ЗАМИН ТАҚСИМ ШУД — ХУБ, АММО ҲОСИЛ НЕСТ — БАД
Бо вуҷуди он, ки ба туфайли истиқлолият заминҳо ба ихтиёри худи деҳқонон дода шуд, аммо натиҷаи ноогоҳонаву дониши пасти деҳқонӣ -аграрии кишоварзон исбот намуд, ки шояд дере нагузашта мазмуни кишвари аграрӣ будани Тоҷикистон зери суол равад. Яъне заминҳои корам нооқилона истифода шуда истоданд ва ҷои он ки аз нерӯ бой шаванд, баръакс, харобу зараровар гаштаанд.
ЁДАТ БА ХАЙР БОД, КОЛХОЗ!
Тавре маълум аст, аз айёми шӯравӣ ягона хотираи хубе, ки дар зеҳни ҳама нақш баст, ин меҳнати хоҷагидории коллективона буд, ки хурду бузург онро бо як ибора — КОЛХОЗ мегуфтанд. Суоли матраҳ ин аст, ки аз байн рафтани колхоз чӣ суд ва чӣ зарар дорад?
Неъматулло Шаропов, агроном, собиқадори соҳаи кишоварзӣ аз байн рафтани колхозро як ҷаҳиши дигар ба сӯи истиқлолият медонад, аммо тарзи натиҷаи муносибати ноогоҳонаи имрӯза бо заминро аз ҷониби деҳқонони «худрӯ» дилхоҳ намедонад.
— Меҳнати коллективонаи кишоварзӣ аз байн рафт, ин хеле хуб аст, зеро талаботи иқтисоди бозаргонӣ ин чизро талаб менамояд ва ҳукумати ҷумҳурӣ ин чизро ҳамчун сиёсати пешгирифтаи худ қарор дод, шахсан ман ҷонибдорам. Замин гӯё соҳибони аслии худ — деҳқононро ёфт. Аммо муносибати бесаводона ва кӯр-кӯронаи аксари ба ном деҳқонҳо исбот намуд, ки ба ҷои он, ки маҳсулнокии замин баланд шавад, баръакс, ҳолати ҳосилхезии заминҳо харобу сифати маҳсулот паст шудааст,- мегӯяд ҷаноби Шаропов.
Ба гуфтаи мавсуф, кишоварзии колхозӣ хеле ҷанбаҳои мусбат дошт, ки заминҳо саривақт шудгор, култиватсия, обёрӣ, яхобмонӣ ва ғайра протседураҳо мешуд. Аммо дар қиёси он имрӯз ҳар кас ҳар тавре, ки хоҳад, ҳамон тавр муносибат мекунад, ки хеле нигаронкунанда мебошад.
Ба гуфтаи аксари коршиносон, гарчанд ба муқоисаи солҳои аввали истиқлолият дар бозорҳо меваву сабзавот ва умуман маҳсулоти кишоварзӣ зиёд шуда бошад ҳам, аммо ин маънои онро надорад, ки сифатнокии меҳнат баланд шудааст. Чунончи, дар урфият мегӯянд, ки «яки деҳқон ду нашуд».
Таҷрибаҳо исбот намуданд, ки аксарияти саҳҳомон дар ҳузури фючерҳо ва инвесторҳои соҳаи аграрӣ қарздор боқӣ монданд. Ба мушоҳидаи мо, ҳамаи чунин нобасомонӣ ва пешомадҳои талх барои деҳқони тоҷик надонистани илми заминшиносӣ, илман асоснок карда натавонистани меҳнати сарф кардааш барои ҳосилнокии замин ва сифатнокии маҳсулот мебошад.
Ҳамсӯҳбати мо, як деҳқони суғдӣ мегӯяд, гарчанде ба саҳҳомон заминҳо ҳудуди аз 1 то ду гектар ҷудо шуда бошанд ҳам, онҳо ба таври оилавӣ меҳнат мекунанд, ки аксарияти корҳои кишоварзию барзгариашон таваккалӣ мебошад. Яъне, ҳатто барои чӣ вақт ва чӣ лаҳза вазиши шамолу боду ҳаворо илман намедонад, ки натиҷаи охиринаш ба ҳосилнохез ва шӯразор табдил шудани заминҳо ва ҳатто аз баҳри деҳқонӣ баромада ба Русия рафтани онҳо мешудааст.
Чунончи, дар як сайри саҳроӣ мебинем, саҳҳомон ҳамроҳи зану фарзандонашон дар сари заминҳо машғули коранд, аммо суоли кушода ин аст, ки хароҷоти комили замин ва сари вақт таъмин намудани замин бо нуриҳои маҳаллаӣ ва минералӣ сурат мегирад ё хайр? Ғолибан дар сари замин онҳоеро метавон вохӯрд, ки аз илмҳои заминшиносӣ дур, қобилияти ба рақобат омода набудани онҳо ва таҷрибаҳои каму саводи нокофии соҳибкории эшонро нишон медиҳад, ки албатта дар оянда бо чунин коргузорӣ ҳамчун сектори аграрӣ будани Тоҷикистонро зери суол мебарад. Аксарият дар сӯҳбат иброз медоранд, ки як бохт ва саҳви нобахшидании тақсимоти замин ин аст, ки замин фақат деҳқони тасодуфиро ёфт, на соҳиб ва деҳқони асили хешро. Ба ин хотир, бештари ҳамсӯҳбатон нисбат ба деҳқонии саҳҳомии имрӯза кори коллективонаи кишоварзии айёми шӯравиро тарҷеҳ медиҳанд.
МИНУСҲОИ САҲҲОМОН ВА МУШКИЛИҲОИ МАВҶУДАИ ОНҲО
Аксарияти саҳмдорон шикоят аз шакли нобаробар ва рӯзафзун зиёд шудани андозбандиҳо мекунанд, ки яке аз омилҳои ба шикаст наздик шудани корҳои деҳқонӣ будааст. Деҳқонон шикоят аз он доранд, ки номгӯи андозбандиҳои зиёд ба як кишваре, ки худро аграрӣ ном бурдааст, хеле ноодилона ба роҳ монда шудааст. Аксари онҳо шикоят мекунанд, ки барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва сифати кори деҳқонӣ бояд масъалаи андозбандии замин ва бахусус кори деҳқонӣ баъзе сабукиҳои пеш оварда шавад.
Ба таъкиди ҳамсӯҳбатамон, сафи аз баҳри кори деҳқонӣ баромадагон бо сабаби зиёд будани номгӯи андозҳои миёншикан гӯё торафт бисёр шуда истодааст.
— Агар торафт мақомоти андоз ба сари деҳқонон андозҳои зиёд ва назортау тафтишотро зиёд бор кардан гиранд, бовар дорам, деҳқон тоб наоварда, аз баҳри кори кишоварзӣ ва саҳмдорӣ мебарояд,- мегӯяд як нафар саҳмдор, ки худро Карим ном бурд ва сокини ноҳияи Б. Ғафуров мебошад.
Ба ғайр аз ин, аз ҷониби раёсати кишоварзӣ ба баъзе деҳқонон вобаста ба иқлими заминашон дикта шудани номгӯи маҳсулоти кишт низ яке аз мушкилоти дигар будааст, ки боиси дилнохоҳам меҳнат кардани кишоварзон будааст. Ҳамсӯҳбати мо Карим ин нуктаро таъйид мекунад:
— Бигзор ба деҳқон дикта карда нашавад, ки чи чизро кишт кунад ё накунад. Имрӯзҳо чунин диктаҳои моро аз кори деҳқонӣ андаке беҳавсала месозад, зеро ҳар деҳқон оид ба интихоби маҳсулоташ маҳорат дорад, на ба диктаи раёсат,- мегӯяд мавсуф.
Аммо нуқтаи калидии ин бахш масъалаи андози миёншикани деҳқонон боқӣ мемонад, ки аксари деҳқонон ва саҳҳомон аз сабаби он, ки бештари даромадашон ба андозсупорӣ масраф мешудааст, бо ин васила таъмини нуриҳои минераливу маҳаллӣ як сӯ монда, ба беҳосил ва шӯразор шудани замин боис мешудааст.
Контроли замин ва то ба кадом ҳадҳосилхез боқӣ мондани таркиби хок умуман аз ягон мақомот сурат намегирад, ки ба мисли суоли нокушода боқӣ мемонад. Ба ин хотир, ҳолатҳое вуҷуд дорад, ки деҳқон барои ҳарчи зудтар ба фурӯш баровардани маҳсулоташ кӯшиш мекунад, ки аз меъёр зиёд нуриҳои химикиро ба таври максималӣ истифода барад. Дар натиҷа мебинем, ки воқеан маҳсулот ба бозор пешкаш шудааст ва ба гуфтае, ҳусни зоҳирии молӣ (товарный вид) ҳасту халос. На мазза, на бӯйи махсуси табиӣ дар он дида намешавад, ки аз маҳсулоти ГМО (Генетический модифицированный организмы) монданӣ надорад. Ба ғайр аз ин, нуктаи дардовар ин аст, ки дар натиҷаи аз меъёр зиёд истифода бурдани нуриҳои химикӣ замин ва таркиби хок вайрон ва ҳатто заҳролуд шуда, дар соли оянда ҳосилнокии замин зери суол мемонад.
ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ АГРАРИСТ, АГРОНОМ КУҶОСТ?
Дар Аврупо ва Амрико рушди соҳаи кишоварзӣ вобаста ба таҷрибадор будани агрономҳои онҳо вобаста аст, ки онҳо албатта дар макотиби олӣ таҳсилдидаву соҳиби дипломи аграрӣ мебошанд. Аммо 98 дар сади саҳҳомони заминҳои мо деҳқонҳои тақрибан бедиплом ва тасодуфӣ мебошанд, ки яке аз базаҳои сусттарини ақибмонии рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад.
Аз ин ҷост, ки дар Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон сафи ихтиёриён торафт кам шуда, то ҷое маълум аст, бештари ҷавонон хоҳони ба ин соҳа супоридани ҳуҷҷатҳояшон нестанд. Албатта, чунин пешомад низ дараки он аст, ки ҳукумат бояд моҳияти кишоварзиро пеш аз он, ки саҳҳомону деҳқонон саҳми заминро фурӯшанд, фаҳмонад ва то андозае барои илмомӯзии онҳо кӯмак намояд. Масалан, бигзор дар қадами аввал ба омӯзиши курсҳои кӯтоҳмуддати шашмоҳаи кишоварзӣ ҳамаи саҳҳомону деҳқонони соҳибзаминро фаро хонад ва онҳо баъди хатм соҳиби сертификати соҳаи агрономӣ шаванд.
ЧАНД ГИЛАИ ПЕШНИҲОДОМЕЗ
Имрӯзҳо бо сабаби набудани назорат аз болои кори деҳқонии саҳҳомон заминҳо заҳролуд ва беҳосил шудаанд. Аз ин рӯ, пешниҳод мешавад, ки ҳар ду сол аз ҷониби ягон мақомоти махсуси лабораторӣ таркиби хоки ҳар як замини саҳҳомон санҷида шавад. Муайян карда шавад, ки то кадом андоза таркиби хок ба талаботи кишоварзӣҷавобгӯ аст ё не. Дар сурати заҳролуд ва дабба шудани замин, бигзор саҳми деҳқон лағв карда шуда, замин ба деҳқони дигар супорида шавад.
Андозбандии чандхела ва рӯзафзун зиёдшавии андозро аксарият деҳқонон намефаҳманд. Ба ин хотир, пешниҳод мегардад, ки дар масъалаи андозбандии заминҳои кишоварзӣ ба хотири он, ки Тоҷикистон кишвари аграрист, баъзе сабукиҳо оварда шуда, ба Кодекси андоз дар ин зимн бояд баъзе тағйироту иловаҳо дароварда шавад. Ҳамзамон, соддатар намудани андоз дар ин самт метавонад як қадами устувори Тоҷикистон барои тараққиёти соҳаи кишоварзӣ бошад.
Дар охир, аз ҳама муҳим, тавре ишора шуд, аксарияти саҳҳомон ва соҳибзаминҳои кишвар дипломи агрономӣ надоранд. Бигзор дар оянда онҳое дар сардории саҳҳомӣқарор гиранд, ки аз тадриси олии донишгоҳу донишкадаҳои кишоварзӣ сабақ гирифта, ҳамчунин, дорандаи чунин диплом бошанд.
Аз ин рӯ, пешниҳод мешавад, ки дар ҳоли ҳозир танҳо курсҳои кӯтоҳмуддати агрономӣ ва доштани сертификати таҳсили ин соҳа ва дар оянда доштани дипломи олии агрономӣ ба назар гирифта шуда, баъд давлат бояд ба деҳқонон саҳмияи заминро фурӯшад. Вагарна, бо роҳи пешгирифтаи деҳқонии имрӯза Тоҷикистони аграрӣ аз заминҳои ҳосилхез дур монда, соҳаи сектори кишоварзии мо ба шикаст мувоҷеҳ хоҳад шуд.
Комментариев нет.