+992 92 777 2675

Интернети телефон ё балои охирзамон

Интернети телефон ё балои охирзамон

Интернети телефон ё балои охирзамон

Нет комментариев

Дар машруткаву истгоҳҳо, ҳатто дар китобхонаву дарсхонаҳо, сари дастурхону кӯчаҳо духтарону писаронеро вомехӯрем, ки саргарми сӯҳбатҳои беохиру беҳуда бо дилдодаву дӯстонашон ҳастанд. Шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар телефони мобиливу планшетҳояшон пайваст аст, онҳоро шабу рӯз машғул дошта, агар аз як тараф пешрафти технологии наврасону ҷавононро нишон диҳад, аз тарафи дигар зеҳни насли мазкурро мисли «зомби» догма карда, қобилияти эҷодии онҳо пурра маҳдуд гаштааст. Бар замми ин, тамошои роликҳои видеоии шаҳвонӣ (порнография), ҳизбу ҳаракатҳои радикалӣ, терроризму экстремизм ва нашъаҷаллобӣ тариқи интернети телефонҳои мобиливу планшет то ҳадде мӯд шудааст, ки касе наметавонад пеши роҳи чунин зуҳуроти номатлубро бигирад. Аз тамошои чунин номаъқулиҳо насли наврас ба ҳадде сангдилу бемурувват шудааст, ки дар сӯҳбат бо аксари онҳо метавон хулоса кард, ки нисбат ба гуманизм, дар вуҷуди онҳо эгоизм бештар гардидааст.

«Дуздбозор»-и бетанзим ва симкортҳои дастрас

Қариб дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар бозори телефону планшетҳои корбастшуда вуҷуд дорад, ки на литсензия дорад ва на кафолати истифодабарӣ. Ин гуна бозорҳо дар забони маҳаллӣ ҳамчун «дуздбозор» маъруф буда, аҷибии кор дар ин аст, ки ҳатто планшету телефонҳои қиматбаҳои маркаҳои I-Phon, Samsung, Sony ва ғайраҳоро бо арзиши аз 50 сомонӣ то 200 сомонӣ дарёфт кардан мумкин аст.

Бадеҳист, ки бо маркаҳои гаронбаҳои телефону планшетҳо ворид шудан ба олами интернет хеле қулаю осон буда, дар як вақт экранҳои калону бо сенсор идорашаванда истифодаи интернетро гуворотар месозад.

Аҷибии кор боз дар ин аст, ки бахшида ба ин ё он ид аз ҷониби ширкатҳои мобилӣ тариқи аксия симкортҳо тӯҳфа мешаванд, ки ҳатто бидуни қайди шиноснома гирифтани он мушкил нест. Масалан ба фурудгоҳ равед, шоҳиди ҳол мешавед: симкорт бидуни шиноснома ва қайд дода мешавад. Тасаввур кунед, бо 50 сомонӣ телефон ё планшет ва бепул соҳиби симкорт шудани наврасону ҷавонон чӣ балои азимеро ба дунбол дорад…

Воридшавии бемайлони онҳо ба сомонаҳои порнороликҳо, таблиғи зӯроварӣ, нашъаҷаллобиву пайвастшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои радикалии манъшуда ва ғайра пойгоҳҳои интернетӣ, ки ба ахлоқи эшон зарари ҷиддӣ мерасонад, ба назар мерасад. Ана гуфтем, бигзор симкортҳо аз ҷониби ширкатҳои мобилӣ тариқи қайди шиноснома дода шаванд ҳам, аммо дастрасии арзону қулай ба интернетҳо ҷанбаҳои манфиеро, ки дар боло ишора шуд, сабаб мешавад.

Ба ҷуз ин, ҷавонону наврасоне ёфт мешаванд, ки дар интернети телефону планшеташон тамоми номаъқулиҳоро тамошо мекунанд, истифода мебаранд ва ба якдигар тавсия медиҳанд. Ҳатто амалҳои шаҳвониашонро барои кайфияти аблаҳонаашон сабт мекунанд, бехабар аз он, ки рӯзе чунин сабт ба дасти ҷавони аблаҳи дигар меафтад ва онро ба шабакаи интернет ҷойгир менамояд.

Парадокс: Роликҳои шаҳвонии наврасон дар Интернет

Аз синфи 1 то 11 ва донишҷӯёну дигар қишри ҷавонон соҳиби планшету телефонҳои мобилии гаронбаҳо. Аз давлати эркадории волидон сӯйистифода намудан, вақти зиёди худро бештар дар олами интернет ба сӯҳбатҳои ошиқонаву дӯстона сарф кардан ва анҷоми чунин корҳо ба ду нуқтаи доғ хатм мешавад:

1. Авҷ гирифтани беҷогардӣ байни духтарони шавҳарнодида ва зиёд шудани дӯхтани бакоратҳои пеш аз тӯй аз байн рафта. Албатта, ин пешомад бадбахтона боиси паст шудани на фақат обрӯи волидон, балки пастзании фарҳанги миллӣ низ ҳаст.

2. Дар интернетҳо паҳн шудани аксҳои ӯрёни духтарони тоҷик ва ё роликҳои шаҳвонӣ аз тарафи ҷавонони бадхоҳе, ки ба гуфте, мехоҳанд духтаронро «шантаж» кунанд.

Ин аст самараи интернети дастрас ва сӯҳбатҳои беҳуда.

Ба ақидаи аксари ҳамсӯҳбатон, дастрасӣ ба интернет дар телефону планшетҳо хатарҳои зиёд дошта, онҳоро ба бекориву ҳарҷогардӣ одат мекунонидааст. Як ҳамсӯҳбати мо, ки худро Умеда ном мебарад, мегӯяд:

— Мутаассифона, имрӯзҳо ҷавонони тоҷик интернетро на ба хотири рушди илмиву иқтисодиашон истифода мебаранд, балки дар сӯҳбатҳои беохир нишастан онҳоро танбалу корбезор карда, дар оянда ба иқтисодиёти миллат латма ворид хоҳад намуд.

Имрӯз ҳатто мӯд шудааст, ки талабагону донишҷӯён корҳои курсиву реферат ва дигар мавзӯҳоеро, ки сирф ба қобилияти эҷодии онҳо равона шудааст, тариқи телефону планшет пайдо мекунанд, ки сабаби кунд шудани зеҳни онҳо мегардад. Мисоли оддӣ ин аст, ки баъди хатми донишҷӯён вақте онҳо ба кор қабул мешаванд, воқеан исбот мешавад, ки бесаводе беш нестанд. Ҳисобҳои оддиву элементариро намедонанд, ки ҳақиқати бебаҳс аст. Зеро замоне онҳо кори курсиву дигар рисолаҳои илмиашонро аз интернет «скачать» кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки кишварҳое чун Япония, Чин, Корея ва ғайраҳо, ки созандагони ин гуна нанотехнология ҳастанд, кӯдакону наврасонашон мисли Тоҷикистон вақти зиёдашонро ба сӯҳбатҳои беҳудаи интернетӣ масраф намесозанд. Онҳо аллакай дар синфи 11 корҳои дипломии амалӣ анҷом дода, ягон кашфиёт ба олами технология ворид месозанд. Аммо дар Тоҷикистон ҳанӯз ба сохтани як хома муваффақ нашудаем.

Ҳамсӯҳбати дигари мо худро Алиҷон Шаропов ном бурд ва чунин пешомадро аз дастрасии осон ба интернетҳо дониста, иброз дошт:

— Қаблан дар донишгоҳҳо корҳои курсиву дигар рисолаҳои илмӣ муддати тӯлонӣ омода мешуд. Бадбахтона, имрӯз мактаббачагону донишҷӯён аз неъмати интернети мобилу планшетҳо сӯйистифода намуда истодаанд. Дар Чину Япония хонандагони синфи 11 рисолаи хатми худро бо муаррифии ягон кашфиёт, аз қабили компютеру дигар намуди технологияҳои нав ба итмом расонанд, мутаассифона, ҳанӯз ҳам дар мактабҳо мо дар дарси таълими меҳнат ба ғайр аз сохтани белчаву болғачаи чӯбин дигар ҳунаре надорем. Ин низ мазмуни ғайримақсаднок истифода бурдани интернет ва дастрасии осон дар телефони мобилиашон мебошад.

Бозиҳои ҳарбии интернетӣ ва зиёдшавии авбошӣ

Тамоми сомонаҳо ба тамоми ауидторияи махсуси худ, вобаста ба синну солашон бозиву ролик ва дастовардҳоро қатор карда, дар як вақт аксар истифодабарандагони он ба гумони мо он давлатҳое ҳастанд, ки дар онҳо истеҳсолот дар сатҳи паст қарор дорад. Бахусус бозиҳои интернетӣ, ки ҳам тариқи қимор ва ҳам тариқи бозии бепул пешкаш мешаванд, истифодаи он аз ҷониби наврасону кӯдакони мо хеле зиёд ба чашм мерасад. Натиҷаи чунин бозиҳо кордзании мактаббачагон мебошад, ки вақтҳои охир хеле расонаӣ шудааст. Бебаҳс метавон гуфт, ки мактаббачагон бераҳмиву разолат ва қатлу кушторро аз бозиҳои ҳарбии интернетӣ ёд гирифтанд.

Як нафар корманди Вазорати корҳои дохилӣ, ки овардани номашро салоҳ намедонад, истифодаи бозиҳои интернетӣ, бахусус бозиҳои куштору паррон-парронро барои бачагону наврасон хатар номида, сабаби дар оянда зиёдшавии авбошӣ унвон мекунад.

— Авбошӣ ва кордзанӣ байни мактаббачагон, ки вақтҳои охир хел зиёд шудааст, самараи бозиҳои ҳарбиву қатлу куштор дар интернетҳои дастраси мобилӣ мебошад,- мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Тасаввур кунед, ки бозиҳои ҳарбӣ дар зеҳни кӯдакону наврасони мо чӣ ангезаҳоеро боқӣ мегузорад ва ба онҳо чӣ чизҳоеро ёд медиҳад. Аз чунин кӯдакон дар оянда қотилу террористро мунтазир шудан мемонаду бас. Бахусус бозии онҳо дар планшету телефон ҳатто дар дарсу ҷойҳои дигари ҷамъиятӣ ба назар мерасад.

Агар ба феҳрасти афроде, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон бо ҷурмҳои террористиву ҳизбҳои мамнӯъ маҳбус шудаанд, назар кунем, мебинем, ки аксари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Масалан, аъзои «Ҳизбуттаҳрир», ки аксарияташонро синну соли аз 14 то 30-сола ташкил медиҳад.

Қатъи интернет аз телефону планшетҳо фарз аст

Бисёр амали хуб аст, ки ҳукумати кишвар бо санади махсус дар корбурди тамоми мақомоти маҳаллӣ ҳукумати электрониро эълон дошт. Дар ин радиф корхонаву муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ ва ҷамъиятӣ соҳиби интернет шудаанд, ки ба корашон вобаста аст. Аз ин рӯ, зарурати ба хотири дур нигоҳ доштани насли оянда аз бадахлоқии интернетӣ нуқтаҳои зеринро зарур мешуморам:

— Истифодаи интернет дар телефону планшетҳо куллан манъ карда шуда, ширкатҳои мобилӣ вазифадор карда шаванд, ки ба хотири нуқтаҳои дар боло ишорашуда ба муштариёнашон системаи GPRS, яъне интернетро пурра қатъ намоянд.

— Азбаски истифодаи модем масрафи зиёд мехоҳад (гирифтани мегабайти муқарраршуда ва харидани ноутбук ва компютер), бигзор истифодаи интернет бо модему компютери хонагӣ бетағйир боқӣ монад. Зеро назорати онҳо аз ҷониби волидон то андозае мушоҳида мешавад.

— Интернет-кафеҳо тариқи литсензияи махсусе фаъолияти худро ба роҳ монанд, ба шарте, ки сари ҳар як компютер камераҳои назоратӣ насб карда шавад, то наврасону ҷавонон ба номаъқулиҳои ишорашуда роҳ надиҳанд.

— Аз болои фаъолияти интернет-кафеҳо бигзор назорати ҷиддии мақомоти махсус ба роҳ монда шавад.

Бовар дорам, бо роҳҳои мазкур метавонем ахлоқи ҷавонону наврасону кӯдаконро ҳифз намоем ва дар зеҳни онҳо одоби миллии шарқиёнаро талқин кунем. Вагарна, интернети телефону планшетҳо балои азими асри 21 шуда, оянда ҷавононро ба киборгҳо табдил хоҳад дод.

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

şans casino |
vidobet |
vidobet |
vidobet güncel giriş |
vidobet giriş |
casinolevant |
casinolevant |
casinolevant |
vidobet giriş |
şans casino |
casinolevant giriş |
casino şans |
şans casino giriş |
casino levant |
casino şans |
casino şans |
boostaro |
casinolevant giriş |
şans casino giriş |
casinolevant giriş |
şanscasino |
vidobet |
vidobet giriş |
levant casino |
vidobet giriş |
nigeria betting |
sports betting |
goka |
nigeria betting |
goka |
gokabet |
vidobet |
deneme bonusu veren siteler |
deneme bonusu veren siteler |
deneme bonusu veren siteler |
goka casino |
gokabet |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant güncel giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant güncel giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
natobet |
natobet |
natobet |
natobet |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
marsbahis |
marsbahis |
casinolevant |
kavbet |
marsbahis güncel erişim