Давои коррупсия — ҳукми қатл?
Ҷиноятҳои коррупсионӣ бо он ки ҷазоҳои мухталиф доранд, сол ба сол хавфноктар шуда, сатҳи коҳиши он ба назар намерасад, баръакс, ҳар соату дақиқа дар кишвар зиёд мешавад. Ба ақидаи аксари коршиносон, ягона роҳе, ки чашми коррупсияро метарсонад, ин ҷазои қатл ва ҳабси умрбод барои ҷурми ришва мебошад. Ин аст, ки роҳи кам ва ё нест кардани ҷиноятҳои коррупсиониро дар ҷумҳурӣ аксари коршиносон ба мисли кишвари Чин дар татбиқ намудани ҷазои қатл ва ҳабси якумрӣ медонанд.
Тоҷикистон дар феҳрасти нахустинҳо
Тавре дар назарсанҷии ассотсиатсияи ғайритиҷоратии TRACE International маълум шудааст, кишвари Тоҷикистон яке фасодзадатарин кишварҳои ҷаҳон ҳисоб шудааст. Назарсанҷии мазкур дар якҷоягӣ бо Маркази таҳлилии амрикоӣ Rand CorporationTRACE Matrix гузаронида шудааст. Назарсанҷӣ дар 197 давлати дунё гузаронида шуда, Тоҷикистон тибқи рейтинги индексҳо дар ҷаҳон ҷои 15-умро ишғол кардааст. Дар ин назарсанҷӣ Ӯзбекистон ягона кишвари Осиёи Миёна аст, ки дар феҳрасти панҷгонаи фасодзадатарин ҷойгир шуда, чаҳорум ҷойгоҳро ишғол намудааст. Туркманистон 82-юм ҷой, Қазоқистон 56-ум ва Қирғизистон 36-ум ҷойгоҳ ба худ касб кардаанд, ки дар феҳрасти беҳтаринҳо худро ҷилва дода тавонистаанд.
Таҳлилгарони Ассотсиатсияи мазкур ба хулоса расидаанд, ки поктарин кишварҳо аз лиҳози дур аз ҷиноятҳои коррупсионӣ давлатҳои Ирландия, Канада, Зеландияи Нав, Гонгконг ва Шветсия шинохта шудаанд, ки дар ин кишварҳо на фақат мансабдорон, балки шаҳрвандони оддиашон низ аз мафҳуми коррупсия умуман ягон чизе намедонанд ва яқин шудааст, ки тамоми роҳи ҳалли корҳо ва мушкилоти мардум бо роҳи инсофу адолат ҳалли худро меёфтааст.
Пурсише моро азоб медиҳад, ки чаро Тоҷикистон дар рӯйхати фасодзадатаринҳо ҷойгир шудааст? Аксари ҳамсӯҳбатон ба ғайр аз он, ки маърифати ҳуқуқии мардумро дар сатҳи паст ишораи ангушт менамоянд, маоши пасти кормандони буҷавиро сарманшаи асосӣ ва решаи аслии коррупсия медонанд.
Абдухолиқ Ҷабборов ном ҷавони суғдӣ, ки дорандаи дипломи омӯзгор аст, имрӯзҳо дар саҳро трактор меронад ва умуман дар соҳаи маориф кор карданӣ ҳам нест. Ба ақидаи ӯ, бо маоши ночиз муаллим маҷбур аст, ки даст ба ришва занад.
— Тасаввур кунед, муаллим 400-900 сомонӣ маош мегирад. Оё бо чунин маош, ки дар ресторанҳои Аврупо барои як хӯроки нисфирӯзӣ намерасад, муаллим ҳам худашро ва ҳам оилаашро хӯронидаву пӯшонида метавонад? Ҳаргиз на! Ин мазмуни он аст, ки то муаллим ришва нагирад, дар дусад сол ҳам зиндагиашро пеш бурда наметавонад,- чунин ақида дорад А. Ҷабборов.
Ба пурсиши он ки, номбурда ба чанд пул маош метавонад дар системаи маориф кор кунад, мавсуф посух дод: «Агар маоши муаллимон ба таври минималӣ 1000-1500 доллар шавад, на фақат ман дар мактаб дарс мегӯям, ҳатто омодаам, ки дар остонаи мактаб шабамро рӯз кунам ва дар сурати зарурӣ дар ба дари мардум гаштаву хонандагонро ҷамъ карда, дарс хоҳам гуфт. Аммо ба муаллими мактаби миёна ё олӣ 400-600 то 900 сомонӣ муқаррар кардани маош худ мазмуни коррупсия аст. Вагарна, дар ин сурат ё муаллим ба ғайр аз дарс бояд мардикорӣ кунад, ё даст ба пора занад».
Коррупсия — чароғаки сабз
Аз ахбороти расмии Агентии мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки тӯли моҳи октябри соли гузашта зиёда аз 25 ҷинояти коррупсионӣ ба назар мерасад, ки он танҳо дар сатҳи баланди мансабдорони кишвар ба қайд гирифта шудааст. Амсоли системаи мақомоти судӣ, ВКД, кумитаҳо ва вазоратҳо ишора шудааст, ки воқеан рӯ ба афзоиш будани ин ҷиноятро нишон медиҳад. Аз ин бармеояд, ки дар тамоми системаҳои дохили кишвар бидуни додани ришва ягон кор роҳи ҳалли худро намеёбад. Ба ин хотир, «пул бошад, дар ҷангал шӯрбо» гуфтани халқ чун чароғаки сабзи роҳнамо пеши ҳамаи мушкилотро гӯё мекушояд.
Аз гуфтаҳои боло дар зеҳни ҳар хонанда суоле пайдо мешавад, ки чаро мардум дар тафаккурашон додани ришваро чун як амали маъмулии кушоиши кор қабул кардаанд? Ҷомеашиносон мегӯянд, ки додану гирифтани ришва дар кишварҳое бештар ба чашм мерасад, ки фисади зиёди мардумаш дар фақр зиндагӣ дошта бошанд. Аз ин ҷост, ки ба ин посух директори Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб дар як нишасти матбуотӣ низ ишора карда буд, ки дониши пасти ҳуқуқии мардум боис шудааст, ки ҷиноятҳои коррупсионӣ бештар гардад.
— Новобаста аз он, ки чораҳои зиддикоррупсионӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ шадидтар карда мешавад, бо вуҷуди ин ҷиноятҳои вобаста ба коррупсия бештар ба чашм мерасад. Ба фикри ман, паст шудани маърифати ҳуқуқии мардум боиси беш аз пеш зиёд шудани амалҳои коррупсионӣ шудааст,- гуфтааст А. Ғоиб.
Абдусамад Султонов, ҳуқуқшинос, ки дар аксари кунгураҳо ва семинар-тренингҳои байналмилалӣ ширкат намуда ва имрӯзҳо муқими Амрико аст, ба ин нукта ишора намуда, мегӯяд, қонунҳое, ки коррупсионерро маҳкум ба 5 солу 10 сол мекунанд, ҳеҷ гоҳ наметавонанд пеши роҳи ин ҷиноят шаванд.
— Масалан, ба корманди Суди Олӣ, ки бо гирифтани пора ба андозаи 52000 доллари ИМА ҳабс шудааст, татбиқ кардани моддаи 247, қисми 4 хандаовар аст. Тибқи талаботи ин модда, муҷрим 8 то 12 сол аз озодӣ маҳрум мешавад, ки ягон беҳбудиро наметавон дид. Ва бо чунин аз озодӣ маҳрум кардан, ба дигар порагирон наметавон дарси ибрат дод. Зеро онҳо медонанд, ки имсол не, соли оянда ва ё ягон баъди ду сол бо баҳонаи қонунҳои авфи навбатӣ ҳатман озод мешаванд,- зимнан илова кард ҳуқуқшинос А. Султонов.
Ҳабси якумрӣ ва ҷазои қатл — сазовортарин ҳукм?
Ба ақидаи аксари коршиносон, барои пешгирии қатъии коррупсия чораи ягонае, ки Тоҷикистонро метавонад аз бунбаст раҳонад, ин ба санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки барои пешгирии коррупсия нигаронида шудааст, даровардани тағийроту иловаҳо мебошад. Зеро қонун ва санадҳои имрӯза дар Тоҷикистон исбот карданд, ки алайҳи коррупсия чораи заруриро андешида наметавонанд. Ба ин хотир, ба пешниҳоди мо, ҷиноятҳои вобаста ба коррупсия агар кам бошад, бигзор ҳукми ҳабси абад бидуни татбиқи авф пешбинӣ карда шавад. Дар сурати ҳаҷми пора аз 1.000 доллар зиёд будан, бигзор ҷазои қатл татбиқ шуда, бо ин роҳ бигзор ба онҳое, ки даст ба ришвахорӣ мезананд, дарси ибрат шавад. Вагарна, имрӯз ҷазоҳое, ки дар кишвар барои ришвахорон пешбинӣ шудааст, хеле оддӣ буда, наметавонад чораи аслии пешгирии коррупсия бошад.
Ҳисобот ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки касе даст ба ришваситонӣ мезанад, аз 8 ё 10 сол зиёд ҳукм нагирифтааст. Дар Амрико агар андозаи ришва аз ҳазори доллар зиёд бошад, то 30 сол маҳрумият аз озодӣ татбиқ карда мешавад. Дар Фаронса на фақат пора, балки гирифтани ҳадяро қонунгузории ин кишвар барои афроди мансабдор ҷиноят ҳисобида, ҷаримаи то 500000 доллар ва ё аз 2 то 10 сол маҳрумият аз озодӣ насиби порагирон мешавад.
Бар замми ин, имрӯзҳо дар Тоҷикистон баробари порагир ба порадеҳ низ ҷазо татбиқ мешавад. Ба андешаи мо, дар Тоҷикистон бо хоҳиши худ пора намедиҳанд ва аз рӯйи маҷбурӣ ва пешниҳоди худи зимомдорон пора медиҳанд. Аз ин рӯ, бояд ба ҷурми порадеҳ нисбатан ҷазои сабуктар бигзор татбиқ карда шавад.
Дар Британияи Кабир бошад, нафари мансабдоре бо пора ё ҳадя дастгир шавад, ҳабс то 10 сол бо изофаи аз вазифаҳои давлатӣ умрбод маҳрум ва аз тамоми ҷубронпуливу нафақапулии айёми пирӣ комилан берун аз рӯйхат андохта мешавад, ки бадтарин ҷазо маҳсуб меёбад. Бо ин гуна афрод касе рафтуомадро низ раво надида, чун фарди мараз ё мубталои махав ҳама аз ӯ парҳез мекардаанд.
Аз ҳама муносибати шадиду сангин дар кишварҳои Чин, Куба ва Аморати Араб ба назар мерасад. Масалан дар Чин дар як сол то ҳазор нафарро барои гирифтани пора дар маҳзари халқ мепарронанд. Дар Куба низ ҳукми қатл раво дида шудааст. Дар Аморати Араб бошад, порахӯр ба мисли дузд ҳисобида шуда, дастонаш бурида мешаванд. Ба вижа, дар Чин ҳукми қатл аз соли 1980 ин ҷониб амал мекунад, ки имрӯзҳо қариб ришва дар сатҳи баланди мақомдорӣ дида намешавад. Маҳз чунин муносибати бераҳмона алайҳи коррупсия буд, ки дар 34 сол он яке аз қудратмандтарин давлат аз ҷиҳати иқтисодӣ гардид. Зеро, ба ақидаи иқтисодшиносон, ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҳама пеш ба решаҳои иқтисодиёти давлат теша мезадааст. Ин буд, ки бо ин роҳ дастгоҳи идеологии Чин тавонист ҳалолкориро дар байни мардум тарғибу ташвиқ намояд.
Чунин бармеояд, ки ба ғайр аз бераҳмона мубориза бурдан бар зидди коррупсия дигар чорае намонда. Зеро порагирон ҳатто аз Худо наметарсанд. Ҷазои қатл ва ҳабси якумрӣ бар зидди коррупсия ягона роҳест, ки Тоҷикистонро метавонад аз ҷиҳати иқтисодиву маърифатӣ ва ҳалолкорӣ дар панҷ соли оянда яке аз беҳтарин кишварҳо муаррифӣ намояд.
Ҷони ришвахор қиммат ё…?
Шояд пешниҳоди мо барои ҷазои қатл ва ҳабси абадӣ бераҳмона ва фашистона тобад. Аммо тасаввур кунед, мо бо 8-10 соли ҳабс ба ришвахоре тараҳҳум мекунем, ки ӯ ба садҳову ҳазорҳо шаҳрвандон раҳм накардааст. Баъзе шаҳрвандон аз бонк қарз гирифта, фарзандонашонро ба донишгоҳ медароранд, ё барои гирифтани ин ё он имзо аз мақомоти маҳаллӣ садҳо дару остонаи зимомдоронро охӯрча мекунанд, барои раҳо шудан аз бюрократияи ҳуҷҷатгузорӣ садҳо маротиба ба беморхона бистарӣ шуда, баъзеяшон шояд дар барқарор кардани адолат дар остонаи мақомоти судӣ аз сактаи дил ба марги муфоҷо гирифтор шуда бошанд. Шояд ва садҳо шояди дигар.
Мо бо пеш гирифтани роҳи шадидтарин ва бераҳмонатарин бовар дорем, ба ҳазорҳо шаҳрвандони оддӣ кӯмаки башардӯстона хоҳем кард. Миллионҳо шаҳрвандон бо ин роҳ аз дасти як-ду порахӯри бераҳм халос мешаванд. Пас барои мо ҷони миллионҳо шаҳрванди оддӣ беҳтар аст, ё ҷони як-ду порахӯри бераҳми бешафқат?
Бовар дорам, ҳама ҳуқуқшиносону дигар шаҳрвандон бо ибораҳои «ришва», «пора» ва «коррупсия» ошно ҳастанд ва ин ҷиноятро бо харидани вазифа, сӯистифода аз мансаб, бо додани пул раҳоӣ аз ҷазои ҷиноят ва ғайраҳо медонанд. Аммо таҳлилгарон нафаронеро, ки даст ба ҷинояти коррупсионӣ мезананд, бо ибораи хоини халқу ватан мешиносанд.
Агар чунин бошад, пас ҷазои хоини халқу ватан ба ҷуз марг ва ҳабси абад дигар илоҷе надорад. Шумо чӣ фикр доред?
Лутфулло ЯҚУБОВ, «ФАРАЖ» № 6 (427) 4.02.2015
Комментариев нет.