+992 92 777 2675

Дарахти умед

Дарахти умед

Дарахти умед

Нет комментариев

Дарахти умед

Субҳе муборак аст назар бар ҷамоли дўст,

Бар хўрдан аз дарахти умеди висоли дўст.

Бахтам нахуфта буд, ки аз хоби бомдод,

Бархостам ба толеи фархундафоли дўст.

Салом дўстони ба ҷону дил баробарам!

Дўстдорони илму фарҳанг, дўстдорони забони зебои тоҷикӣ. Ҳар боре, ки қалам ба даст гирифта шеър менависам, бевосита аз ширинии забонам шод мешавам. Фахр дорам, ки мо имрўз соҳиби давлатӣ ҳуқуқбунёд, соҳиби забони зебои нобӣ ҳастем. Фаромўш накунем, ки ояндаи мо аз мо вобаста аст.

Миёни гулистони ахлоқ некии инсонӣ аз ҳама болотар аст. Ҷолибтарин гулҳои атрину рангини адабро гирдоварӣ намуда пешкаши ҳаводорони фарҳангу тамаддуни мардуми Аҷам   намоем. Ҳусайн Воизи Кошифӣ оид ба саховат фикру андешаи худро чунин иброз медорад: «Саховат сабаби некномӣ ва эҳсон мўъҷиби дўсткомиву ҳуҷистафарҷомӣ аст».

Шарафи мард ба ҷуд асту каромат ба суҷуд,

Ҳар ки ин ҳарду надорад, адамаш беҳ зи вуҷуд…

Аз ҳакиме пурсиданд: Уқбо, ки маҷмўи ҳунарҳо бад – ў маҳфӣ монад, чист?  Ҷавоб дод, ки бухл. Боз савол карданд. Ҳунаре, ки ҳама айбҳоро бипўшонад, кадом аст? Гуфт: сахо…

Искандар аз Арасту пурсид, ки саодати дунё дар чӣ чиз аст? Гуфт дар ҷуду карам…

Ва фазилати ҷуд яке он аст, ки дилҳои халоиқ ҷавонмардонро дўст дорад. Ҳарчанд, ки аз эҳсон баҳрае бад – эшон норасида бошад.

Ман зиндагиро бе шумоён дўстон тасаввур карда наметавонам. Сарбаландам аз он ки андаке бошад ҳам, дубайтиву рубоиҳоям дили шумоёнро шод мегардонад. Аз забони Саъдии Шерозӣ гуфтаниам.

Эй боди бомдодӣ, хуш меравӣ ба шодӣ,

Пайванди рўҳ кардӣ, пайғоми дўст додӣ.

Бар бўстон гузаштӣ ё дар биҳишт будӣ,

Шод омадию хуррам, фархунда бахт бодӣ!

Аз муаллиф

Муҳаббат чашмсер гурусна нагўяд,

Муҳаббат ишрат маишат нагўяд.

Чашми ошиқ кўру дилаш шикаста,

Муҳаббат ростро дурўғ нагўяд.

Ганҷина

Ғуломи он париёни гулсифат бош,

Ишқ хоҳӣ, зиндадилу дарёсифат бош.

Баҳори омадаат такрор наояд боз,

То биёбӣ ишқ, ошиқи нексифат бош.

Лутфулло

Гул зи мастӣ ёди булбул мекунад,

Ёди рўзи васли аввалу охир мекунад.

Васфи ҳусни гул овоза миёни боғ,

Гиряи ишқ то кунун булбул мекунад.

Ганҷина

Баҳори нозанинам боз наздам омад,

Гиряҳои абри баҳорам боз наздам омад.

Хушо ҷилваҳои ҷамоли ҳусни гул.

Булбул аз шўри ошиқ боз наздам омад.

Лутфулло
Ҷоно ба ҷони ҷононат гирифтор шуда,

Дар байни замину осмон дилдор шуда.

Бемор зи ғамат дармон нашавӣ,

Ту бо дигарон андармон шуда.

Ганҷина

Эй орзуи дилам бо ману дилам куҷо,

Дар заминаму осмону ситораам куҷо.

Накҳати бисёр хоҳам аз ҷону дил,

Ошиқи нокомам машуқи ҷонам куҷо.

Лутфулло

Ману ту кайҳо зи даври ҷавонӣ гузаштем,

Ману ту кайҳо падару модар гаштем.

Нагў дигар, ки  дилат нола дорад,

Ману ту кайҳо лонаҳои худ сохтем.

Ганҷина

Бачагӣ чӣ дунёи ширин будааст,

Ҳарранга мисли тиру камон будааст.

Чун паррандаҳо бипарем аз лонаи худ,

Бачагӣ ширину пирӣ  шўр будааст.

Лутфулло

Ошиқи чанд гулу булбул нашав,

Кўҳнахару навфурўш нашав.

Магас нашав ба ҳар гул манишин,

Шоистаи ақлу фаҳми фалак шав.

Ганҷина

Дар паҳлўям якто бех аз гули кўча,

Афсўс гўям чашмонам ба гули кўча.

Табиати мардон чунин аст, чӣ илоҷ,

Муҳаббат аз фиреб сохта, эй гули кўча.

Лутфулло

Эй шаб чодари сияҳ ба сар нагир,

Моҳу ситораат аз саҳар нагир.

Шабнами саҳарат бар рўйи гул,

Аз дидаи гул ишқи саҳар нагир.

Ганҷина

Эй гашта гирди боғ бар гул ғуломӣ,

Бар он ҷилваи ҷамолаш ту ғуломӣ.

Хуш меваи висолаш дар орзуи ту,

Эй насим бигў ба гул ошиқу ғуломӣ.

Лутфулло

Хушбахтӣ, боз як умедат ба дунё омад,

Меваи ширину ҷигарбандат ба дунё омад.

Худо умру бахт, инсофу саодат диҳад.

Боз як фариштаяки ҳаётат ба дунё омад.

Ганҷина

Туи яктои умеди имрўзу фардо, ҷон писар,

Нола дорад модар бар ҳаққат, ҷон писар.

Писар паси ишқи худ сар гум карда,

Донад бар ишқи худ ҳақ, ҷон писар.

Лутфулло

Дарёи азим ту куҷо шитоб дорӣ,

Дар кунҷи дилат ту чӣ ғам дорӣ.

Ашкам ба ту рехт дилам бо ту рафт,

Бо мавҷат ту маро бозӣ дорӣ.

Ганҷина

Чашм ба сўи некиҳои мардум дорам,

Дасти саховат ба некон бикшоям.

Зиндагӣ шўру талху гаҳ ширин,

Умед ба кўйи некиҳои ёрон дорам.

Лутфулло

Ба ин рўзи фирўзу пурфайз ҳам расидем,

Ба давлати дунявию обод ҳам расидем.

Барои ҳифзи Ватан сад ҷон фидо созам,

Миллати тоҷикам ба рўзи муборак расидем.

Ганҷина

Барои писарони Миллат рўзи ид аст,

Ин сарбаландиву некномӣ саид аст.

Ҷон писарони Ватан танҳо шумоед,

Хуррамии халқу диёр шуморо ид аст.

Лутфулло

Дар дунё ҳама чиз баркашида шуд,

Пулу молу мулк ҳама ёфт шуд.

Инсофу тайфиқ тарозу надорад,

Сад афсўс, ки умр бозгашт нашуд.

Ганҷина

Аз некӣ даст кашида ҷамъ карда пул,

Инсоф барфурўхта, фиреб карда худ.

Хонаи Худо равем, ҳоҷӣ шавему оем,

Некӣ ба ятим кӣ кунад ё сарфи пул.

Лутфулло

Назокату латофат дар рўйи зан аст,

Мардони бузург ҳама ошиқи зан аст.

Қасри тиллоӣ бе зан ҳусне надорад,

Биёбон дар оғўши зан гулистон аст.

Ганҷина

Насими субҳ меояд, зи кўйи Наврўз,

Нағмаи мурғон ояд, зи кўйи Наврўз.

Фасли ишқ аст, Наврўз фасли хуррамӣ,

Бўйи чаман меояд, зи кўйи Наврўз.

Лутфулло

Эй бевафо дунёи номурод,

Ҷавон нагуфтӣ бурдӣ мурод.

Чароғаш хомўш дар хонааш,

Гули ҷавон кандӣ, эй номурод.

Ганҷина

Хобида дар зери хок,

Дар ташнаи дуои пок.

Омад қиёмат магар,

Сад афсўс, ки ман хоб.

Лутфулло

Сирҳое ниҳон ҳаст, ҷавоб як умр кобем,

Фикр вайрон кунад, ҷавоб зи он ёбем.

Зи ғусса сари зиндагӣ оем, ояд ҷавоб,

Асрори пинҳон як ба як кушода ёбем.

Ганҷина

Эй ҷон ту бигў, қиссаамро ба кӣ гўям,

Ба рўйи санге нависам ё ба ту гўям.

Ба рўйи ях бинависам, ки оби ҷўй барад,

Чӣ чора созам, инро ба кӣ гўям.

Лутфулло

Дар фиребу дурўғи ҳамдигар зиндагӣ дорем,

Чун сагони баднафс роми пулу чиз бошем.

Аз зоҳир зебову хушгуфтору хуш рафтор,

Дар ботин ақлу тамизи кўтоҳ дорем.

Ганҷина

Чӣ давлат имрўз ту шоҳу фардо гадо,

Таоллоҳ даме кунад дастдарозу даме кўтоҳ.

Ғуломи давлату савлат набошу такаббур,

Шукр бигў, табассум кун умр гузаро.

Лутфулло

Чӣ шуд бо мардум, ки ҳама дўстдори худ,

Бародар бо бародар зидду душмани худ.

Ҷавон ба пир кина дораду пир садди роҳ,

Куҷо он панду насиҳат ҳама ба нафъи худ.

Ганҷина

Аз як падару модар ду ҷигар,

Лек ташнаи хуни якдигар.

Бар бухлу ҷаҳлу нафрат гирифтор,

Дигар наёбӣ ин хуну ин ҷигар.

Лутфулло

Нам – нами борону баҳор омад,

Зи дили хок гулу лола баромад.

Ишқ гиребон гирифт, гуфт Наврўз,

Булбул гуфто фирўз омад.

Ганҷина

Наврўз омад вақти киштукор омад,

Наврўз омад бўйи чамани гул омад.

Омад рўзи наву ишқи пурҷўшам,

Наврўз омад нози ошиқон омад.

Лутфулло

Як саҳар бо нури хуршед, ёди ту нурам шуд,

Як баҳор зарраи борон бо меҳри ту дарё шуд.

Як замон дили покат оинаи дилам шуд,

Яко як дар зиндагӣ дилам бо дилат шуд.

Ганҷина

Нишаста дар танҳоӣ аз карда ман пушаймон,

Дар фикри он рўзҳои неки мо мани нодон.

Барои чӣ лаҳзаҳои ширин дар ҳаёт абадӣ нест,

Чӣ бояд кард, куҷо шуд ишқам, ман ҳайрон.

Лутфулло

Ин ҳама шодиву ғам дар қисмати ман,

Ин ҳама пастиву баланди дафтари ман.

Эй дарёи зиндагӣ ту чунон мавҷбозӣ,

Ҳаёт як қатра ин қатраи талхи ман.

Ганҷина

Қатраҳои борон ба ашконам монанд,

Ин шишаи шикаста ба дилам монанд.

Ишқи ширинам айшам ба ман талх,

Ҳосили ҳаётам ба меваи талх монанд.

Лутфулло

Сарнавишти одамиро аз куҷо хонам,

Бозубанди зиндагиро аз куҷо ёбам.

Пайванд нашавад дили шикаста,

Оқибат ба зиндагӣ тасалло ёбам.

Ганҷина

Сад пора гашт дил аз дарди зиндагӣ,

Пур аз ашк чашмонам аз алами зиндагӣ.

Киро гунаҳкор кунам тақдир ё худ,

Дунё ширин дар умеди фардои зиндагӣ.

Лутфулло

Шабзиндадор хаёл ба офтоби тобон,

Шаршараи оби ҳаёту саршори хубон.

Кўҳ сар ба фалак гўяд куҷои равон,

Офтобу моҳ доим аз ҳам гурезон.

Ганҷина

Дунёи гулу гулзорам танҳо туӣ,

Умеди имрўзу фардоям танҳо туӣ.

Чароғи хонаам дурахшон аз ту,

Хушбўтар аз ҳама гулҳо танҳо туӣ.

Лутфулло

Талоши зиндагӣ ҳама дар дасти зан аст,

Ҳусни зиндагӣ ҳама дар рўйи зан аст.

Мардони бузург гирифтори ишқи зан,

Олиҳаю сафои зиндагӣ ҳама зан аст.

Ганҷина

Беҳуда занро ба нур ташбеҳ накардаанд,

Беҳуда занро ба табиат монанд накардаанд.

Зан нуру зан офтобу зан орзуи мард,

Беҳуда занро ба олиҳа монанд накарданд.

Лутфулло

Байни замину осмон мани танҳо,

Танҳо фақат байни ғаму ғуссаҳо.

Бар дилам танҳо бар ёдам танҳо,

Ин чӣ ҳиссиёт аст, ҷонам танҳо.

Ганҷина

Аз равшани рўз офтоби рўйи туро ёбам,

Зери аброни рўз нақши рўйи туро кобам.

Чодари сияҳи шаб боз ситора пошад,

Шояд зи нури ситора роҳи дилат ёбам.

Лутфулло

Ҳалол бод ноне, ки бо меҳнат бихўрад,

Заҳри мораш бод, ки бо фиреб бихўрад.

Меҳнат шараф асту буду бошад,

Ки ҳар чӣ мехурад ҳалол бояд бихўрад.

Ганҷина

Ашк мечакад, дард дорад дилам,

Ғами худ надорам, лат дорад дилам.

Дил ёбаму даст диҳам ба дилшикастае,

Муродаш чист, хаёл дорад дилам.

Лутфулло

Сиёҳчашмон чашмонат гули баҳорӣ,

Ду қошат камони абри баҳорӣ.

Рўят гули баҳори зиндагонӣ,

Гул дар пешат ғамгину ту баҳорӣ.

Ганҷина

Биё, эй баҳори нозанин пазмон шудам,

Зи хуршеди оламгирад дилшод шудам.

Зи шукри баҳорат, сумалак дар ҷўш аст,

Пазмони меваҳои баҳорат шудам.

Лутфулло

Зиндагӣ бе абри сияҳ набошад,

Ҳар лаҳза пур аз ғам набошад.

Ҳар пастӣ баландӣ дорад ҷоно,

Поёни шаби сияҳ, сафед бошад.

Ганҷина

Пур аз ашк ин зиндагӣ чӣ бошад,

Дарёи умед аз зарраи шўр чӣ бошад.

Инсон аз кардааш доим пушаймон,

Ин тазоди зиндагӣ барои кӣ бошад.

Лутфулло

Диле дорам, ки аз ранҷ сад пора аст,

Дар ҳар порааш сад ғамхона аст.

Зиндагиву қисмат маро ба кўчаҳое бурд,

Чашме дорам, ки гирён аз борон аст.

Ганҷина

Ин парешонӣ ба кас раво будааст,

Хаёли зиндагӣ, буду набуд будааст.

Дар ҳар чаман гули шикастае,

Афсўс инсон чун абр гирён будааст.

Лутфулло

Аз куҷо омадему боз ба куҷо равем,

Ин ақлу идрок боз ба куҷо барем.

Акнун, ки зиндагӣ омўхтем,

Ҳама яко-як паси ҳамдигар равем.

Ганҷина

Аз як дари дунё оему бо дигаре рафт,

Чун дарёи равон ин умр боз рафт.

Тақдири одамӣ ҳамин асту буд,

Шамъи зиндагӣ хомўш карду рафт.

Лутфулло

Ба сухани баду макр пайванд мадеҳ,

Бо одами бад хешиву пайванд мадеҳ.

Хароб кунад ҳаётат ин нофаҳмиҳо,

Ҷисман дурӣ биҷўй, пайванд мадеҳ.

Ганҷина

Сухан қанд асту заҳр асту тавонгар бошад,

Хомўшӣ зар асту зевар асту бурд бошад.

Мехурад хуни ҷигар кас аз сухани бад,

Золим ситамгар асту сабр некӣ бошад.

Лутфулло

Эй чашмасори чашмаи кўҳи дунё,

Дунё дар дасти ўву чашма бо дунё.

Гар ғарқам дар ҳусни оламгираш,

Фарёди бефарёдам дар дасти поки дунё.

Ганҷина

Меҳре, ки маро ҳаст аз Худо омад,

Он лаъли хати сабзаш, зи само омад.

Дорам дил, дилдодаи рўйи ҷоно,

Ҳолам мапурс, ки гули хор омад.

Лутфулло

Гунаҳкорам ё доди Худо бошад,

Зери поям дунёро бахшидан хоҳад.

Худ ҳайронам ин чӣ сир ба сар омад,

Ин ишқ бошад ё тақдир бозӣ хоҳад.

Ганҷина

Дар акси худ дидам дигаре,

Монанди ману чашмонам дигаре.

Ин ки бошад, барои чӣ бошад,

Дил аз ману шуд дилам дигаре.

Лутфулло

Муноҷоти поку ашки сўзон ба сўи Худо,

Оҳи сард аз синаи пурдард ба сўи Худо.

Даре нест, ки бикўбам, ў наздиктар,

Муҳаббату муназзаҳи имон ба сўи Худо.

Ганҷина

Ин умр аз ў ки бошад, таваккал ба ў мекунам,

Тақдири азал чӣ бошад, сабру тоқат мекунам.

Аз набудан будан беҳ хоҳ талхии ҳаёт чашам,

Садҳо надида гўям, орзуи зиндагӣ мекунам.

Лутфулло

Ришта шавам ба чоки либосат маро дўз,

Ангишт шавам ба хоки дилат маро сўз.

Ин оташи қалб кай хомўш шавад,

Эй кош, нур шавам маро ба дилат рўз.

Ганҷина

Дар вайронаҳои шаб холи хати ту кобам,

Аз рўшании рўз, шояд нури чашмон ёбам.

Садсолаҳо лозим, монанди ту ёбам ба дил,

Баъди сад сол ҳам, боз дилам туро кобам.

Лутфулло

Аз бачагӣ ба миёнсолӣ расидем,

Аз ниҳолакӣ сабз ба дарахт расидем.

Солҳо чунон бигзашт мо бехабар,

Ба шумори ҳосил ҳам расидем.

Ганҷина

Ҳар сол чун як лаҳзаи кўтоҳ равад,

Ин умр бо ҳисобу китоб равад.

Ҷавонӣ баҳор асту пири хазонрез,

Қадри ҷавонӣ кун, ки тез равад.

Лутфулло

Ҳар саҳар истихфор ба Яздон бигў,

Дар танҳоӣ аз Самову Замин бигў.

Ҳамнишаст бо солеҳону дур аз толеҳон,

Ҳоҷати мусулмонӣ тафаккур бигў.

Ганҷина

Ба ҳар як карда ҷавоб гўӣ пеши Худо,

Аз неку бадат пушаймонӣ пеши Худо.

Ҳар банда аз гуноҳаш шафоат ҷўяд,

Шукр бигў ту аз зиндагӣ пеши Худо.

Лутфулло

Эй дил, тозаҷўю тозагўю озод ҳастӣ,

Дар қаъри дил мазраи киштукор ҳастӣ.

Офтоби ишқат шўълаи меҳру вафо аст,

Эй дил, ту ҷонфизову рўҳнавоз ҳастӣ.

Ганҷина

Ҳамон гуле, ки дар ниҳодаш ишқ аст,

Гўшаи чашмонаш назар ба дил аст.

Бе пушаймонӣ хазон шавад барои ў,

Аз хазонаш бўйи дарди ишқ аст.

Лутфулло

Туро чӣ кор кунам, ба кадом кунҷи дил монам,

Аз ғусса об шудам, ба кадом қатраи об монам.

Торумор шудаам дар қаъри дили зиндагӣ,

Моҳтоб шавӣ ҳам ба кадом шаб туро монам.

Ганҷина

Эй ишқ, ба роҳат киштии дил сохта,

Аз хуни ҷигар дарёи бемуруват сохта.

Шуд ин дил ҳубобу гирдоби беохир,

Кай бе роз ин киштии ҷон сохта.

Лутфулло

Лабхандаи меҳр шуда, дашт надорам,

Хуршеди нур шуда, офтоб надорам.

Ситора дар осмону орзу дар замин,

Духтари дарё шуда, соҳил надорам.

Ганҷина

Хонаи сеҳру афсона барои дил сохта,

Гулҳои рангину зебо аз шеър сохта.

Сурх шуд шеърҳо аз хуни ҷигар,

Қалбам гашт шеър аз ҷон сохта.

Лутфулло

Ин моҳ бубин ба рўи ёрам монанд,

Нури ширинаш ба дили ёрам монанд.

Шаб чодар сияҳ кард барои ёди ў,

Ошиқи моҳу ў ба ҷонам монанд.

Ганҷина

Навбаҳор омаду дили ёрам об нашуд,

Абр гирёну чашми ў ғамхор нашуд.

Гар шавам ёру чун булбул овора,

Сабзаҳо нав дамиду гулу гулзор нашуд.

Лутфулло

Хоки поям дар ҳубоб аст ё на?

Қадри ҷонам дар само аст ё на?

Гузарӣ об бубин умр меравад,

Меҳри ман дар банди дилат ё на?

Ганҷина

Эй нигорам, бубин чамани гул омад,

Вақти гул шуд фиғони чаман омад.

Сайри бўстон кун, гар ту ошиқӣ,

Мулки ҷаҳон мунаввару ғуломат омад.

Лутфулло

Эй аттори умр то кай, харидорӣ кунам,

Зи савдои зиндагӣ бозори ҷон кунам.

Аз абри сияҳ борони бахт ато кунам,

Эй дунё то кай бозӣ бо боз кунам.

Ганҷина

Ба шохи зиндагиам туро пайванд кардам,

Ба шишаи қалбам туро сад ранг кардам.

Сад шукр, ки туро дорам дар зиндагӣ,

Ба хоби ширинам туро ҳамдам кардам.

Лутфулло

Маҷнуни дили кадом Лайлӣ бошӣ,

Сарбастаи сари кадом ишқ бошӣ.

Зулфи кадом маъшуқ девон кард,

Ту гули кадом чамани ишқ бошӣ.

Ганҷина

Асири хубони туркчашм шудаам,

Дар чаман бо гул ҳамсухан шудаам.

Рўзу шаб майли гуфтор дорам зи ишқ,

Ман ошиқу кабўтар дар бом шудаам.

Лутфулло

Чак-чаки борону нағмаи мурғон бубин,

Насими фораму хандаи гул бубин.

Дил зи ҳусни баҳор таппиш дорад,

Ин хуршеди тобону хуррами бубин.

Ганҷина

Булбул гуфто чаро ғамгинӣ, эй гул,

Бубин баҳор омад, чӣ зебо ин гул.

Ошиќаму кай ба висоли гул расам,

Афсўс баҳор бигзашт кай ояд ин гул.

Лутфулло

Ба синаи кўҳ нигар ў сангин аст,

Бар нигаҳат ў шояд ғамгин аст.

Аз дили сангинаш лола бирўяд,

Шояд бо ин ҳама сахтӣ ў ошиқ аст.

Ганҷина

Беҳ мебуд агар баҳор намешуд,

Имрўз ишқам бедор намешуд.

Зиндагиам ҳарчанд талху шўр аст,

Дили дилбурдаам зор намешуд.

Лутфулло

Шаршараи об ба гўшам ояд, туро ёд мекунам,

Чак -чаки борон бишнавам, туро фарёд мекунам.

Гар лаби дарё равам зи мавҷаш, туро кобам,

Чашмаи соф бинам, ёди дили ту мекунам.

Ганҷина

Як замоне ба дилат ёр шудам,

Чун гуламу ба ту як хор шудам.

Донаи меҳр ба дилам пошидам,

Бар замини ишқ киштукор шудам.

Лутфулло

Дунё олудаи изтиробу машаққат аст,

Дар он шебу фарозҳои беминнат аст.

Ҷоно, мо чашандаи азобхо бошем,

Шодиву ҳоливу орӣ даруни он аст.

Ганҷина

Оби чашмаи ширинро шўр магў,

Муҳаббати ҳақиқиро дурўғ магў.

Даст ба ситора накун ў дур аст,

Шарбати зиндагиро талх магў.

Лутфулло

Хоҳам дар зиндагӣ комрон бошам,

Беғам чун паррандагон бошам.

Дар осмони соф болу пар занам,

Чун булбулон ошиқи зор бошам.

Ганҷина

Эй ҷон, ин боғу бўстонро бубин,

Хар ранга тиру камонро бубин.

Аз хониши мурғон дилам ба ҷўш аст,

Дил ба гул додам ин ҷононро бубин.

Лутфулло

Ҳар гаҳ ғамгин шавӣ, бархез, некӣ бикун,

Дарду алам фаро гирад, бархез, некӣ бикун.

Равшан шавад қалбат, хушнуд шавӣ аз некӣ,

Иғвогарон иғво кунанд, бархез, некӣ бикун.

Ганҷина

Аз ҳама бузургу доно Худованд бошад,

Ҳар чизу ночизро ҷуфти ҳамдигар бошад.

Асоси дунё дар ҷуфтии ҳамдигар,

Моҳтобу Офтоб ҳам ҷуфти ҳамдигар бошад.

Лутфулло

Офтоби хандонам, чашмаи ширинам,

Қуллаи баландам, сири пинҳонам.

Қадамат нек аст, чашму дилат пок,

Илҳоми дилам, чашмаи пурҷўшам.

Ганҷина

Чашму чашмонам, ёракам дар куҷо,

Дилу дилдорам, ҷонакам дар куҷо.

Ҳама фиғон бар сарам дорад,

Ҷуфти ман кай ойӣ ту дар куҷо.

Лутфулло

Сари кўят равам гирам бўйи ту,

Замини қабр бар сар гирам бе ту.

Дареғо, модари ҷон ту пир набудӣ,

Фарзанд оростӣ барои зиндагӣ ту.

Ганҷина

Меҳру муҳаббати модар наёбам ҳеҷ ҷо,

Азизу мўътабар модар наёбам ҳеҷ ҷо.

Эй модар, ту ҷаннати рўйи заминӣ,

Нақшу нигори модар наёбам ҳеҷ ҷо.

Лутфулло
Дарёи умр пур аз мавҷу талотум бошад,

Яке дар соҳилу дигаре қаъраш бошад.

Яке зи мавҷаш дуру гавҳар бичинад,

Дигаре гирён зи тўфони дарё бошад.

Ганҷина

Насиби ҳар банда аз рисқаш будааст,

Пастию баландӣ аз насибаш будааст.

Ин ҳама дар тақдир мўҳр баста бошад,

Гўй, мазмуни ҳаёт дар чӣ будааст?

Лутфулло

Гузари об бубин ҳайфи умрам меравад,

Чун абрҳои бахорон бо гиря меравад.

Чун шабнами рўйи гул доим хандон,

Сад пора чун шиша пурармон меравад.

Ганҷина

Монанди гул биханд ту гули зиндагӣ,

Офаридгор офарид чун офтоби зиндагӣ.

Олам ҳама нигаҳ ба сўи ту дорад,

Қадам бизан ба пеш ту сутуни зиндагӣ.

Лутфулло

Ҳасад устухонро мисли намак хўрад,

Ҳасад дардест, ки соҳибаш бало хўрад.

Мисли мори сияҳ ҳасад бупечад,

Ҳасад ором гирад ё худро бихўрад.

Ганҷина

Ин фасонаву афсонаи зиндагӣ бубин,

Ин масти ишқу насими бод бубин.

Ду гул имрўз оростаи базми мо,

Ин ду кабўтару ҷуфти муносиб бубин.

Лутфулло
Миҷгони сияҳат қалам ба қисматам шуд,

Дили покат султони суханам шуд.

Сикандари ҷаҳонӣ лек танҳо бо худ,

Дили ман осоишгоҳи дили ту шуд.

Ганҷина

Эй ҷон, ту маро қаламбоз кардӣ,

Бар ҳар суханат сухансоз кардӣ.

Бар дилам тухми сухан коштӣ,

Паҳлўят ту маро ҳамроз кардӣ.

Лутфулло
Дафтари қисмат гар варақгардон кунам,

Бар Худову имрўз шукр ба ҷо кунам.

Аз хати муаммояш як рўз берун наям,

Ин сарнавишт ҷой ба дилу ҷон кунам.

Ганҷина

Садранга суханбозӣ кунам,

Аз дарду ғам парешонӣ кунам.

Ғуборро бо қалам берун кунам,

Ба кўи орзу киштисозӣ кунам.

Лутфулло
Бирав эй дили ман, вайронаҳо поймол кард,

Ғуссаи заҳри сухан, саргаштаву гирён кард.

Ў дигар аст, кайҳо хаёлаш дигар шуд,

Бозичааш машав, сангсори ғамаш кард.

Ганҷина
Шабу рўз ҳушу ёдам дар роҳи шумо,

Ин умеди зиндагӣ бурд, куҷо шумо.

Сари намоз дуо гўям бар ҳаққи шумо,

Шукрона дорам сари баландам шумо.

Лутфулло
Аз дили шаб ба даргоҳи ту нола дорам,

Даст ба сўят саҷда ба номи покат дорам.

Ман ошиқи ҷамолат, ман ошиқи зорат,

Худоё шукри лайлу наҳорат дорам.

Ганҷина
Аҷаб дунё, шабу рўзу солҳо меравад,

Паёпай офтобу моҳтоб ҳам меравад.

Замини бесутунро осмон бўса дорад,

Яздон бузургу ин ҳама асрҳо меравад.

Лутфулло

Ин мурғи фалак моро то куҷо барад,

Аз ин дари дунё давон то куҷо барад.

Ин дайри дуаспа беист давад,

Шаб хоб равем, рўз то куҷо барад.

Ганҷина

Эй дўст, биё, дуову дуруд хонем,

Аз кардаҳо тавбаву тазарро хонем.

Имон ба номи Худо ганҷи бебаҳо,

Ё Оллоҳ, ки аз сидқи дил хонем.

Лутфулло

Дунёи фиребгарро чӣ чора созам,

Чаҳор чўби зиндагиро вайрон созам.

Киштиронаму ин бод маро куҷо барад,

Шишаи шикастаро чӣ чора созам.

Ганҷина

Рехтам ашк ба ҳоли худ,

Гирдоби ғам дар сари худ.

Кофтам диле ба дилам,

Афсўс гўям ба ҳоли худ.

Лутфулло
Зи гуфтаҳоят ба худ болу пар сохтам,

Зи суханҳоят ба худ қанду асал сохтам.

Аз дили софат оинаи ақл ёфтам,

Дар қаъри дилам лонаи ишқ сохтам.

Ганҷина
Калиди дили шикастам куҷо шуд,

Меҳри аввалу охирам куҷо шуд.

Гум кардам ҷаннати рўйи заминро,

Офтоби зиндагиам, нури ман куҷо шуд.

Лутфулло

Инсон агар пару бол медошт,

Хати зиндагӣ имрўз медошт.

Донад, ки умраш чанду чист?

Бо дастонаш сарнавишт месохт.

Ганҷина
Зиндагӣ чун дайри дудавра давад,

Пиру ҷавон амон нест, марг барад.

Дар ин фурсат биё дуо гирем,

Алам дорӣ зи умр бесамар равад.

Лутфулло

Дар ҷаҳони офариниш шабеҳи ту нест,

Чизи дигар ҳастӣ шабеҳи ту нест.

Пас биё, аз худ магурез мушкил кушо,

Миёни офаридаҳо тафовути ту нест.

Ганҷина
Дарду алам зи муҳаббати ту дорам, ту ёри касе,

Маъно надорад зиндагӣ барои чӣ, ту ёри касе.

Гунгу кўру кар бошӣ ҳам, ту азизи дили ман,

Ҷонам фидо бар ҷонат, афсўс, ту ёри касе.

Лутфулло
Дар дунё ба корӣ дунё омодаву ҳеҷ ҳастем,

Молу фарзанду хеш дорему ҳеҷ ҳастем.

Тани зебо дорем, ҷон бар қарз аст,

Як нафас аз они мову дигар ҳама ҳеҷ ҳастем.

Ганҷина
Қиссаи дўстам маро сад пора кард,

Байни ду дунё истодааст, чӣ чора кард.

Чашмонаш гирён аз дунё умед дорад,

Розӣ шавед, ёрон, ў бандагӣ кард.

Лутфулло

Ин сеҳри сухан бин, чӣ ҷодуҳо кард,

Бегонаро ошнову ошноро бегона кард.

Лахм дар даҳон посбони сар аст,

Сухан сеҳр асту он оҳиста сеҳр кард.

Ганҷина

Ба ёдам пандҳои Рўдакиву Камол ояд,

Чароғе бар зиндагӣ аз пандҳо ояд.

Пандҳои суфтаи онҳо барои дўстонам.

Аз дўстии шумо некие ба ёдам ояд.

Лутфулло

Туро ҷўён наёфта дилам сад пора шуд,

Пораҳо гирён бо номат якҷоя шуд.

Як лаҳзаи ҷудоӣ, сад пораи умрам,

Нагў ин дурўғ, гувоҳам шабу рўз шуд.

Ганҷина

Маро муҳаббати бепоёни ту кушт,

Маро чашми интизори ту кушт.

Ба кўйи ту ҳазор сол бигардам,

Баъди ҳазор сол маро ишқи ту кушт.

Лутфулло

Эй ду дунё, яке имтиҳону дигар охират,

Мо ҳама куҷо равем якояк бо навбат.

Аз дунё чӣ барем бухсу дурўғу нафрат,

Эй, дунё вафо надорӣ фақат миннат.

Ганҷина
Қадаҳ дар даст чӣ қадар намедонам,

Дар мастӣ чӣ гуфтам ё на намедонам.

Хабар аз зану фарзанду хона надорам,

Рўз шуд ё шаб хабар надорам.

Лутфулло

Бирез, соқӣ, майи боқиву ҷомӣ ҷон,

Аз лаби ҷонону чашмаи мастӣ он.

Масти дунёву сармасти ҷаҳон аз ту,

Нахоҳам дид ин дунёро эй ҷомӣ ҷон.

Ганҷина
Соқӣ бодае бар ҷомам, тез бирез,

Ранги гулоб чун ёрам, тез бирез.

Ғарқ шавад ғами дилам ба май,

Куҷо он рўйи ҷононам, тез бирез.

Лутфулло
Пастиву баландӣ саргардонам кард,

Ҷоми май дар шишаи ҳайронам кард.

Хаёлам қадри ҷонам пеши ту баланд шуд,

На-на ин ҳама фасона гирёнам кард.

Ганҷина

Чӣ доруи табу сўзи ҷон будааст,

Ғамбарору балогардон будааст.

Афсўс, ки умракаш кўтоҳ будааст,

Май ширин баъд дарди сар будааст.

Лутфулло

 

Чун шохи анор даст ба моҳ медоштам,

Аз дили ниҳонаш агар хабар медоштам.

Як гул мешудам сад дона медоштам,

Тухми муҳаббатро ба ҷаҳон мекоштам.

Ганҷина

 

Туи якто баҳори бехазони ман,

Туи якто қатраи зулоли ман.

Хаёли ширинам, ҷону ҷаҳонам,

Туи якто оинаи дили ман.

Лутфулло

Гирди чаман чӣ гуна парвоз кунам,

Бо ҷуфти дигар чӣ гуна оғоз кунам.

Ин болу парам пар назанад бе ту,

Ин чашм ба дигаре чӣ гуна боз кунам.

Ганҷина
Гули раънову сарви равонро бубин,

Лаби ғунчаву чашми шаҳлоро бубин.

Садқаи нозу адову ишвааш шавам,

Ҷон ба ҷонат мани парвонаро бубин.

Лутфулло
Садсола шавӣ ҳам ёди ҷавонӣ наравад,

Сад гул дар чаман як бўйи гул наравад.

Баъди каме ёдам кунӣ наёбӣ дигар,

Гар об шавӣ, қатраи об зи гулў наравад.

Ганҷина
Дар осмони ситоразор ситораам туро меҷўям,

Чаман пур аз гулҳо, лек танҳо туро меҷўям.

Аз қатраҳои борон ашки ширинат меҷўям,

Сад харидор дар бозор, лек танҳо туро меҷўям.

Лутфулло
Мардию номардӣ баробар шуд,

Ростию дурўғ ба ҳам ёр шуд.

Ҳалол бо ҳаром ошӣ бадан шуд,

Ҳама дар фиреби ҳамдигар шуд.

Ганҷина

Ин ҳаёт аз фиребу дурўғ сохта,

На ману ту инро бошем бофта.

Тақдири инсон аз боло навишта,

Қадри зиндагӣ аз мо тавон сохта.

Лутфулло
Зи бедодии мардум алам дорам,

Зи ҳарфи ғалат ҳасрат дорам.

Инсофу тайфиқ дар мардум мурд,

Худоё олам-олам мусибат дорам.

Ганҷина
Дарди касеро имрўз худ дарк бикун,

Бузургон беҳуда нагуфта дарк бикун.

Танҳо монад абад номи неки одамӣ,

Аввалу охиратро ба худ дарк бикун.

Лутфулло
Аз ман дурӣ маҷў чун абр бигирям,

Дар дили даштат чун ташнагон бимирам.

Сояи дилат гузаргоҳу қасри дилам,

Моли дунё нахоҳам танҳо туро бубинам.

Ганҷина
Ту он гулу ман хори ту,

Ту он абру ман қатраи ту,

Ту он маликаю ман шоҳи ту,

Ту он камону ман тири ту.

Лутфулло
Бигзор соли нав пур аз орзу бошад,

Чун ёру бародар пур аз некӣ бошад.

Бахти накў орад, файзи нав орад,

Соли нав бигзор ёр-ёр гўён бошад.

Ганҷина
Вақт даври худ соати такрор дорад,

Ҳафта давраи худ, рўзи такрор дорад.

Сол давраи худ моҳи такрор дорад,

Сад афсўс инсон умри нотакрор дорад.

Лутфулло
Дар саҳнаи зиндагӣ лўхтак моем,

Дар миёни замину осмон моем.

Даст ба ситора барем орзу гўем,

Такаббур зи моли дунё ин моем.

Ганҷина
Дар пеши дўстон фиғон доранд,

Асо дар даст доду вой доранд.

Аз ин қисса се рўзи дигар гузашт,

Буд набуд, гўён кайфи ҷон доранд.

Лутфулло

Ба лаб ханда ба дил дард дорам, ҷоно,

Ба роҳат чашм ба ёдат ашк дорам, ҷоно.

Биё ҷоно ҷаҳони рангин ҳадя созам,

Ба осмон ситора ба замин савр дорам, ҷоно.

Ганҷина
Ин сарви равонам, чашми шаҳлоям куҷо,

Овози фораму ҳусни зебоям куҷо.

Насиби ман куҷову ҳамқисматам куҷо,

Қадам ба қадам равем, ҷононам куҷо.

Лутфулло

Эй огаҳи дўст зи асрори дилам,

Ту пардаи пинҳони рози дилам.

Гар хок шавам, ту гул рўи зи ман,

Ман гули туям ту чамани дилам.

Ганҷина
Ситораи ишқи ман дурахшон аст,

Дили ошиқам кушод чун осмон аст.

Ба ҷойи моҳ ҳуснаш тамошо дорам,

Офтоби ман ба рўям хандон аст.

Лутфулло

Эй аттори умр, то кай харидорӣ кунам,

Зи савдои зиндагӣ бозори ҷон кунам.

Атоям кун аз абри сияҳ борони бахт,

То кай дар ин дунё бозӣ бо боз кунам.

Ганҷина

Эй зиндагӣ, ту маро бо мавҷат бозӣ дорӣ,

Занӣ аз соҳил ба соҳиле парво надорӣ.

Монанди дарё умрам чу об меравад,

Гашта мўям сафед ту савдое надорӣ.

Лутфулло

Ниҳоли ишқ шинонда ба сўи ту шитобам,

Муҳаббати беохир аз кўи ту биёфтам.

Маро ишқи ту кушт аз они дигаре,

Баъди ҳазор сол ҷони худро биёфтам.

Ганҷина

Аз қаъри дил меҳр ҷустию ёфтӣ,

Аз шаби тор ситора ҷустию ёфтӣ.

Ин чӣ таслим ҷой бар хатти пешонӣ,

Калиду қулфи дил ҷустию ёфтӣ.

Лутфулло

Овозам дар зиндагӣ хаста шуд, модар, куҷо шудӣ,

Дар кўчаҳои зиндагӣ ғарибам, модар, куҷо шудӣ.

Рўзе расад ба паҳлўят паҳлў занам ба хок,

Шудам дар зиндагӣ ятим, модар, куҷо шудӣ.

Ганҷина

Паҳлўи модар нишастан давлат аст,

Вақт қиммат, лек модар қимматтар аст.

Дуояш калиди ҳама дарҳои баста,

Хоки пояш бар сар ин савлат аст.

Лутфулло

Боз ту пардаи сухан бидаррондӣ,

Боз ту риштаи дилам биҷунбондӣ.

Суханҳоят сўзону гарон аст бар ман,

Боз ту сабру ороми аз ман бибурдӣ.

Ганҷина
Ишқ бозии зиндагӣ неву ато аст,

Ишқ косаи сабр неву дард аст.

Пажмурдааст дили ошиқ доим,

Ишқ тоҷи сар неву армон аст.

Лутфулло
Дар як мушт дилам ҷойи холӣ намонд,

Дар қаъри дилам ҷойи холӣ намонд.

Аз чоҳи зиндагӣ оби ҳаёт мехоҳам,

Дар тори дилам анкабут намонд.

Ганҷина
Ишқи гул булбулро умеди зиндагӣ бахшад,

Баҳор ба гулон умеди ҳаёт бахшад,

Ин тазоди зиндагӣ побанд кунад ҳамаро,

Фиреби дунё бубин шираи ҳаёт бахшад.

Лутфулло

Дар дил номи касеро бо худ мебарӣ,

Ҳама буду набудашро бо худ мебарӣ.

Вақте, ки ту касеро дўст медорӣ,

Бо диданаш ғамашро бо худ мебарӣ.

Ганҷина
Ту ин дилро бубин умеди ишқ дорад,

Ту ин ақлро бубин умеди меҳр дорад.

Ҷамоли ҳусни рўяш баҳори дили ман,

Ту ин дуоро бубин умеди дил дорад.

Лутфулло
Рўзҳои зиндагӣ ноҳамвора дигаргун шавад,

Гаҳе нозу неъмат гаҳе ранҷ афзун шавад.

Ҳеҷ қаноат ва сери хурўшон замини сахт,

Маро ношукрии бепоён мутеъи амр шавад.

Ганҷина

 

Умри одамӣ афсўс, ба поён шавад,

Ин қатраи вақт оҳиста равон шавад.

Барои зиндагӣ мижгон ба хун олуда,

Сад орзуву ормон ногаҳ тамом шавад.

Лутфулло
Шому саҳарам субҳи умедам, ту куҷоӣ,

Ҳар нафасам шўълаи умедам, ту куҷоӣ.

Сарбанди хаёлат, хаёлам бо ту гардад,

Лона шуд ишқат ба дилам, ту куҷоӣ.

Ганҷина

Дутор аз садоят ёди Ватан мекунам,

Аз оҳанги пурҷўшат ёди дўстон мекунам.

Бизан-бизан, ки ҳасрат аз дил равад,

Фиғону гирён ёди хоки Ватан мекунам.

Лутфулло

Ҳар куҷо кулча бошад,

Пеши кулча оча бошад.

Оча ки бо бача бошад,

Хуррам доим бача бошад.

Ганҷина

 

Аз бўйи тифлак ширинтар бўйе нест,

Дар дунё бегуноҳтар аз ту нест.

Овози умед дорад ба фардои зиндагӣ,

Азизтар ба модар аз ў ҷоне нест.

Лутфулло
Ҳайфӣ умри одамӣ омаду рафтан аст,

Ҳайфи умри ҷавонӣ бебозгашт аст.

Ин чизу ночиз кибру ғурури инсон,

Ҳайфи дунёи рангин боз гаштан аст.

Ганҷина
Ҳар гаҳ ба сарам саволе ояд,

Дунё чисту фардо чӣ кор ояд.

Қисмат чӣ бошаду кӣ созат,

Баъди нуқтаи зиндагӣ боз чӣ ояд.

Лутфулло
Кӣ медонад дили инсон чӣ сир дорад,

Рўй хандон фикр чӣ роз дорад.

Барои беғараз будан набояд инсон шуд,

Одамӣ ҳамин аст дарунаш қулф дорад.

Ганҷина

Ҳарчӣ аз даст омад ҳама кардам,

Аз донову нодон ибрат гирифтам.

Дасти ҳайрат дар даҳону дил пурҳасрат,

Ин шеър аз ҷону дилам навиштам.

Лутфулло
Эй дафтари қисмат бе ман кай оғоз шудӣ,

Зи ишқи нокомам кай қалам ту боз шудӣ.

Бехабар зи қисмат  шабу рўз дар хаёл,

Эй ишқ марав кай ту ба қалб ҷой шудӣ.

Ганҷина
Киро гунаҳкор кунам магар тақдирам,

Гўям падар модар шояд тақдирам.

Сарнавиштам чунин аст, тан додам,

Гуноҳи ман дар чист, магар тақдирам.

Лутфулло
Ҷисму ҷони инсонӣ ташбеҳи худ надорад,

Офтоби маърифати илм ғуруб надорад.

Нури дилҳо илм асту ҳам ҳунар,

Беилму ҳунар ҳайкалу сайқал надорад.

Ганҷина
Додар ба додар мушт занад,

Ҳамсоя ба ҳамсоя неш занад.

Таърихи инсон ҳамин кӣ бошад,

Ояндаи миллат охир чӣ шавад.

Лутфулло

Зи сухан бароят қасри тиллоӣ сохтам,

Гулҳои сухан зи ёқуту садаф сохтам.

Об нашавад зи оташу ғарқ ба ашкам,

Ҷоно оҳиста бигў, дил пора сохтам.

Ганҷина

Номи Ганҷина гирди забон ў кист?

Ширин сухан ороми ҷон ў кист?

Меҳру муҳаббати бепоён дорад,

Дилдодаю дил шикаста ў кист?

Лутфулло

Мансаб дар даст гўён сарфи ақл кунанд,

Лафзи ширин иваз ба бухлу бад кунанд.

Либоси оташин дар бар аст, ин мансаб,

Некӣ бипўш бадро бисўхт, фикр кунанд.

Ганҷина

Чашмҳо гирён шуд аз дардӣ зиндагӣ,

Муйи сар сафед аз аламӣ зиндагӣ.

Аз пастиву баландиҳо андеша кунем,

Ҳаёт чӣ будаст пур аз ғамӣ зиндагӣ.

Лутфулло

Зи нури офтоб бароят нома навиштам,

Зи нури моҳ ба дилат роҳ бисохтам.

Бигзор ту номаам ёбиву онро бихонӣ,

Зи ашкам бароят дунё бисохтам.

Ганҷина

Қатраҳои оби дидаат рафта-рафта дарё шуд,

Дили бечораат рафта-рафта киштии ёр шуд.

Номаатро зи субҳ гирифта то шом хондам,

Офтобу моҳтоб шоҳиди ишқи мо шуд.

Лутфулло

Ишқ паси дарат истода аз боварӣ сохта,

Ў ба монанди қаср аст аз шиша сохта.

Як бор бияфтад сад пора шавад,

Ин пораҳо дилро сад пора сохта.

Ганҷина
Чеҳраи хандонат оинаи дилам,

Суханҳои ширинат лонаи дилам.

Гар мирам, дар оғўши гарми ту,

Қадамҳои нозат дардмони дилам.

Лутфулло
Бо чашмонат назар ба дунё кардам,

Бо дилат ҳастӣ ба замон кардам.

Куҷо нигаҳ кардӣ, солҳо дилам бо ту,

Ба Худое, ки саҷда дорӣ, саҷда кардам.

Ганҷина
Имрўз нолаи булбулро дарк кардам,

Нозу карашмаи гулро ҳис кардам.

Куҷо будам то имрўз чӣ шуд бо ман,

Меҳри дили баҳорро дарк кардам.

Лутфулло
Як даста гул дар даст пажмурда аст,

Ин дилдодаам сарбаста аст.

Мо давон-давон оби ҳаёт кофтем,

Обро ёфтему нўшидан манъ аст.

Ганҷина

Аз муҳаббат гул ҷилваи ҷамол кард,

Аз гиряи абр ин чаман хунфишон кард.

Ишқ омад эй лаъли нилгуну бунафшам,

Орзуи ҷон муродам ба дилдор кард.

Лутфулло

Гуфторат доим маро ҳайрон мекунад,

Дар роҳи зиндагӣ маро сарсон мекунад.

Худам саргардон дар кўчаҳои зиндагӣ,

Болои сўхта намакоб мекунад.

Ганҷина

Ошиқ шудам ту яктои, баҳори ман,

Ҷонам фидо бароят, эй баҳори ман.

Баҳор рафту боз зимистон омад,

Лек ман интизори он баҳори ман.

Лутфулло

Ин зиндагиро аз дурўғ насохта пушаймон дорем,

Аз пастиву баландииаш армон дорем.

Тангкўчаи зиндагӣ бориктар аз мўй,

Эй фалак аз ноумеди умед дорем.

Ганҷина

Муҳаббатро аз фиребу дурўғ сохта,

Марду занро барои ишқ сохта,

Кўдак бегуноҳ аст аз ин бофта,

Ҳаёти инсонӣ чунин аст сохта.

Лутфулло

Қасди зиндагӣ на, ба тақдир тан додам,

Ҷон ба ҷон ёфта, ҷонам ситондам.

Сад сўхта кабоб шавам, туро чӣ ғам,

Чун санги роҳат ба ту дил додам.

Ганҷина

Зиндагӣ пур аз ғаму ғусса, лек ширин ҳаёт,

Даруни оташ зист доштан, лек ширин ҳаёт.

Чӣ қувваи бузург дорад ин зиндагонӣ,

Муҳаббат аз фиреб сохта, лек ширин ҳаёт.

Лутфулло

Ташбеҳи манӣ назар ба сўям накунӣ,

Бар ҳар суханам сукуту сокин накунӣ.

Монанди алифаму лому мим кунӣ,

Ташдиди манӣ такрор ба сўям накунӣ.

Ганҷина

Гар парвоз кунам, назар ба сўи ту кунам,

Болу парам туӣ такя ба кўи ту кунам.

Дилам занҷирпечи дили ту бошад,

Гар гул шавам, назар ба кўи ту кунам.

Лутфулло

Луғат:

Фарҳанги забони тоҷикӣ (дар зери таҳрири М. Шукуров, В.А. Капранов ва диг.). -М.: Советская энциклопедия, 1969. 1- 952 саҳ., — Ҷ,. 2. — 900 с.
_______________________________________________________________________

    1. Азал — ҷовидон будан дар гузашта; замоне, ки ибтидо надорад.
    2. Алиф — номи ҳарфи якуми алифбои арабии тоҷикӣ, ки дар ҳисоби ҷумалу абҷад ба 1 баробар аст.
    3. Амр — фармон, ҳукм, супориш.
    4. Анкабут — тортанак; анкабути зарринтор киноя аз офтоб.
    5. Аҷам – мардумони ғайри араб; қавмҳои форсу тоҷикзабон; мулк ва сарзамини форсу тоҷик.
    6. Бемурувват — ноҷавонмард, лаим ва пастҳиммат; сифлатабиат, бадсират.
    7. Бода — май, шароб, махсусан шаробе, ки нав аз хум гирифта шуда бошад.
    8. Бозубанд — қисми даст аз китф то оринҷ, миёнбанд.
    9. Бухл – бахилӣ, хасисӣ, мумсикӣ.
    10. Васл — пайвастан, пайванд кардани чизе ба чизе, часпондан, бастан, банд кардан.
    11. Висол —  пайвастан, ба ҳам расидан; мулоқот ва сўҳбати ошиқ ва маъшуқа.
    12. Ғуруб- фурў рафтан ва аз назар ғоиб шудани офтоб ва ситораҳо.
    13. Ғурур – фирефтан; фиреб; кибру калонӣ, такаббур, ҳавобаландӣ, болидан ба чизи ботил.
    14. Дармон- дору, даво.
    15. Истихфор- талаби пинҳон кардани чизе ё касе; пинҳон кардан; пинҳон шудан.
    16. Каромат – саховат; олиҳимматӣ, ҷавонмардӣ, мурувват.
    17. Латофат – нозукӣ, борикӣ, зарифӣ, хуштабъӣ.
    18. Муназзаҳ – покиза кардашуда; пок, нағз, хуш, хуррам.
    19. Накҳат – бўи хуш, хушбўӣ.
    20. Назокат – нозукӣ, зебоӣ, латофат, зарофат.
    21. Ноб – соф, тоза, пок, холис, беғаш, сирф.
    22. Роз – матлаби пўшида, пинҳон, асрори дил, он чӣ дар замири дил аст.
    23. Рўҳ – ҷон; нафас.
    24. Само – осмон.
    25. Саховат – карамӣ, ҳимматбаландӣ, ҷавонмардӣ, кушодадастӣ.
    26. Сокин – беҳаракат, ноҷунбон.
    27. Солеҳон – покдил, покдоман, некўсиришт, порсо; некмард; муқобили толеҳ.
    28. Сукут – хомўшӣ.
    29. Ташбеҳ —  монанд кардан; монандӣ.
    30. Тафаккур – фикр кардан, андеша, фикр.
    31. Ташдид – шиддатнок кардан, сахтгирӣ.
    32. Тафовут – фарқ, фарқи байни ду чиз.
    33. Такаббур – мағрурӣ, ғурур, худписандӣ.
    34. Толеҳ – бадкор, зишткор, табаҳкор; муқобили солеҳ.
    35. Уқбо – охират.
    36. Фалак – осмон, сипеҳр.
    37. Фарз – фармудаи ҳатмии Худо дар дини ислом.
    38. Фасона – шакли дигари афсона.
    39. Ҳубоб – қуббачаи рўи об.
    40. Чаман – замини сабзу хуррам, маҷалли чамидан ва хиромидан, гулзор; сайргоҳ, боғу бўстон.
    41. Ҷонфазо – ҷонфазоӣ, рўҳафзоӣ, рўҳбахшӣ, рўҳпарварӣ, роҳатбахшӣ.
    42. Ҷуд – ҷавонмардӣ, саховат; бахшиш, эҳсон.
    43. Шеб – шакли кўтоҳшудаи нишеб.
    44. Эҳсон – некўӣ, лутфу марҳамат; карам, ато, бахшиш; нозу неъмат.
    45. Яздон — Худо.

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

şans casino |
vidobet |
vidobet |
vidobet güncel giriş |
vidobet giriş |
casinolevant |
casinolevant |
casinolevant |
vidobet giriş |
şans casino |
casinolevant giriş |
casino şans |
şans casino giriş |
casino levant |
casino şans |
casino şans |
boostaro |
casinolevant giriş |
şans casino giriş |
casinolevant giriş |
şanscasino |
vidobet |
vidobet giriş |
levant casino |
vidobet giriş |
nigeria betting |
sports betting |
goka |
nigeria betting |
goka |
gokabet |
vidobet |
deneme bonusu veren siteler |
deneme bonusu veren siteler |
deneme bonusu veren siteler |
goka casino |
gokabet |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant güncel giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant güncel giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
casinolevant |
casinolevant giriş |
natobet |
natobet |
natobet |
natobet |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
casinolevant giriş |
marsbahis |
marsbahis |
casinolevant |
kavbet