шӯъбаҳо баландтар таъмин шудани нозирон метавон натиҷаи дилхоҳро дар ин самт ба даст овард. Дар ин росто, як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ суолгуна аз мо пурсид, ки дар ин сурат нозирон сардору ҷонишини шӯъбаҳо намешаванд? Аслан вақте кори нозири минтақа дар сар то сари кишвар ба даҳ якумр тӯлоният дода шавад, бигзор ба ӯ маоши баландтарин ва имтёзи гирифтани унвону рутбаҳо дода шавад, бовар дорем, кам касон орзуи сардори шӯъбаҳо шуданро дар сар мепарваранд.
НОЗИРИ МИНТАҚА КОМПЮТЕРИ ЗИНДА АСТ
Ҳарчанд имрӯзҳо ҳар як минтақа нозиру махсус утоқҳои корӣ дорад, тамоми базаи маълумоти минтақааш компютеризатсия мешавад. Ба он хотир, ки агар баъди панҷ сол аз як минтақа ба минтақаи дигар ба кор ратификатсия шавад, барои нозири дигари минбаъда чунин компютеризатсия намудани базаи маълумоти минтақа кӯмак менамояд. Аммо илми психология исбот менамояд, ки компютер ҳамеша як дастгоҳи беэмотсия буда, характеристикаи хубу дақиқро дар бораи мардуми минтақа дода наметавонад. Ба ин хотир, коршиносон, мушоҳидон ва мусоҳибон таъкид медоранд, ки ҳар як нозир умрбод ба як минтақа таъин карда шавад, ба ғайр аз ҳолатҳои истисноӣ. Зеро худи нозирони минтақа инсонҳои оқилу қобили дарку фаҳм мебошанд ва аз компютерҳо дида, характеристикаи хубу пурраро дар бораи ҳар як аъзои оилаи минтақаашон дода метавонанд.
Аммо имрӯза коргузорӣ, ки ҳар як нозир ба муддати панҷ сол ба ягон минтақа таъин мешавад, ҳанӯз ӯ муҳиту фазои минтақа ва характери ҳар як шаҳрвандашро нашинохта, тибқи ратификатсия ба минтақаи дигар ба кор таъин ва фиристода мешавад. Яъне ӯ маҷбур аст корро аз сифр сар кунад ва замоне, ки нав панҷ соли дигар мешаваду акнун ба шинохтани муҳиту мардум оғоз мекунам гӯяд, боз ба минтақаи дигар сафарбар мешавад. Бо як ҳарф, бечора нозири минтақа минтақаашро ношинохта ҳамин тавр иваз шудан мегирад, ки ҳам ба психологияи худи нозир ва ҳам ба психологияи мардум зарар дорад.
Яъне, сокинон низ ҳанӯз нозирашонро нашинохта, ба ӯ бовар нокарда, яке мебинем, ки нозирро гирифта ба минтақаи дигар сафарбар намудаанд ва як нозири тамоман ношинос ба ҷои ӯ ба кор меояд. Яъне ба таври автоматӣ боварии мардуми ом ба нозирон боқӣ намемонад ва бо ин роҳ кушодашавии ҷиноятҳо низ як андоза мушкил мегардаду ҳатто баъзе аз онҳо солҳо нокушода боқӣ мемонанд.
МИЛИТСИЯ Ё ПОЛИТСИЯ?
Як мушкили дигар ва асосии ворид намудани тағйирот ба соҳаи кори нозирони минтақа ин аст, ки мо ҳанӯз дар системаи милитсия қарор дорем. Метавон хулоса намуд, ки баъди ба истиқлолият расидан, мо ба таври фаврӣ аз системаи милитсия ба политсия бояд мегузаштем. Аммо гузашти вақт ва таҷрибаҳо собит намуд, ки системаи милитсия дархӯри завқ ва талаботи асри 21 намебошад. Ба ин хотир, бештари муҳаққиқони соҳаи мақомоти қудратӣ иброз медоранд, ки ба таври оҷил ва бетаъхир бояд Тоҷикистон низ ба системаи политсия гузарад.
Бинобар ин, як мушкилоти дигар низ ҳаст, ки ҳанӯз мактабҳои милитсия мисли даврони шӯравӣ ба роҳ монда шудааст ва то ба ҳол тафаккур ва рӯҳияҳои корбарии замони сотсиалистӣ дар зеҳну рӯҳи курсантҳои мактаби милитсия ҳукмрон аст. Аз ин рӯ, ба системаи политсия гузашта, як қатор талабот ва беҳтарии сифати кории мақомотро нишон дода, дар як вақт метавонад талаботи замони навро бо корбарии нав қонеъ гардонад.
ПОЛИТСИЯ ЧӢ ТАЛАБОТ ДОРАД?
Политсия низ мисли милитсия дар хидмати мардум аст. Аммо политсия як қатор мухторият, ҳамкориҳои зичтар аз милитсия бо мардум ва аз ҳама муҳим, ба мисли як депутат дар кишварҳои пешрафта кору фаъолият дорад. Як кори вижа ва беҳтарини политсия дар он таҷассум мегардад, ки сафи кормандони кам ва сифати баланди корӣ дар он ба ҳам омадааст.
Суоли кушода ин аст, ки оё Тоҷикистон омода аст ба системаи политсия гузарад? Посух ҳам оддист: Кайҳо омода буд ва сари ин нақша борҳо соҳибназарон андешаҳои худро иброз намудаанд. Аммо мутаассифона, иқдоми гузаштан ба системаи политсия тӯл кашида истодааст. Як пурсиши дигари ҳамагонӣ низ ин аст, ки оё политсия штати зиёди корӣ дорад?
Тавре дар политсияи кишварҳои рушдкарда мебинем, сафи политсия хеле кам аст, як дигаргунӣ ва бартарии системаи политсияро нишон медиҳад. Агар ҷиддан назар кунем, имрӯз сафи кормандони милитсия аз ҳад зиёд буда, аз буҷаи кишвар барои маоши онҳо маблағи махсус ҷудо мешавад. Ҳеҷ ҷои пӯшида нест, ки маоши онҳо басанда нест ва аксарияти ҳамсӯҳбатон дар бораи ришваи зиёд дар ин соҳа сӯҳбат мекунанд. Аммо касе намегӯяд, ки милиса ҳам одам аст, фарзанд дорад, бояд фарзандонашро хононаду соҳиби маълумот ва соҳиби хонаву мошин гардонад. Мутаассифона, бо маоши имрӯза корманди милиса наметавонад тамоми ниёзҳои зиндагии худаш ва талаботҳои иқтисоди оилавиашро ба роҳ монад. Агар аз рӯи инсоф гӯем, тибқи талаботи системаи политсия, имрӯза сафи воҳидҳои кории милиса ихтисор карда шавад. Як талабот ва принсипи политсия низ воҳиди кории кам аст, яъне дар сурати ба политсия гузаштан, ҳатман мафҳуми ихтисор пеш меояд.
Дар сурати ихтисор шудан аз рӯи имтиҳон ва аттестатсия пешниҳод мешавад, ки он андозаи маблағе, ки ба системаи милитсия айни ҳол аз буҷаи давлат ҷудо мешавад, кам карда нашавад. Баръакс, агар барои мисол 60 фисади кормандони милитсия ихтисор шаванд, ҳамон андозаи маблағи ҷудо мешуда ба боқимонда 40 фисад ҳамчун маош тибқи воҳидҳои корӣ ва бандубасти зинавии корашон тақсим карда шавад.
Тибқи ҳисобҳои тахминӣ ва пешакии мо, агар кор чунин сурат гирад, ҳар як корманди политсия дар он ҳолат минимум 1300 доллар маош мегирад.
МАОШИ БАЛАНДИ ПОЛИТСИЯ БА ЧӢ МУСОИДАТ МЕКУНАД?
Бовар дорам, агар маоши минимуми милисаҳо муодили 1000 доллари ИМА шавад ҳам, сатҳу сифати кор хеле хуб шуда, ба фаврият ва камшавии ҷиноятҳои махсусан сангин мусоидат мекунад. Ба ғайр аз ин, сатҳи ришвахорӣ, ки тамоми ташкилотҳои байналхалқӣ дар гузоришҳояшон соҳаи мақомоти қудратии Тоҷикистонро ишораву танқид мекунанд, худ аз худ кам шуда, ҳатто аз байн меравад. Агар ҳар як нозир ҳамин миқдор маош гирад, минтақаашро бо ҷону дилаш дӯст медорад, ҳамчун як оилаи ҷудонопазири ҳамон минтақа мешавад. Ба вижа, агар як умр дар як минтақа кору фаъолият намояд, нуран ало нур мешавад.
Имрӯз агар ба ростӣ иқрор шавем, мардум кам ба милисаҳо бовар мекунанд. Маҳз ҳамин нобоварии дутарафа боис шудааст, ки кушодашавии ҷиноятҳо тӯл кашида, ҳатто нокушода боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, пешниҳод мешавад, ки:
1. Бетаъхир қоидаи нави таъини нозири минтақа ба ҳар минтақа умрбод карда шавад.
2. Аз системаи милитсия ба таври фаврӣ ба системаи кории политсия гузашта шавад.
3. Қонуни табиии «саршумори каму сифати зиёд» татбиқ шавад, яъне ихтисори сартосарӣ гузаронида шуда, ба хотири маоши баланд гирифтани боқимонда кормандони политсия сиёсати ҳатмии аттестатсия ва ихтисор ба кор андохта шавад.
4. Мухторият ва ҳуқуқҳои баланди политсия таъмин шуда, сатҳу сифати кори мақомоти қудратӣ дигаргун карда шавад.
5. Маоши нозири минтақа аз ҳама баланд таъин карда шуда, дар як вақт унвонҳо ва рутбаҳои баланд нахуст ба нозирон дода шавад.
Дар сурати баръакс, бовар дорам, ҳам кормандони милитсия аз талаботи кору маоши кам лаб ба шикоят мекушоянду ҳам мардум аз сифати кори онҳо норозӣ боқӣ мемонанд.
Итминон дорам, ки дар ин самт ҳукумати кишвар, парлумон ва Вазорати корҳои дохилӣ камари ҳиммат баста, барои глобализатсия ва мобилизатсия шудани ин иқдом кӯшиши худро масраф менамоянд.
Комментариев нет.