Ашки ширин
Саҳаргаҳ, ки омад ба некахтарӣ,
Гули сурх бар тоқи нилуфарӣ.
Низомии Ганҷавӣ
Бале, ҳар субҳи фирўз бо лаби хандон хуршеди оламафрўзро мебинем. Ҳазорҳо шукр мегўем, ки ин рўзҳову шабҳо мо зиндаему дар замину осмони Яздони пок ҷой дорем. Саъдии бузург гуфтааст:
Нигаҳ кун бар ин гунбади зарнигор,
Ки сақфаш бувад бе сутун устувор.
Мо инсонҳо дар зиндагӣ ночизу ҳам ҳама чиз ҳастем. Дар ин гунбади беохиру бесутун нигаҳ карда ночиз будани худро хаёл мекунем. Аз тарафи дигар ба сақфи бесутуну беохир нигаҳ карда хаёл мекунем, ки агар мо аз ҳама олитарин ва бошууртарин мўъҷиза ба ин офтобу моҳтоб, рўзу шаб, замину осмон бошем шукр нагўем, ки мегўяд?
Дар гузашта ривояте ҳаст, ки дарахте будааст, ки агар касе чизе фаромўш шуда бошад, барги он зери болини худ ниҳода хуспад, он чиз ўро ба ёд меомадааст. Онро шаҷарулҳикам низ номидаанд. Ҳоқонӣ гуфтааст:
Муҳаққиқони сухан з — ин дарахт мева баранд,
В – агар шаванд саросар дарахтаки доно.
Ин албатта ривоят аст, дар асри ХХI мо инсонҳо чӣ қадар ба пешравиҳо ноил шудем. Чӣ қадар ба коинот парвозҳо кардем, кашвҳои нав ба даст овардем. Аз ҷои нишасти худ метавонем он сари дунёро ё қаъри баҳру уқёнусро бинем. Осони гап мурдаро зинда карда наметавонему халос. Даъвои оқилиро дар пеши Худованд карда наметавонем. Ривояте ҳаст, ки Намруд хост бо Худо ҷанг кунад ва фармуд, то сандуқе сохтанду чаҳор пора гўштро дар сари чаҳор найза овехтанд ва ба чаҳор пояи сандуқ чаҳор каргаси гурусна бастанд ва ў дар сандуқ нишаст. Каргасон сандуқро ба ҳаво бурданд. Намруд тире бар осмон андохт. Ба амри илоҳӣ тири андохтаи ў хунолуд ба пешаш бозгашт. Намруд ба гумони он, ки Худоро маҷрўҳ кардааст, гумроҳ шуд ва даъвои Худоӣ карда, хост, ки бори дигар бо Худо биҷангад. Худо лашкаре аз пашша, ки заифтарин махлуқот аст, ба ҷанги ў фиристод. Лашкари Намруд аз неши пашша ҳалок шуданд, пашшае ба бинии Намруд рафту мағзи сари ўро хўрда, Намрудро ҳалок кард: Ҳоқонӣ гуфтааст:
Дасти Намруд бин, ки новаки куфр,
Дар сипеҳри мудаввар андозад.
Лекин як чизи хурдакак, ки он номаш виҷдон аст, ҳеҷ гоҳ дигар карда наметавонем. Мо онро аз худ ҷудо карда наметавонем. Ҳамроҳи мо ба он дунё меравад, ҳамроҳи мо дар назди Худованд ҷавоб медиҳад ва гувоҳ мешавад. Биёед эй дўстони ҷон, яко як аз кардаву нокарда пеши виҷдони худ истода ҷавоб гўем. То дар он дунё аз кардаи худ пушаймон нашавем. Умари Хайём гуфтааст:
Ё раб, ту каримиву каримӣ карам аст.
Осӣ зи чӣ бурун зи боғи Ирам аст?
Бо тоатам ар афв кунӣ, нест карам,
Бо масъиятам агар бубахшӣ, карам аст.
Ақл, виҷдон, ҳиссиёт, ҳаяҷон аз ҳама неъматҳои беҳтарини Язони пок аст, ки онро ба мо додааст. Аз шунидани хабари хуш ашки шодӣ рехта хамоно шод мешавем. Ин ҳиссиёти аҷиб аст, ки онро бо сухан баён карда наметавонем. Чӣ ашки шодиву ҳасрат бирехтем гўён боз ба худ мегўем? Аз дасти ноумеди ба умед расидем гўён шод мешавем. Умари Хайём гуфтааст:
Эй бехабар аз кори ҷаҳон, ҳеҷ наӣ?
Бунёди ту бод аст, аз он ҳеҷ наӣ:
Шуд ҳадди вуҷуди ту миёни ду адам,
Атрофии ту ҳеҷу дар миён ҳеҷ наӣ.
Садсолаҳо бигзарад ҳам гуфтаҳои ў маънои худро гум накардааст.
Ин сеҳри сухан доим дар дилам ҳаст, мехоҳам бо ин суханҳо аз қаъри дилам шеър гўям. Шеър гўям, ки он ба дилу дидаи шумоён чун ашки ширин ҷой дошта бошад. Ашки шодии ману шумоён бошад!
Дони, ки чист давлат, дидори ёр дидан,
Хар лаҳза бо гадоӣ сўяш умед бастан.
Фурсати сўҳбат шумор гар ошиқи зорӣ,
Чун насим бо гул рози пинҳон бастан.
Ганҷина
Ман боғу бўстон ту офтоби дурахшон,
Ман булбули хушхон, ту гули хандон.
Тиру камон, манам эй абри гирён,
Ман чашмаи пурҷўшу ту сарчашмаи он.
Лутфулло
Азми дидори ту дорам, ҷони ман,
Чашм чун абри гирёнам, ҷони ман.
Гулшани аҳбобам дил зи ту куҷо барам,
Зарра — зарра меҳрат оташ аст, ҷони ман.
Ганҷина
Қатраи борон омад, тиру камон баромад,
Дар зимистони сард, гули баҳор баромад.
Пушаймон аз карда, бахшад гули райҳон,
Моҳи тобон омад, хуршеди хандон баромад.
Лутфулло
Дили ман ту киро аз қаъри дил меҷўӣ,
Дар шаби сияҳ субҳи саҳар меҷўӣ.
Ба дилам ханҷар занӣ ҷои оҳ хун чакад,
Эй дили номурод, ту чаро ҷон меҷўӣ.
Ганҷина
Дили пурҷўшу ҷавонам куҷо шуд,
Чашми пурмеҳру асрорам куҷо шуд.
Наргиси ҷоду чӣ бозиҳо ангехт,
Аз дарду алам дилам куҷо шуд.
Лутфулло
Дида дарё кунам, сабр ба саҳро барам,
Аз дили танги гирён оҳе зи дунё барам.
Тире ба фалак зада бандаву ғуломат,
Ғами имрўзаро чаро ба фардо барам.
Ганҷина
Савсано нола бар кӣ дорӣ?
Ин ғамбозии ҷон бар чӣ дорӣ?
Тақдир ҳамин, офтоб бисўзад,
Беҳуда фиғону нола, дорӣ.
Лутфулло
Дил, ки сўйи саҷда сар мезанад,
Бар Худову сўйи масҷид мезанад.
Бори дилро сўйи саҷда мебарад,
Ишқи покро нопок мезанад.
Ганҷина
Чӣ хуш, ки туро дар умрам ёфтам,
Оламу ишқу ошиқиро ёфтам.
Чу Маҷнун дар гирдоби ишқи ту,
Чӣ хушбахтӣ ки диламро ёфтам.
Лутфулло
Нақшу нигори кўйи туро ҳар дам меҷўям,
Рўйи ширину бўйи туро ҳар дам меҷўям.
Садои лўъбати хуши ту, доим дар гўш,
Таппиши дили софи туро ҳар дам меҷўям.
Ганҷина
Эй гули зебою раъноям, ғуломат ҳастам,
Ба хандаҳои дилҷўят, пазмонат гаштам.
Ту хуштар зи насими боди саҳар,
На- на, ту фариштаӣ, ғуломат ҳастам.
Лутфулло
Занҷир ба занҷир пайваст бошам, чӣ гўям?
Арбоби амонату нурат бошам, чӣ гўям?
Пайваст ба хуни дилат, қисмат ҳамин,
Худованд ҷавобам пурсат, чӣ гўям?
Ганҷина
Дар хоби ширинам дидам хатар,
Туро ҳанўз гум кардам магар.
Шуди арўси хонадони дигар,
Ман аз мурдагон шудам мурдатар.
Лутфулло
Нақши рўят зи дилу ҷон наравад,
Моҳ зи ситора дуру бе ҳам наравад.
Дури дурам бо ту азизи ман,
Умеду орзуям, меҳр зи ту наравад.
Ганҷина
Ҳар мўру малах ҷуфту ман танҳо,
Офтобу моҳтоб ҷуфту ман танҳо.
Дилам пора шуд зи танҳои, Худоё,
Умедам аз туву лек ман танҳо.
Лутфулло
Ту маро зи Худованд ҷустӣ, омад садо,
Хуршеди оламтоб мебинад ману туро.
Дорем бо ту имрўз дарахти вафо,
Ин анҷуманҳо бошад фармуди Худо.
Ганҷина
Туро аз Худо талаби худ кардам,
Умедам аз ту бахти худ кардам.
Дар даст пиёла дарунаш ҷонона,
Шукр гўям ба ў, насиби худ кардам.
Лутфулло
Дили ғамгинам чашми ҷаҳонбини ман,
Давлати ман ишқи беназири ман.
Дунё беҳисоб, шодиву ғам ҳам,
Ёри ман бош зеби ману зиннати ман.
Ганҷина
Як дил дораму ба ду дил додаам ман,
Яке ширину дигар шакар дорам ман.
Фирефтаи нафсу ғулом гаштаам ман,
Дар гирдоби рашк ғарқ шудаам ман.
Лутфулло
Дидӣ, дилат ғарқи ишқам дорад,
Бе ман ҳаётат офтобе надорад.
Умри ману ту чу занҷир пайванд,
Ҳалқа ба ҳалқа гардише дорад.
Ганҷина
Магар хостам, ки ғамат диҳам ман,
То ки ғаму андўҳат бинам ман.
Ту ишқи имрўзу фардои ҷони ман,
Дар ду дунё ғуломат ҳастам ман.
Лутфулло
Аз пайи он ошно мурғи дил бегона шуд,
Чун шабнами баҳорӣ ошиқу парвона шуд.
Аз қатраи ғам ба сар, оқилу фарзона шуд,
Қатраи ашки ў гавҳари ягона шуд.
Ганҷина
Ҳар гул дар умеди боғи шукуфон,
Ҳар булбул дар умеди гули шукуфон.
Лек ҳаёт ҳар рўз як хел нагузарад,
Ҳама дар умеди рўзи шукуфон.
Лутфулло
Ин ҳадиси ишқ ҳанўз тамом нашуд,
Ин дили пурдард дармон нашуд.
Дасти ҳасрат бар домани ёр нашуд,
Дили шикаста паймону пайванд нашуд.
Ганҷина
Ба ман бигў саҷда ба сўят дорам,
Ба Худое, ки саҷда дорӣ дўст дорам.
Ба қаъри дилат бо чашми ҳақ бингар,
Оини ҳақ дар туву майли дил дорам.
Лутфулло
Ишқ дар дилу манзил куҷо бошад,
Меҳр зару заргараш куҷо бошад.
Бозори муҳаббату меҳр куҷо бошад,
Ишқ ширину шириниаш куҷо бошад.
Ганҷина
Ҳама ғуломи ману ман ғуломи ту,
Ҳама шайдои ману ман шайдои ту.
Гумгашта дар борони баҳори ту,
Ҳама пайвани ману ман пайванди ту.
Лутфулло
Аз ту, эй оташ, битарсидам чунон,
Тўдаи сангҳои маломат чунон.
Лафзи ширин сангу хор гашта,
Гашта огаҳ ногаҳон он чунон.
Ганҷина
Наёбам дил додаам, шуд гули касе,
Дари кўчааш истодам, лек ёри касе.
Дуо гўям, бахт хоҳам ба ин хонадон,
Набинад ҳеҷ гоҳ озор дили касе.
Лутфулло
Ин суханбозӣ бо ман мекунад,
Сад қасам бар номам мекунад.
Зиндагиаш талху шўр будааст,
Аз сари нав ишқ пайдо мекунад.
Ганҷина
Доруи табу сўзам шуд куҷо,
Умеди имрўзу фардоям шуд куҷо.
Омадӣ, лек ба ҳаётам дер омадӣ,
Табиби дилам буд, шуд куҷо.
Лутфулло
Сад ришта пайванд кунам, ту канда кунӣ,
Ба ҳарфу гуфтор чаро вақт сарф кунӣ.
Зи ҳавои гуфторат, сар ба фалак шудӣ,
Куҷо шуд қадрам, риштаи ман канда кунӣ.
Ганҷина
Аз дарду алам, дардӣ ҷон дорам,
Байни обу оташ сўзӣ ҷон дорам.
Муҳаббат зи фиребу найранг сохта,
Муроде нест, бозии ҷон дорам.
Лутфулло
Имрўз ту орзуву зиндагиам не,
Имрўз ту ситораву осмонам не.
Мехостам имрўз рў ба рўям бошӣ.
Эҳсоси қалби ману толеъам не.
Ганҷина
Гиря макун гули зебои ман,
Зиндагӣ бақо надорад ҷони ман.
Бошам пушту паноҳат дар дунё,
Баҳори умр ҳамин аст, ҷони ман.
Лутфулло
Чашм гувоҳ бодо туро аз дил биронам,
Чун ғуломат бар дилу ҷон ҷой додам.
Сўхтам дар оташи рашкат чунон,
Чун бегонагон туро аз дил биронам.
Ганҷина
Зеботарин дар ҷаҳон гуле хостам,
Солҳои сол маликаро кофтам.
Акнун, ки дидаму ёфтам,
Афсўс, ки дил ба дил наёфтам.
Лутфулло
Гавҳаре ки аз садаф берун шуд,
Мушкили ў дам ба дам афзун шуд.
Бозӣ бо мавҷ карда мегирист,
Гумгашта зи дарё берун шуд.
Ганҷина
Зи дили дарё садаф ёфтам,
Марворид зи садаф ёфтам.
Донаи сухан чун ў сохтам,
Сухан марҷону онро ёфтам.
Лутфулло
Саҷда ба поку мубтало бо ту бошам,
Мўҳри ў дар ҷону нақш бо ту бошам.
Кистем ману ту, сояи хеши ҳамдигар,
Сабри ў дар ақлу дил бо ту бошам.
Ганҷина
Бахти сафед хоҳонам, моҳи ман,
Эй гули хандон баҳори умри ман.
Ҳама хушиҳои зиндагӣ хоҳам ба ту,
Эй офтобу моҳтоб сарви равони ман.
Лутфулло
Дар дили дарё гавҳар ҷўш занад,
Шўълаи меҳру вафо ҷўш занад.
Гар хаёлат бар сари ман ояд,
Лоҷарам сухан чу гавҳар занад.
Ганҷина
Имрўзу фардо бошӣ маликаи ман,
Қадам ба қадам бошӣ ҳамқадами ман.
Моҳи ман тобанда дар шаби тор,
Дар ин дунё чароғи хонадони ман.
Лутфулло
Эй боди сабо, биё, баҳор омад,
Бода зи рангу рангинкамон омад.
Сад гулу булбулу ошиқи зор омад,
Зи бўяш ағёри ёри дилозор омад.
Ганҷина
Абри найсон гирён шуд,
Офтоби меҳрубон хандон шуд.
Булбул зи мастӣ нолон шуд,
Сад ранг тиру камон шуд.
Лутфулло
Хуршеди тобону гули баҳор шодам кард,
Зи дидани бойчечак боғбон киштукор кард.
Суманак дар ҷўш аст, биё орзу гўем,
Бўйи муаттари баҳор зарра – зарра шод кард.
Ганҷина
Давои дарди дилдодагон бошем,
Доруи табу сўзи дўстон бошем.
Умед дорам шеърҳоям раҳнамо,
Табиби дили бечорагон бошем.
Лутфулло
Эй соҳиби ақл, ки диҳад ризқу рўзӣ,
Дарвеш кист, ки диҳад нону рўзӣ,
Ҳар нолаву фарёд мазан ба Худо,
Бо номаш қадам бимон диҳад рўзӣ.
Ганҷина
Як қадам ба пеш ҳар рўзи Худо,
Умр гузарад ҳар дақиқаи Худо.
Дониста қадам гузор, бандаи ту,
Пушаймон машав дар пеши Худо.
Лутфулло
Гавҳари пок шавад қолаби ту,
Лўълўву марҷон шавад қалби ту.
Ишқи пок меҷўяму сангсорам мекунӣ,
Чун ҳунармандон наққошам мекунӣ.
Ганҷина
Зи дунёву зиндагӣ алам дорам,
Зи оҳи гуруснагон дард дорам.
Ин пастиву баландӣ ба кӣ гўям,
Олам – олам андўҳу ғам дорам.
Лутфулло
Зарра – зарра ранги ашкам дигар шуд,
Дилфигор бешафқату бемеҳр шуд.
Он ки пурнақш зи ишқаш лоф мезад,
Гардиши паргор ин дилам дигар шуд.
Ганҷина
Гиря макун, гули хандони ман,
Ҷону дилам як ба як ҷонони ман.
Як лаҳза гўш кун, хандон кунам,
Ғуломат шавам, моҳи тобони ман.
Лутфулло
Дар дарёи зиндагӣ гавҳар наёфтам,
Бозиҳо бо мавҷаш соҳил наёфтам.
Ин дарёву ин гавҳару ин соҳил,
Ҳама дар қалбам, дили дарё наёфтам.
Ганҷина
Дона – дона ашки ҳасрат равон,
Надидам ин дилам ҳеҷ хандон.
Мўҳри бахт кай мезанӣ, Худоё,
Чӣ кунам, ҳайрон мани нодон.
Лутфулло
Эй одамон, эй одамон, гўем ба худ, ҳар замон,
Гўем такрор ба такрор, умр гузарад ё замон.
Ҳар дам ғанимат аст, одам ғанимат аст,
Мо ҳама равему монад танҳо вақту замон.
Ганҷина
Девона ин дил зи қаъраш ғам омад,
Ин ғарқа дар хуни ҷигар омад.
Афсўс хўрам зи зиндагӣ як даме,
Зиндагӣ ширину ҳайфам омад.
Лутфулло
Инсон амонату гуноҳи худ надонад,
Ба гуруснагӣ бетоқату нола дорад.
Ҳар писанду нописанду кибру ғурур,
Он чӣ дорад қиммате надорад.
Ганҷина
Яке гиря барои бурдаи нон дорад,
Дигаре ҷонбозӣ зи серии нон дорад.
Тазоди зиндагӣ бубин, во ҳасрато,
Пиру ҷавон нагўяд, ҳама марг дорад.
Лутфулло
Дарди дил магў ба дўст,
Охир пушаймону зор шавӣ.
Бисёр марав ба хонаи дўст,
Ҳарчанд, азизи хор шавӣ.
Ганҷина
Даводав шабу рўз сад афсўс,
Вақти гузашта наояд сад афсўс.
Ғанимат дон умри ширин, эй дўст,
Ҷавоб дорад ҳар як кор, эй дўст.
Лутфулло
Аз куҷо омадему боз ба куҷо меравем,
Сайри дунё гўему саргардон меравем.
Зиндагӣ нав омўхтаву наомўхта,
Сад алам дар дилу ҳайҳот меравем.
Ганҷина
Ин умр гузаро, ман кӣ ҳастам?
Ҷону ҷаҳон куҷо, ман кӣ ҳастам?
Ҳама зери хок шавем, сад афсўс,
Оянду раванд, ман кӣ ҳастам?
Лутфулло
Ин чархи фалак ба коми худ чанде бурд,
Ҳам шоҳу гадо, ҳам ошиқу маъшуқ бурд.
Ин ҷаҳду ҷадал ба як нафас наарзад,
Чун тир ба нишон умри гарон бурд.
Ганҷина
Олами ғайбам гарону кӣ донад,
Баъди шом саҳар ояд ё на, кӣ донад.
Эй тавонгар, Худоё, аз ҳама доно,
Ҳама дар дасти ўву танҳо ў донад.
Лутфулло
Оби равон қадри зару зевар дорад,
Кўҳи баланд овози баланд дорад.
Оби равонро бе қадр макун,
Парвози баланд поёну нишеб дорад.
Ганҷина
Боз як шаби танҳоӣ бигзашту рафт,
Қатра — қатра ашкам бирехту рафт.
Раҳм кун бар мани гирён, Худоё,
Боз шабе омаду рўзе бигзашту рафт.
Лутфулло
Эй хоҷа, биё, зи само савоб ҷўем,
Вақте фуруд ояд, ки ҷавоб гўем.
Намозу рўза боз савобҳои дигар,
Дасти дуо ҷўем, ҳидояти Худо ҷўем.
Ганҷина
Эй Парвардигоро, савобҳои ту бисёр бод,
Ҳадяат Қуръону намозу Рамазон бод.
Расидем бар рўзи ҳидоят, сад шукр гўем,
Иду рўзи фирўз муборак бод, гўем.
Лутфулло
Омадам аз куҷову боз дар кўчаи зиндагӣ,
Чун мўй аст борик ин тангкўчаи зиндагӣ.
Матлаб бузургу танкўча борик зи мўй,
Кай ёбам муроди хеш зи кўчаи зиндагӣ.
Ганҷина
Зиндагӣ қуллаву пастиҳо дорад,
Ҳам ширинӣ ҳам талхиҳо дорад.
Сухан санҷида бигў, эй ҷони ман,
Чун дарахти мевадор решаҳо дорад.
Лутфулло
Дунё бақо дораду умр чӣ вафо,
Ғам чӣ аламҳо дораду рўзгор сафо.
Ҳама дар хаёли офоқу рўзии нек,
Афсўси гузар дорад ёди умри носазо.
Ганҷина
Тани инсон бе доғ нест, чаро?
Дили одамӣ бе ғам нест, чаро?
Чашми инсонро ҳеҷ сер нест,
Умри инсон бе шумор нест, чаро?
Лутфулло
Боз Худованд ба хайру раҳмат расонд,
Ба Рамазони мўнусу муборак расонд.
Сад шукру қурбон ба ин рўзҳо,
Ба хайру фазлу раҳматаш расонд.
Ганҷина
Тавба гуфта аз карда пушаймон,
Ҳар як банда хонад зи Қуръон.
Эй бипурс зи худ ҳастӣ мусулмон,
Имрўз муборак бод иди Қурбон.
Лутфулло
Ё раб ту имрўзу фардоро мўҳр кардӣ,
Имрўза бурду бохтро иншо кардӣ.
Насиб додӣ ё гирифтӣ, ту худат донӣ,
Шоҳу ғулому тақсиру асир кардӣ.
Ганҷина
Саҷда дорӣ ба Яздон хайр бикун,
Сад бор битавонӣ ту хайр бикун.
Омад нидо санҷид бандаи маҳбубаш,
Ҳар рўз ба номи покаш хайр бикун.
Лутфулло
Магар зиндагӣ хуни дил хўрдан аст,
Аз дасти умед то ноумедӣ расидан аст.
Зи дунболи ночиз давонему надонем,
Зери девори зиндагӣ шояд мурдан аст.
Ганҷина
Аз карда пушаймон макун, Худоё,
Гунаҳкори ду дунёям макун, Худоё.
Дунё додӣ, ишқ додӣ, дил додӣ,
Зора дорам, саргардон макун, Худоё.
Лутфулло
Акси рўйи писар аз самари падар,
Андешаи омўзишу парвои падар.
Ин мардиҳо зи падар омўхтем,
Ҷигар пора шуд, то писар мисли падар.
Ганҷина
Мўйсафеде ташнаи дидори писар,
Ғанимат дон ҳар лаҳза бо падар.
Дар дунё наёбӣ дуогў мисли падар,
Хизматаш беминнат кун, ҷон писар.
Лутфулло
Гули шукуфони баҳорам наёфтам,
Сутуни хонаву айвонро наёфтам.
Дастархони пурнеъматам холӣ бе ту,
Рўйи нуру нури модар наёфтам.
Ганҷина
Беҳуда нест насиҳати модар,
Имрўз ном гирифтӣ модар.
Фарзанд азиз аз ҷону ҷигар,
Акнун расидӣ қадри модар.
Лутфулло
Ҳаваси зиндагӣ, чаро аз ман меравад,
Завқи гулҳои баҳор аз ман меравад.
Ташнаи ҳаёту ташнаи шодӣ будам,
Ин ҳаваси дунё чаро аз ман меравад.
Ганҷина
Сутуни хонадонам, дарахти вафои ман,
Ба номат шукр гўям, умеди фардои ман.
Боз як меваи ширин насибам шуд,
Шаҳду шакар гашт, ин дунёи ман.
Лутфулло
Эй зан ту олиҳаи ҳусну маломат ҳастӣ,
Бахшандаи ҳаёту рангинкамон ҳастӣ.
Як даст гаҳвораву як даст ба дунё,
Ту аҳду паймони марду дунё ҳастӣ.
Ганҷина
Диле ба гуле додам, танҳо мондам,
Сире ба дўсте гуфта, танҳо мондам.
Ҳунар ба шогирд омўхта, танҳо мондам,
Зи номи неки инсонӣ танҳо мондам.
Лутфулло
Зи бедодии мардум алам дорам,
Зи ҳарфи ғалат ҳасрат дорам.
Инсофу тайфиқ дар мардум мурд,
Худоё, олам- олам мусибат дорам.
Ганҷина
Болотар аз виҷдон молу мулк шуд,
Ҳама ташнаи кайфу сафо шуд.
Модар Ватан ҳисси дўстӣ ҳеҷ шуд,
Номи Худо дар дилҳо қулф шуд.
Лутфулло
«Ҳар рўз зи худ бипурс, агар мардӣ,
Чӣ кори нек ба мардум имрўз кардӣ».
Зиндагӣ як мардӣ ситамгар аст,
Дуои бигир имрўз, фардо обод кардӣ.
Ганҷина
Ин дунё дунёи гузаро будааст,
Вақту соати он оворагӣ будааст.
Дарду аламу ғусса доштааст,
Сабру тоқат баъд озодӣ будааст.
Лутфулло
Эй бехабар зи лаззати зиндагӣ,
Эй вақту соат агар ту хуш гузарӣ.
Ҳар кас зи меҳнат роҳат бинад,
Меҳнат донаи некиву хуш зиндагӣ.
Ганҷина
Насибат ба дунё омадан, чӣ хушбахтӣ,
Фарқи сияҳу сафед кардӣ, чӣ хушбахтӣ.
Нафси серӣ надорем, шукр гўем ё на,
Талхию ширинӣ чашидӣ, чӣ хушбахтӣ.
Лутфулло
Эй мусулмон тасбеҳ гардон бар дуо,
Рў ба каъбаву ихлос бар Худо.
Ҳама ганҷи дунё ҳеҷ аст назди дуо,
Ҷавоб аст назди Худо, бигир дуо.
Ганҷина
Лутфе бикун Худованд дар роҳи имонат,
Чун сияҳу сафедат, манзилгоҳат имонат.
Ин шабу рўзи азиз, бар шумоён муборак!
Иди Курбон омад, рўзи эҳсон муборак!
Лутфулло
Имонатро саломат дор, барои Худо,
Ба роҳаш фидо шав, барои Худо.
Ҳар рўз зи қиёмат андеша намо,
Вақти ҷавоб ояд, дар пеши Худо.
Ганҷина
Ба дунё омадӣ то марг имтиҳон дорӣ,
Сари намоз омадӣ то тавба ба ў дорӣ.
Гарчи ганҷ аз ёқуту лаълу марҷон,
Имрўз биҳишту то умед аз дўстон дорӣ.
Лутфулло
Ё раб, раҳмону раҳим дили бандаат,
Оғозу анҷом аз раҳмати ту бандаат.
Ту калиди биҳишт, намозу рўза додӣ,
Шукр гўён ту дар дили бандаат.
Ганҷина
Ҳарфу лавҳи бурро аз Оллоҳ дорӣ,
Чун булбул садои форам дорӣ.
Суханҳои пухта зи бузургон бигў,
Талху дашнон нагў, гуноҳ дорӣ.
Лутфулло
Зи дасти ситамгар магир,
Ки худ ситамзада шавӣ.
Касеро аз таги гап магир,
Ки худ зери айбу гап шавӣ.
Ганҷина
Булбул куҷо шуд, шуд гулаки танҳо,
Аз марду номард, монд дилаки танҳо.
Ин чӣ бошад, ки ашки ширин бошад,
Дар муҳаббати худ ҳар яке танҳо.
Лутфулло
Моҳпора хоб кард, гули лола хоб аст,
Кокулчаҳо парешон, кони савол хоб аст.
Офтобаки ман бедор, гули баҳор бедор,
Чашмакош кушода, гўйё ҷаҳон бедор.
Ганҷина
Пахтақанду себқанду асал мегуфтӣ,
Ба ҷону дилам баробарам мегуфтӣ.
Онаҷонам, ту маро дуо мегуфтӣ,
Насиҳатгўён, аллаи ширин мегуфтӣ.
Лутфулло
Ғами бисёр кори ахмақон будааст,
Гиряи бисёр кори нодонон будааст.
Дар дунё аз тақдир ҷойи гурез нест,
Ақл даромад, охир пушаймон будааст.
Ганҷина
Гиря макун гули хандони ман,
Ғамгин машав дилу ҷони ман.
Дар хаёли туям, субҳ то шом,
Ту баҳорам пайванди умри ман.
Лутфулло
Толеъи бешафқатам, чӣ кор дорад,
Дилам барои ў таппиши ҷон дорад.
Ҳар нафасу ёдам барои ў бошад,
Барқи оташ чу парда асрор дорад.
Ганҷина
Эй ҷон ғанимат дон вақту соат,
Бар наояд вақти гузаштаву соат.
Ҳар лаҳза дорад қиммати худ,
Чун дарё равон аст вақту соат.
Лутфулло
Интизор аст ҳар лаҳза вақти худ,
Гардон кунад фалак вақти худ.
Вақту соат наравад мо меравем,
Ҳар соат ғанимат дар вақти худ.
Ганҷина
Вақту соат тамом шуд, мо меравем,
Сад афсўс, бо сад алам мо меравем.
Буд набуд яке буд, гўянду раванд,
Зери хок ба навбат мо меравем.
Лутфулло
Ҳакимони ҷаҳон мужда зи илм доданд,
Ҳуҷҷати илму ҷаҳону зиндагӣ доданд.
Эй ҷавонон луқмаи тайёри илм чашед,
Ин дари илму ганҷ кушода доданд.
Ганҷина
Раҳгум шуди, дилхастагӣ бас аст,
Қадам ба пеш монӣ, гиря бас аст.
Таҷрибаву рўзгорат заҳр гашта,
Ибрат зи бузургон бигир, бас аст.
Лутфулло
Биё эй дўст, дўсти ҷон бошем,
Огаҳ зи ғаму шодон бошем.
Осон кунем зиндагии ҳамдигар,
Сутуни дили ҳамдигар бошем.
Ганҷина
Биё, эй дўст, дасти саховат кушо,
Ҳар шабу рўз даст ба дуо кушо.
Фаромўш макун ҳаргиз охират,
Ибрат омўз ба писар, хайр кушо.
Лутфулло
Дунёи рангину умеди ширин набар,
Гули бишкуфтаи баҳорамро набар.
Ҷаҳон бо хандаю суханҳоят ширин,
Азизу ормону дили шикастам набар.
Ганҷина
Ман танҳо боғбони боғи ту,
Танҳо булбули хушхони ту.
Шом ситораи дурахшони ту,
Субҳ офтоби хандони ту.
Лутфулло
Тарки ёдат мекунам, сад ёд пайдо шавад,
Тарки рўят мекунам, сад акс пайдо шавад.
Эй дузди меҳрдузд, фурўхтӣ меҳрам,
Тарки ишқат мекунам, сад ишқ пайдо шавад.
Ганҷина
Зи танҳои ҷону ҷаҳонам туро ёд кардам,
Дар хоби ширин ишқат фарёд кардам.
Азизи дилам кай туро ба оғўш гирам,
Нола кардаму фарёд кардаму ёд кардам.
Лутфулло
Лаҳзаи хуши умр бо модар буд,
Бўйи ҳаёту орзу бо модар буд.
Ҳанўзам ҳар саҳар туро ёд кунам,
Беғам зи зиндагӣ бо модар буд.
Ганҷина
Наздиктар зи Худо ба инсон касе нест,
Азизтар дар дунё зи падару модар нест.
Сад афсўс зи серию мастӣ фаромўш,
Азиз донад нафси худ, фитнакор касе нест.
Лутфулло
Бар кибру дурўғу ғам лат дорам,
Аз дунёву зиндагӣ ҳасрат дорам.
Фарзанд қадри падар- модар надонад,
Ин чӣ маънӣ ё фикри ғалат дорам.
Ганҷина
Курсии заррин насибат бод падар,
Дарду меҳрат дар дилам эй падар.
Сад пора шуд ҷигарат, то калон шавам,
Сад ҷон фидову садсола шав падар.
Лутфулло
Ин ҷоми ҷаҳонбин, кай ба даст додам,
Он рўз, туро дида ҷаҳон ба ту додам.
Сад сол гузарад, кай ба қадрам мерасӣ,
Гавҳар зи садаф созам, кай ба ту додам.
Ганҷина
Дона – дона гавҳар дар шеърҳоят,
Бурротар зи шамшер суханҳоят.
Ҷаҳон – ҷаҳон панд зи гузашта орӣ,
Зеботар зи ҳусни Лайло шеърҳоят.
Лутфулло
Гавҳари марзи қонун шумоед,
Сарбаландии миллат шумоед.
Мўҳри Ватан дар дасти шумо,
Ин ҳама амониву осуда шумоед.
Ганҷина
Нест азизтар аз хоки Ватан,
Модари беҳамтои ту эй Ватан.
Агар умри дубора ато мекард,
Боз фидо бар номи неки Ватан.
Лутфулло
Мо оши оштӣ дода, сулҳ сохтем,
Дўсту бародар шуда, мулк сохтем.
Ваҳдат ягонагии миллат бошад,
Ид муборак, мо осудагӣ сохтем.
Ганҷина
Аркони миллати тоҷик ҳастем,
Дўсту бародар, иттифоқ ҳастем.
Даст ба даст деҳ мулк обод кунем,
Ваҳдат муборак, мо ягона ҳастем.
Лутфулло
Афсўс махўр дигар, ҷавонӣ рафт,
Аз паси партаҳо нигоҳи ту рафт.
Нагў дигар, ғуломи ишқи манӣ,
Гила магў зи тақдир, вақти мо рафт.
Ганҷина
Суханҳои шаккаринат куҷо шуд,
Шарму ҳаёи шарқиёнат куҷо шуд.
Ин баландии рўзгор вайрон кард,
Он умеди фардои ман куҷо шуд.
Лутфулло
Зиндагӣ хоби ширин будааст,
Шўру талху ҳам ширин будааст.
Шукри ҳар дам ба шому саҳар.
Як чашми серӣ дар ин будааст.
Ганҷина
Дардам ба кӣ гўям, гуноҳ аз кӣ ҷўям,
Хору зор гаштаам, дўст аз куҷо ҷўям.
Кош вақти мурдан хоки Ватан хобан,
Саргаштаву нолон бўйи Ватан ҷўям.
Лутфулло
Эй Ватан ту фарзандони нек дорӣ,
Ин қадар мардони майдон дорӣ.
Ҳар рўз шукуфонам, ки Ватан дорам,
Эй чамани орзуям, имрўз ту ид дорӣ.
Ганҷина
Шайдои кўҳу даштат, ман эй Ватан,
Ошиқи ному нону хокат эй Ватан.
Иди Ваҳдат муборак, модар Ватан,
Аз дилу ҷон ҷонфидо, эй Ватан.
Лутфулло
Бигзор соли нав бофайзу барор бошад,
Чун дўсту рафиқу ёр, соли нав бошад.
Ҳама андўҳу ғамҳо монад ба гузашта,
Бигзор чун маҳбуб ошиқу ёр – ёр бошад.
Ганҷина
Як соли дигар бигзашту рафт,
Ин пастию баландӣ бигзашту рафт.
Шод бош, ки умрат бо хушӣ гузашт,
Қатрае аз умр давон бигзашту рафт.
Лутфулло
Тоҷикистон кишвари озоди ман,
Навҷавону навбаҳу наргиси зебои ман.
Бахти ту нек аст, озоди чун кабўтар,
Иди Ваҳдат муборак, тоҷику тоҷи ман.
Ганҷина
Озодию ободӣ ба миллат муборак,
Рўзи фирўзу қабули қонун муборак.
Имрўз қонуни адлу инсоф навишта,
Ба сарвару миллат Сарқонун муборак!
Лутфулло
Шумо олиҳаи ҳусну латофат ҳастед,
Чун фариштаи хаёливу ҳаёт ҳастед.
Зан тўҳфаи илоҳиву бахшандаи умр,
Мардҳо ошиқи шумо меҳри мо ҳастед.
Ганҷина
Модари ҷон як дам паҳлўи падар ист,
Бо муҳаббат боз сад соли дигар зист.
Сари таъзим фуруд орем ба шумоён,
Ҳастем меваи ширини боғи шумоён.
Лутфулло
Пайванди умрам, ғами рўзгорам ту,
Ғамхору хушу даст ба дастам ту.
Саҳву хатоям ислоҳу ихлосам,
Сояи ману марди майдонам ту.
Ганҷина
Худоё, тақдир тақдирҷунбон бикун якҷо,
Дар ду кунҷи дунё тақдир бикун якҷо.
Дилдодаи яктои маҳбубаш ҳастам,
Ба даргоҳат нола дорам, маро бикун якҷо.
Лутфулло
Лутфе бикун, Худованд, дар роҳи имонат,
Чун сияҳу сафедат, манзилгоҳат имонат.
Айёми хушро хароб макун ба офат,
Ҳар нолаву фарёд ба роҳи имонат.
Ганҷина
Дар дашту биёбон Оллоҳ ризқ дода,
Роҳи неку бад бар мо нишон дода.
Ба ҷамолаш шояд мушарраф карда,
Мўъҷизаи ногуфта замину осмон дода.
Лутфулло
Аз куҷо омадему боз ба куҷо меравем,
Сайри дунё гўему саргардон меравем.
Зиндагиро нав омўхта ё наомўхта,
Сад алам дар дил бе нишон меравем.
Ганҷина
Пурсон шуд пире нархи умрат чанд,
Барқи умрам қиммат, надонам чанд.
Гуфто, фидо шавӣ барои модари худ,
Чӣ хирад, умр дорад нарх лек чанд.
Лутфулло
Вақти мурдан умед аз дунё барам,
Сад алам дар дил орзу барам.
Баъди мурдан бо бадӣ ёдам макун,
Во дареғо, дили сад пора барам.
Ганҷина
Танҳо омадам танҳо мерам зи дунё,
Гирён омадам хандон меравам зи дунё.
Сад гул бичида, сад парешон во ҳасрат,
Як лаҳза омадам, афсўс меравам зи дунё.
Лутфулло
Ҳанўз рўйи туро, бўйи туро ҷўям, модар,
Ҳамчун абр гирёну саргардонам, модар.
Баъди ту беболу бепаноҳам ман,
Эй такягоҳам бо алам мондам, модар.
Ганҷина
Эй кўдак, ту ташнаи шири модар,
Ёди ҳар дам аллаи ширини модар.
Меваи умрат ташнаи ту аст, модар,
Хурду калон бо умеди меҳри модар.
Лутфулло
Биё ба рўйи қоғаз тухми сухан корем,
Аз гузаштаи дур зи китоб пурсем.
Чун насими субҳу чун боди баҳор,
Бинои бегазанд зи мағзи сухан созем.
Ганҷина
Зи сухан биное обод созем,
Сад ранг мақсаду мурод созем.
Зи офтобу борону бод газанд,
Садсолаҳо ёди сухан созем.
Лутфулло
Гар сухан дарёву гавҳарчин моем,
Гар сухан киштиву сарчин моем.
Чун обу оташ аст сухани мо,
Гар сухан пиставу мағзчин моем.
Ганҷина
Осмон бо моҳу ситора зебанда бошад,
Дарё бо мавҷҳояш арзанда бошад.
Шеърҳо бо муҳаббат навишта бошад,
Шоир дар шеърҳояш зинда бошад.
Лутфулло
Комментариев нет.